00:36:35 23-уми Марти 2023 сол
ХАБАР:
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2023 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

«ДОСТОЕВСКИЙ 200 СОЛА ШУД!»

(“Тамоми хушбахтиҳои дунё арзиши як қатра ашки рухсораи як тифли бегуноҳро надоранд”) Ф.М.Достоевский

Нависандаи маъруфи рус ва адабиёти ҷаҳонӣ санаи 11-уми ноябри соли 1821 дар шаҳри Москва ба дунё омадааст. Баъди таҳсилоти мактаб, дар мактаби ҳарбӣ, аниқтараш Омӯзишгоҳи асосии муҳандисӣ дар Санкт-Петербург таҳсил намудааст. Замони мактабӣ ва дар омӯзишгоҳ таҳсил намуданаш ба адабиёту навиштани ҳикояву қиссаҳо мароқ зоҳир менамояд.

1 dostoevcky 54451245Чун он давра, давраи рушди ба ном «асри тиллоии адабиёти рус» буд ва ҷавононе чун Н.В.Гогол, Тургенев, Григорович, Салтиков - Шедрин, Островский, Некрасов, Л.Н.Толстой ва дигарон вориди адабиёти он вақт зуд руштёбанда мегардиданд, Достоевский бо як шӯру шавқ ба адабиёт дохил шуд.

Бояд гуфт, ки замони донишҷӯй буданаш зери таъсири инқилобҳои солҳои 1830 ва 1848-и кишварҳои Аврупо, дар Руссия низ рӯҳияи инқилобии қишри пешқадами ҷомеъа ба хусус ҷавонон хело боло рафта буд.Ҷомеаъи рус роҳҳои баромадан аз вазъи вазнини шароити зиндагонии аҳолии шаҳру деҳот, ҷомеаи крепосноиро меҷуст. Ҳамон давра Достоевский ба гурӯҳи пинҳонкории петрашевскчиён, ки дар Руссия мехостанд оммаи халқро ба ҳаракатҳои инқилобӣ тайёр намоянд ва рӯҳияи инқилобӣ доштанд дохил гашта буд.

Баъди ошкор гаштани ин гурӯҳи интқилобӣ аъзоёни он и ба ҷазо, аввал ба ҳукми қатл сазовор дониста шуда, баъдан ҳукм иваз ва ба каторга ба марзҳои Қазоқистони имрӯза ва Сибир бадарға шудаанд(гарчанде ӯ доимо аз иштирок дар гурӯҳҳои табадулотгар инкор мекард,лекин дар суд ӯ ҷинояткори хавфнок эълом гашта буд).

Зиндагии вазнини каторгавӣ дар Сибир, ки қарори комиссиюни ҳарбию судӣ оиди ҳукми қатли ӯ аз санаи 13-уми ноябри соли 1849, санаи 19-уми ноябри ҳамон сол ба намуди ҷазои каторгавӣ бо хулосаи генерали назоратчӣ ба мӯҳлати 8 сол иваз гашта буд, ҳамчунин 8-моҳи дар зиндони машҳури Петропавловск шурӯъ аз моҳи марти соли 1849 пуштӣ сар намудааш, нақши худро дар ҳаёту эҷодиёту ва саломатии нависандаи бузурги оянда гузошта буд.Солҳои минбаъаи эҷодӣ ин андешаҳои рӯҳияшро нависанда қариб дар тамоми асарҳои бадеъии офаридаааш моҳирона ба тасвир кашидааст(гарчанде аввалин нишонаҳои бемории саръ дар ӯ замони наврасӣ, ҳангоми таҳсил дар пансионат низ ба мушоҳида расида буданд).

Тибқи сарчашмаҳои адабӣ , баҳори сол 1845 ҳамсабақи Достоевский, нависандаи маъруфи оянда Д.В.Григорович дастнависи қиссаи ӯ «Одамони қашшоқ» -ро гирифта ба назди Н.А. Некрасов, ки барои нашри «Маҷмӯъаи Санкт-Петербург» маблағ ҷамъ мекард мебарад. Баъди мутолиаи ин дасхат, онҳо аз истеъдоду интихоби мавзӯъ ва тасвирҳои хело барҷаста ва моҳиронаи нависандаи ҷавон ба ваҷҳ омада, зуд ба назди мунаққиди маъруф В.Г. Белинский рафта дод мезанад, ки «Гоголи нав пайдо шудааст!»

Мунаққиди машҳури замон Виссарион Григоревич Белинский ба онҳо ҷиддиёна ҷавоб медиҳад, ки «Аз ҷониби шумо Гоголҳо чун замбуруғи баъди борон сар мебароранд!» Баъди хондани дастхат бошад Белинсикий ҳамон бегоҳ ин ду нафаронро ҷустуҷӯ намуда , оиди таъсири сахти ин асарба ӯ , ба онҳо ҳикоя мекунад ва хоҳиши шинос намуданашро бо муаллифро мекунад.Баъди вохӯрӣ мунаққид ба нависандаи ҷавон, дасти дуо дода, роҳи нависандагиро барои оянда ба ба таври боварибахш ба нависандаи ҷавон нишон медиҳад!

Фёдор Михайлович Достоевский баъдан асарҳои зиёдеро аз ҳаёти халқи оддии рус, ҷомеаи онвақтаи Руссияи крепостноӣ ба таври ҳақиқатнигорона эҷод менамояд. Асарҳои эҷоднамудаи ӯ, ки бо омӯзиши психологияи инсон, проблемаҳою камбудиҳои чойдошта дар ҷомеъа, фақирии мардум, нобаробарию беҳуқуқӣ дар ҷомеаи Руссияи онвақта, проблемаҳо оиди вазъи ҳуқуқии наврасону кӯдакон нигаронида шуда буданд, ба зудӣ дар ҷомеаи рус, баъдан ҷомеъаи нисбатан пешқадами Аврупо ва ҷаҳон паҳн гаштаву дар рушди адабиёти ҷаҳонӣ низ бояд гуфт, ки баъдан нақши мондагори худро гузоштаанд. Аз тарафи ин нависандаи маъруф, асарҳои зиёд, шоҳкориҳои адабиёти насрии рус ва ҷаҳон офарида шудаанд.

Камина аз овони мактабхонӣ бо ҳаёту фаъолияти ин нависанда ва бархе аз асарҳои ӯ шинос будам.

Бо сабаби зарурият ва чуқур омӯхтани асарҳои ин нависанда бо илҳом аз асарҳои устоди маънавии хеш , ҳуқуқшинос ва адиби маъруфи рус А.Ф.Кони соли 2018 асарҳои зерини ӯро боз такроран бо забони русӣ хондам:

1.«Унижение и оскорбление», 2. «Преступление и наказание», 3. «Неточка Незванова», 4. «Идиот», 5. «Записка из мёртвого дома», 6. «Игрок», 7.«Браты Карамазовых», 8. «Белие ночы», 9. «Бедные люди», 10. «Подросток», 11. «Бесы», 12. «Дедушкин сон», 13. «Вечный мрак», 14. «Село Степанчикова и его обитателей», 15. «Дневник писателя», 16. «Крокодил», 17. «Бобчак», 18. «Сон смешного человек», 19. «Северный анектод», 20. «Зимний забота летных впечетления».

Ҳамчунин бори дигар навиштаҳои А.Ф.Конӣ, Панаев И.И., И. Волгин, Н.А. Добролюбов ва дигаронро оиди ҳаёту эҷодиёти ин нависандаи маъруф мутолиа намудам. Бояд иқрор гашт, ки аввалан кас дар вақти шурӯъи хондани асарҳои ин нобиғаи олами адабӣ ба навиштаҳои ӯ мисли як мавзӯъи дилгиркунанда ва тоқатфарсо муносибат мекунад. Ҳамон доираи мавзӯъи хело дилгиркунанда , баъдан ба як мавзӯъи хело ҷолиб ва мафтункунанда мубаддал мешавад ва шахс пурра ба он таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

Истеъдоди нависандагони бузург низ дар ҳамин аст, ки аз як мавзӯъи ба назар ноҷиз ва дилгиркунанда як осори ҷолиб ва шоҳкориро меофаранд.

Проблемаи ҳаёти ҷомеъи рус, қашоқии маънивӣ, бепарастории нобиғон, беҳуқуқӣ, вазнинии зиндагии ҷомеаи рус ҳамон вақт дар андешаи нависанда нақши мондагор доштааст. Проблемаи ҷиноят ва ҷазо , камбудию норасоиҳои ҷойҳои адои ҷазо ва зиндонҳои рус, ки нависанда азоби онро бо чашми сар дидаст дар асархои ӯ мохирона тасвири худро ёфтаанд. Ӯ ба таври башардӯстона оиди проблемаҳои ҷойдоштаи фақирон, нобиғону ятимон, зиндониён ва дигар табақаҳои осебпазири Руссияи он замон қалам рондааст.

Анатолии Фёдорович Конӣ, шахсияти машҳури олами ҳуқуқшиносӣ ва адабии асри XIX ва ибтидои асри XX- и рус дар мақолаҳояш оиди Достоевский чун ҷурмшинос(криминалист) ибрози ақида намудааст. Бояд гуфт, ки ин суханҳои устод Кони дар ҳақиқат дар бисёре аз асарҳои Достоевский мисли романи маъруфи «Бародарон Кармазовҳо» нақш доранд. Масалан дар ҳамон романи машҳури «Чиноят ва ҷазо» ҳолати равонии ҷинояткор Родион Расколниковро пеш аз содиршавии куштор ва баъди содиршавии он ва дигар ҷинояти куштор бисёр олиҷаноб тасвир намудааст.

Касе, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ва хосатан чун муфаттиш кор намудааст бо ҳолати рӯҳию равонии ҷинояткорон хуб шинос ҳаст, хати сюжет офаридан образи қотил Расколников барори ӯ хуб ошност.

Аҳволи зиндониён дар Сибир дар романи «Хотираҳо аз мурдахона» низ моҳирона тасвир ёфтаанд.Ҳақ ба ҷониби академики ҳуқуқшинос, професор А.Ф. Кони ҳаст, ки оиди проблемаҳои ҷойдоштаи ҳуқуқи ҷиноӣ, системаи ҷазодиҳӣ, шароити ҷои адокунии ҷазо, сабабҳои содиршавии ҷиноят дар он давра ва проблемаҳои ҷиддии ҷомеаи онрӯзаи Россия ва ҳуқуқи судию мурофиавӣ-ҷиноятӣ, назорати прокурорӣ назар андӯхта менигорад, ки ҳуқуқшиносони рус ба Сибир, ҷойҳои адокунии ҷазо аз тарафи ашхоси ба ҷазо кашидашуда чун ба Қафкоз (он вақт дар Қафқоз пайваста ҷанг мерафт ва ҷой даҳшатнок маҳсуб меёфт- шарҳи Варқаи Зайниддин) чун мулки дурдаст бо сармою зимистони қаҳратун назар меафканд. Дар бораи вазъияти ҳоли судшудагоне, ки мӯҳлати ҷазоро адо мекарданд чизеро намедонистанд.Бояд гуфт,инҷо ки ҳақ ба ҷониби ҳуқуқшиноси варзидаи он замон устод Кони ҳаст.

Ин пеш аз ҳама Ф.М Достоевский ҳаст,ки бо асарҳои мондагори худ ва пеш ва пеш аз ҳама романҳои «Ҷиноят ва ҷазо», «Хотираҳо аз мурдахона» проблемаҳои рӯйдоди ҷиноякорӣ, сабабҳои он, вазъи рӯҳии ҷинояткор, ҷавони донишҷӯеро , ки аз сабаби фақирию тангдастӣ , таҳқиру пастзанӣ, нобаробари ҷомеа, нобаробарии иҷтимоӣ, баъдан ифтихору дӯстдории модар ба ҷинояти мудҳиш тела додааст дар мисоли Расколников ба қалам додааст.

Дар навиштаҳову андешҳои ӯ эҳсоси башардӯстона ва тараҳҳум нисбати пеш аз ҳама шахсияти инсон ҷой дорад(гарчанде , ки нависанда худро ҳамчун пайрави ҳақиқии дини православӣ ва дустдорӣ миллати худ ва славянофил мешуморид, дар ин асос андешаҳои ғайрибашардӯстонаеро дар бархе аз мавридҳо нисбати дигар динҳо, хосатан дини мубини ислом,мазҳаби католикӣ , мардуми турку тотору лаҳистонӣ (гарчанде ,ки асли ин нависанда ба Аслан-Челеби Мурзои тотори мусулмон,ки соли 1389 дар назди княз Дмитрий Донской дини насороро қабул намудааст рафта мерасад) дар навиштаҳояш ироа доштааст,ки ин мавзӯъ сазовори мақолаи алоҳида хоҳад буд).

Асарҳои инсонпарастонаи ӯ ва офаридаҳояш оиди мавзӯъҳои ҷинояту ҷинояткорӣ, таҳқиру пастзанӣ,ҳаёти нобасомну таҳқиршавандаи хосатан кӯдакону наврасон ва ғайрҳо дар инкишофи адабиёти аврупоӣ ва дигар қораҳои олам низ таъсиргузор буда, худи нависанда низ аз офаридаҳои рӯманнависони пешин ва замони хеш ,хосатан нависандагони қораи Аврупо низ илҳом гирифтааст.

Бояд қайд намуд,ки ҳамин навиштаи машҳур: “Тамоми хушбахтиҳои дунё арзиши як қатра ашки рухсораи як тифли бегуноҳро надоранд”- моли ҳамин адиби бузург ҳаст (гарчаде ин ибора дар дигар адибон низ буд),ки он дар романи машҳури “Бародарон Карамазовҳо” оварда шудааст. Ин навишта фалсафаи бузургеро дар худ ниҳон дорад ва қариб якуним аср боз мардуми тараққипарвари ҷаҳонро ба андеша намудану ҳимоя намудани ҳуқуқи кӯдакон ҳидоят менамояд. Бо гузашти беш аз 140 сол аз иншои ин ибораи аҷиби ҳакимонаи нависандаи бузург, муттаасифона ҳоло низ дар асри нанатехнология ва пешравиҳои босуръати кайҳонӣ, дар ҷомеъаи башарӣ ҷиноятҳо нисбати тифли масъум рух медиҳанд, ки инсоният, ҷомеъаро такон медиҳанд ва ба андеша дуру дароз мебаранд.

Асарҳои Ф.М.Достоевский замони шӯравӣ ба Тоҷикистони азиз роҳ ёфтанд ва бархе аз асарҳояш ба забони тоҷикӣ тарҷум низ шуданд ва асарҳои ӯ дар андешаи хонандагон ва тасвирашон дар адабиёти насрии мо бушбҳа ба назар .

Наслҳои гуногуни миллати мо аз асарҳои ӯ бешубҳа баҳраи муфид гирифтаанд.

Аз ин рӯ аз ин шахсияти тавоноӣ насрнависи русу ҷаҳон сипосгузорем.

Варқаи Зайниддин,

Узви Иттиҳоди Рӯзноманигорони Тоҷикистон,

Аълочии Матбуот ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi