02:19:52 17-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НАХУСТНАМОИШИ ОПЕРАИ «РӮДАКӢ»

 

16-уми апрели соли 2009 дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ нахустнамоиши операи Шарофиддин Сайфиддинов «Рӯдакӣ» баъди бори дигар эҳё шуданаш дар таҳияи режиссёрон ба саҳнагузорандагон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шамсӣ Низомов ва Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Шавкат Халилов баргузор гардид.

 

Асари мазкур бори аввал дар даврони шӯравӣ соли 1976 дар ҳамин театр рӯйи саҳна омада буд. Дар он вақт режиссёр -басаҳнагузорандаи намоишнома Хунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳоҷиқул Раҳматуллоев буд ва коргардони намоишномаи феълӣ Шамсӣ Низомов ба ҳайси ёрдамчии ӯ фаъолият мекард. Он замон нақши асосӣ -«Рӯдакӣ»-ро Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Аҳмад Бобоқулов иҷро карда буд. Дар нақшҳои дигар ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон Зебо Аминова, Рафоэл Толмасов, Музаффар Исмоилов ва дигарон ҳунарнамоӣ мекарданд. Баъди гузашти 33 сол насли нави ҳунармандони театр бори дигар бо ҷилои тоза спектаклро ба рӯйи саҳна оварданд.

Ба гуфтаи саррежиссёри театр ва ба саҳнагузорандаи ин намоишнома Шамсӣ Низомов ҳунармандон Музаффар Исмоилов ва Фазилат Мамедова дар ин намоишнома ҳамон нақшҳоеро бозӣ кардаанд, ки 33 сол муқаддам ҳини бори аввал рӯйи саҳна омадани ин опера иҷро карда буданд, яъне нақшҳои Саҳл бинни Мансур ва Робияро. Ин дафъа нақши марказӣ -Рӯдакиро Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Акбар Мирраҷабов иҷро кард. Ҳунармандони халқии Тоҷикистон Бурҳон Мамадқулов ва Миралӣ Достиев нақшҳои Маҷ ва амир Насрро хеле самимӣ бозиданд.

Опера аз ду парда ва панҷ намоиш иборат аст. Либреттои онро нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода ва драматурги рус Сергей Северсев ҳанӯз солҳои шастуми асри гузашта навишта буданд. Шарофидин Сайфиддинов муаллифи опера дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» иброз дошт, ки ин намоишнома бояд дар рӯзҳои ҷашнгирии 1150-солагии устод Рӯдакӣ манзури тамошобинон мегардид. Вале аз сабаби дар ҳолати тармим будани бинои театр намоиши он ба баҳори имсол мавқуф гузошта шуда буд.

Операи феълӣ аз операи солҳои 70-ум бо он фарқ мекунад, ки баъзе арияҳо ихтисор шудаанд. Қисмати дигари онҳо кӯтоҳ карда шудааст. Декоратсияи саҳна ва либосҳои персонажҳои опера ба куллӣ нав шудаанд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар хотимаи ин намоишнома Шарофиддин Сайфиддинов ва ҳунармандони театрро бо ин комёбии навбатиашон табрику таҳният гуфт.  

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi