15:24:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТ


Дирӯз сарояндаи маъруфи кишвар Манижа Давлатова баъди хомӯшии тӯлонӣ аввалин суруди хешро пешкаши ҳаводорони ҳунараш кард. Дар ин робита хабарнигори «ИмрӯзNews» сӯҳбати кӯтоҳе бо ӯ дошт.

 -Манижабону, дирӯз бори нахуст баъди муддати тӯлонӣ хомӯш буданҳо аввалин суруди ба тозагӣ хондаатон аз тариқи радиои «Имрӯз»  бо номи «Ай Ватан» садо дод. Табрик, суруди хуб баромадааст.

 - Ташаккур, лутф мекунед.

 -Воқеан, бархе аз мухлисонатон интизори онро доштанд, ки баъди хомӯшиҳо агар суруд бихонед, он ҳатман суруди шикоят аз зиндагӣ хоҳад буд? Вале шумо аз васфи Ватан оғоз кардед?

 -Бале, ман агар ранҷе кашида ва дарде дида бошам, аз ҳамватан дидаам, на аз Ватан. Ватанро чу ҷон дӯст дорам. Барои ҳамин Ватанро васф кардаму васф хоҳам кард. Ватан ҳастии ман ҷаҳони ман аст. Бе Ватан мурғи бепару болам. 

 -Пас оҳанги ин суруд эҷоди кист ва матни онро кӣ навиштааст?

 -Матнро ман аз эҷодиёти даҳанакии халқ гирифтам. Оҳанги онро худам эҷод кардам. Ин сурудро ман ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти Ватан мебахшам.

 -Чаро маҳз онро барои пахш кардан ба радиои «Имрӯз» пешкаш кардед, на ба ягон расонаи дигар?

 - Бояд қайд кунам, ки радиои «Имрӯз» радиои дӯстдоштаи ман аст.

 - Ахиран рӯзномае бо чунин ном таъсис ёфтааст, ки ин сӯҳбати кӯтоҳ бо Шумо дар он дарҷ хоҳад шуд.

 -Ташаккур, ифтитоҳ шудани рӯзномае ҳам бо чунин ном, фикр мекунам, падидаи нав аст.Ва иншоаллоҳ муваффақият ҳам ба даст меорад. Ман аз ин рӯзнома умедҳои калон дорам. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар кӯтоҳтарин муддат хонандагони худро пайдо хоҳад кард ва яке аз онҳо  банда хоҳад шуд. Ба кормандони ин рӯзномаи навтаъсис бурдбориҳову комёбиҳо ва пешравиҳо хоҳонам. Бошад, ки ҳамеша муваффақу сарбаланду саломат бошанд.

 Султони Ҳамад, “ИмрӯзNews”

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/3007-2010-08-30-19-04-09.html



Шарҳҳо   

 
+2 #58 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТКоля 05.11.2012 11:58
Манижа ман бисёр сухан гуфтан намехохам, чун ки шумо бехтарин хастед.
Ман мехохам бо шумо хамсухбат шавам, ман шеър эчoд мекунам, илтимос як шеъри маро бо оханг хонед, ба ман занг занед.
938783435
 
 
-3 #57 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 06.09.2012 15:37
манижа шумо тамоман манба макулне овозатонам хаминхел метони ба сахна бар нагарди чои гармата хунук накун.
 
 
+2 #56 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 12.07.2012 13:02
манижа иштибоҳ мекни ба саҳна бар нагард........
 
 
-1 #55 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 12.07.2012 12:55
салом апаи манижа ман аз ту бовар надоштам ки ба саҳна дубора бар гардаи чун ки ту гуфта буди ман дигар ба саҳна бар намегардам ду бора иштибоҳ карди ба саҳна баргаштиии....
 
 
+3 #54 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 13.05.2012 21:47
ман аз тахти дил ошики овози манижа гаштам то имруз уро мешинохтам аммо ягон суруди уро гуш накарда будам. имруз тавассути шабакаи рузгор овози уро шунидам ман тарафдори он нестам ки манижа ба сахна баромада мисли шабнаму фарзона бехудаги кунад балки тарафдорам то дар хонааш нишаста эчод намояд бовари дорам шухраташ боло меравад
 
 
+3 #53 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 23.03.2012 04:32
manija ya jivu rabotayu yujna korea ya ochin radavalas kagda slishal atvayom novem pesne nadeyus shto tvaya novaya pesna pastavit. youtube s vazvrasheniyam
 
 
+5 #52 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 26.02.2012 22:22
Манижачон ман бисёр шуморо дуст медорам ва мехохам шумо ба сахна бароед орзу дорам бо шумо 1бор аз наздик шинос шавам
 
 
+10 #51 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 11.12.2011 23:44
манижа ты самая лучщая
 
 
+11 #50 RE: БОЗГАШТИ МАНИЖА ДАВЛАТGuest 11.12.2011 23:42
ты самая лучщая в таджикистане манижа
 
 
+7 #49 Guest 08.12.2011 04:35
Salom, khonumi Manija!!!! Shumoro mo duoguem, ohanghovu ovozi Shumoro mepisandem, Khudi Shumoro dust medorem. Mo bo shumoem, har kujoe, ki boshed, khudo ham bo Shumo boshad.
Behtarined dar sahnai tojik!
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi