02:37:21 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭҲЁИ МАҲФИЛИ АДАБИИ ХАЙРАНДЕШ

Маҳфили адабии  дар гузаштаи на чандон дур маъруфи шоири шинохтаи кишвар Хайрандеш баъди солҳо сукут варзидан рӯзи панҷшанбеи 7-уми  январи соли 2010 боз аз сари нав ба фаъолият оғоз кард. 

Аз ин ба баъд ҳар рӯзи панҷшанбе дар толори қироати китобхонаи ба номи устод  Абулқосим Лоҳутӣ дар  шаҳри Душанбе аъзои ин маҳфил, ки асосан навқаламонанд, гирдиҳам омада, баъди хондани шеър дар бораи ҳусну қубҳи ашъорашон фикру андешаи устодони сухан, ба хусус муассиси ин маҳфил Хайрандешро хоҳанд шунид. Зимнан бояд бигӯем, ки Хайрандеш таҳлили ашъори он навқаламон ва алоқамандони адабиётро, ки аз пойтахти кишвар  дуртар зиндагонӣ мекунанд  ва имконияти дар ин маҳфил ширкат карданро надоранд, аз тариқи радио ба роҳ мондааст.

 Бо мусоидати радиои Тоҷикистон ҳар рӯзи панҷшанбе аз соати 10-у 15 дақиқа то соати 11 Хайрандеш аз студияи радио тариқи телефон ашъори навқаламонро барои худи онҳо ва тамоми шунавандагони радио  арзёбӣ ва таҳлил хоҳад кард.

 Ва аммо дар нишасти аввалини маҳфил  Ҳотами Файзуллоҳ, ҷонишини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ширкаткунандагони маҳфилро бо ин рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табрик гуфт ва пуштибонии ин Кумитаро аз ин иқдом эълом дошт. Мунақидди ҷавон, вале шинохтаи кишвар Мубашшири Акбарзод аз аъзои маҳфил даъват ба амал овард,ки ба хотири сайқал додани маҳорати шоирӣ ва баланд бурдани савияи дониши худ  бисёртар аз  эҷодиёти бузургони адабиётамон устод Рӯдакӣ, Саъдиву Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддин Балхиву Ҷомиву Бедил ва шоирони маъруфи  муосири кишвар ва давлатҳои ҳамзабон биёмӯзанд.

 Аҳли маҳфил шоирони ҷавон Достон Асозода, Бахтиёри Раҳмонӣ, Ҷамшеди Гулзод ва шоирони соҳибкитоб Шарифи Шайдо, Нуруллоҳи Ориф, бобои Абдураҳими Афғонӣ, бобои Раҷаббеки Сайидзода Сарфароз аз ашъори ба тозагӣ эҷоднамудаи хеш намунаҳо қироат карданд, ки тақрибан  ҳама ба мавзӯйи бунёди  НБО-и Роғун бахшида шуда буданд. Дар маҳфили адабии Хайрандеш олими адабиётшинос Музаффар  Муҳаммадиев ва нависанда Аброри Зоҳир ширкат ва суханронӣ намуда, ин воқеаи муҳими фарҳангиро ба дӯстдорони шеъри кишвар муборакбод гуфтанд.

 Дар хотима  роҳбари маҳфил шоир Хайрандеш ҳозиринро аз барнома ва нақшаҳои маҳфил дар ояндаи наздик воқиф сохт.

 «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1497-ehyoi-mahfili-adabii-khairandesh.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi