16:48:26 04-уми Апрели 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"Лолаи ҳасрат"-и Ширин Абдулло

Саидмурод Шарифов, махсус барои "Рӯзгор"

Муаррифинома

Ширин Абдулло соли 1954 дар деҳаи Охҷари ноҳии Восеъ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ маълумоти ибтидоиро дар мактаби рақами 31-и ба номи Абдураҳмони Ҷомии деҳаи Ҷайралии ноҳияи Фархор гирифтааст. Соли 1972 Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва соли 1980Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намдааст. Ширин Абдулло ҳанӯз дар солҳои 80-уми қарни сипаришуда ба шеъргӯӣ пардохтааст. Аввалин шеърҳои ӯ дар матбуоти даврии кишвар ба табъ расидаанд. То ин дам маҷмӯаҳои  ашъори ӯ "Чеҳракушо" (1993), "Корвони умр" (соли 2006), "Як ишора" (2008), "Пайроҳа" (2010), "Хандаи рӯз" (2010) ба табъ расидаанд.

1-lolai-hasrat-5584545Ва инак чанде қабл китоби нави ӯ бо унвони "Лолаи ҳасрат" ба дасти чоп расид. Китобро кушодан замон шумо бо мутолеаи он ғамшарики ин шоири бедордил мегардед. "Лолаи ҳасрат" фарогири ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳои тозаэҷоди Ширин Абдулло буда, ёдвораест аз ҷигарбанди ормонаш Тоҳир, ки чун лолаи навруста дар баҳори умр бармаҳал хазон гардидааст. Дар эҷодиёти Ширин Абдулло ғазал, рубоиву дубайтӣҷои намоёнро ишғол мекунанд. Ашъори ӯ бештар мавзуъҳои панду ахлоқӣ, парҳезкорӣ, имондориву худоҷӯй, ватандӯстӣ, мазаммати ахлоқи разила, ашхоси кӯрдилу мутакаббир ва ғайраҳоро дар мегирад.

Чанд рӯз қабл аз ӯ пурсидам, ки ҳеҷ нияту орзуи узви Иттифоқи нависандагон шуданро дар сар дорад ё хайр? Ҷавоби муаддабонаи ӯ чунин буд: барои мушарраф шудан ба ин унвон бояд чоплусу хушомадгӯй ва маддоҳ бошӣ, ки хушбахтона, ман чунин "ҳунар" надорам. Дар ҷавоби ӯ ба ҷуз хомӯшӣ гуфтани ҳарфи дигареро раво надидам. Дар ҳақиқат вақте, ки ашъори ӯро синчакорона варақ зада, мутолиа мекунӣ, ягон шеъреро пайдо карда наметавонӣ, ки дар он вазиру кабир ва дигар ашхоси соҳибмансаб таърифу тавсиф шуда бошанд.

Дар ашъори ӯ садое ба гӯши хонанда мерасад, ки ҳаёт барои ягон кас, аз ҷумла ҳокимон ҳам ҷовидона нест, он хоҳ-нохоҳ рӯзе ба поён мерасад ва инсон бояд ҳеҷ гоҳ аз ёди Худо ғофил набуда, тӯшаи охираташро тайёр намояд:

Нишаста чун шаҳе бар тавсани маст,

Инони ҳокимӣ дар панҷаи даст.

Машав ғофил зи даври чархи гардун,

Ҳазор Искандару оина бишкаст.

Расида навбатӣ рафтан зи дунё,

Чу моҳӣ мешавӣ дармондаи шаст.

Дар ғазали дигаре шоир чунин мегӯяд:

Гаҳе бо мақсади зикри Худованд,

Нишин чун толибе, шабро саҳар кун.

Зи Қуръони маҷид ту оятеро,

Чу нури дидагон тоҷе ба сар кун.

Ширини Абдулло ёвагӯӣ ва сухани беҳуда гуфтанро дӯст намедорад. Ӯ нағз медонад, ки маҳз он гуфтаҳое дилписаду хушоянд ҳастанд, ки дар асоси гуфтаҳои Худову Расул (с) ба риштаи назм кашида шуда бошанд:

Андар ҷаҳони маънӣ айбаст бар қаламкаш,

Як мисраъ ар зи байте дар ҳашв ботил афтад.

Шеъре,ки маънӣ орад, чун ояҳои Қуръон,

Гар аз даҳон барояд, мақбули маҳфил афтад.

Дар ашъори ин шоири дарёдил сулҳу салоҳ сутуда ва ҷангу харобкорӣ мазаммат гардидааст. Аз ҷумла нигаред, ки ӯ чӣ мегуяд:

Бигуфто модаре бар зодаи худ:

Марав бар пайраҳи Чингизу Маҳмуд.

Ягон ҷанге ба кас суде надорад,

Ба ҷуз аз нафрату аз оташу дуд.

Чу хоҳӣ саҷда орӣ бар ҳақиқат,

Ба ҷуз аз Ҳақтаъоло нест маъбуд.

Дар ҷои дигаре ба гуфтаҳои фивқ  тақвият бахшида, чунин мегуяд:

Тире, ки зи хонаи камон рафт,

Оҳе зи камон буд, осмон рафт.

Ба айби камонгарон ба олам,

Бас пиру ҷавоне аз миён рафт...

Борони хазони умр борид, 

Сурхӣ зи лабони маҳвашон рафт.

Дар шеъри дигари ӯ мазмуне ифода гардидааст, ки одамӣ ҳеҷ гоҳ бе ғаму ранҷ намешавад, тақводорӣ ба ранги пӯст вобастагие надорад ва ҳамзамон ҷохилонро номард қаламдод кардааст:

Зиндагонӣ беғаму бедард нест,

Мардикори бетаваккул мард нест.

Чун Билол азми нидо кард аз Расул,

Фарқи мӯъмин дар сиёҳу зард нест.

Оқилӣ гар, аз фарри ҷоҳил маранҷ

Марди номардест ҷоҳил, фард нест.

Ширини Абдулло мардумро дар ашъораш огоҳ месозад, ки ба харҷи беҳуда роҳ надода, пайваста шукри неъматҳои  Парвардигорро ба ҷо оварда, алайҳи нафси бад, ки душмани инсон аст, муборизаи беамон баранд:

Назар ба кардаи аҳли назар кун,

Зи харҷи бемаонӣ алҳазар кун.

Ҳамеша чун ғарибе шукри барҷой,

Ба ҳар як луқмае аз хушку тар кун.

Зи панду ҳикмату андарз дарёб.

Хаёли нафси бад аз сар бадар кун.

Ширини Абдулло на аз ҷумлаи он шоиронест, ки ба ҳар баҳона Худову Расули Ӯро нофармонӣ карда, супоришоту фармудаҳои шариати набавиро нодида мегиранд ва ҳатто дар баъзе мавридҳо намояндагои дини исломро мавриди ҳаҷву истеҳзо қарор медиҳанд, балки аз қабили онҳоест, ки ба ресмони дини Худованд сахт чанг мезананд ва пайваста рӯзу шаб ба тоату ибодат ва қироати Китоби Худо машғул ҳастанд ва ба ин восита гардани шайтонро мешикананд:

Ҳар хумореро ба тоат бишканам,

Нафси бадро бо қаноат бишканам.

Гардани шайтони дур аз саҷдаро.

Ҳар нафас, соат ба соат бишканам.

Ногуфта  намонад, ки Ширини Абдулло як инсони ниҳоят хоксору заминӣ буда, мардуми худписанду ҳавобаландро чашми дидан надорад ва дар ашъораш алайҳи онҳо муборизаи беамон мебарад. Ӯ худ медонад, ки дар яке аз аҳодиси набавӣ гуфта шудааст: "Касоне, ки як зарра ҳам  кибру ғурур дошта бошанд, ба ҷаннат ворид намешаванд. Вобаста ба ҳамин вай ашхосеро, ки дорои чунин хислати баду нописанд, сахт танқиду мазаммат намуда, мегӯяд:

Нест маънӣ дар ниҳоди манманӣ

Алҳазар аз бениҳоди манманӣ.

Обрӯи кас рабурдӣ ноаён,

Дар замире пай ниҳодӣ манманӣ.

Орзу дорам зи даргоҳи Худо,

Модаре дигар назодӣ манманӣ.

Чи тавре, ки дар боло гӯшзад намудем, қисмате аз ашъори ӯро рубоиву дубайтӣ ташкил медиҳад. Рубоиву дубайтиҳои шоир ҳам ба мисли дигар намуди ашъораш бештар дорои мазмунҳои пандуахлоқӣ ва сабақомӯзӣ аз рӯзгорро дар бар мегиранд. Ӯ махсусан ҷавононро огоҳ менамояд, ки ин давраи ҳаёташонро ба корҳои беҳуда, аз ҷумла майхорагиву тамокукашӣ ва дигар шуғлҳои нописандида сарф накунанд, ки рӯзҳои ҳисобу китоб дар пешанд:

Дилдода машав ба нашъаи аҳди шубоб,

Озурда шавӣ зи касрати бодаи ноб.

Андеша бикун зи муҳлати доду ситод,

Баҳр аст ҳаёту умри мо ҳамчу ҳубоб.

Дар рубои дигар шоир мардумро панд медиҳад, ки коҳиливу танбалиро аз худ дур кунанду ба нону хони дигарон тамаъ наварзанд. Ӯ касонеро, ки аз молу нони дигарон тамаъ доранд, инсон намешуморад:

Нон дар бағалу чашм ба роҳи дигарон,

Дур аз амали раҳм бар ҷони дигарон.

Инсон набувад ҳар он касе кард тамаъ,

Ҳамчу магасе ба обу нони дигарон.

Охирин шеъри маҷмӯа марсияест бо унвони "Ба ёди ҷигарбанди ҷавонмаргам Тоҳирҷон", ки дорои оҳанги ғамангезу сӯзу гудоз буда, қалби ҳар як инсони солимақлро озурдаю маҳзун месозад.

Он марсияи ҷонгудоз чунин аст:

2-lolai-hasrat-5584545Аз он рӯзе зи олам Тоҳирам рафт,

Хаёли зиндаги аз хотирам рафт.

Шарори барқи маргаш хирманам сӯхт,

Шукӯҳи одамӣ аз зоҳирам рафт.

Дукони санъатам бе муштарӣ монд,

Зи бозори нуфузам тоҷирам рафт.

Дигар дар дил намонда ишқи дунё

Зи афсунам, дареғо, соҳирам рафт.

Дар охир мо ҳам ба шоири ширинадо Ширини Абдулло ҳамдарди баён намуда, аз Парвардигори оламиён таманнои онро дорем, ки минбаъд рӯзгори осоишта ва беғаму дардро насибашон гардонад. Омин!

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №28, 11 декабри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi