00:12:51 03-уми Июни 2025 сол

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бегоҳии рӯзи 23-уми март дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ расми ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

mirali dostievҲайати меҳмононро, ки умдатан шоирону нависандагон, мусаввирону ҳунармандони театру синмо, овозхонҳову мутрибон иборат аз  120 нафар буданд, дар саҳни театр гурӯҳи навозандагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо садои карнаю сурнай ва доираву табла пешвоз гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳия Миралӣ Достиев, муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон меҳмононро хайра мақдам гуфта аз ҷумла қайд намуд, ки «баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Эрон ва Эрон дар Тоҷикистон дар таҳкими равобити ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар нақши муассир хоҳад гузошт. Фарҳанги мо як пайкара дошт. Ин омилҳои озмӯда метавонанд як ҳуввияти муштаракро эҳё намоянд».

Said Muhammad HusayniДоктор Саид Муҳаммад Ҳусайнӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломии ҶИЭ  суханронии худро бо байти машҳури Одамушшуаро устод Рӯдакӣ оғозь кард, ки гуфтааст:

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯи дӯстон.

Ӯ дар идома афзуд: «Имрӯзи мо мардуми Эрон ва Тоҷикистон бо таъриху фарҳанг оину одобу русум, боварҳо ва эътиқодот, забону зеҳн ва бо ҳамосаҳову устураҳои муштарак дар Наврӯзи фархунда ба истиқболи ҳафтае меравем, ки бовар дорем, метавонем, беш аз пеш ба рушди ду миллати шариф Эрону Тоҷикистон кӯмаки шоёне намоянд». 

sherdustАлиасғари Шеърдӯст, Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар суханронии худ диққати ҳозиринро бештар сари мавзӯи рушду инкишофи равобити дуҷониба дар ин се соли ахир ҷалб намуд. Барои мисол ӯ гуфт, ки «агар се сол пеш байни Тоҷикистону Эрон дар як ҳафта  ҳамагӣ як парвози ҳавопаймо буд, феълан ҳафт чаҳор маротиба парвозҳо дар масири Душанбе, Машҳад, Теҳрон сурат мегиранд. Агар дар гузашта сӣ донишҷӯи эронӣ дар Тоҷикистон таҳсил мекард, имрӯз ин теъдод аз ҳазору чаҳорсад гузаштааст. Шумораи сармоягузорон низ агар дар гузашта аз шумораи ангуштони як мушт ҳам агар камтар буд, вале имрӯз соҳае нест дар Тоҷикистон, ки дар он сармоягузорони эронӣ фаъолият накунанд».

Сипас дар назди ҳозирин шоирони тоҷику эронӣ Гулназар Келдӣ Алиризо Қазва ва Фозили Назарӣ шеърҳои ба тозагӣ эҷоднамудаи хешро қироат карданд.

murshidi ahmadiГурӯҳи навозандагони «Сиёҳу Сафед», ки дар ҳайати он мутрибони чирадаст навозандаи тор Марями Ризоӣ, навозандаи сантур Сурно Сафотӣ, навозандаи уд Марями Худобахш, навозандаи тунбак Куруши Доноӣ, навозандаи камонча Ноёни Саҳиҳӣ ва хонандаи таронаҳо Ашкони Камонгарӣ буданд, хотири мухлисони савту сурудро болида кард.

Ба тамошобинон ҳунарнамоии наққоли машҳури эронӣ Муршиди Аҳадӣ, ки қиссаеро аз қиссаҳо дар бораи Анӯшервони Одил бо усули намоиши суннатии эронӣ, яъне пардахонӣ, ба маърази тамошо гузошта буд, хеле писанд омад.

Рӯзҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон то 28-уми марти соли равон идома хоҳад ёфт. Имрӯз ҳайати эронӣ озими шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд. Қарор аст дар он ҷо шоирону овозхонҳои эронӣ ба хуҷандиён консерти «ширу шакар» ба намоиш бигузоранд. Синамогарони эронӣ бошанд дар яке аз кинотеатрҳои Хуҷанд филми ҳунарии хешро пешкаши тамошобинон хоҳанд кард. Воқеан ҳунармандони синамои Эрон бо худ 13 филми ҳунарии дар ин авохир ба навор  гирифташударо овардаанд, ки дар дар байни онҳо филми ба тамошобинони тоҷик шинос «Юсуф пайғомбар» низ ҳаст.

farhangТамошобинони тоҷик имконият доранд, ки варианти яксериягии ин филми ҷолибро тамошо кунанд. Иҷрокунандаи нақши асосии нн филм, яъне  нақши Юсуф пайғомбар -Мустафо Замонӣ, мутаасифона, ба сабаби банд будан дар банаворгирии филми дигаре дар ин ҷашнвора ширкат  надорад.

Бисту панҷуми март дар Душанбе дар  толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши адабӣ-бадеии муштарак бо иштироки шоирону овозхонҳои Эрону Тоҷикистон баргузор мегардад.  Худи ҳамин рӯз, яъне 25-уми март, алоқамандони театр дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ метавонанд намоишномаи «Рустам ва Исфандиёр»-ро, ки нависанда ва коргардони он адибаи маъруфи Эрон, дорандаи нишони Ибни Сино ва Шаволяи Фаронса Парӣ Собирӣ мебошад, тамошо кунанд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854