23:58:37 18-уми Ноябри 2017 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Маҳбуби дилҳо»

«Маҳбуби дилҳо»- чунин ном дорад китоби камина, ки ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқмистон ба нашр расид.

sultoni-hamad-mahbubi-dilho-2017

Китоб дар бораи марҳум Сафаралӣ Иззатуллоев, собиқ яке аз сарварони Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон, соҳибкори муваффақ ва ҷавонмарди саховатпешаву ҳимматбаланд қисса мекунад. Махдуми Сафаралӣ (бештар бо ҳамин ном ӯро мешинохтанд) 7-уми августи соли 2015 бар асари бемории саратони ғадуди зери меъда дар синни чилу як солагӣ ҷаҳони фониро падруд гуфта буд.

Дар рӯзҳои Наврӯзи соли 2016 бародарону дӯстони махдуми Сафаралӣ каминаро ба Алмаато даъват карда хоҳиш намуданд, ки ёддошту хотираҳои дӯстону наздикон ва ашхосеро, ки ӯро хуб мешинохтанд ва бо ӯ сару кор доштанд, ҷамъоварӣ намуда дар шакли китобе омода созам. Чунин як коре ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар Тоҷикистон тӯли ин қариб як сол анҷом гирифт.

Навиштаҳо, хотираҳои бархе аз шахсиятҳои маъруфи кишвар аз қабили собиқ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон Акбаршоҳ Искандаров, олимони адабиётшинос Сафар Абдуллоҳ, Қурбоналӣ Идрисов, доктори илмҳои иқтисод Завқӣ Завқизода, нависандаи шинохта Сайдаҳмади Ҳасан, муаррих ва ҷомеъашинос Раҳматуллоҳи Абдуллоҳ, донишманди улуми исломӣ Муҳаммадҷони Малеҳҷон, рӯзноманигор Эмомалии Сайдамирзод, шеъру марсияҳои шоирон Эмом Алӣ, Содиқи Завқизода, Усмон Билолӣ ва ёддоштҳои даҳҳо нафари дигар дар бораи ин инсони хайрандеш бори аввал дар ҳамин китоб ба нашр расидаанд.

Дар ин китоб дар баробари зиндагиномаи ин марди накукор, хонандаи азиз, маълумот ва қиссаҳои пандомӯзи зиёдеро аз ҳаёти шахсиятҳои гуногуни даврони мо, аз рӯзгори пурмашаққату тоқатшикани муҳоҷирони меҳнатӣ, аз фаъолияти Ҷамъияти миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Қазоқистон, нақши он дар таҳкими дӯстии байни тоҷикону қазоқон ва дигар миллату ақвоми Қазоқистон, ҳифзу таблиғи фарҳанги ниёгон дар шароити муҳоҷират ва ғайра дарёфт ва мутолиа карда метавонад.

Муҳаррири китоб дӯсти донишмандам Қиёмиддин Сатторӣ мебошад. Тарроҳ нури чашмам Ҷаҳонгири Султон. Китоб ба теъдоди 1000 нусха дар «Полиграфкомбинат»-и Алмаато ба нашр расидааст ва дорои 536 саҳифа матн ва 128 саҳифа аксҳои ҷолиби ранга мебошад. Китоб ба фурӯш бароварда намешавад. Як қисми онро бародарон ва наздикони махдуми Сафаралӣ дар Қазоқистон ва қисми дигарашро дар Тоҷикистон ба ёру дӯстони ӯ тавзеҳ медиҳанд. Албатта ба китобхонаҳои бузурги шаҳри Душанбе чанд нусхаӣ дода мешавад. Ба ҳамаи онҳое, ки дар навиштану ба чоп расондани ин китоб бо банда ҳамкорӣ карданд, миннатдории худро баён мекунам.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1