05:25:31 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Гулчине аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Аттори Нишопурӣ – V

Таҳияи Саидмурод Шарифов, "Рӯзгор"

Абубакри Шиблӣ

pandu-akhloq-54544545Нақл аст, ки Абубакри Шиблӣ гуфт: аз ҷумлаи фирақи олам, ки хилоф кардаанд, ҳеҷ кас данитар (нокас, сифла) аз рофизӣ ва хориҷӣ наёмад, зеро ки дигарон, ки хилоф карданд, дар Ҳақ карданд ва сухан аз Ӯ гуфтанд ва ин ду гурӯҳ рӯз дар халқ ба бод доданд.

***

Ва (Шиблӣ) гуфт: ҳар кӣ муҳаббат даъво кунад ва ба ғайри маҳбуб ба чизе дигар машғул шавад ва ба ҷуз ҳабиб чизе талабад, дуруст он аст, ки истеҳзо мекунад бар Худои таъоло.

***

Ҳам ӯ гуфт: маърифат се аст: маърифати Худо ва маърифати нафс ва маърифати Ватан. Маърифати Худойро мӯҳтоҷ бошӣ ба қазои фароиз ва маърифати нафсро мӯҳтоҷ боши ба риёзат ва маърифати ватанро мӯҳтоҷ боши ба ризо додан ба қазо ва аҳкоми Ӯ.

***

Ва аз маърифат пурсиданд: гуфт: аввалаш Худо бувад охирашро ниҳоят набувад.

***

Ва гуфт: илмуляқин он аст, ки ба мо расид бар забони пайғамбарон алайҳмуссалом ва айнуляқин  он аст, ки Худо ба мо расонад аз нури ҳидоят ба асрори қулуб бевосита ва ҳаққуляқин  он аст, ки бад-он роҳ нест.

 

***

Ва пурсиданд: аз фақр. Гуфт: дарвешонро  чаҳорсад дараҷа аст, камтарини он он аст, ки агар ҳамаи дунё ӯро бошад ва он нафақа кунад ва пас дар дили ӯ дарояд, ки кошки қути якрӯза бозгирифтӣ фақри ӯ ба ҳақиқат набувад.

Алии Рудборӣ

Ва Алии Рудборӣ гуфт: ҳар чизро воизе аст ва воизи дил ҳаёст ва фозилтарин ганҷи мӯъмин ҳаёст аз Ҳақ.

Абулҳасани Ҳусро

Ва Абулҳасани Ҳусро гуфт: нишастан ба андеша ва тафаккур дар ҳоли мушоҳидаи як соат беҳтар аст аз ҳазор ҳаҷи мақбул.

Абӯисҳоқ Шаҳриёри Козирунӣ

Ва шайх Абӯисҳоқ Шаҳриёри Козирунӣ гуфт: ҳар кӣ дар кӯдакӣ ва ҷавонӣ мутеъи Ҳақ таъоло бошад ва дар пирӣ ҳамчунон мутеъ, ботини ӯ ба нури маърифат мунаввар бошад ва янобеъи (чашмаҳо) ҳикмат аз дили ӯ бар забони ӯ равон бошад ва ҳар кӣ дар кӯдакӣ ва ҷавонӣ исён кунад ва дар пирӣ тавба кунад, ӯро мутеъ хонанд, аммо камоли шоистагӣ ҳикмати ӯро дер даст диҳад ва камтар.

***

Ва гуфт: ҷаҳд кун дар дунё то аз ғафлат бедор шавӣ, ки дар охират пушаймонӣ суд надорад.

***

Ва гуфт: ҷаҳди он кун, ки дар миёни шаб бархезӣ ва вузӯ созӣ ва чаҳор ракаъат намоз кунӣ, ва агар нафс мутобеат накунад, ду ракаъат бикун, ва агар натвонӣ, чун бедор шавӣ, бигӯй: "Ло илоҳа иллаллоҳ Муҳаммада расулаллоҳ".

Буусмони Мағрибӣ

Буусмони Мағрибиро пурсиданд аз сӯҳбат: Гуфт: некӯии сӯҳбат он бошад, ки фарох дорӣ бар бародари мусулмон он чи бар худ медорӣ ва дар он чи ӯро бувад, тамаъ накунӣ ва қабул кунӣҷафои ӯ ва инсофи ӯ бидиҳӣ ва аз вай инсоф талаб накунӣ ва мутеъи ӯ бошӣ ва ӯро тобеъи худ надонӣ ва ҳар чи аз вай бар ту расад, ту онро аз вай бузург ва бисёр ва ҳар чи аз ту бад-ӯ расад, аҳқар ва андак донӣ.

Абулҳасани Харақонӣ

Ва гуфт: Уламо гӯянд, ки мо ворисони расулем. Ва расулро ворис моем, ки он чи расул буд, баъзе мо дорем. Расул дарвешӣ ихтиёр кард ва дарвешӣ ихтиёри мост. Бо саховат буду бо халқ некӯ буд ва бехиёнат буд. Бо дидор буд, раҳнамои халқ буд, бетамаъ буд, шарру хайр аз Худованд, дид, бо халқаш ғам набуд ва ин ҷумла сифоти ҷавонмардон аст. Расул алайҳиссалом дарёе буд беҳад, ки агар қатрае аз он берун ояд ҳама оламу офарида ғарқ шавад. Дар ин қофила, ки моем, муқаддима Ҳақ аст, охираш Мустафост, бар қафо саҳобаанд. Хунук (муборак) онҳо, ки дар ин қофилаанд ва ҷонҳошон бо якдигар пайваста аст, ки ҷони Булҳасанро хеҷ офарида пайванд накард.

***

Ва гуфт: ҳазор манзил аст бандаро ба Худо. Аввалин манзилаш каромат аст, агар банда мухтасарҳиммат бувад, ва ба ҳеҷ мақомоти дигар нарасад.

***

Ва гуфт: ҳар он диле, ки берун аз Худой дар ӯ чизе дигар бувад, агар ҳама тоъат аст, он дил мурдааст. Гуфтанд: дилат чӣ гуна аст? Гуфт: чиҳил соласт то миёни ману дил ҷудойӣ андохтаанд.

***

Ва гуфт: Аз корҳо бузургтар зикри Худой аст  ва парҳезу саховату суҳбати некон.

***

Ва гуфт: агар мӯъминро зиёрат кунӣ, бояд, ки савоби он ба сад ҳаҷи пазируфта надиҳӣ, ки зиёрати мӯъминро савоб бештар аст аз сад ҳазор динор, ки ба дарвешон диҳӣ. Чун зиёрати мӯъмин кунӣ ва ба эътиқод гирӣ, ки Худои таъоло бар шумо раҳмат кардааст.

***

Ва гуфт: як нафас бо Худо задан беҳтар аз ҳамаи осмону замин.

***

Ва гуфт:  ҳар чи барои Худо кунӣ, ихлос аст, ва ҳарчи барои халқ кунӣ, риё.

***

Ва гуфт: чун нестии хеш ба Вай диҳи, Ӯ низ ҳастии хеш ба ту диҳад.

***

Ва гуфт:  ҳар кӣ дунёву умр ба сари кори Худой дар натавон кард, гӯ даъво макун, ки ба қиёмат бебор бар сирот бигзарад.

Ва гуфт: Чун Худованди таъоло тақдире кунаду ту бад-он ризо диҳӣ, беҳтар аз ҳазор амали хайр, ки ту бикунӣ ва Ӯ написандад.

***

Ва гуфт: дар дунё ҳеҷ саъбтар (душвортар) нест, ки туро ба касе хусумат бувад.

***

Ва гуфт: намозу рӯза бузургтар аст, лекин кибру ҳасаду ҳирс аз дил берун кардан некӯтар аст.

***

Ва гуфт: Ҳар кӣ хушии сухани Худой начашида аз ин ҷаҳон берун равад, ӯро чизе нарасида бошад.

***

Ва гуфт:  Агар дили ту бо Худо буваду ҳама дунё туро бувад, зиён надорад ва агар ҷомаи дебо дориву  ва агар палос пӯшида бошӣ,  ки дили ту бо Худованд набувад, туро аз он ҳеҷ суде нест.

***

Ва гуфт: Аз ҳар ҷониб, ки нигарӣ, Худост ва агар забар нигарӣ ва агар зер нигарӣ ва агар рост нигарӣ ва агар чап нигарӣ ва агар пеш нигарӣ ва агар аз пас нигарӣ.

***

Ва гуфт: Ҳар кӣ ошиқ шуд, Худойро ёфт ва ҳар кӣ Худойро ёфт, худро фаромӯш кард.

***

Ва гуфт: Аз тоати халқи осмону замин он ҷо чи зиёдат падид омадааст, ки то аз ту падид ояд? Зиёдатӣ кардан чӣ афзоӣ? Аз муомила чандон бас, ки шариатро бар ту тақозо намонад. Аз илм чандон бас бувад, ки бигӯй ва бидонӣ ки он чи рӯзии тӯст ба ту ояд. Ва аз зуҳд чандон бас бувад, ки бигӯй ва бидонӣ, ки он чи ту мехӯрӣ рӯзии туст, то нагӯй, ки ин хӯрам ё он хӯрам.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №18, 02 октябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi