06:24:41 19-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ШОИРОН ДАР ВАСФИ ИМОМИ АЪЗАМ (Р)

 

 

 

 

 

 Мирзо Муҳаммадии Навид

Дубайтиҳо 

Баҳор ойини дигар дорад имсол,
Паёме аз паямбар дорад имсол,
Бувад имсол соли Бӯҳанифа,
Нишоти тозаву тар дорад имсол.

Зи қавли он Расули поку доно,
Агар дониш бувад андар Сурайё,
Фаро гиранд қавми форсигӯ, 
Ишорат бар Имоми Аъзами мо.

Чу ӯ буд аҳли фазлу ҳам фаросат, 
Даре бикшод аз Қуръону суннат.
Зи иҷмоъву қиёсу урфу эҳсон,
Дари осониҳо бар рӯйи миллат.

Ба мисли Бӯҳанифа садҳазорон 
Зи мо буданд аҳли илму ирфон.
Ба дониш аз ҳама болонишинем, 
Ки лутфи Ҳақ бувад бар мо фаровон.

Навид назме бигӯ бо дилписандӣ,
Худоро шукр аз ин арҷмандӣ.
Касе номи бузургон зинда дорад,
Биёбад дар ду олам сарбаландӣ.

 

  

 Салоҳиддин Ҳусайнӣ,

Чароғи илму ирфон Бӯҳанифа

Чароғи илму ирфон Бӯҳанифа,
Сутуни шаръу имон Бӯҳанифа.
Башорат дод қаблан омадашро,
Расули инсу ҳам ҷон Бӯҳанифа.
Бигуфто илм будӣ дар Сурайё,
Ба даст меоварад он Бӯҳанифа.
Бизодаш моми доманпоки тоҷик,
Бувад аз қавми хубон Бӯҳанифа.
Ҷамиъии авлиёро сарвар омад,
Чу хуршеди дурахшон Бӯҳанифа.
Бувад фазлаш миёни ҷумла уммат, 
Маҳе дар кавкабистон Бӯҳанифа.
Бувад ташреҳи Қуръон фиқҳи Акбар,
Азон дар дидаву ҷон Бӯҳанифа.
Ҳама олам Имоми Аъзамаш гуфт,
Вагарна будӣ Нӯъмон Бӯҳанифа.
Шараф бодо ба ҳамасри паямбар,
Барӣ аз айбу нуқсон Бӯҳанифа.
Тафохур кун, аё халқи азизам,
Зи қавми Тоҷикистон Бӯҳанифа.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi