06:22:04 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ФАРЗОНА: «…ҶУЗ ИСЛОҲИ ХУДӢ ЧИЗИ ДИГАР НЕСТ»

Ҷавоби шоираи Халқии Тоҷикистон Фарзона ба Барзу Абдураззоқов

 P.S. Нодири Нодирпур ҳини Эронро тарк гуфтанаш ин пораи ҷонсӯзро навишта буд:

 Агар умеди шумо, эй халқ,

Ба бозгашти парастуҳост,

Назар зи панҷара бардоред,

Ки навбаҳор намеояд.

Аммо Сӯҳроби Сипеҳрӣ, ки оҳанги сафар надошт, Ватанро ба гунаи дигар медиду месуруд: 

Зиндагӣ холӣ нест,

Меҳрубонӣ ҳаст, себ ҳаст, имон ҳаст.

Оре, оре,

то шақоиқ ҳаст,

зиндагӣ бояд кард. 

Ватан ҳамон як Ватан аст, ки ин ду нафар бо нигоҳи номукаррар мебинанду мепазиранду дӯст медоранд. Коргардони нодирҳунар Барзуи Абдураззоқ аз банда хоҳиш кард, ки ин дардномаро аз назари забонӣ вероиш диҳам. Баъди ошноӣ бо ин ҳуруфи ормонӣ, ки ностолҷи ба ёди рӯзгори мозист, ман фикр кардам, ки аз тафаккури Барзу, бо он ки ҳунарманде бо масоҳати ҷаҳонист, мафҳуми «рафтан»-ро ихтисор бояд кард. Бояд коре кард, ки баъди рафтани Аняхолаҳову Боряамакҳову Илёсҳову Родикаҳо ҳам ӯ дарёбад, ки Варзоб-Варзоби ӯст. 

Ин  рӯди маҳбуб  ба ҷое нарафтааст ва ҳанӯз бо сабки хуросонӣ нағма мехонад. Ва боз парастувони субҳро маҷмарагардон осмони хуршедкулоҳро тавоф мекунанд ва боз зардолувони маҳтобиву сафедорони сиҳиқад симфониёи муҳаббат менавозанд ва раҳгузарони ошнову ноошно ҳанӯз ҳам бо мубодилаи табассум роҳи худро идома мебахшанд. Магар метавон рӯзро батамом аз зиндагӣ ихтисор карду дар асорати абадии шаб монд. 

Ё баръакс, магар мешавад шабро дар ин дунё маҳв намуду маргро, сиқому бемориро, бохтанҳову бенусратиҳоро, ашкҳоро,  гираҳҳои печ-печи аслу маҷозро. Ин ҳақиқати содаро бародарам Барзу накӯтар аз ман медонад ва медонад, ки агар оинаро пушт гардонад, ин шаби ялдо ба субҳи фурӯзонфар иваз мешавад. Ва ин оинаи рӯзу шаб, ин оинаи нишоту ғам, фақру ғано, абру хуршед, гуноҳу мубоҳ, Наврӯзу дай, душманиву ошноӣ, шақовату саодат ҳамеша бо ӯ хоҳад буд, агар ба мағриб меравад ё ба ҷанубу шимол. Зеро ин ойина-худи зиндагист. Ба ёдам меояд, ки ҳамин дирӯз пирамарди 80 солаеро дар кӯча дучор омадам. 

-60 сомонӣ нафақа мегирам-иброз кард ӯ. Зиндагиям мисли қанд мегузарад. Ба як сомонӣ охир, нони чун лаган калонро мешавад харид. 

Лаҳзае пас бо зане рӯ ба рӯ омадам. 

ҷаб замоне шуд-ғам мехӯрд ӯ. Ба ҳазор сомониву ду ҳазор сомони ҳам ҳеҷ чиз харида намешавад ва дастҳояшро, ки дар иҳотаи зару зевар шуъо медоданд, бо таассуф афшонд. Ман дарёфтам, ки агар аз 60-сомонии пирамард 20 сомониашро ихтисор кунанд ҳам, ӯ боз шукргузорӣ хоҳад кард ва агар маоши он бонуро ду баробар афзоянд, боз ҳам шикоят хоҳад намуд. Аммо дар мавриди Барзу чунин намепиндорам. Вақте, ки Барзу мегӯяд, пас амиқ бояд андешид. 

Бояд коре кард, ки ӯ табассуми аҳли шаҳрро бинад, ба саломи офтоб алайк гӯяд, саодатеро, ки бо лутфи Илох дар ҳалқаи модару падару ҳамсару фарзандонаш, дар маҳфили  парастувони малакутӣ, дар оғӯши чанорону сафедорони сарафроз,  барзанҳову боғистонҳои гулгардони шаҳри азизаш дорад, жарфтар эҳсос намояд. Бо кадом роҳ? Аввалан, бо роҳи ислоҳи вазъи ҳаёту моддиёт. Яъне агар маъмурону масъулони фарҳанг василае фароҳам оваранд, ки ҳунари азими Барзу ва ҳар ҳунарманди ҳамқисмати ӯ дар Ватан беистифодаву бетатбиқ намонад ва онон бе ғами дарёфти ризқ ифтитоҳу тозакориҳо кунанд. 

Албатта, ҳар ҳунарвари нерӯманд нозҳое дорад, ки бардоштанаш ба дӯши аҳли ҷомеа гаронӣ мекунад. Аммо нӯшро ҳамоне меситонад, ки нешро таҳаммул созад. Дуввум, бо роҳи ислоҳи вазъи равонӣ, ки инро аз худи бародарам Барзу хоҳиш дорам. Ман мехоҳам, тамоми «падруд»-ҳояшро ӯ бо салом иваз намояд ва кӯдакиву ҷавонии хуррами худро, он ҳама яҳудиёну русҳову доғистониҳои азизро дубора баргардонад ва зиндагиву таҷаддуд бахшад дар саҳнаи ҳунар, бо кори офариниш. Он муҳаббатҳоро аз ҳофиза берун кашад ва ба назаргоҳи ҳама бигзорад, он сон, ки «Шаҳраки мо»-ро офарида буд. 

Барзу ба ҳадде рӯҳи муқтадир дорад, ки тасмим гирифтааст дар Ватан бимонад. Бимонад, бо он ки  сарриштаи кораш гираҳ задааст ва орзуҳои ҳунариаш қафасбанданд. ӯ мемонад, зеро дӯст медорад ин обу хоки муборакро, ин мардуми азизу пайвандро,  шаҳри  бебадалу бемасалашро. Ман ба ин бародари мукаррам, ки бо сабки бузурги инсонгароӣ зиндагиву эҷод мекунад ва ба тамоми ҳунарварони тозаофарин  нусрату кушод мехоҳам.  Ва на ба Барзу, балки ба худ хитоб мекунам: 

Ту медонӣ, ки ислоҳи башар чист,

Ҷуз ислоҳи худӣ чизи дигар нест.

Мадеҳ тағйир авзои ҷаҳонро,

Ки гар худро диҳӣ тағйир, кофист. 

Бимон, бародарам Барзу. Бимон, ки бонии рӯҳи рафтагон, ҳамдӯши имрӯзиён ва мубашшири ояндагон бошӣ! 

Фарзона, «ИмрӯзNews»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3045--l-----r.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi