10:49:20 24-уми Ноябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Ноябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Нуруллоҳ Абдуллоҳ: "Ҳунари Маҳмуд Воҳид маро ба саҳна овард" - I

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Нуруллоҳ Абдуллоҳ яке аз маъруфтарин ҳунармандони театру синамои мост. Хонандаи "Рӯзгор" ӯро бо образҳои зиёди дар театру синамои кишвар офаридааш хеле хуб мешиносад. Устод Нуруллоҳ Абдуллоҳ ба муаррифӣ эҳтиёҷ надорад. Ӯ дар филмҳои машҳуре амсоли "Боз як шаби Шаҳрзод", "Дом барои шағолон", "Дарди ишқ", "Дар орзуи падар" ва дар спектаклҳои зиёде нақшҳои асосиву марказӣ офаридаву дили ҳазорон ҳаводорони санъати тоҷикро бо ҳунари зебояш мафтун карда. Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман ин навбат ба суҳбати актёр, драматург, коргардон ва узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Нуруллоҳ Абдуллоҳ рафт ва бо ӯ мусоҳибае орост, ки онро манзури Шумо мегардонем.

-Шумо пеш аз он ки биёед ба ҷодаи актёрӣ ҳуҷҷатҳоятонро ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгорӣ супоридаву онҷо соле таҳсил ҳам доштед. Чӣ чиз шуморо такон дод, ки аз адабиёт баргардед ба самти ҳунар?

1-nurullo-abdullo-2145- Дар асл инҷо ҳатто калимаи такон ҳам ба дард намехӯрад. Зеро орзуи ман аз худи аввал ҳамин касби ҳунарпешагӣ буд. Вале мутаассифона, дар Душанбе ин имконият набуд, ягона донишгоҳи театрӣ-ГИТИС дар шаҳри Маскав буд ва ҳар сол як гуруҳ  бачаҳои тоҷик дар инҷо имтиҳон месупориданду  баъд барои таҳсил ба Маскав мерафтанд. Ман аз вақти қабул, мутаасифона, ҳамон сол дер мондам. Аз ин рӯ оварда ҳуҷҷатҳоямро ба Донишкадаи омӯзгории ба номи Шевченко супоридам. Баъд дар онҷо таҳсилро оғоз кардам ва баробари он дар театри Лоҳутӣ  ба ҳайси коргари саҳна ба кор даромадам.

Баъди ду сол хондани ман дар ҳамон донишкадаи омӯзгорӣ факултаи санъат кушода шуд ва ман ҳуҷҷатҳоямро гирифта, ба ин факулта суопридам. Гуфтанд, ки ту бояд имтиҳонҳоро аз сари нав супорӣ. Имтиҳонҳоро суопридам ва дар комиссияи қабул чун номи маро гирифтанд, ба ҷойи ман Нуруллоҳ Абдуллоеви дигар аз ҷой хест. Аъзои комиссияи қабул ба ман гуфтанд, ки ту нагузаштӣ, ин гузашт. Баъди як сол ман боз омадаму супоридам.

Ин навбат вақти азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо гуфтанд, ки маълумотномаи аз ҷойи истиқомат гирифтаи ту куҳна аст. Ман кори театрро ҳам партофтаму рафтам ба фабрикаи бофандагӣ ва дар онҷо ба ҳайси монтёр ё худ устоди барқ ба кор даромадам. Давоми як сол дар фабрика кор кардам ва соли дигар боз рафтам. Тамоми имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридаму маро қабул карданд, аммо як моҳ таҳсил намудаму маро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карданд.

Ман баъди хизмат омада, хонданамро давом додам дар факултаи санъат. Дар дипломҳои мо ҳам навишта шудааст, ки ба факултаи санъати Донишкадаи ба номи Шевченко дохил шуд ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзодаро хатм кард. Яъне факултаҳои санъат ва тарбияи ҷисмонии ин донишкадаро гирифта, ба ду донишкадаи алоҳида табдил дода буданд.

-Яъне ин монеъаҳои оғози сари роҳ буданд, ва Шумо ба хотири ишқи санъат ҳамаи онҳоро паси сар гузоштед. Пас меҳри театр чӣ гуна дар қалби Шумо рӯ зада буд?

-Он замон дар синфи ҳафтуми мактаби миёна барои комсомол шудан ба маркази ноҳия омадан даркор буд. Мо бояд аз деҳаяки дурдасти Лучоб  барои гирифтани билети комсомолӣ ба маркази ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ) меомадем ва аз кумитаи комсомоли ин ноҳия билетҳои худро мегирифтем. Ва ҳамон мошини боркаше, ки мо бачаҳоро меовард, хушбахтона дар назди чойхонаи "Роҳат" вайрон шуд.

Ва мо ҳамон шабу рӯз дар театри тобистона, ки ҳоло онҷо театри рақси "Падида" фаъолият дорад ва он ҳам як қисми театри Лоҳутӣ буд, намоишномае нишон медоданд. Дар он намоишнома Маҳмудҷон Воҳидов нақш иҷро мекарданд. Ин аввалин намоишномае буд, ки ман дар театр тамошо кардам. Он вақт худи телевизион ҳам моли камчин буд. Ва ин намоишнома он қадар дар дили ман ҷой гирифт, ки баъди ин ман худам дар кружокҳои ҳаваскорӣ, ки дар мактаби мо буд, намоишномаҳо ба саҳна гузорам.

-Муҳобот намешавад, агар бигӯем, ки имрӯз Шумо аз ҳунармандони боистеъдоди театру синамои мо ҳастед. Чӣ омил боис гардида, ки Нуруллоҳ Абдуллоҳ чун яке аз бомаҳораттарин ҳунармандони мо ташаккул ёбад?

- Касби актёрӣ бо хондан намешавад. Яъне устод фақат метавонад ин ё он роҳи ба саҳна баромаданро аз рӯйи таҷрибаи худ ба ту нишон диҳад. Аммо чун истеъдод, ҳунар дар ботини кас набошад, ягон устод аз ту актёр сохта наметавонад. Ҳунарманди беҳамтои мо Ато Муҳаммадҷонов дар ягон ҷо хондагӣ набуданд. Умуман ташкилкунандагони театри бонуфузи Лоҳутӣ, чӣ Аслӣ Бурҳонов, чӣ Муҳаммадҷон Қосимову Миркарим Саидов ҳамагӣ саводи махсуси актёрӣ надоштанд. Ягона чизе ки онҳо доштанд, ин истеъдодашон буд. Дар актёрӣ аз ҳама муҳим эътирофи тамошобин аст, ки пул дода, чипта харидаву ба театр омадааст, то ҳунари ин ё он ҳунармандро бинад ва бинандаро танҳо ҳунари воло ба ваҷд оварда метавонад.

-Шумо драматург ҳам ҳастед. Ба ин ҷода чӣ гуна омадед?

2-nurullo-abdullo-2145-Дар ин росто он илме, ки ман аз  устодонам ҳангоми таҳсил дар факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омӯзгорӣ гирифта будам, ба ман хеле кор дод. Аз рӯйи он чанд песае, ки ман навиштам, мунаққидон ҳам худашон инро эътироф карданд, ки ман ҳам саҳнаро хуб медонам ва ҳам адабиётро. Агарчӣ дар драматургия ҳам истеъдод дар ҷойи аввал аст. Аввалин песаи ман "Куҳистонӣ" ном дошт. Ин намоишнома ҳамагӣ ду қаҳрамон дошт.

-Ва сенарияи филми маъруфи "Куҳистонӣ" ҳам аз рӯйи ҳамин песаи Шумо таҳия шуда буд?  

-Бале аз руйи ҳамон филм гирифтанд, вале дар филм он чизҳое, ки гуфта мешуд, ё он чизҳое ки ба бинанда кушода дода мешуд, аз тарафи синамогарон гуфтаву кушода нашудааст. Дар ин песа ҳадаф рӯбарӯгузории ду маданият аст: фарҳанги азалии Шарқ ва фарҳанги Аврупо. Дар инҷо задухӯрди ду фарҳанг нест, балки баҳамгузорӣ, ки ҳар кадоми онҳо то чӣ андоза ҳурмат мекунанд фарҳанги ғайрро. Дар асл воқеаи хеле оддист. Як зане, ки аз Аврупо омадааст, бо даҳмардае шинос мешавад ва…

-Аммо дар филм зан аз Аврупо на, аз Русия аст…

-Вақти таҳияи филм ман аз синамогарон хоҳиш кардам, ки аз Русия ҳунарпешаи нақши занро интихоб накунед, чунки онҳо аврупоӣ нестанд. Воқеаро ман тасвир кардам дар Литва. Ин кишвар маркази аврупоии Иттифоқи Советӣ буд ва фарҳанги онҳо ҳам дар ҳақиқат фарҳанги аврупоист. Феълу атвори мардуми Русия ба халқҳои Осиё монандӣ дорад.

Лекинонҳобаинчизсаҳлангорӣкардандваазҳаминҷиҳатҳамфилммуваффақиятнаёфт. Дар театр бошад ин чизи бисёр хуб буд. Мо бо ин намоишнома тамоми ҷумҳуриҳоро гашта будем ва дар ҳама ҷо онро фақат таъриф мекарданд. Ҳозир ин филмномаро қазоқҳо гирифтанд ва аз рӯйи он филм месозанд. Фақат  онҳо дар нақши асосӣ образи марди тоҷик на, балки як марди қазоқро мемонанд. Ин албатта бо розигии ман аст.

-Устод чун сари драматургия сухан овардед, ман посухи як суоли дигарро аз Шумо пурсиданӣ ҳастам. Нуруллоҳ Абдуллоҳро мардум аз рӯйи қиёфа, суханронӣ, барномаи телевизионии "Беғараз панд" ва образҳои бисёре, ки дар театру синамо офарида, чун як нафари бисёр ҷиддӣ мешиносанд. Аммо дар драматугрия дар бисёр марвид даст мезанед ба ҳаҷву танз. Сабаби ин дар чӣ бошад?

- Ман ба драматургия барои он омадам, ки ҳис мекардам ҳамин фазо холӣ аст. Яъне мо драматурги касбӣ надорем, ки ҳам аз театру ҳам аз адабиёт хуб бохабар бошад. Бештари драматургони мо ягон воқеаро мегиранд ва онро ба саҳна мегузоранд. Ба ҳаҷв омаданам низ айнан ҳамин сабабро дорад. Яъне ки мо ҳаҷву ҳазлро ба ҳамдигар меомезем. Мо аз ҳамин чиз бехабарем, ки ҳазл ин ҳамагӣ ҳазл ё шӯхӣ аст, аммо ҳаҷв ё худ сатира ҳадаф дорад.

Хорҳое дорад, ки ба ҷомеа бояд халад. Иллатҳои ҷомеаро бояд инъикос карда тавонад. Ман ҳозир китоберо тайёр карда истодам бо номи "21 танзи асри 21". Аз ин ҳунарпешаҳо метавонанд  истифода баранд, чӣ хеле ки ҳаҷвнигорони рус ба монанди  Задонову Петросян монологхонӣ мекунанд. Ин китоб айнан дар ҳамон равия навишта шудааст. Лекин вай ҳам сатира аст. Мардум ҳатто аз гӯш кардани ин гуна монологҳо меҳаросанд.

-Мардум аз гӯш кардан метарсанд? Нафаҳмидам, чӣ гуна?

-Агар дар хотир дошта бошед, як вақт Петросян ба Душанбе омада буд. Ман дар он консерт иштирок доштам. Кор то ба он дараҷа расид, ки Петросян ба мардум мегуфт, ки: "Мардум, ман чизи хандаовар гуфтам, шумо хандетон!" Лекин ин бечораҳо аз хандидан метарсанд. Фикр мекарданд, ки агар ҳозир ман хандам, фалонӣ рафта ба дигаре мегӯяд, ки ҳамон мардак чизи сиёсӣ гуфту ин хандид. Бинобар ин ҳама мардум хомӯш гӯш карда шиштанд. Ана дараҷаи тарси мо то чӣ ҳад аст?

(Идома дорад)

Суҳбати Баҳман, «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №30, 25 декабри соли 2013



Шарҳҳо   

 
0 #1 УммонGuest 15.04.2014 12:14
Боре тасодуфан аз сайти Озоди як хикояи хачвии устодро хондам ва дар хайрат мондам: чи гуна забони образноку чаззоб! Ба сабки монанд дигар касе дар мо наменависад. Мехостам, ягон асари дигарашонро пайдо карда хонам, аммо аз Интернет чизе наёфтам.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi