18:35:59 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ОЁ ТАРОНАИ «ҒАРИБӢ» СЕРИАЛ МЕШАВАД?

Расо як моҳ қабл сомонаи «Рӯзгор» аввалин шуда ба муштариёни худ дар бораи  таваҷҷӯҳи зиёд доштани алоқамандони суруду таронаҳо ба нашри  нахустин албоми сарояндаи ҷавон Наимҷони Сайдалӣ дар вилояти Хатлон хабаре расонда буд. Ҳамон вақт сомона дар чаҳорчӯбаи чандрасонаӣ маъруфтарин таронаи ҳамин албом-суруди «Ғарибӣ»-ро низ пешкаши муштариёни худ карда буд.

hanifa-qurbonova_gharibi_2.jpgДар тӯли як моҳ хонандагон ва тамошобинону шунавандагони сершумори сомонаи «Рӯзгор» ин хабарро хонда, таронаро борҳо дидаву шунидаанд. Дар вокунишҳои худ қариб ҳама ибрози ақида намудаанд, ки ин тарона ва  видеоклипи он хеле моҳирона ва пуртаъсир ба навор гирифта шудааст.

Дар ҳамин даврае, ки бархе аз муҳоҷирини меҳнатии бемасъулият чандин солҳост, ки аз зану фарзанд, падару модари хеш ва дигар наздикони худ фаромӯш карданду кӯмаке ба онҳо намекунанд, рӯйи сафҳаи шабакаи байналмилалии интернет омадани чунин таронаву чунин видеоклип хеле ба маврид ва ба манфиат аст, навиштаанд бархе аз муштариёни сомонаи мо.

Аз ин рӯ ин муштариён аз аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» хоҳиши зиёд кардаанд, ки дар бораи сарояндагони суруди «Ғарибӣ» Наимҷони Сайдалӣ ва Ҳанифа Қурбонова барояшон маълумоти муфассал бидиҳем. Дар ин байн дар дӯконҳои дискфурӯшии вилояти Хатлону шаҳри Душанбе таронаи «Ғарибӣ-2» дар иҷрои ҳамин овозхонҳо дар шакли видеоклип ба фурӯш баромад.

Мушоҳидаҳои нахустини мо аз он далолат медиҳанд, ки диски суруди «Ғарибӣ-2» низ аз серхаридортарин дискҳои ҳафтаи охири дӯконҳои дискфурӯшии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Хоҳиши муштариён ва хабари ба фурӯш баромадани диски суруди «Ғарибӣ-2» моро водор сохт, ки хабарнигори сомонаро барои гирифтани маълумоти бештаре дар бораи ин овозхонҳои ҳанӯз барои бархе ношинос, вале тез ба шӯҳрат расида истода ва таронаи нави онҳо ба вилояти Хатлон ба сафари хидматӣ фиристем.

Хабарнигори мо Субҳиддини Султон бо ҳардуи ин овозхон вохӯрда фикри андешаҳои ҷолиби онҳоро рӯйи навори видео овардааст, ки ҳамакнун бо усули чандрасонаӣ пешкаши шумо муштариёни гиромӣ мегардонем. Шумо дар ин навор маълумот ва фикру андешаҳои хеле ҷолиби ин ду ҳунарпешаро хоҳед фаҳмид. Аз он ҷумла  агар Шумо мехоҳед ба суолҳои «Кай дар куҷо клипи дуввум ба навор гирифта шудааст? Чаро бригадир Ҳанифа Қурбоноваро падарлаънат гуфт?

Кӣ ва барои чӣ Наимҷони Сайдалӣ ва Ҳанифа Қурбоноваро ба Ғарм даъват мекунад? Чанд бародари Наимҷон дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳаст? Он духтараки хурдсоле, ки дар видеоклипҳо ашки шашқатор мерезад, кӣ ҳаст? Чаро Наимҷон нахост, ки бо Райҳона Давлатова дуэт бихонад? Чаро муаллифони видеоклипи «Ғарибӣ-2» дар пайи таҳияи суруд ва  видеоклипи «Ғарибӣ-3» ҳастанд?» ва боз ба саволҳои зиёди дигар посух бигиред, ҳатман маводи бо усули чандрасонаӣ таҳиянамудаи хабарнигори моро тамошо кунед.

Мо, ҳайати эҷодии сомона аз фурсат истифода бурда ба ин овозхонҳо барои рӯйи сафҳаи сомона гузоштани суруди «Ғарибӣ-2» ризоят доданашон ибрози ташаккурӣ намуда ба онҳо ва дигар дастандаркорони ин видеоклипи диданӣ ва шуниданӣ пеш аз ҳама саломатӣ, бахту саодат ва комёбиҳо дар фаъолияти эҷодиашон орзумандем.

«Рӯзгор»

 

Матни таронаи «Ғарибӣ-2»

 

Писар:

Намозаки шом шудасту мо дарбадарем,

Мардум сари болинанду мо пушти дарем.

Мо марди мусофирем, мо раҳгузарем,

Аламҳои ғарибира бо худ мебарем.

 

Модар:

Раҳакои Маскваро тай кард бачаме,

Омадани  хонаҳакма бас кард бачаме.

Чашмум ба раҳут дили очат пураламай,

Эй бачаи ҷон, аз гиря чашмум варамай.

 

Писар:

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир.

 

Писар:

Ман ёд кунум нони танури очаме,

Ҳам қомату абрӯи банури очаме.

Дӯстони азиз, мусофири мушкилае,

Чун кандани кулча аз танӯри очаме.

 

Модар:

Ин беди баланд дар бараки долонуме,

Мардикор шидай бачаҳаки нодонуме.

Эй ҷони ширини оча кай меоие,

Сар дар бағалут монум барояд ҷонуме.

 

Писар:

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир.

 

Хоки Ватанам мушку анбар дораде,

Ҳар қатраи об ширинтар аз қанд дораде.

Эй дӯст қадам ба хокаш оҳиста бимон,

Садқай Ватанам, ки бӯи модар дораде.

 

Модар:

Чиликаки борикаки ма дардмандае

Дарди дили ма барои як фарзандае.

Тоҷикбачаҳой ҷудо аз хонаву дар,

Мо очаи бачаҳои дилдардмандеме

 

Писар:

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир,

Муҳоҷирам муҳоҷир.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi