02:37:48 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАСАЛМУСАЛМОНЕМ?

Гарчи мо сар ба сар мусалмонем,

Раҳрави навсафармусалмонем,

Дар алифбои кӯи имонем,

Гаштаӣ ғарқиҷармусалмонем.

Гаҳ  нигаҳ афканӣ ба чашми дил,

Некӯ бинигар: башармусалмонем.

Пешвомон, ки "Мухтасар"-хон аст,

Мардуми мухтасармусалмонем.

Нафсамон беш аз ин ба мо гӯяд:

Мо хоме пухтагармусалмонем.

Ғарқаи ширку ташнаи бидъат,

Шабгарони қамармусалмонем.

Даври хоки мазор мечархем,

Мурдапарварнафармусалмонем.

Ай салаф, зан табар ба бидъатмон,

Мо, ки аҳли табармусалмонем.

Душмани дин азизи мост,аммо,

Мушт барҳамдигармусалмонем.

Соя афканда баҳри ҳам аз шарр,

Ҳамҷаворони шармусалмонем.

Дар Урупо адӯи Ҳақ моро,

Ҳаҷв созад: батармусалмонем.

Расми поки расул иҳонат гашт,

Мо чаро хап? Магар мусалмонем.?!

Аз сахар то ба шаб ба гап андар,

Гӯйи шаб то саҳар мусалмонем.

Ё зи сар то камар баимонем,

Ё зи по то камар мусалмонем.

Не ғами даъвати башар дар сар,

Не ҳаво аз Хабар* мусалмонем.

Зуҳдамон шуд ба моҳ андоза,

Гаҳ раҷаб, гаҳ сафармусалмонем.

Не ба тан сурати мусалмонӣ ,

Сирате чун? Назармусалмонем.

Муфти дар сатр дод фатво муфт,

"Дар малобис дигармусалмонем."

Ҳам  вакилон бигуфта: ҳамдуллаҳ,

"Шасту се нафар - мусалмонем."

Рағми Ҳак рой додаву гӯянд:

"Мо ҳама  мӯътабармусалмонем".

Иштиёқе ба илму суннат ку?

Андар исму шумар: мусалмононем.

Дар риё ғӯтавармусалмонем,

Пас хабар шав: хатармусалмонем.

Сонӣ худ баъд аз ин ҳамефармо:

Аҳлаке  гунгукармусалмонем.

Гурдадори мурдабеморем мо

 

Сар ба сар мо мардикору халқи бекорем мо,

Гул ба домон, хок бар сар, мардуми хорем мо.

 

Мо гаранги дар ҳавои нафс ҳушёрем бас,

Хуфтагон, аммо ба дидан чашми бедорем мо.

 

Бо таманои кафан аз дори дунё меравем,

Гарчи то рӯзи қиёмат пунба мекорем мо.

 

Мардуми олам ба дуриҳо назар афкандаанд,

Дур аз бини надида дидаи чорем мо.

 

Дар харита гарчи моро нест дарёи кабир,

Дар талоши ғайбати ҳам баҳри саршорем мо.

 

Дар ғами барқ аз саҳар то шом мегардем ғарқ,

Мамлакат барқафкану дар кулбаи торем мо.

 

Он ки моро дар талоши ҳақ каси бегурда гуфт,

Ай табибо, гурдадори мурдабеморем мо.

 

Кӯ ба кӯ дар шаҳри Русо баҳри ноне саргарон,

Аз муҳочирҳои  гардонандабозорем мо.

 

Бори маънӣ аз бисоти мо даме н-ояд бурун,

Чун  сабукборон гаҳе бар дӯши худ борем мо.

 

Мо ҳама мӯъмин ба ному дар амал афтода ланг,

Тӯдаи даъвомусалмонон ба гуфторем мо.

 

Суннати Аҳмад куҷо шуд, кори бидъат мекунем,

Аз кадомин олу мазҳаб  хеш бишморем мо?

 

Саъдуллоҳи  СОНӢ



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 04.08.2011 14:09
Хело ҳам олӣ!!! Баъзе вақто дилам мегирад, ки чаро касе дар фикри миллати азизамон нест. Оё ин миллат лойиқи пешрафт нест, ки рӯз то рӯз ин қадар хораш мекунанд. Вақте ин шеъри шуморо хондам хело хушҳол шудам. Боз ҳам бисаройед, ки ин миллат ба шумо шоирон ниёз доранд УСТОД!!!
 
 
+1 #1 Guest 04.07.2011 00:56
ОЛИ. Дар сатхи бехтарин тамоми бадбахтихои мардуми мо тафсир шудааст. Аслан фикр мекунам яке аз бехтарин шоирони имрузаи форсзабон.
Шоирони бешуури точик ёд гиред, шумо аз ин тарифкунихои бехуд точиконро шарманда мекунед.
Эхтироми бепоён ба мухтарам СОНИ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi