02:24:28 19-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ҳайдаршоҳи Акбар: Дар маънии Вахш, Вахшур (аслаш Вахшвар) ва сарчашмаҳои марбут ба ин маънӣ

 “Сарфи назар бар ҳамаи маҳдудиятҳо, Авасто муҳимтарин ва ягона маъхазе аст барои равшан намудани таърихи қадимтарини эрониёни шарқӣ,  яъне мардуми Осиёи Васатӣ, Афғонистон ва он қисмати Эрон, ки дар ҷавори Осиёи Васатӣ воқеъ гардидааст”. (Б.Ғафуров, Тоҷикон, с. 73)

haydarshohi-akbarshoh 201555Дар бораи ҷойгоҳи Иронвиҷ (Airyana-vaejanh ایرینم واجه  - - Сарзамини озодагон) – аввалин зодбуми қавми Орё чӣ дар Ирон, Афғонистону Тоҷикистон ва бо иловаи  донишмандони Ғарбу Русӣ таваҷҷуҳи зиёда ба миён омада ва навиштаҳову гуфтаҳои муҳимме ба табъу нашр расидааст. Дар асрҳои XVIII ва  XIX ҳам, миллату қавмҳои зиёди аврупоӣ чун аз асолату фарҳанги гузаштаи ин мардум огоҳӣ ёфтанд, зоти худро ба  модари ин қавм нисбат дода, ҳатто баъзе мардумони кишварҳои қудратдор аз рӯи таасуб ва алоқамандии мадид нисбат ба ин матлаб сари худро ҳам шикастаанд , дошту буди худро бохтаанд (ба мисоли олмониҳо). Ба эҳтимоли дигар ин ҳассосият ба Иронвиҷ шояд  ба макони Ҷамшеду зуҳури Зардушт мансуб кардани он бошад.

Вожаи “Ийр” ё “Айир” Авастоӣ буда маънии “Озода”, “Озодагӣ” ва “Озодагон”-ро дорад. Дар “Шоҳнома”  ҳаким Фирдавсӣ ба эрониён Озод ва Озодагон хитоб мекунад. Дар достони “Луҳросп ва Гуштосп” сӣ бор вожаи “Озода” ва “Озодагон” омадааст. Ва ҳаким Носири Хусрав ба ҷои “Тоҷик” ва “иронӣ” вожаи “Озодагон”-ро истифода бурдааст.

“Фиристад ба ҳар сӯе дидабон,  Чунон чун буд ойини Озодагон”.

Қариб ҳама донишмандони Эронӣ ва аксар аврупоиён  ҷойгоҳи нахустини Орёиҳоро Осиёи Марказӣ медонанд, вале мушаххас дар кадом нуқтаи ин минтақа будани онро нишон надодаанд. Ин ҳам табиӣ аст, зеро ба сарчашмаҳои аслии табиати Осиёи Миёна дастраси надоштанд ба ҷуз он, ки аз навиштаҳои замони русии шӯравӣ иттилоъ ёфта бошанд.

Шӯравӣ ҳам на ҳама чизро он чунон, ки буд нишон медод, ба ҷуз он чӣ, ки ба худи Русҳо зарур буд ва он ҳам дар маҳдудаи худашон сахт нигоҳдорӣ мешуд.

Дар фаргарди якӯми китоби Авасто дар бораи сарзаминҳои офаридаи Аҳуро Маздо чунин омадааст:

“Нахустин сарзамину кишвари неке, ки ман Аҳура Маздо офаридаам, Иронвиҷ  буд, бар каронаи рӯди Дойтйаи нек....”

“Дуввумин сарзамину кишвари неке, ки ман Аҳура Маздо офаридам Ҷулгаи (замини ҳамвор) Суғд буд...”

“Севумин Марви нируманди ман буд....”

“Чаҳорумин Балхи зебои афроштадирафш..... “

“Панҷумин Нисайа дар миёни Балху Марв буд....”

Ҳаминтавр, Аҳура Маздо ба навбат 16 сарзамини офаридаи худро мешуморад. Ва махсусан ишорае ба бартарияти Иронвиҷ мекунад, ки:

“Ман ҳар сарзаминеро чунон офаридам, ки ҳарчанд бас ромишбахш набошад, ба чашми мардумонаш хуш ояд. Агар ҳар сарзаминеро чунон наёфарида будам, ки ҳарчанд бас ромишбахш набошад ба чашми мардумонаш хуш ояд, ҳамаи мардумон ба Иронвиҷ рӯй меоваранд.”

 Дар Яштҳо, яшти 21 мегӯяд: “Дуруд бар Фарри Каёнӣ, дуруд бар Иронвиҷ, дуруд бар Саока, дуруд бар Дойтйаи нек”.

Аз рӯи ҷобаҷогузории ин 16 сарзаминҳои офаридаи Аҳуро Маздо маълум мешавад, ки ҳамаи онҳо дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ва Афғонистони феълӣ будаанд. Ва аз якдигар фосилаи чандон зиёде аз рӯи ченакҳои имрӯза надоштаанд.

Пас Иронвиҷ дар куҷост?

Ҳашт маротиба, ки номи Иронвиҷ дар Гоҳон (Авасто) омада, ҳафт бори он аз мавҷудияти он дар каронаи руди Дойтйа бо ширкати Аҳура Маздо ва Зардушт омадааст. Ин маънӣ бар он ишора мекунад, ки  ваҳйи он он ҷо будааст.

Чӣ тавре дар боло ишора шуд, мутахассисону донишмандони саршиноси Эронӣ макони Иронвиҷро, ба таври умум, дар Осиёи Миёна ишора кардаанд. Аз он ҷумла, донишманди фақид Саид Нафисӣ ишора мекунад, ки сарзамини модарии мо орёиҳо дар канораи кӯҳҳои Помир аст.

Фаридуни Ҷунайдӣ, муҳаққиқ ва шореҳи тавонои Шоҳнома мегӯяд, ки ман мутмаъинам ва бо далелу бурҳон собит мекунам, ки  Иронвиҷ дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза аст: “Чунин сарзамин, ки дар назди орёиён “Иронвиҷ” номида мешавад, дар Тоҷикистони кунунӣ будааст. (“Достони иронӣ бар бунёди гуфтаҳои иронӣ”, нашри соли 2014, саҳ. 260).   

Бешубҳа, донишмандони Шарқу Ғарб, ки бештар дар ин маврид ҳарф задаанд, агар ин мавзуъро дар Осиёи Марказӣ, бахусус, дар Тоҷикистону қисматҳои ҳамсарҳади он дар Афғонистон ҷустуҷӯ мекарданд, ҷавоби қотеъи худро зудтар пайдо менамуданд.

Аксарияти мутахассисону муаррихон чи дар гузашта ва чи имрӯз  бар ин нукта будаанд, ки рӯди муқаддаси Дойтйа ҳамин рӯдхонаи Омуст, ки дар қисмати аввалаш бо номи “Панҷ” машҳур буда ва баъдан арабҳо ҳам “Ҷайҳун” номгузорӣ кардаанд ва имрӯз ҳам дар эътиқоди мардум ин рӯд  муқаддас ҳисобида мешавад.

Аллома Бобоҷон Ғафуров баъди овардани далелу бурҳонҳои ҳама олимони аврупоӣ ва шӯравӣ дар мавриди ҷуғрофиёи Авасто ва макони паёмҳои осмонии Зардушт хулосаи худро чунин иброз мекунад: “Суруд дар ситоиши Митро (Яшти даҳум, Меҳряшт), ки дар он феҳрасти чанде аз кишварҳо омадааст, ба давраҳои нисбатан қадимтаре муносибат доранд. Ин Яшт яке аз беҳтарин намунаҳои шеъри Авастоӣ (ва эрониёни қадим) мебошад.

Дар ин ҷо, аз ҷумла, тафсифоти пуробу ранги кишварҳое, ки “сипаҳбудони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳое бешумор месохтанд, кӯҳҳои баланди дорои чарогоҳҳои мустаъдад бо шахси парастори чорпоён хидмат мекарданд, дарёчаҳои булурӣ бо паҳнои густурда, рӯдҳои васеъи пур об ба сӯи Ишкат ва Порут, Ҳирот ва Марв, Ғур, Суғд ва Хоразм равон буданд” ироъа шудааст.

Лозим ба тазаккур аст, ки дар ин ҷо ноҳияҳое ном бурда мешаванд, ки бо Бохтар ҳамҷавор ва ҳаммарз будаанд. Аз ин рӯ, Бохтар бо “дирафшҳои афрошта”, чунонки он дар Видивдат (китоби зидди девҳо) ёд мешавад, агар нахустин набошад, яке аз кишварҳое аст, ки дар манотиқи он дини Зардуштӣ барои бори нахуст роъиҷ гардид”. (Тоҷикон, ш.Душанбе, соли 1997, саҳ. 72)

Бо он чӣ Бобоҷон Ғафуров мавзӯъро ба саҳнаи мантиқӣ наздик кардааст, бархурди профессор Юсуфшоҳи Яқубшоҳ бо истифода аз Авасто ва ковишҳои илмии бостоншиносӣ ва, ба хусус, бо истифода аз топонимҳо (номҳо)  ва ишораҳое, ки аз Авасто бармеоянд ва бо ҷустану пайдо кардани онҳо дар ҷои худ мавзӯъро комилу мушаххас кардааст. Номи мавзеъҳое, ки бо забони гӯёи худ моҳияти худро баён мекунад.  Бештар номҳои калидиеро, ки аз Авасто ва сарзамини Ҷамшед ва макони ваҳйи Зардуштӣ (Иронвиҷ), ки ҳамон Бохтари эҳтимолии Бобоҷон Ғафуров аст, дар ҳудуди Тоҷикистону қисматҳои ҳамсарҳади Афғонистон пайдо карда ва ташхис додаанд.

Мавҷудияти даҳҳо исмҳои мавзеъҳо бо номи “ям”, “им”, “ҷам”, ки ҳамон исми Ҷамшед аст, Қубодиён, мавзеъи Кайқубодшоҳ , ки бо номи бунёдгузори давлати Каёниён – Кайқубод аст (на Қубоди Сосонӣ, ки дар асри  5-6 мелодӣ будааст), Шаҳри Тус, Айваҷ, Айиртам, (ки ҳамон шакли кӯтоҳшудаи Айиранваҷа аст), ибодатгоҳи Тахти Сангин (Маъбади Дойтия) бо азамату бузургии 72 гектар масоҳат, исмҳои зиёди Роғ (Рага, ё Рағаи Авастоӣ), Дурроҷ, ки ба зодгоҳи Зардушт дар Авасто ишора шудааст, Фархор (“фарра” – фуруғ, партав, нур,  “Хор” – хур, хуршед,) Золи Зар, шаҳрҳои Ҳеловард ва Левкант...(Давлати Каёниён, Ю.Яқубов, саҳ. 255, 402)

Дар маънии  вожаи “Вахш”, “Вахшур”, “Вахшвар”, (ки ҳадаф аз ин баҳс ҳам ҳамин аст) барои хонанда луғатҳо ва сарчашмаҳои мӯътамадро дар зер меоварем, то аз рӯи онҳо ва  нишонаҳо (топонимҳо)-и  муҳимме, ки дар боло  ишора намудем мутмаъин бишавад, ки маънии Вахш – ҳамон Пайғамбари Зардушт аст ва ин сарзамин макони фаъолияти пайғамбарии Ӯст ва “Иронвиҷ” ҳам дар ин нуқти маконӣ вуҷуд доштааст. Ва дар ҳеҷ ҷои минтақа ва берун аз он ин қадар нишонаҳои равшан (номҳо) арзи вуҷуд надоранд.

Ва инак:

Аз “Донишномаи Маздисно”

Доктор Ҷаҳонгир Ушидрӣ. Вожаномаи тавзеҳии оини “Зардушт”

Вахш Исми эзидест, ки нигаҳбонии об бо ӯст. Ба вижа Эзиди муваккал ба рӯди Ҷайҳун аст.

Дар Готҳо, Анудгот, банди 7 низ омада ва ба пайғамбар тарҷума шудааст.

Ноҳияест миёни Балху Хатлон дар канори рӯди Ҷайҳун ва аз ин рӯ Ҷайҳунро Вахш ё Вахшу ҳам номидаанд.

Вахшур, Вахшвар -  Пайғамбар, пешвои рӯҳонӣ.

Вахшур, Вахшвар аз Вахш муштақ аст ва Вахш ба маънии оварандаи калому сухани осмонӣ аст, ки ба “Вар” ба маънии оварандаи каломи осмонӣ мешавад. Ва пасванди “вар” ҳамон аст, ки дар калимоти чун: даствар ва ганҷвар дода мешавад.

Вахшу –исми иронии рӯди Ҷайҳун, ки бархе пажуҳандагон онро ба “Дойти”- и Авастоӣ яке медонанд.

Вахшу ба маънои фазоянда ва боланда аст.

Номи дигари Ҷайҳун дар форсӣ “Ҳорун” мебошад, ки лобад бояд таҳрифшудаи “Ваҳруз” (Беҳруд) бошад.

Вахш назди бархе ҷуғрофидонони Иронӣ ва Араб сарзаминест дар канори Ҷайҳун. Ва Вахшоб, рӯдборест аз шуъаботи Ҷайҳун. Номи Юнонии Ҷайҳун Уксус бошад, аз ҳамин вожа омадааст ва ҳамчунин “ Уксиёно”.

Аз “Луғатномаи Алиакбари Деҳхудо”

Ҷ. 15, саҳ. 23141, Донишгоҳи Теҳрон, соли 1377 қ.

Вахш – ибтидо ва оғоз (Анҷуманоро).

Оғоз ва ибтидо (Бурҳон, Нозим ул атоба)

Кашф ва илҳом, ваҳй, партоб (ғиёсул луғот)

Партави бузурге, ки Худои Таъоло бар дили пайғамбарон тобад. (Анҷуманоро).

Vaxsh – дар Ирони миёна ба ду маънӣ Монавият (дини Монӣ –орёӣ) Yozhdahr Руҳулқуддус(руҳи муқаддас) -ро гӯянд. (Бурҳони қотеъ).

Вахш – шаҳрест бар канораи  Вахшоб ва қабзаи он Ҳеловард аст ва Левканд низ аз ин ноҳият аст (Ҳудуд ул олам).

Номи қадимии Ҷайҳун (Ёддошти Деҳхудо)

Рӯди Ому -  (Ҷайҳун)-ро дар кутуби Паҳлавӣ “Ваҳрут” (Баҳрут) низ номидаанд. Исми аслӣ ва орёии (Иронии) ин рӯд бояд “Vaxshu” (Вахшу) бошад ва он ба маънии “Фазоянда” ва “ Боланда” аст, аз решаи Вахш (Vaxsh) ба маънии “афзудан” ва “Болидан” ва “тараққӣ” кардан, дар сонскрит “uxshayanta” ва дар паҳлавӣ “Vaxshitan” омада.

Калимаи “Oxus”, ки ҷуғрофиюни қадими Юнон ва Рум зикр кардаанд аз ҳамин калимаи Орёи (Иронӣ) аст.

(Аз ҳошияи Бурҳони Қотеъ, аз Ирони Бостон саҳ. 1694)

Назди ҷуғрофиюни Ирону Араб, Вахш сарзаминест дар канори Ҷайҳун ва Вахшоб рӯдборе аст аз шаъаби (маҷрои) Ҷайҳун.

Абурайҳони Берунӣ дар зикри номи моҳҳо ва ҷашнҳои хоразмиён менависад: “Рӯзи даҳуми исфандмоҳ назди Хоразмиён ҷашнест номзад ба “Вахшангом” ва Вахш исми фариштаест, ки нигаҳбонии об бо ӯст”.

Махсусан исми фариштаи мувакали рӯди Ҷайҳун аст.

(Аз ҳошияи Бурҳони Қотеъ, Ҷ.Муъин, аз “Осори-ул-боқия” саҳ.237)

Мавлонои Рум низ ишора дорад ба исми Вахш, ҳамчун мабдаъи муқаддас:

“Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,

Дар дурахше кай тавон шуд сӯи Вахш.”

(Ин эҳтимоли ишора Вахш ба ҳамон дини Зардуштӣ, ё макони болотар аст, ки ба ақли зоҳири наметавон он олами ғайбиро дидан, балки тақво ва хиради ботинӣ лозим меояд).

Вахшур: Бар вазни дастур, пайғамбар ва расулро гӯянд ва ба замми аввал ҳам омадааст.

(Бурҳон, Низомулатбоъ)

Рӯдаки гӯяд:

Бо нидо намуданд Вахшурро,

Бидид он саропо ҳама нурро.

(Нур ин ҷо ҳамон Пайғамбари Зартуштро, ки соҳиби нур аст ишора меравад – Вахшур).

Фирдавсӣ:

“Ба гуфтори Вахшур худ роҳ ҷӯй,

Дил аз тирагиҳо бад-ин об шӯй.”

(Ин ҷо ҳам Вахшур ҳамон Зардушту дини ӯст).

Фирдавсӣ:

“Бигӯ, эй хирадманд аз ин дар сукун,

Қиёс зи Вахшури додор кун.”

(“Додор”  ин адолат ва бахшоишгарӣ ҳаст, ки аз Вахшур, яъне пайғамбари Зардушт бояд қиёс кард.)

Дар  Авасто  “Vaxsho-bara” мураккаб аз “Вахш” аз решаи “uxt” (гуфтан) ва “Бара” аз решаи “bar” (бурдан) , ки дар форсӣ бадал ба “вар” (ба фатҳи аввал) шуда ва аз пасвандҳои иттисоф (сифат) ба шумор меравад. Пас Вахшур (ки дар Порсӣ ҳаммонанди ганҷвар, ва ранҷвар ва муздвар “var” –и он бадал ба “ur” шуда – ганҷур, ранҷур, муздур) луғатан ба маънии ҳосили калом (сухан)-и Осмонӣ ва истилоҳан ба маънии Пайғамбар аст.

 (Аз ҳошияи Бурҳон, аз Маздисно)

Ба забони паҳлавӣ: “Vaxshwar (Динкарт). Дар китоби ҳафтуми Динкарт (қонунҳои шаръии Зартуштӣ) иборате омада, ки дар оини Маздисно (Зартуштӣ)-и пешин собиқа надорад. Дар ин иборат аз “Vaxshvar” сухан меравад ва ин калима фақат ба Зартушт интиқол (мансуб) мешавад.

(Аз ҳошияи Бурҳони Қотеъ)

Чӣ хелеки мебинем, ин шарҳу маънигузориҳои боло, ки донишмандону муҳаққиқон дар мавзӯи вожаи “Вахш” гуфтаанд, ҳама ба маънии ҷои муқаддасу макони ваҳй ва номи пайғамбари Зардушт ишорат мекунанд.

Душманон ҳамеша талош мекунанд, ки илму ҳунар ва арзишҳои пешрафтаи дигар қавмҳоро аз байн бубаранд ва ҳатто аз зеҳну хотираи мардум онро пок намоянд. Он чунонки Мақдунӣ карду турку муғулу ва ҳам бо шидддат Шӯравӣ.

Ба водии Вахш низ чунин сарнавишт пеш омада, ки чандин бор хароб гашта, ба туғайзору чарогоҳи аспону шутуронаш табдил додаанд. Хушбахтона имрӯз нишонаҳои он фарҳанг ҳанӯз боқист, ки чанде аз онро  гуфтем  ва бисёре аз  он ҳануз  зери хок мафҳуз аст. Бояд онҳоро кашф кард ва ба ҷаҳониён аз мавҷудияти он муҳити маънавие, ки аввалин пайғамбарро бо дини тавҳидӣ  ба башарият ҳадя намудааст эълон намуд. Ва бояд ин макони муқаддасро ҳамчун таърих ва фарҳанги гузашта эҳё кард. То бо ин машъал гузаштаи худро бубинем ва ҷои худро дар имрӯзу фардо дарёбем ва аз зумраи он худфаромӯшоне набошем, ки устод Ф. Ҷунайдӣ ишора менамояд: “ононе, ки нишони хонаи падари хешро аз бегонагон мепурсанд”. (Зиндагӣ ва муҳоҷирати орёиён . с.10) 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1