08:24:20 20-уми Феврали 2020 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Феврал 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ситорае бо қалби пур аз ишқ

Оғози ҷодаи ишқ

1-sitora-azimi 444Ишқ, муҳаббат, меҳр. Танҳо ҳамин ҳис аст, ки метавонад, зиндагии инсонҳоро тағйир бидиҳад, маҷрои ҳаётро тоза бикунад ва пешорӯйи ҳар шахс дунёи дигаре боз намояд.

Агар ба қадраш бирасему онро он гунае ки ҳаст, дарк карда тавонем, ҳамин ишқ аст оғози ҳама комгориҳо.

Ишқ ногаҳон дар қалби инсон тавлид мешавад ва ба зудӣ касро маҷзуби худ мекунад. Ва дигар омода ҳастӣ, ки ҳар чӣ ишқ мефармояд, "чашм" гӯӣ.

Ситора Азимӣ, хонандаи маъруфи сурудҳои эстрадӣ дар Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ҳамин ишқ буда, ки ӯро рӯйи саҳнаи ҳунар оварда.

"Маро ишқ рӯйи саҳна овард, ишқи марде, ки зиёд дӯсташ медоштам. Ишқи нафаре, ки омода будам ва имрӯз ҳам омода ҳастам, ки барояш ҳатто ҷони худро дареғ надорам."

Ситора рост мегӯяд. Нафаре, ки боре ба таронаҳои ӯ гӯш меандозад, яқинан дарк мекунад, ки ин духтарак саҳлу сода намесарояд. Дар ҷодаи ҳунар нафаре комгор аст, ки агар ба таври образнок бигӯем бо эҳсосоти одамон бозӣ мекунад. Инҷо албатта манзур аз "бозӣ" ҳамон тавлиди шавқу шӯр ё худ руъёи ҷолиб аст, ки аксаран баъди шунидани таронаҳои мафтункунанда сар мезанад.

Кадом хонанда метавонад танҳо бо як ё ду суруд дар қалби шунаванда ошён гузинад? Албатта, ҳамоне ки аз дарду иштиёқе мехонад, ки барои шунаванда ошност ва худ низ онҳоро то жарфнои вуҷудаш ҳис кардаву бо он зиндааст.

Ё худ ҳамон хонандае, ки худ ошиқ асту аз ишқ зебо месарояд, қалби ҳазорон ошиқи дигарро шефтаи худ мегардонад. Ситора Азимӣ ҳам аз ҷумлаи ин хонандаҳост.

Аввали ишқ аввали дунёст

Ман ҳамеша дӯст дорам, ки таваҷҷуҳ бикунам ба аввали ишқ. Зеро дарунмоя ё худ ҳаюлои ишқ ҳам ҳамон дар нуқтаи оғоз аст. Аввалин нигоҳ, аввалин салом, аввалин бархӯрд.

Ситора Азимӣ мегӯяд, бо марди орзуҳояш дар нишасте ошноӣ пайдо карда. Марде буда, аз аввалин дидор ҳалим ва ба Ситора хеле меҳрубон. Ҳанӯз забонҳо аз ифшои ишқ оҷиз буданд, вале чашмҳо оинае буданд, ки ҳарфҳои қалбро рӯнамо мекарданд. Ситора мегӯяд, ман ба ишқ аз нигоҳи аввал бовар надоштам, аммо чун бори аввал ӯро дидам, ҳиссеро дар худ пай бурдам, ки бароям собиқа надошт. Чашмҳои мо гӯё ду оҳанрабое буданд, ки ба майдони ҷозибаи ҳам фуруд омада ва дигар ба содагӣ наметавонанд ба қувваи кашиши ҳамдигар беэътиноӣ кунанд.

Баъди он маҳфил Ситора чанд муддат дигар он мардро надид. Аммо алангаи оташро фироқ хомӯш карда метавонад? Ҳаргиз на! Дар ду канори як фосила Ситораву марди орзуҳояш бо дардҳои худ танҳо монданд. Аслан ин ҳанӯз дард набуд. Ин оғози ишқ-иштиёқ буд, ки аз шиддат дардро мемонд. Ситора мунтазири занги телефон буд, занге, ки пайраҳае мегашт, то ӯву маҳбубашро бипайвандад.

Аммо ё телефонҳо мавҷ надоштанд, ё марди руъёяш банди корҳои дигар буд, ки аз шарёни телефон ба ҷисми ошиқи ӯ гармии ишқ наметаровид. Рӯзҳо мегузаштанд. Рӯзҳое, ки барои дигарон рӯз буданд, аммо барои Ситора дарозои солу қарнҳоро доштанд. Вале дар як гӯшаяки дилаш шарорае барқ мезад ва вуҷуди ин шарора барояш башорат медод, ки ҳатман рӯзе ӯ занг мезанад. Ба дидораш меояд. Зеро Ситора дар чашми ӯ оғози достони ишқро хонда буд. 

Аввалин тарона-нахустин ифшои роз

"…Ки ишқ осон намуд аввал, вале уфтод мушкилҳо"- мегӯяд Ҳофиз. Зиндагии Ситора ба ёди он чашмҳо буд. Чашмҳое, ки дар худ ҳама чизро доштанд. Ҳама чизе, ки Ситора аз зиндагӣ мехост, яъне, ишқ, садоқат, меҳр! Дигар ором нишастан ҳам ба дили ӯ коргар набуд. Дигар мехост худ қадам гузорад ба сӯйи иқболаш. Ва Ситора рафт ба суҳбати Ҳасани Чилла, таронасарои маъруф, то дарди варо мавзун рӯйи коғаз орад, то барояш таронае нависад.

Ин омадани саҳлу сода набуд. Ин худ як мубориза буд. Мубориза дар роҳи ишқ.

Баъди чанд муддат таронаи "Куҷоӣ" дар иҷрои Ситора Азимӣ бани мардум маҳбубият пайдо кард ва марди орзуҳои хонанда ҳам пай бурд, ки Ситора аз дарди ишқи кӣ мехонад? Ӯ Ситораро таҳният гуфт барои нахустсурудаш ва иқрор кард, дар оғоз мехост аз ӯ канора биҷӯяд, аммо дигар ишқ султони дилаш шуда буд.

Ин суруд тарҷумони эҳсосҳои Ситора буд барои шаҳзодааш. Суруд саропо ишқ буд, ки маҳбубашро маҷбур кард, то онро иқрор бикунад ва билохира оила бунёд бикунанд.

Рашки занона…

2-sitora-azimi 444Ситора Азимӣ мегӯяд, як сабаби дигари ба саҳнаи ҳунар омаданаш дар он аст, ки чун ҳамсараш зиёд ҳунарпарвару мусиқидӯст буд ва вуҷуди худро бе оҳангу тарона тасаввур карда наметавонист, аксар вақт ҳам дар худрав ва ҳам дар коргоҳаш садои тарона баланд буд. Дар байни таронаҳое, ки садо медоданд, албатта он сурудҳое ҳам буданд, ки хонандаҳои зан иҷро мекарданд. Аммо дили ошиқи Ситора намехост, то маҳбубаш ба садои як нафари дигар меҳр дошта бошад. Мехост ҳамеша ва танҳо ба садои ӯ гӯш бидиҳад. Ин ҳам яке аз ҷиҳатҳое буданд, ки Ситораро ба саҳна оварданд.

"Имрӯз ҳама ҷо ӯ аз сурудҳои ман гӯш мекунад. Ҳама ҷо нолаи қалби маро мешунавад. Ва ман ҳама ҷо ба гӯши ӯ мехонам, ки ба ман вафодор бимонад! Ин бароям хушбахтист!"- мегӯяд Ситора Азимӣ

Аввалин шунаванда-марди орзуҳояш

Аввалин шунавандаи таронаҳоям ҳамсарам аст мегӯяд Ситора ва мехоҳад ман то охирин нафас ба гӯшаш қиссаи ишқ бихонам. Ӯ Ситораро дар ҳама ҷода дастгирӣ мекунад ва барои дар саҳна муваффақ шудани ӯ омода аст, ҳар чӣ аз дасташ ояд, дареғ надорад.

Ситора мегӯяд, дар оғоз рӯ овардан ба хонандагӣ барои муваффақ шудан дар ишқ буд, аммо имрӯз дигар ин ҷодаро дӯст дошта. Ин ҷода барояш акнун муқаддас аст. "Ҷодаеро, ки маро бо марди руъёҳоям пайваст, ҳамеша гиромӣ медорам ва мехоҳам ҳамеша раҳпаймои он бошам"- мегӯяд ӯ.

Комгориҳо яке паси дигар

Ситора аз ишқи маҳбубаш мехонад, ошиқон ба сурудҳояш дил мебанданд, садояш ҳама ҷо танинандоз аст ва шуҳраташ рӯз аз рӯз меафзояд.

Ахиран, чанд моҳ пеш Ситора дар Бишкек чанд намоҳанги (клип) таронаҳояшро омода намуд, ки дар сатҳи ҷаҳонист ва як падидаи тозаест, дар клипсозии тоҷик.

Чун аз қиссаҳои сафари Бишкек, пойтахти Қирғизистон пурсидем, Ситора гуфт, ки онҳо андармони таҳияи клипу таронаҳои тоза чанд муддат дар ин шаҳр монданд ва фурсате расид, ки дигар дарди фироқи Ситораро чизе хомӯш карда наметавонист. Дигар дили ошиқ танҳо ба садои маҳбубаш, ки аз телефон мешунид, ором намешуд.

Ситора маҷбур буд, бимонад барои чанд муддат дар Бишкек, то корҳои оғозкардаашро дар ин шаҳр анҷом бидиҳад. Ва боз ба ёди он рӯзе фитод, ки барои ором кардани қалби худ аз тарона кор гирифта буд. Ба Шоираи Раҳимҷон занг зад ва аз ӯ хост, то барояш таронае эҷод бикунад, ки аз дарди фироқ бошад. Баъдан паёмади ин дард ҳамон таронаи зебои "Бе дасти гармат" аст, ки рӯзҳои наздик хонандаи мо мешунавад.

Ассалом синамо!

Ситора Азимӣ замоне, ки дар Бишкек буд, коргардонҳи маъруфи синамои қирғиз аз ӯ хоҳиш карданд, то дар филме, ки сужаи моҷароҷӯёна (детективӣ) дорад, нақши марказиро бозӣ кунад. Ситора аз уҳдаи иҷрои ин нақш бо сарбаландӣ баромад ва рӯзҳои наздик филми "Форсаж" бо иштироки Ситора ба экран мебарояд.

Ҳамчунин Ситора дар филми коргардони тоҷик Саттори Валӣ- "Сароб" нақши марказиро офарида, ки он ҳам ба наздикӣ пешкаши бинандагон мешавад. Ситора мегӯяд ин филм аз зиндагии духтараки ошиқе қисса мекунад, ки то ҷойе ошиқиҳои худи Ситораро мемонад.

Гумон мекунам, агар шахси воқеан ошиқ нақши нафари ошиқро дар синамо ё театр бибозад, он нақш хеле табиӣ ва бе ягон сохтакорӣ мебарояд. Пас синамо оғози ҷодаи дигарест дар зиндагии Ситора Азимӣ, ки гумон мекунам, дар ин росто ҳам комёб мешавад.

Сухане чанд сари овозаҳо

Моҳи гузашта дар шабакаи ҷаҳонии интернет наворҳое паҳн шуда буд, ки гӯё Ситора Азимӣ ва Парвизи Азиз, хонандаи дигари тоҷик дар Бишкек бо маводи мухаддир дастгир шудаанд.

Вақте ин суолро ба Ситора додам, табассум карду гуфт, ки ин овозае беш нест. Ба гуфтаи ӯ замони сабти яке аз саҳнаҳои он филме, ки бо коргардонҳои қирғиз меофариданд, нафаре аз ҳозирон онро ба телефон наворбардорӣ мекунад ва ба дар интернет паҳн менамояд. Дар асл ин як саҳнаи филмест бо ҳузури Ситора Азимӣ ва рӯзҳои наздик пешкаши ҳаводоронаш мегардад.

Ишқ-ҷодаест беохир…

Ситора мегӯяд, дигар ҳаёти худро бе таронаву мусиқӣ тасаввур карда наметавонад. Ӯ дигар ба мусиқӣ ҳам дил бастааст. Ва то даме, ки хун дар шарёнаш ҷорист, аз ишқи маҳбубаш ва барои ӯву мухлисонаш месарояд. "Ман муваффақам, зеро таронаҳои ман ба оне ки барояш мехонам ва ба мухлисонам писанд меояд"-мегӯяд ӯ.

Бигзор ҳамеша Ситора Азимӣ аз ишқ бихонаду дар вуҷуди ҳар шунаванда ҳисси ишқро таҳрик бидиҳад.

Баҳман, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi