19:09:11 24-уми Июни 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Январ 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23
25 26 27 28 29 30 31

Президент, Наврӯз ва зиёӣ

20 марти соли равон тибқи анъанаи наврӯзии солҳои пеш Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо намояндагони сершумори аҳли зиёи ҷумҳурӣ мулоқот намуд.

muloqoti-rahmon-000102Бино ба иттилои дафтари матбуотии сардори давлат дар оғози суханронӣ Наврӯзро "аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо" номида, изҳор дошт, ки "Наврӯз дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд". Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, "тамаддуни ориёӣ ба инсоният ҷашнеро пешкаш намудааст, ки бар пояи меҳру садоқат ва хираду заковат бунёд шуда, рамзи пирӯзии ақлу хирад бар ҷаҳлу зулмат ба шумор меравад". Инак, чанд иқтибоси баргузида аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар назди зиёиён:

Наврӯз ҷашни миллист, на динӣ

Ҷашни Наврӯз дар ҳақиқат аз ҷумлаи муҳимтарин ва муқаддастарин ойинҳои миллии мо буда, дар худ тамоми шукӯҳу азамати таъриху тамаддуни куҳани моро таҷассум менамояд. Наврӯзи ҷаҳонӣ имрӯз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугӯи тамаддунҳо хизмат намояд.

Онҳое, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, ё сахт мутаассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонии он, хулоса тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад.

600-солагии Ҷомиву 20 солагии Конститутсия

Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки созмони бонуфузи фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 - солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард. Ҳамчунин соли ҷорӣ мо бистумин солгарди қабули бахтномаи халқамон - Конститутсия ва яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон Суруди миллиро таҷлил мекунем.

Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни мо дар асри понздаҳум мебошад. Завқи бадеӣ, донишу таҷриба ва ҳунару маҳорати Мавлоно дар арзёбии осори адабӣ ва масъалаҳои илму ирфони гузаштаву муосир маҳаки боэътимоду раднопазир ба шумор мерафт. Аз ин ҷост, ки ӯро беҳтарин ҳаками замонаш медонистанд.

Дар байни аҳли илму адаб, ҳамчунин дар назди ҳокимони сарзамини худ ва қаламравҳои дигар чунин шуҳрати беандоза пайдо кардан дар таърихи ҷомеаи башарӣ ба кам касон муяссар гардидааст. Аз ин ҷиҳат, таҳқиқи хусусиятҳои ин падидаи нодир ва омилҳои зуҳури он на танҳо барои шинохти дурусти шахсиятҳои нотакроре мисли Мавлоно Ҷомӣ ва осору андешаи онҳо, балки барои равшан кардани самтҳои асосии рушди илму адабу фарҳанги муосир ва сабақи даркорӣ бардоштан аз онҳо дар рӯзгори мо низ амри воҷиб мебошад. 

Китобхонаву мағозаҳои китоб

ziyoi-0002Дар тӯли фақат панҷ соли охир дар мамлакат 13 қасри фарҳангӣ, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дуконҳои китобфурӯшӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, ки бо тамоми шароити муосир яке аз махзанҳои бузурги илму дониш мебошад, инчунин Осорхонаи миллӣ сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуд.

Акнун вазифаи шумо, аҳли зиё ва эҷодкорон аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар эҷод кунед, наврасону ҷавононро ба дӯст доштани китоб, омӯхтани илму дониш ва расидан ба қадри мероси ниёгон, аз ҷумла Мавлоно Ҷомӣ ва дигар бузургони гузаштаву имрӯзаи халқамон, ки воқеан хазинаи бебаҳо ва ифтихори мо мебошанд, ташвиқу дилгарм созед ва завқи китобхониро дар қалби онҳо тарбия намоед. 

Зиёӣ кист?

Чун сухан дар бораи зиёӣ меравад, мехоҳам дар бораи нақш ва рисолати зиёии замони муосир чанд андешаи худро баён созам. Пеш аз ҳама, биёед, андеша кунем, ки худи зиёӣ кист ва чӣ гуна шахсро метавон зиёӣ номид. Баҳсҳо дар атрофи зиёӣ дар тамоми кишварҳо ҳамеша буданду ҳастанд. Ман ба ақидаи иддае аз равшанфикрон розӣ ҳастам, ки ба гуфти онҳо аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки зиёӣ бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрӯзаву фардои он дарк намояд. Танҳо дар ҳамин сурат зиёӣ воқеан виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат хоҳад буд. Ҳадафи асосии зиёиён бояд эҷоди аслҳо ва ба вуҷуд овардани пояҳои ҷомеаи муосири рӯ ба рушд бошад.

Интернет ва "Википедияи тоҷикӣ"

ziyoi-0001Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст "Википедияи тоҷикӣ" пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад.

Ҳамчунин ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон, Академияи илмҳо ва Китобхонаи миллӣ супориш дода мешавад, ки барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани асарҳои саромадони адабиёти гузашта ва муосири Тоҷикистон аз шабакаи интернет васеъ истифода намоянд. Асри бистуяк асри илм ва технологияҳои пешрафта аст. Ҳамчунин баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон робитаҳои иттилоотиву фарҳангии кишварамон бо мамлакатҳои гуногуни олам рӯз то рӯз вусъат меёбанд.

Дар чунин шароит ва дар замоне, ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем.  

Таҳияи Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi