05:01:36 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАРГУЗАШТИ ФАРРУХИ ҚОСИМ, ҲУНАРМАНДИ МАЪРУФ

Фаррухи Қосим, ҳунарманди маъруф ва коргардони теотри "Аҳорун", шоми рӯзи якшанбеи 7 феврал дар синни 62-солагӣ даргузашт. Вай 11 сол пеш дар асари сактаи мағзӣ фалаҷ шуда буд ва то охири умр аз ин беморӣ ранҷ мебурд. Ҷанозаи ӯ рӯзи душанбе дар гӯристони Лучоб, дар шимоли шаҳри Душанбе, ки оромгоҳи бисёре аз чеҳраҳои фарҳангии Тоҷикистон аст, ба хок супурда шуд. 

Фаррухи Қосим дар соли 1948 дар хонаводаи ҳунармандони теотр ва синемо, Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова, ба дунё омад ва аз он замон сарнавишти худро бо теотр пайваст. Фаъолияти ҳунарии ӯ дар теотри Лоҳутӣ оғоз шуд. Вай дар оғоз ба унвони ҳунарпеша нақшҳои мухталиферо иҷро кард, вале батадриҷ ба коргардонӣ алоқа пайдо кард ва чанде аз маъруфтарин намоишномаҳои теотрии он замон дар Тоҷикистонро ба саҳна гузошт. Нақшҳое монанди Муборакхон дар намоишномаи "Фарёди ишқ"-и Ғанӣ Абдулло, Абдусалом дар намоишномаи "Алломаи Адҳам"-и Сотим Улуғзода, Ленин дар намоишномаи "Бо имзои Ленин" аз Абдусалом Атобоев аз ҷумлаи муҳиммтарин нақшҳоест, ки вай дар он замон иҷро кард. 

 Дар даврони бозсозӣ ва густариши андешаҳои марбут ба худогоҳии миллӣ, вай аз аввалин ҳунармандоне буд, ки ба осори бузургони адабиёти форсӣ рӯй овард ва дар соли 1990 теотри "Аҳорун"-ро таъсис дод. Гурӯҳи теотри "Аҳорун" ба сарпарастии Фаррухи Қосим аз пешгомони ҳунари теотр дар даврони пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб мешавад. 

Дар ин ҷо буд, ки вай муҳиммтарин намоишномаҳои худро, ки дар таърихи теотри тоҷик беназир будаанд, ба саҳна гузошт. Намоишномаҳои "Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махур", "Исфандиёр", "Даҷҷол", "Шоҳ Фаридун", "Шайхи Санъон" аз муҳиммтарин осори намоишии вай дар ин замон ба шумор меоянд. 

Ин осор, бавижа “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон ғам махӯр”, ки бо оғози ҷунбишҳои миллӣ ва тарҳи пурсишҳое аз ҳувияти миллии тоҷикон дар авохири даҳаи 1980 мусодиф шуд, мавриди истиқболи фаровони мардум қарор гирифтанд. Соли 2004 Бунёди Принс Клоуси Ҳулланд яке аз даҳ ҷоизаи солонаи худро ба Фаррухи Қосим тақдим кард ва саҳми ӯро дар ҳунари теотр ва адабиёти Тоҷикистон сутуд. 

Вай ҳамчунин соҳиби бархе аз ҷавоизи давлатӣ, аз ҷумла унвони "Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон" аст.

 Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1706-2010-02-08-13-28-40.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi