22:38:54 27-уми Апрели 2025 сол

МӮЪМИН ҚАНОАТ БА РАИСИҶУМҲУР ЧӢ ГУФТАНӢ ДОРАД?

-Шумо аз вазифаи муовинати раиси кумитаи ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ сабукдӯш шудед, ки ҳар гуна сару садоҳоро ҳамроҳ дошт. Аммо асли қазия чӣ аст?

-Асли қазия ин аст, ки дар ҳар кор аз рӯи имконот ва аз рӯи қонунмандии мавҷудаи Тоҷикистон  мебояд мавзеъ гирифт.Аслан ҳар кас дар як мақом бояд ду навбат кор кунад. Дар ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон панҷ сол ба ҳайси муовини раис ва раиси кумитаи иҷроия дар як вазъияти хеле мушкил фаъолият кардам. Он солҳо ҳар кас мардумро ба ҳам оварда наметавонист. Баъд аз ҷаноби олӣ хоҳиш кардам, ки ба як кори ба касби худам наздик машғул шавам беҳтар аст.

/images/stories/2011/07/12_mumin-qanoat_shoir_414.jpg

Гуфтанд, ки пас ба Кумитаи ҷоизаҳои давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, ки хароб шудааст равед ва онро обод кунед. Ду навбат кор кардам. Аз ин зиёд аслан  мумкин нест. Аз тарафи дигар ҳамин тавр хулоса кардам, асаре, ки шоистаи чунин  ҷоиза бошад, бисёр кам аст ё нест. Танҳо дар сохтмон ва меъморӣ корҳои хубе анҷом ёфта истодаанд. Фикр мекунам, ки будани ман дар инҷо дигар муҳим нест. Соли оянда 20-уми май ҳаштодсола мешавам. Нақшаҳои  зиёде дар пеш дорам. То ба имрӯз машғули корҳои сохтмон, таъмир ва  сулҳу ваҳдат будам. Аз ин рӯ, корҳои эҷодиамро ба анҷом расонида натавонистам. Ба ин хотир бояд ин ҳамаро ҷамъбаст кунам.

-Яъне Шумо аз таҷрибаҳоятон китоб ва шояд китоби илмӣ навиштаниед?

-Илмиву адабиву ёддошту хотираҳо. Ногуфта намонад, ки ҳоло ман як қисми ёддошту хотираҳоро навиштам, аз таърихи Тоҷикистон. Он саҳфаҳои таърихие, ки аз он кам ёдовар шудаанд ва ё танҳо ишора шудааст, дар робита ба таърихи қадим ва таърихи навин, таърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ. Албатта, аз рӯи ҳуҷҷату санадҳо. Қисми зиёдашро навиштам.

"РИСОЛАТИ ШОИР ДАР ШАРҚ РИСОЛАТИ ПАЁМБАРИСТ"

-Гуфта мешавад, ки на ҳама ҷоизадорони ба номи Устод  Рӯдакӣ сазовори ин унвонанд ва бархе аз онҳо ҳатто бо мудохилаи мақомоти давлатӣ соҳиби ин ҷоиза шуданд. Ин гуфтаҳо то куҷо асос доранд?

-Аз мақомоти олӣ, махсусан аз ҷаноби оливу наздиконаш касе ба ман супориш надодааст, ки фалонӣ барандаи ҷоиза шавад ва ё нашавад. Шояд дар сатҳҳои пойинтари дастгоҳ нафарҳое ҳастанд, ки манофеи ин ё он гурӯҳ ва ё муаллифро дастгирӣ мекунанд. Аммо мустақиман ба ман ҳеҷ кас на телефон кардааст, на амр додааст ва на ҳарфе задааст. Чун медонанд, ки ман амри ботилро қабул надорам. Аз ҳар сатҳе, ки бошад, дар ҳар мавзӯъе, ки бошад. Ман барои ин кишвар рисолати дигар дорам, аз аввал то ба имрӯз. Рисолати шоир дар кишварҳои шарқӣ ва хусусан барои миллати форс ва тоҷик, рисолати пайғамбарист.

Агар шоҳон, амирон, усули давлатдорӣ, усулҳои сиёсиву иқтисодӣ, усули дипломатиро ҳаллу фасл мекарда бошанд, усули инсонсозӣ, ҷомеасозӣ, ахлоқи хуби ҳамида, некиву накӯкориро ба мардум талқин кардан ва ҷомеаро дар ҳамин роҳ тарбият кардан ин кори шоирон аст. Ҳатто олимон ин корро карда наметавонанд. Ба ин хотир онҳое, ки шоири воқеъӣ ҳастанд ва ин рисолатро доранд, инсони нав месозанд. Инсони наве, ки дар замони худ ҳам гузаштаро арҷ гузорад ва ҳам ояндаи миллатро равшан мекунад. Ҳаминро бо ин дӯстону шогирдоне, ки доштам аз солҳои 50 ва 60-ум то ҷое, ки нерӯ ва тавон доштем, иҷро кардем.

"БОЗОР СОБИР МОНДАН ОМАДА БУД..."

-Барои исботи хидматҳои Шумо ба халқу давлати Тоҷикистон ҳеҷ далеле лозим нест. Аммо устод чун  шумо ин ҷо дар бораи рисолату манзалати шоир дар ҷомеа сухан кардед, бубинед, чанде пеш шоири дар ғурбати тоҷик Бозор Собир ба ватан  омада буд. Аммо ӯро ба таври шоиста пешвоз нагирифтанд ва шаби эҷодии шоир ҳам баргузор нашуд...

-Сафари вопасини Бозор тавре сурат гирифт, ки ӯ баъд аз ҷарроҳии қалб омад ва ҷиддан мариз ҳам буд. Омада буд, ки як ҳусни тафоҳум эҷод мешуда бошаду як муроот ва дар ин ҷо як ҷову макон пайдо кунаду ба ватани аслиаш баргардад. Дар ҳар нишаст ишора мекард, ки онҷо як ҷое ҳаст, ки шунаванда надорам. Мераваму мегӯям, розҳову ормонҳоямро ва пас мегардам, мегуфт. Ин ишора буд. Яъне мехост, ки дар ватани худ зиндагӣ кунад. Дар муддати ин ҷо будани Бозор ман се бор ҳамроҳаш нишастам. Рӯзи аввали омаданаш, бори дуввум якҷоя ҳамроҳи дӯстони қарин нишастем.

Баъд ман ба Дарвоз рафтаму онҷо 45 рӯз мондам. Ман онҷо мондам ва касе миёнарави Бозору боло нашуд. Билохира, вақте ки баргаштам, вақти бозгаштанаш буд. Дафъаи охир ҳамон рӯзу шаби охирин ҳамроҳаш будам. Боғи марказии шаҳри Душанберо нишонаш додам. Гуфт, ки мехоҳад Лучоб равад, сари оромгоҳи Мирзо Турсунзода ва бархе аз аҳли фарҳанги тоҷик. Онҷо як навъ пантион, яъне оромгоҳи шахсони барҷаста аст. Рафтем он ҷову фотиҳахонӣ кардем. Дигар рафтанду боз шикваву шикоятҳо бардоштанд. Хислати Бозорро ҳама медонанд. Як одаме ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ сиёсатмадор набуд, шоир буд. Онҷо низ сиёсати Амрикоро сахт зери тозиёнаи танқид мегирад.

"ҲАЙСИЯТИ ШОИРОНИ БУЗУРГИ МО БАЛАНД БУД"

-Устод фикр мекунед, чаро бештари шоирони имрӯза як навъ тамаллуқкор шудаанд?

-Шахсияту ҳайсият ва рисолати шоирони бузурги мо баъд аз инқилоби Бухоро, устод Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо  Турсунзода ва олимони мо чун Бобоҷон Ғафуров бисёр баланд буд. Дараҷаи эҷодкориашон дар он замон дар сатҳи хеле баланд қарор дошт.  Баъзеҳо мегӯянд, ки устод Турсунзода коммунистгаро ва интернатсионалист буданд ва ҳуввияти миллиашон камтар буд. Ҳол он ки Турсунзодаро, вақте, ки дар комсомол (Созмони коммунистони ҷавон) ифои вазифа дошт, як дафъа миллатчии буржуазӣ эълон карданд, ки фирор кард ва ба Хуҷанд рафт. Се маротиба он касро зери фишори сиёсӣ қарор доданд. Ҳатто боре аз раёсати Иттифоқи нависандаҳо сабукдӯш карданд (ҳафт рӯз). Баъд аз Маскав дастур доданд, ки ба Турсунзода нарасед, ӯ нафари мост, ӯ одами Иттиҳоди Шӯравӣ аст, сипас дубора ба кори пештара даъват шуд.

