17:53:22 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЁДБУДИ СУЛТОНИ РОК-Н - РОЛЛ ЕЛВИС ПРЕСЛӢ

Ереван аз Тулепои Миссисипӣ, зодгоҳи султони рок-н-ролл Элвис Преслӣ, ки ҳаводоронаш 75-умин зодрӯзи ӯро имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон ҷашн мегиранд, ҳазорҳо километр дур аст. Вале бо ин вуҷуд, Нарек Маркарян, омӯзгори 26-солаи илми забоншиносӣ зиндагии худро бидуни мусиқии Преслӣ тасаввур карда ҳам наметавонад. Бо ин ки тарзи қайчизании мӯи сари Нарек Маркарян ба султони рок-н-ролл хеле монанд аст, вале худи ӯ эътироф мекунад, ки аслан ҳеҷ шабоҳате бо дӯстдоштатарин овозхони худ надорад. Ӯро дар Арманистон ҳама “Преслии арманӣ” мегӯянд ва худи Нарек ҳам зид нест. Вай аз синни мактабхонӣ ба ҷамъоварии сабтҳои оҳангҳои Элвис Преслӣ шурӯъ кард ва ҳоло як коллексияи хеле хубе дар ихтиёр дорад: “Ман бештар сабтҳоро ҷамъ мекунам. Таронаҳо ин сарвати бебаҳоест, ки Элвис ба мо мерос гузоштааст”.

 Ҳоло тамоми манзили Нарек дар Ереван ба эҷодиёти султони рок-н-ролл бахшида шуда дар ҷевони ӯ садҳо китоб, аксу таблоҳо ва сабтҳои ин овозхони маъруфро дидан мумкин аст:

 “Шояд барои баъзеҳо доштани ҳазорҳо сидии оҳангҳои фақат як овозхон чизи ғайриоддӣ бошад. Вале вақте шумо ба шунидану омӯхтани ин оҳангҳо шурӯъ мекунед, мефаҳмед, ки чӣ одамҳои наҷибе барои таҳияи ин асарҳо заҳмат кашида чӣ саҳме дар рушди фарҳанг гузоштаанд. Элвис як мӯъҷизаи давомдори ҳунарӣ аст, ки барои муддати тӯлонӣ таъсирбахш хоҳад буд. Мардум ба омӯзиши он шурӯъ мекунанду аз рӯи он дарс мегиранд. Ин як чизи хеле аҷиб аст. Хеле муҳим аст, ки таърих фаромӯш нашавад”.

 Маркарян аз фанни забоншиносӣ дар донишгоҳи забонҳои ба номи Брюсови Ереван дарс медиҳад. Вале ин корро ӯ ба ҳайси машғулияти асосиву ноновараш рӯзона анҷом медиҳад. Аммо шомгоҳон – шомгоҳон фурсати дигар мерасад, ки ин соатҳоро ӯ замони лаззату истироҳати худ медонад. Вай костюми пурҷилои худро ба бар карда ба даст микрофон мегирад ва шурӯъ мекунад ба хондан, хондани оҳангҳои мондагори касе, ки ҳанӯз 50 соли пеш дар Амрикои дур ҳамаро дар ҳайрат гузошта буд:

 Нарек Маркарян мегӯяд, ки то ҳол на танҳо дар зодгоҳи худ, балки дар ИМА ва боре дар Бишкеки Қирғизистон низ рӯҳи Преслиро ба ин тарз шод кардааст. Вай мегӯяд, аз ҳудудан 700 оҳанги Элвис Преслӣ 100-тоашро азёд медонад. Вай инчунин муаллифи як сайти вижаи интернетист, ки ба эҷодиёти ин овозхони маъруф ихтисос ёфтааст.

 Азбаски дар дохили Арманистон чунин як гурӯҳи тарафдорҳо ё ба истилоҳ фанклуби Преслӣ амал намекунад, Нарек ба узвияти чунин як созмони воқеъ дар Русия шомил шудааст. Ҳоло орзуи ӯ ин аст, ки нахустин албоми оҳангҳои худро нашр кунад ва як бахши аъзами таронаҳо аз эҷодиёти Преслӣ иборат хоҳад шуд.

 Як орзуи дигари ӯ ин аст, ки дар бораи нақши мусиқии султони рок-н-ролл дар густураи шӯравии пешин китобе нависад ва бигӯяд, ки баробар бо “Биттлз” ин ҳунарманд дар СССР чун як рамзи барҷастаи Ғарб арзёбӣ мешуд.

 Интизор аст, ки ҳаводорони ҳунари Элвис Преслӣ моҳи феврали имсол ҷашнвораи хоссаеро ба ифтихори ӯ ташкил карда ин идро ба 50-умин солгарди хатми мӯҳлати хизмати сарбозии Преслӣ дар артиши Амрико дар соли 1960 ихтисос диҳанд. Нарек Маркарян ҳам ният дорад яке аз ширкатдорони ин ҷашни ҳунарӣ шавад.

 «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1516-yodbudi-sultoni-rok-n-roll-elvis-presli.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi