04:19:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шаби шеър дар шаби қадр

 

Рӯзи 3-юми августи соли ҷорӣ бошандагони истироҳатгоҳи Шоҳамбариро дар сикилометрии ғарби пойтахти кишвар  шоми ғайриоддие интизор буд. Бо ибтикор ва раҳбарии шоири шинохта ва машҳури кишвар Хайрандеш, ки маҳфили адабии "Ҳамешабаҳор"- и Китобхонаи Миллии Тоҷикистонро сарварӣ мекунад, як гуруҳи калони шоирону овозхонҳои маъруфи тоҷик ба назди истироҳаткунандагони Шоҳамбарӣ омада дар ин ҷо барои онҳо базми шеъру суруди азёднарафтаниеро эҳдо намуданд.

shabi-sheer-2013Базми шеъру суруди ноб, базми раббониеро дар шаби 27-уми моҳи шарифи Рамазон, дар шаби Лайлатулқадр. Воқеан суруду таронаҳоеро, ки дар ин маҳфил он шаб узви ин гуруҳ Умар Темур, овозхони маъруф ва хушсадои кишвар бо фарзандаш Искандари Умар ба самъи ҳозирин расонданд, тақрибан ҳама дар васфи Парвардигори азимушшаън ва Пайғамбари гиромӣ (с) буданд.

Аз таъсири ин таронаҳо бархе аз ҳозирин, ба ваҷд меомаданд, покӯбиву сарафшонӣ мекарданд.Ҷавоне, ки дар тан либоси сӯфиёна ва риши сунъӣ дошт, ҳолати ба самоъ рафтани дарвешонро  бо ҳаракатҳои зебояш  дар ҳавои ин таронаҳо хеле ҷолиб инъикос мекард.

Аммо ин саҳнаҳо дар ҳошияи муҳимтарин саҳнаи дигари он шаб, қадршиносӣ аз офарандагони каломи зебо, сухани мавзун, сурат гирифт. Гап дар ин ҷост, ки ин маҳфил бо рӯзи таваллуди ду шоири хеле маъруфи ҷумҳурӣ Алимуҳаммади Муродӣ ва Қосимҷон Зарифӣ рост омад.

Алимуҳаммади Муродӣ он шаб ба синни мубораки як кам ҳафтодсолагӣ қадам гузошт. Китобҳои ӯ "Моҳи хасрав" ва "Чароғи рӯзадор" аз ҷумлаи камёбтарин китобҳои алоқамандони шеъри муосири тоҷик ба шумор мераванд.

Ӯ шоирест, ки дар адабиёти тоҷик бо кутаҳбаёнии хеш шуҳрат дорад. Барои намуна ба ёд биёрем шеъри "Зиндагӣ"-ро ки ҳамагӣ аз ду мисраъ иборат аст:

Зиндагиро ранҷ додам шаст сол,

Офарин бар тоқаташ, таркам накард.

Ё бубинед шеъри "Кафш"-и ӯро, ки  чӣ гуна дар худ як ҷаҳон маъниро ғунҷондааст:

Чу попӯшӣ ба пои ҳар кӣ сар монӣ,

Ба манзил чун расад беруни дар монӣ.

Шеъри "Соя" бошад танҳо аз як мисраъ иборат аст:

Соя агарчи сояи гул аст, русиёст.

Алимуҳаммади Муродӣ дар баробари он ки шоири хуб аст, боз мураббӣ ва устоди сахтгиру меҳрубон низ мебошад. Ҳамин Қосимҷон Зарифӣ, ки дар паҳлӯяш нишаставу низ зодрӯз дорад, яке аз шогирдони бовафову донишманди ӯ ба шумор меравад. Қосимҷон Зарифӣ аз ҷумлаи он шоиронест, ки ҳамеша дар байни мардуми авом аст ва аз ҳоли зиндагонии эшон беш аз дигарон огаҳ аст.

Як вижагии ашъори Қосимҷон Зарифӣ ин аст, ки аксаран бо забони содаи мардум иншо шудаанд ва дарду андӯҳ, орзуву омоли халқӣ оддиро ифода мекунанд. Аз ин рӯ бидуни истисно Зарифӣ ашъорашро дар куҷое, ки қироат мекунад, ба истиқболи гарм рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин маҳфил ӯ шеъри ба тозагӣ иншонамудааш "Хитоӣ"-ро қироат кард, ки ба ҳозирин хеле писанд омад. Китобҳои ӯ "Агар дастам мерасид", "Либоси шир" низ дар байни ҳаводорони шеър талабгорони зиёде доранд.

Барои табрики ин ду шоири хушзавқу ширинсухан ҳамтоёни варзидаашон, аз ҷумла Сафармуҳаммад Аюбии Маҳзун, Салими Зарафшонфар, Бахтиёри Амин, Мирзо Кенҷа, Ғаффоралӣ Сафаров, Шарифҷон Ҳакимзода, Шарифҷони Мисайзод ва Ҳотам Файзуллоев, корманди масъули Кумитаи кор бо ҷавонон назди ҳукумати ҶТ низ дар ҳайати ҳамон гуруҳ  ба ин истироҳатгоҳ ташриф оварда буданд. Дар суханрониҳои худ онҳо паҳлӯҳои мухталифи зиндагӣ ва эҷодиёти ин ду шоири намоёнро барои ҳозирин равшан сохтанд.

Шаби хеле хотирмон буд, гуфт Холмаҳмад ном сокини ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ, ки чанд рӯз боз дар ин осоишгоҳ бо ҳамроҳии оилааш истироҳат мекард. Мо аз ин шабнишинӣ як ҷаҳон маънӣ гирифтем. Меҳру муҳаббатамон ба шеъру шоири боз бештар шуд. Бисёр мехостем, ки чунин маҳфилҳо дар марказҳои ноҳияҳои дурдаст низ тез-тез баргузор мешуданд.

ӯзгор"



Шарҳҳо   

 
+1 #1 MMGuest 13.08.2013 16:22
Ҳамин як шоъир дорем - Алимуҳаммади Муродӣ...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi