15:12:16 03-уми Июли 2025 сол
Аброр Зоҳир: "Хонандаи имрӯзро ҳатто "Робинзон Крузо" ба худ ҷалб намекунад" 16.01.2014 12:36 1340
Аброр Зоҳир соли 1965-ум дар шаҳри Сарбанд ба дунё омада, соли 1972-юм мактаби миёна ва соли 1987-ум факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияташро дар рӯзномаи вилоятии "Ҳақиқати Хатлон" оғоз карда, баъдан дар вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва фарҳанги ҳафтаномаи ...
"Лолаи ҳасрат"-и Ширин Абдулло 16.01.2014 12:27 1188
Ва инак чанде қабл китоби нави ӯ бо унвони "Лолаи ҳасрат" ба дасти чоп расид. Китобро кушодан замон шумо бо мутолеаи он ғамшарики ин шоири бедордил мегардед. "Лолаи ҳасрат" фарогири ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳои тозаэҷоди Ширин Абдулло буда, ёдвораест аз ҷигарбанди ормонаш Тоҳир, ки чун лолаи ...
Ситорае бо қалби пур аз ишқ 11.01.2014 11:53 2026
Ишқ, муҳаббат, меҳр. Танҳо ҳамин ҳис аст, ки метавонад, зиндагии инсонҳоро тағйир бидиҳад, маҷрои ҳаётро тоза бикунад ва пешорӯйи ҳар шахс дунёи дигаре боз намояд.Агар ба қадраш бирасему онро он гунае ки ҳаст, дарк карда тавонем, ҳамин ишқ аст оғози ҳама комгориҳо.
Маҳбуси «Қалъаи Ной» 09.01.2014 16:18 1287
Ин мақола ба хотираи дурахшони ховаршиноси маъруфи тоҷик шодравон Амрияздон Алимардонов, ки дар соҳаи адабиёти классикии форсу тоҷик,хосатан ҳавзаи адабии Ҳинду Покистон, пажӯҳишҳои арзишманде аз худ боқӣ мондааст ва моҳи моҳи ноябри соли равон 75 сола шуд, бахшида мешавад. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бод!
Шеъри синамо 09.01.2014 16:07 1147
Агарчи дар ин мақола сухан дар бораи чорабиние меравад, ки каме беш аз як моҳ қабл баргузор шуда буд, вале чун онро мутахассиси соҳа, коргардони синамо Ҷалол Шафеъӣ, эронии муқими Тоҷикистон навишта фикрҳои ҷолиберо иброз доштааст, лозим донистем, ки мақоларо манзури хотири шумо намоем.
Ганҷинаи пурарзиш 09.01.2014 16:02 1300
Илми таърихро донишмандон ҳофизаи башар хондаанд ва ҳамвора ба он таваҷҷуҳи амиқ ва дақиқ зоҳир намудаанд. Ин талошу кӯшиш ва ковишу кандуков имрӯз низ идома дорад ва таърихнависону муҳаққиқони муосири тоҷик аз Аллома Садриддини Айниву Бобоҷон Ғафуров, Аҳрор Мухторов, Раҳим Масов, Ҳайдаршо Пирумшоев ва Намоз Ҳотамов бад - ин сӯ ....
Гавҳар Шарофзода: "Забони тоҷикӣ метавонад аз байн равад, агар..." 08.01.2014 12:46 2054
Гавҳар Шарофзода аз истифодаи ибораҳои "эй, тоҷикиш кун" ё "тоҷикиш кардӣ" мисол оварда қайд намуд, ки ки ҳоло ҳар ҳаракати ноҷову бемаъниеро, ки ҳар нафаре мекунад, ба забони шевои дилнишинамон нисбат дода чунин ибораҳоро пеш меоранд, ки ин муносибати баде нисбат ба забон аст ...
"Куллиёти осор"-и профессор Абдулманнон Насриддин муаррифӣ шуд 08.01.2014 12:33 1444
Китобхонаи миллии Тоҷикистон "Куллиёти осор"-и шодравон профессор Абдулманнон Насриддинро, ки ахиран интишор ёфта буд, муаррифӣ кард. Асари ҳафтҷилдаи олими баруманд кулли рисолаҳои пажуҳишии эшонро, ки баъзе замоне чоп шудаанд ва баъзеи дигар ҳанӯз интишор нашуда буданд, дар бар гирифтааст.
Лаълҷубаи Мирзоҳасан: "Омӯзгорони Бадахшон аз камбуди китобҳои бадеӣ шикоят мекунанд" 07.01.2014 11:44 2285
Лаълҷубаи Мирзоҳасан соли 1951-ум дар ноҳияи Рошқалъа чашм ба дуёи ҳастӣ кушодааст. Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи устод Садриддин Айниро дар Душанбе хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ чанд муддат дар мактаби миёна муаллим буда, аз соли 1992-юм фаъолияташро дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ идома медиҳад.
Баҳодур Миралибеков механдонад 04.01.2014 16:14 1221
Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки ба қавли ҳаҷвнигори шинохта Убайдуллоҳ Раҷаб "ҳама чиз ба бозор куч бастааст". Театри фурӯши маводҳои моддию ақлонӣ, ороиши қариб театрии мағозаю бозору маркази савдо чунон диққатҷалбкунандаанд, ки мардумро бештар ба худ мекашанду онҳо ба он ҷо бештар мераванд.
Кори дасти кампир (ҳикоя) 04.01.2014 16:03 1174
Георгий Гора (Пищугин) аз соли 1974 то соли 1996 маскуни кишвари мо буд. Тӯли ин солҳо дар муассисаи нашриявии "Ирфон" аввал ба ҳайси мусаҳҳеҳу баъдан муҳаррир ва инчунин дар Омӯзишгоҳи полиграфии шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгор фаъолият дошт. Айни ҳол муқими шаҳри Магнитогорски кишвари Руссия аст.
Остондори Фалғарзамин - II 04.01.2014 15:58 1160
Устод Турсунзодаву хамсафон ва шогирдони он кас бошанд, ҳар бегоҳ маҳфилҳои шеърро дар назди Муллосиддиқ побарҷо медоштанд, ки Ҷӯрабек «нонрезаҳои» устодро замзама мекард. Ёдовард мегардем, ки устод Мирзо Турсунзода ба хонадони Муллосиддиқ на ҳамчун шоири миллат, балки ҳамчун узви хонадони ӯ буда, аҳди бародардӯстӣ доштанд.
Марям Исоева: "Дар як сол танҳо як-ду маротиба ба гастрол меравем" 03.01.2014 12:13 1474
Хабарнигори "Рӯзгор" Баҳман баъди тамошои намоишномаи "Муҳаббат" дар Театри академӣ-драмавии ба номи устод Лоҳут бо иҷрокунандаи яке аз нақшҳои асосии спектакл Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Марям Исоева суҳбате орост. Суҳбат агарчи аз таҳлили намошномаи мазкур оғоз шуда бошад ҳам, вале дар он масоили мубрами театр низ матраҳ шудааст.
Остондори Фалғарзамин - I 03.01.2014 12:06 1337
Сиддиқ Зарифов, яке аз ходимони маъруфи ҷамъиятиву сиёсии дар гузаштаи на чандон дури кишвари азизамон Тоҷикистон агар дар қайди ҳаёт мебуданд, имсол ба синни мубораки 90-солагӣ қадам мегузоштанд. Шодравон чун корҳои накӯ зиёд кардаанд ҳамсафону шогирдон ва пайвандонаш имрӯз зикри хайри ӯро мекунанд.
Султони дуздҳо – III 03.01.2014 11:57 1267
Албатта, агар писари Зайнаббибӣ буданамро мефаҳмиданд, маро озод мекарданд, аммо ман нахостам, ки номи модари шаҳидамро доғдор кунам. Синну соламро кам кардам. Шоҳиди ман бадани заифи ман буд. Маро бо бачаҳои дигар ба хонаи бачагон фиристоданд. Бо ҷойи он, ки аз ин рафтори баду номатлуби худ ...