Яъне ба шарафи чанд нафар барҷастагони ҳунару адабиёту сиёсат, кори андешаи миллӣ, ҳуввияти миллӣ, рушд мекард. Вале ҳама чиз дар ҷаҳон як фосила вақт дорад, на аз он зиёду на камтар. Агар коре, ки пеш гирифтаед, онро таҳаввул ва сифатан нав накунед, мутобиқи маърифати замон дар низоми нав ҳамоҳанг насозед, он аз байн меравад. Бадбахтии мо ҳамин аст, ки вақте кореро оғоз мекунӣ, як насл онро хуб анҷом медиҳад, вале насли дигар аз рӯи талаботи замон, онро таҷаддуд ва нав намекунад ва он чиз кӯҳна шуда аз байн меравад. Одамоне, ки нав ба майдон меоянд ба он лаънат мехонанд. Барои чӣ? Фикр намекунад, ки ҳамон амр, ҳамон сиёсат хуб буд. Фарз кардем Шӯравӣ. Ҳамаи иқдомҳояш бад набуд. Дӯстии халқҳо, ҳамоҳангӣ, абарқудратӣ, фақирпарварӣ, ятимпарварӣ.

Корҳои хуб зиёд дошт, лекин аз рӯи хилқати инсонӣ ҳар чизе, ки аз байн рафт ҳама ба он нафрин мехонанд. Аз хубиҳояш чашм мепӯшанд. Мехоҳанд аз байн бубаранд. Зиёиён кӯшишҳо карданд. Қонун сохтанд ва ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ доданд, ки баъд ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Даргирии нерӯҳои сиёсӣ эҷод шуд. Ҳам коммунистон ва ҳам оппозитсиони исломӣ ва ҳам демократҳову сотсиалистҳо аз рӯи маънӣ ва ҳадафи асосии ҷомеаву миллат назари ҳамназар набуданд, балки мухолифи ҳамдигар буданд. Чун вазъи ҷомеа таҳлили ҷиддӣ нашуда буд. Касе вазъро идора карда наметавонист ва касе ҳам намедонист, ки тарроҳии ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар куҷо сурат гирифта буд. Фирори мардум шурӯъ шуд ва ҳама миллатҳо аз инҷо фирор карданд. Русзабонҳо рафтанд, онҳое, ки мутахассис буданд. Оппозитсияи исломӣ, демократҳо, сотсиалистон ба чор тараф парешон шуданд. Ҷавоби ин суолро кӣ пайдо мекунад, ки чаро ин тавр шуд?

"МАН ФИРОР НАКАРДАМ..."

-Яке аз он фирориён худи шумо низ будед, то чанд муддат…

-Ман фирор накардам. Ман ҳамроҳи онҳое рафта будам, ки ҷониби Қирғизистону Қазоқистону Русия рафтанд. Агар ман ва чанд тани дигар намерафтем, ба онҳо касе кор намедод, дар он кишварҳо. Ман ҳамчун як нафари мӯътамади Иттиҳоди Шӯравӣ рафтам, ки онҳо маро мешинохтанд. Чингиз Айтматов, Олжас Сулаймонов, олимону шоирони рус ҳама маро мешинохтанд, чун ман бо онҳо кор мекардам. Ҳар ҷое мерафтаму чизе мегуфтам, қабул мекарданд.

-Оё инҷо монданатон хатар дошт?

-Бале, чун ман ҳама чизро ошкор мегуфтам. Касе, ки мондагор шуд, онҳоро аз байн бурданд.

ОЁ ҶАНГИ ШАҲРВАНДИ ТО ҲАНӮЗ ИДОМА ДОРАД?

-Дар як сӯҳбататон гуфтед, ки ҷанги шаҳрвандӣ то ҳанӯз дар мо идома дорад, аммо бидуни силоҳ. Манзуратон чӣ буд?

-Манзур, ин ҷанги бесилоҳ аз нигоҳи назария буд. Нашинохтан ва муроот накардани ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандии ҳама. Дар ҳамон пояе, ки буд имрӯз низ дар он поя аст. Эътироф накардани ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ. Ин як. Дуюм ин дар ҳама риштаҳо, дар ҳама мақомоти давлатӣ ҷой надоштани намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, яъне ҳукумати фарогир ва умумимиллӣ. Нерӯҳои асосӣ ва тавонои Тоҷикистон бояд шомили ҳукумат бошанд. Шахсиятҳо, на тамаллуқкорон. Худи ҷаноби олӣ мегӯяд, ки мардумгаро ҳастам ва ҳар ҷое, ки вазиру кабир нараванд, ман бо дастаи худам меравам. Маро “имоми замон” нагӯед, маро “шоҳи шоҳон” нагӯед, ман раисиҷумҳур ҳастам ва бо шумоям. Чаро ман наздатон биёям маро тавсиф мекунед, ба дараҷаи худовандӣ мебароред маро. Ман аз ин муносибататон нисбат ба худам шарм медорам, мегӯяд президенти кишвар. Аммо мардум боз ҳам ҳамон корро мекунад.

"МАН ҲЕҶ ГОҲ АЛАЙҲИ ИН ҲУКУМАТ НАБУДАМ"

-Яъне, онҳое, ки  дар паҳлӯяш ҳастанд?

-Онҳое, ки дар давру бараш ҳастанд, мехоҳанд ӯро тавсиф кунанд ва аз вазъияти асосии Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз то ҷое дар  ғафлат мононанд ӯро. Ҳадафашон ҳамин аст. Нокомиҳое, ки Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон ва байни давлатҳои ИДМ дорад, барои мисол, масъалаи сохтмони Роғун. Асли ин нокомӣ дар чист? Он программа (барнома)-е, ки тарроҳӣ карданд аз берун, то халал расонанду мо насозем. Ин алайҳи истиқлоли иқтисодии Тоҷикистон аст. Онро дар ҷойи дигар тарроҳӣ мекунанд.

Ман ҳеҷ гоҳ алайҳи ин ҳукумат набудам. Ҳамеша, то ба имрӯз ҳамроҳи ҳукумат кор кардам ва мехоҳам, ки кораш бобарор бошад. Аз рӯи маърифат ва талаботи замон бошад, демокративу дунявиву ҳуқуқбунёд бошад. Агар ҳукумат масъули рушди иқтисодиёт, густариши сиёсати Тоҷикистон бошад, масъули кушоиши роҳҳо ва ҷодаҳои нав дар ҷаҳони имрӯз бошад, моро аз ин роҳ касе баргардонида наметавонад. Касе дастгирӣ накунад ҳам, худамон танҳо иҷро мекунем. Ба ин хотир, ба он чизе, ки мегӯем ё таҳаммул кунанд ё кордор набошанд. Ба мо халал нарасонанд.

"ШОИР БА ШОИР ХАЛАЛ МЕРАСОНАД"

ӣ ба кӣ халал мерасонад? Манзуратон кӣ аст?

-Ба шоирони асил. Олимону шоирони ҳақиқӣ бисёр кам мондаанд.

ӣ ба онҳо халал мерасонад?

-Ҳама. Ҳатто шоироне, ки дардашон дигар асту мақому мансаб ва ҷоҳ мехоҳанд. Аз шоирӣ чӣ ҷоҳ металабӣ? Шоирӣ танҳо шоирӣ аст. Бо фармон шоир сохтан намешавад. Шоир бошӣ, ҳастӣ.

ЧАРО ҚАНОАТ " РАҲМОННОМА" НАМЕНАВИСАД?

-Як асаре бо номи “Масъуднома” навиштед. То ҷое шунидем пешниҳодҳо шуда, ки асаре бо номи "Раҳмоннома" нависед. 

-Ба ман ҳеҷ кас ишора ҳам накардааст. Баъд аз шаҳодати Масъуд ман ин достонро навиштам. Ҳеҷ кас ба ман пешниҳод накардааст ва дар ин бора фикр ҳам накардаам. Синну соли ман дигар барои навиштани чунин достон кифоят намекунад. Ҳофиза, ҳарорат ва он дилгармие, ки ман доштам, дигар ба ҳеҷ чиз надорам. Танҳо ба ҳамин миллат дорам. Як миллати бесоҳиби бенаво. Охирин абераам Диловаршоҳ сесолаву семоҳа аст. Муҳаббат танҳо ба ӯ дораму Далер писарам, ки ҳоло дар Торонто аст. Ва ба ҳамин миллат.

-Ба янга чӣ?

-Хайр, ҳа. Чун ӯ маъшуқаи аввалинам буд ва то имрӯз бо ҳам ҳастем.

 

Шарҳҳо   

 
0 #8 Guest 24.08.2011 21:46
Миллат агар сухане дошта бошад саркубаш мекунанд. Шумо ки худ беҳтар медонед устод!
Ин суханонро нагӯед Устод. Миллати Тоҷик ҳамеша аз қаҳрамононаш дифо мекунад на ин аз касоне, ки худашон худашонро қаҳрамон номидаанд.
 
 
0 #7 Guest 24.08.2011 21:28
ZAMIR!!! дар замони шуравӣ агар моро намегузоштанд намозу рӯзаамонро анҷом диҳем, ба хотири ин буд ки онҳо дин надоштанд бародар! аммо ин соҳибдавлатон дам аз диндориву мусулмонӣ мезананд.
Кадомаш барои ин МИЛЛАТ дардовар аст!?!?!?
 
 
0 #6 Guest 24.08.2011 21:23
Бо ташаккур аз "Рӯзгор", ки суханони ин Қаҳрамононро ба гуши ин миллат мерасонад.
Ва аз устоди муҳтарам низ ташаккур мекунам, ки суханони ин мардумро мегӯянд.
 
 
-1 #5 Guest 25.07.2011 19:43
Ба Котиб:
Хезон агар оханги футуре доранд
Аз боди сурин лофи гуруре доранд
З-ин гавгохо чи бок шахбозонро
Зогон гух мехуранду шуре доранд.

Бедил ту маяндеш зи гавгои ракибон
Гавгои сагон кам нагунад рузи гадоро.

Гар зоги сафед гух хурад маъзур аст.
 
 
+1 #4 Guest 20.07.2011 21:30
ба ориф: агар замони маддохони дарбори мебуд, ту Анвариро ба як нул мезади..
 
 
+1 #3 Guest 14.07.2011 10:38
Ташакукур ба устоди бузургвор Муъмин Каноат, ки харфи дурусту хакикатро мегуяд. Шукри он миллат, ки чунин фарзонамарде дорад. Вагарна мисли он касе, ки дар боло сафсатае навиштааст, хамеша бадгуи мекунему бадчуи меёбем.
ташаккур ба "Рузгор", ки чунин маводи арзишмандро ба нашр расондаед.
 
 
+1 #2 Guest 13.07.2011 23:55
Эй Устод эй укоби буландпаровоз эй ситораи рахшони осмони адаб эй Фирдавсии Эрони муосир эй рамзи азамату шукухи миллати точик эй азизе ки маконат то абад калби покони ин миллат аст эй ки дурри суханат рухро болида мекунаду дар дилхо инкилоб меофарад.Эй Устоди дилпок назди Худо азизи ва Худованд дустат медорад ки чунин бузургат офарида.

Шукухи чилваат чуз дар фазои дил намегунчад

Буланд аст аз фалак маъвоят Устод
Набошад хеч касро чоят Устод
Намоянд тутиёи дидаи хеш
Азизон гарду хоки поят Устод.

Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун
Дустони устодро шод гардон душманонашро кур кун.
Хамеша Худо нигахдору тавфик рафикат бошад!
 
 
-1 #1 Guest 12.07.2011 23:32
Одамоне, ки нав ба майдон меоянд ба он лаънат мехонанд CCCР -ро . Барои чӣ? Фикр намекунад, ки ҳамон амр, ҳамон сиёсат хуб буд. Фарз кардем Шӯравӣ. Ҳамаи иқдомҳояш бад набуд. Дӯстии халқҳо, ҳамоҳангӣ, абарқудратӣ, фақирпарварӣ, ятимпарварӣ. ( бедини ранги хайвон зистан хурдану нушидану ва мурдан ) кай ибодату парастишу ёди Худованд мекрдед - факат кайфу сафову шухрат парасти ! мефоратон бале ! ей Шоирони зур зада навиштани суханони бехудаю лоф -ки хеч кас хозир ин китобу навиштахои нодаркори шуморо намехонанд ! Хайф !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