21:02:13 29-уми Ноябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЁДАТ БАХАЙР, МӮНИСИ ҒАМУ ШОДИИ МАРДУМ!

Даргузашти оҳангсоз Фаттоҳ Одина

Рӯзи дуюми январ оҳангсози маъруфу машҳури тоҷик Фаттоҳ Одина дар синни 72-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи ӯ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дили Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон, узви Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи синамогарону ходимони театрии Тоҷикистон, лауреати мукофоти ба номи А.В. Александров ва дорандаи ҷоизаи давлати Тоҷикистон ба номи А. Рӯдакӣ дар ин рӯзҳои солинавӣ аз таппиш бозмонд. 

Дар маросими ҷанозаи ӯ Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, сухан ронда гуфт: «Фаттоҳ Одина тамоми умр, истеъдод ва ҳунари худро ҷиҳати рушду камоли санъат ва инкишофи мусиқии касбии миллии тоҷик сарф намуд». 

Дар ин маросими хайрбодӣ бо оҳангсози шоистаи санъати Тоҷикистон Фаттоҳ Одина адибон Гулрухсор, Гулназар Келдӣ, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов, иштирок карда ва дар бораи нақши Фаттоҳ Одина дар рушди санъати мусиқии миллӣ ёдовар шуданд. 

Дар асарҳои ӯ мавзӯъҳои Ватан, муҳаббат ба инсон, ишқи пок, васфи табиат ва арзишҳои умумибашарӣ тараннум меёфтанд. Қудратулло Ҳикматов раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, реҳлати Фаттоҳ Одинаро талафоти бузург ба санъати мусиқии асили тоҷик номид ва гуфт, исми ӯ дар таърихи санъати мусиқии тоҷик бо даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравӣ ва симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо боқӣ хоҳад монд. 

Инчунин Саидқул Билолов, роҳбари гурӯҳи «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радио, гуфт, Фаттоҳ Одина шоҳсутуни санъати мусиқии миллӣ буд ва мусиқии миллиро бо мусиқии ғайр омезиш намедод. 

Муаррифинома

Фаттоҳ Одина (Абдулфаттоҳ Одинаев) 22-юми июли соли 1938 дар Кангурт таваллуд шудааст. Соли 1957 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе, соли 1962 консерваторияи давлатии ба номи Чайковский ва соли 1966 аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории бо номи Гнесинро дар Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм карда, барои кор ба  Вазорати маданияти Тоҷикистон (ҳозира фарҳанг)  ба кор фиристода мешавад. Солҳои 1971-1978 роҳбари бадеии Филармония давлатии Тоҷикистон  шуда кор мекунад. Мудирияти кафедраи факултаи санъати Донишкадаи омӯзгории Душанберо низ чанд муддате  бар дӯш доштааст. 

Операи аввалини оҳангсози марҳум бо номи «Парасту» дар соли 1966 аз рӯи достони шоира Жола офарида шуда, дар саҳнаи Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба саҳна гузошта мешавад. Достони «Аҳурамаздо» ва операи бачагонаи «Бузаки ҷингилапо» аз асарҳои маъруфи ӯ мебошанд. 

Насли солҳои панҷоҳуми асри бист сурудҳои «Ватанро месароям», «Иқболи баланд», «Бақои дустӣ», «Ману дарё», «Тоҷикистон», Арӯси 18-сола», «Аспи саманд», «Маъвои Роғун», «Садбарги сафед» ва «Аскарбача»-и ӯро дар ёд доранд. 

Барои филмҳои «Хиёнат», «Хатти парвоз», «Ашк ва шамшер», «Вохӯрӣ дар дараи марг» ва барои намоишномаҳои театрии «Рустам ва Сӯҳроб», «Шоҳ Лир», «Роҳзанҳо», «Кабки қафас» ва ғ. оҳанг офаридааст. Асарҳои камеравии «Фалак», «Лолаи ёлаҳо», «Ироқи дарвозӣ», офаридаҳои симфонии «Увертюраи ҷавонӣ», «Дар Помир», «Ҳисори ман», «Мавригӣ», «Падарамро набаред» ва ғ. ба хазинаи санъаи мусиқии тоҷик ворид шудаанд». 

«Озодӣ»

 Ёдат бахайр, мӮниси ғаму шодии мардум!

Худованди ҷону хирад ба беҳтарин офаридаҳо, аз хислатҳои худ заррае ато мекунад. Ва ҳамин аст, ки имрӯз мо дар олами шеър, суруд, мусиқӣ, илм ва маърифат давр мезанем. Беҳтарин фарзандони миллати мо садсолаҳо ҳаст, ки дарду ниёзу орзуву ниятҳои халқи моро тавассути асарҳои бадеӣ инъикос мекунад ва ба дилу дидаи мо мерасонанд. 

Устод Фаттоҳ Одина яке аз ҳамин гуна фарзандони барӯманд, хирадманд, соҳибистеъдод, эҷодкор ва фарзанди содиқи халқ буд, ки зиёда аз садҳо суруду оҳангҳоро барои мо офаридааст. Зиёда аз 50-сол мешавад, ки  рӯзе нест дар фазои радио ва телевизион, дар маҷлисҳо ё дар нишастҳои хоса оҳангҳои Фаттоҳ Одина садо надиҳанд. 

Умр ва зиндагии Фаттоҳ Одина басо ибратангез,  боиси омӯзиш ҳам ҳаст. Фаттоҳ Одина дар бари устодон Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назриев ба воя расидааст. Дуои ин ду пири хирадманд, ду пири ҳунари мусиқии тоҷик  дар зиндагӣ барои Фаттоҳ Одина чароғи ҳидоят гардид. 

Ҳамин аст, ки Фаттоҳ Одина фарзанди кӯчаки кӯҳистони Тоҷикистон то консерваторияи Маскав роҳ пайдо кард, дар он ҷо таълим гирифт, савияи дониши худро сайқал дод ва ба офаридани оҳангҳо шурӯъ кард. Дарду омоли миллат, ҷомеа дар оҳангҳои ӯ  басо самимӣ мушоҳида  мешавад. 

Ҳамин буд, ки яке аз асарҳои машҳури Фаттоҳ Одина «Падарамро ба ҷанг набаред» достони вокали симфонӣ ба гирифтани мукофоти умумииттифоқӣ сазовор гашта буд. Ин дарде буд, дарди ҳазорон, дарди миллионҳо одамоне, ки дар ҷанг падаронашон нобуд шуданд. Ин дардро тавонист композитор Фаттоҳ Одина бо мусиқии симфонӣ таҷассум кунад. Ва абадан ба саҳифаҳои тиллоии  таърихи фарҳангу мусиқии тоҷик ворид созад. 

Як самти асосии фаъолияти  марҳум ин ҳамкории самарабахши ӯ бо шоирон буд. Ҳамаи он шоироне, ки бо ӯ ҳамкорӣ карданд, аз ӯ бо як муҳаббат  ҳарф мезананд. Ба ашъори бисёр шоирони мо Фаттоҳ Одина оҳанг бастааст. Яке аз бузургтарин падидаи асри 20-ум назми муосири тоҷик манзумаи «Мавҷи Днепр»-и Мӯъмин Қаноат аст. Чи қадар дарди ҷонкоҳ, чи қадар сӯзу алам аз марги бародар дар шеър нуҳӯфта аст! 

Фаттоҳ Одина ҳамин дарду аламро бо мусиқӣ  боз ҳам афзунтар  кардааст. Ба ин достони  устод Мӯъмин Қаноат марҳум Фаттоҳ Одина бо оҳанги эҷодкардаи худ  ба сӯзу гудози шеър, ба  дарди шоир як дарди дигари дигари ҷонкоҳро зам кардааст. 

Шодравон Фаттоҳ Одина бо марҳум Лоиқ Шералӣ низ ҳамнишаст, ҳамсафар ва ҳамрадиф буданд. Аз ҷумла  ҳамкориҳо доштанд. Ҳамон қадаре, ки дар бораи Лоиқ Шералӣ ҳамчун шоир, ҳамчун донишманд, ҳамчун дилсӯзи миллат сухан ронем, ҳамон қадар мо метавонем бо ифтихор дар бораи устод Фаттоҳ Одина сухан бигӯем. Зеро ӯ  мазмуни ашъори ин шоири бузургро ба ҷон дарк карда, ба бештари  шеърҳои ӯ оҳанг бастааст, ки бешак бо ин амали худ пеши алоқамандони мусиқӣ  қадри сухани Лоиқро болотар бурдааст. 

 

 

«Маъвои Роғун» ном таронаи ӯро имрӯзҳо такроран аз радиову телевизион пайваста мешунавем. Шояд аз алоқамандони мусиқӣ кам касоне бошанд, ки бидонанд ин таронаро бар матни устод Бозор Собир шодравон Фаттоҳ Одина қариб 20 сол пеш эҷод кардааст. 

Бубинед, ки баъди қариб 20 сол суруди «Маъвои Роғун» дар дилҳои хурду калон маъво гирифтааст. Бо боварӣ метавон гуфт, ки таронаҳои дигар ӯ низ  ҳамеша дар қалбу дар лабҳои мардум ҷовидон хоҳанд монд. 

Аз Худованди бузург талаби онро дорем, ки хонаи охираташро ободу рӯҳашро аз мо шод бигардонад. 

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/adabiyot-va-farhang/1465-yodat-ba-khayr-munisi-ghamu-shodii-mardum.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi