13:48:18 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"ШАРҚИЁН БА ҒАРБ АЗ ДАСТИ ГУРУСНАГИВУ ДИН МЕГУРЕЗАНД"

Барои шоъирони навқалам дар шаҳри Душанбе дидор ва дарсҳои "мастер клосси" Бозор Собир, шоъири барҷастаи тоҷик, баргузор шуд. Рӯзи панҷшанбеи 2 сентябр дар китобхонаи ба номи Лоҳутии пойтахт Бозор Собир мизбони нахустин "маҳфили адабии" худ дар ҷараёни сафари ахираш ба Тоҷикистон буд. Ширкаткунандагони маҳфил, ки аз сӯйи Хайрандеш, як шоъири тоҷик, баргузор шуд, тӯли ду соъат бо оқои Собир дар мавзӯъоти мухталифи адабӣ ва иҷтимоъӣ табодули назар карданд. 

Иддае аз донишҷӯён ва шоъиртабъон, ки дар шеъргӯйӣ нахустин қадамҳои худро мебардоранд ба оқои Собир шеърҳои худро қироат карданд, ки мавриди нақди адабии шоъири шинохта қарор гирифт. Баъд аз шеърхонии шоъирони ҷавон, Бозор Собир бархе аз ашъори худро барои ҳозирин қироат кард ва аз таърихи нигориши бархе аз ашъораш ҳикоят кард. 

Аксарияти дархосту саволҳои ширкаткунандагон ба устод Собир пас аз шеърхониҳо, ба мавзӯъи бозгашти вай ба Тоҷикистон ва ё мондагор шуданаш дар Амрико марбут буд, ки нахуст оқои Собир нахост дар ин бора ибрози назар кунад. 

Аммо пас аз матраҳ шудани мукаррари ин мавзӯъ, вай чунин гуфт: "Ҳамаи мардуме, ки аз Шарқ ба Ғарб, аз ҷумла Амрико, муҳоҷир мешаванд, асосан (муҳоҷираташон) ду сабаб дорад. Яке гуруснагӣ ва дувум аз дасти дин." 

Вай афзуд: "Барои бомжҳо каму беш нони бепул ҳам доранд, аммо муҳиммаш ин аст, ки (Амрико) дин надорад. Касе кор надорад, ки ту чи хел мегардӣ." 

Вай аз ҷумла ин байтро дар ин замина қироъат кард: 

Дастат, ки агар ба тоқи нонат нарасад,

Хиште, ки ба зери по ниҳӣ, Қуръон аст. 

"Байни куфру имон"

Аксари ширкаткунандагони маҳфили баҳси абадӣ бо устод Собир, ки нахустин бор пас аз солҳои тӯлонӣ бо шоъирони ҷавон доир шуд, аз ин маҳфил бо руҳия ва табъи болида берун омаданд. Аммо Шоирабонуи Раҳимҷон, як шоъир ва пажӯҳишгари ҷавон, пас аз ин дидор тасмим гирифтааст, ки дигар ашъори Бозор Собирро нахонад. 

Вай ки худро аз тарафдорони аршади шеъри оқои Собир медонист, гуфт, ки ба дунболи шоеъае дар бораи дидгоҳҳои "бединии" Бозор Собир ба маҳфил омада буд, аммо пас аз ин нишаст ба ин шоеъа бовар кард. 

Шоирабону гуфт: "Ман самимона бигӯям? Мехостам фаҳмам то куҷо ин шоеъа рост аст. Мутаассифона дарёфтам, ки овозаҳо асос доранд. То ҷое, ки ман имон дорам, ман наметавонам дигар ба устод эътимод дошта бошам." Вай афзуд: "Шояд дигар натавонам пораҳои шеъри устодро қироат кунам, чун дигар майл надорам. Ман аз шеърҳои устод ҳаловат мегирифтам, минбаъд шояд дигар ҳаловат нагирам." 

Аммо Султон Ҳамад, пажӯҳишгар ва рӯзноманигор, ширкаткунандагони маҳфили Бозор Собирро ҷавонони хушиқбол хонд ва гуфт, ки ин маҳфил "дарси бузурги шеър буд" ва афзуд, ки "худи устод аз ин нишаст хеле рӯҳ гирифтанд." Вай нигарониҳои тарафдорони мусулмони Бозор Собирро дар мавриди "бединии" вай бепоя хонд ва гуфт: 

"Дар адабиёти клоссики мо, дар байни шоъирони тасаввуф як истилоҳ аст – шатҳиёт, яъне сухан гуфтан дар байни куфру имон. Беҳтарин шатҳ аз Мансури Ҳаллоҷ буд, ки "Аналҳақ" гуфт ва ӯро ба дор кашиданд." Оқои Ҳамад афзуд: "Мо дар назари аввал фикр мекунем, ки устод (Бозор Собир) ба куфр майл доранд ва сухани қабеҳ мегӯянд. Аммо агар нек дарк бикунем, мефаҳмем, ки устод ба манфиъати ҳам ҷомеъа ва ҳам диндорон (ин суханонро) мегӯянд."

Ҳар лаҳза ба шакли бути айёр баромад, дил бурду ниҳон шуд,

Ҳар дам ба либоси дигар он ёр баромад, гӯ пиру ҷавон шуд...

Румӣ сухани куфр нагуфтасту нагӯяд, мункир машаведаш,

Кофир шуда он кас, ки ба инкор баромад, аз дузахиён шуд... 

Қарор аст то бозгашти устод Бозор Собир аз Тоҷикистон ду моҳ тӯл кашад ва дар ин муддат маҳфили "шаби эҷодии" вай ҳам баргузор хоҳад шуд. Аммо худи вай гуфт, ки замон ва макони баргузории ин мафҳил то ҳоло мушаххас нашудааст. 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3041-q-------q.html 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi