16:04:33 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ХАЙРАНДЕШ: «БАЪД АЗ ИН СӮҲРОБШО…»

Шоири ширинкаломи тоҷик Хайриддини Хайрандеш рӯзи шанбеи 21-уми ноябри соли 2009 аз ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» нашри як шеърашро таҳти унвони «Баъд аз ин Сӯҳробшо шогирди Хайрандеш нест» хоҳиш кард. Чун бо мазмуни шеър шинос шудем, дидем, ки дар он Хайрандеш асосан шогирдони хешро мавриди мазаммату интиқод қарор додааст.

Дар посух ба суоли мо ӯ шарҳ дод, ки вақтҳои охир дар чанд ҳафтаномаи хусусӣ, азҷумла «СССР» ва «Пажвок» аз сӯйи шогирдонаш мавриди интиқод қарор гирифта буд, ки на ҳамаи навиштаҳои онҳоро мунсифонаву одилона медонад. Ӯ дар ҷавоби мақолаҳои шогирдонаш ҳамин шеърро навишта аз ҳафтаномаи «СССР» хоҳиш кардааст, ки онро чоп намояд. Вале ҳафтанома ба ӯ ҷавоби рад додааст. Аз ин рӯ аз ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» хоҳиш дорад, ки онро ба табъ бирасонем.

Мо аз фурсат истифода бурда аз шоир хоҳиш кардем, ки шеърашро қироат намояду мо онро дар навори видеоӣ сабт намоем. Инак муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор» ҳам матни шеър ва ҳам қироати онро дар иҷрои худи шоир пешкашатон менамоем. Ҳамзамон ибрози омодагӣ мекунем, ки дар сурати хоҳиш доштан матлаби ҷониби мухотаби ин шеърро низ ба нашр хоҳем расонд.

Баъд аз ин СӮҳробшо шогирди Хайрандеш нест!

«Ба қавли дигар, як миллати бузург набояд мотами очаи
Хайрандешро гирад». Сӯҳробшоҳи Фаррухшоҳ

Баъд аз ин Сӯҳробшо шогирди Хайрандеш нест,

Журналисташ ҳам нагӯям, носипосе беш нест.

 

Журналистӣ бо чароғи дил ҷаҳонро дидан аст,

Журналистӣ хондану фаҳмондану фаҳмидан аст,

Журналистӣ бо фаросат гуфтану бишнидан аст,

Ҳафт раҳ чен карда, як раҳ бо хирад бибридан аст,

Журналистӣ дар ҳама ҳангома нотарсидан аст,

Лек ҳангоме намедонӣ, яқин пурсидан аст,

Журналистӣ бар вуҷуди мурда ҷон бахшидан аст,

Офтобосо ба чашми зиндаҳо рахшидан аст.

 

Баъд аз ин Сӯҳробшоҳ шогирди Хайрандеш нест,

Журналисташ ҳам нагӯям, носипосе беш нест.

 

Гӯиё ғамхори халқанд ин хабисаклочакон,

Хешро пиндошта Афлотуни давру макон.

Осмонрову заминро медиҳанд онҳо такон,

Так – такону лак – лакону ҳак – ҳакону ҷак – ҷакон.

Оча ҷив-ҷив ёд умре дода ин гунҷишкакон,

Бехабар аз панди филми ҳиндии «Мест и закон»

Қиссаи «Таъбири хоб»-и Шайх Саъдӣ хунчакон,

Ҷои ин тоифа мардум ҳаст Ғори Симчакон.

 

Баъд аз ин Сӯҳробшо шогирди Хайрандеш нест,

Журналисташ ҳам нагӯям, носипосе беш нест.

 

Тарсакӣ мезад ба рӯям кошу қарсак меназад,

Деги ин ошуфтаҳо дар оташи мо мепазад.

Саг чу шуд девона, пои соҳибашро мегазад,
Бод форам гӯ биё, заҳри ҳалоил мевазад.

Ҳар куҷо по мегузорӣ, мор он ҷо мехазад,

Маззаи шеъри маро бемаззамағзе мемазад.

Рӯ бигардонам аз ӯ ман то қиёмат, месазад,

Гар кашам оҳе зи дил, монанди ҷазза меҷазад.

 

Баъд аз ин Сӯҳробшо шогирди Хайрандеш нест,

Журналисташ ҳам нагӯям, носипосе беш нест.

 

Ҳар тараф беҳуда санг андохтан аз аблаҳист,

Сар ба шохи гов ҷанг андохтан аз аблаҳист.

Каштали устод чанг андохтан аз аблаҳист,

Халқро ин сон ба нанг андохтан аз аблаҳист.

Дар дили оина занг андохтан аз аблаҳист,

Худ ба ҷони худ хаданг андохтан аз аблаҳист.

Фар ба фарёди Фаранг андохтан аз аблаҳист,

Панҷа бар шеру паланг андохтан аз аблаҳист.

 

Баъд аз ин Сӯҳробшо шогирди Хайрандеш нест,

Журналисташ ҳам нагӯям, носипосе беш нест.

 

Байт аз Илҳоми Ширин ибрат овард. Алҳазар!

Ҳардуро ман карда будам як замон бологузар.

Ҳарду ҳам риданду шошиданд андар тори сар,

Ӯ ба мастӣ, ин ба ҳушёрӣ. Чиҳо гӯям дигар?!

Бист сол оростам ҷамъомади шеъру ҳунар,

Бист сол!!!

Охир чӣ дидам???

Э сазои ман батар!!!

Заррае ман ҳаққи устодӣ ба ӯ дорам агар,

Дар намакдон туф, ки кард, ӯро намебахшам дигар.

 

Баъд аз ин Сӯҳробшо шогирди Хайрандеш нест,

Журналисташ ҳам нагӯям, носипосе беш нест.

 

Ҳой, шогирдони ман!

Худро ба бенангӣ занед!

Ҳар кадоме дар сари устод яксангӣ занед!

Ё ки чун Сӯҳробшо як санги барзангӣ занед!

Баъд аз он ҳар – ҳар ба ҳар сӯ чун хари ҳангӣ занед!

Баъд мефаҳмед, агар рӯзе, ки дар тангӣ занед!

Дар ҳаққи ман ҳарф ҳар ҷо бо бадоҳангӣ занед!

Рост бар дил тири заҳролуди фарҳангӣ занед!

 

Баъд аз ин Сӯҳробшо шогирди Хайрандеш нест,

Журналисташ ҳам нагӯям, носипосе беш нест.

 

Хайрандешо, макун аз дасти шогирдон фиғон,

Худ ба роҳи рост рав аввал, ки бошӣ дар амон,

Худ, ки гумроҳӣ, ба гумроҳон чиҳо додӣ нишон?!

Оқибат подош бигрифтӣ, макан беҳуда чон,

Мазҳаби Эмоми Аъзам беҳтарин мазҳаб бидон,

Лофи устодӣ мазан!

                                 Шогирд шав!

                                                       Қуръон бихон!

Талби Довуд асту «Пажвок» аст чун ту нотавон,

Ҷуз Худо дигар тавоно нест андар ин ҷаҳон.

 

Баъд аз ин дигар касе шогирди Хайрандеш нест,

Чунки Хайрандеш гумроҳе ба олам беш нест.

 

Хайрандеш



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi