15:09:48 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 27 28 29 30
31            

Ёдбуди Ҳабибуллоҳ Файзуллоҳ ва устод Сотим Улуғзода

Дирӯз дар толори консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев шаби ёдбуди шоири маъруфи кишвар шодравон Ҳабибуллоҳи Файзуллоҳ ва нависандаи забардасти Тоҷикистон, марҳум устод Сотим Улуғзода бо ширкати шоирону нависандагон, рӯзноманигорон ва аҳли зиёи кишвар баргузор гардид. 

zodruzi-habibullo 45855

Маҳфили бузургдошти ин адибони зиндаёд дар доираи чорабиниҳои Иттифоқи Нависандагони кишвар бахшида ба фарорасии  Иди Наврӯзи оламафрӯз барпо шуд. Низом Қосим, Шоири Халқии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи нависандагони кишвар, Ҷӯрабек Назрӣ, узви вобастаи АУ ҶТ, Абдулҳамид Самадов, Нависандаи Халқии Тоҷикистон, Ҳақназар Ғойиб, Шоири Халқии Тоҷикистон  аз ёддоштҳои худ дар бораи ин ду шахсияти шинохтаи адабиёти кишвар қиссаҳои ҷолибе карданд. Ровии шинохтаи ҷумҳурӣ Ортиқи Қодир- аз эҷодиёти ин адибон порчаҳои назмиву насрии ҷаззоберо бо маҳорати баланди хеш қироат кард.

Овозхонҳои маъруфи кишвар Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов, Ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов, Ҷамшед Исмоилов, Афзалшоҳ Шодиев, овозхонҳои шинохта Сангалӣ Мирзоев, Алишери Қаноат, Сафархони Исмоил ва дигарон бо таронаҳои дилнишини худ ба ҳусни ин маҳфили зебо ҳусн бахшиданд. Шоири таронанавис ва оҳангсоз Шоираи Раҳимҷон, бонуи ширинзабон ровии ин маҳфили дарёдмонданӣ буд.

Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» аз ин маҳфил гузориши мусаввареро таҳия кардааст, ки ҳамакнун онро пешкаши шумо, муштариёни гиромӣ мекунем.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi