17:09:13 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

"Барзу ба он дунё нарафтааст!"

Аҳмадшоҳи Султон, "Рӯзгор"

27-ум январи соли 2014 нахустин нишасти матбуотии вазири ба тозагӣ таъйиншудаи фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбеков баргузор гардид. Дар он муовини якуми вазири фарҳанги ҶТ Муҳаммадсаид Пиров ва роҳбарони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва донишгоҳҳо низ ширкат доштанд. Шамсиддин Орумбеков дар оғози нишасти матбуотӣ дар бораи натоиҷи кори вазорат дар соли 2013 маълумоти мухтасар дод.

Аз "Парасту" то "Чодари хаёл"

1-vazorati-farhang 1Тибқи иттилои ӯ "соли 2013 аз ҳар нигоҳ барои аҳли фарҳанги ҷумҳурӣ соли бо файзу бобарор буд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷашнҳои 3000-солагии шаҳри Ҳисор, 700-солагии мутафаккир ва шоир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 100-солагии оҳангсоз Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ ба рӯйхати ҷашнҳои ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 шомил гардиданд.

Дар соҳаи санъат муассисаҳои театрӣ ва консертӣ барои дар сатҳи баланди бадеӣ баргузор гардидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ саҳми муносиб гузошта, 16 театри мамлакат бо спектаклҳои нави худ дар барномаи ҳунарии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ - "Парасту-2013" ширкат намуданд. Муассисаҳои театрҳои касбӣ ва консертӣ, сирк, гурӯҳҳои эҷодӣ, дар умда 1679 чорабинӣ, аз ҷумла, спектакл, консерт, барномаи сиркию театрикунонидашударо пешниҳод намудаанд, ки аз онҳо 622 ҳазор нафар тамошобинон баҳра бурдаанд. Дар театрҳои касбии мамлакат 38 намоишномаи нав таҳия ва манзури тамошобинон гардонда шуд.

Дар барномаи Ҷашнвораи байналхалқии театрҳои лӯхтак "Чодари хаёл", ки сол то сол обрӯяш меафзояд, намояндагони 14 давлати дунё бо спектаклҳои худ иштирок намуданд. Дигар падидаи хуби фарҳангӣ ин баргузории барномаҳои гурӯҳи ҳунарпешагони Сирки калони Москва, Сирки лилипутҳои Москва ва Сирки човандозони Туркманистон дар саҳнаи Сирки давлатии Тоҷикистон мебошад, ки онҳоро ҳазорон сокинони кишварамон бошавқ тамошо карданд.

Вазорат соли 2013 баъди баррасӣ дар Шӯроҳои бадеӣ 23 асари драмавӣ ва 22 асари мусиқии тозатаълифро харидорӣ намуд".

Кори табъу нашр ва матбуот дар соли 2013

2-vazorati-farhang 1Тибқи маълумоте, ки вазири фарҳанг ироа дошт, то моҳи январи соли 2014 дар вазорат 330 рӯзномаву ҳафтанома, аз ҷумла 86 давлатӣ ва 244 ғайриҳукуматӣ, 181 маҷалла, аз ҷумла 14 давлатӣ ва 167 ғайриҳукуматӣ, 11 агентии иттилоотӣ, аз ҷумла 1 давлатӣ ва 10 ғайриҳукуматӣ, 53 нашриёт, аз ҷумла 9 давлатӣ, 44 ғайриҳукуматӣ, 279 матбаа ва фаъолияти полиграфӣ, аз ҷумла 55 давлатӣ, 224 ғайриҳукуматӣ, 38 мағоза ва нуқтаҳои фурӯши китоб, аз ҷумла 3 давлатӣ, 35 ғайриҳукуматӣ ба ҳисоб гирифта шудаанд.

Муассисаҳои табъу нашри Вазорати фарҳанг дар маҷмӯъ 256 номгӯй китобро бо теъдоди 227150 нусха ба табъ расониданд. Маблағи умумии китобҳои нашршуда 2274118 ва маблағи фурӯши онҳо 1055498 сомониро ташкил дод. Дигар дастоварди муҳим - чопи босифати осори адибони гузашта таҳти силсилаи китобҳои "Ахтарони адаб", "Китобхонаи мактаб", ҷилди 2-юми "Энсиклопедияи миллии тоҷик", "Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон", теъдоди зиёди китобҳои адибони муосир ва асарҳо барои кӯдакону наврасон мебошанд".

Нақшаҳо барои соли 2014

Ба гуфтаи вазири фарҳанг яке аз вазифаҳои асосии  кормандону ходимони вазорат дар соли ҷорӣ дар сатҳи баланд доир намудани тантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, намоиши байналхалқии "Китоби Душанбе - 2014", 100-солагии зодрӯзи композитори маъруф Зиёдуллоҳ Шаҳидӣ, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 700-солагии зодрӯзи мутафаккири барҷастаи кишвар Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва ғайра мебошад.

Барзу ба он дунё нарафтааст!

Дар қисмати саволу ҷавоби нишасти матбуотӣ хабарнигорон нахустин шуда аз вазири фарҳанг хоҳиш намуданд, ки хабари аз Тоҷикистон рафтани коргардони шинохтаи театри тоҷик Барзу Абдураззоқовро шарҳ бидиҳад.

Шамсиддин Орумбеков дар посух иброз дошт, ки албатта таассуфовар аст, ки дар замоне, ки худи театри тоҷик ба коргардонҳои боистеъдоду болаёқате ҳамчу Барзу эҳтиёҷ дорад, ӯ барои кор ба дигар кишвар меравад.

Ба гуфтаи ӯ "Барзу Абдураззоқов, ки ҳақиқатан яке аз ҳунармандони хеле хушсалиқаи тоҷик ҳастанд, барои кор ёфтан ба вазорат ягон бор муроҷиат накарданд. Мо хеле шод мешудем, ки агар чунин ҳунармандони хеле хушсалиқа барои пешрафти фарҳангу санъати миллии худашон бештар саҳм мегузоштанд. Вале ихтиёр дар дасти бахтиёр аст мегӯянд ва ин ҳуқуқи шаҳрвандии худи шахс аст, ки тарки кишвар кунанд, ё ин ҷо бимонанд. Шояд ҳақиқатан ҳам рӯзгори аҳли санъат дар муқоиса бо дигар табақаҳои ҷомеа нисбатан душвортар аст. Музду маоше, ки аҳли фарҳанг мегиранд, хеле кам аст. Барои пешбурди зиндагӣ аҳли санъат бо мушкилот рӯ ба рӯ ҳастанд. Ва шояд ашхоси алоҳидае мехоҳанд аз ҳунар ва санъат маблағи калон дошта бошанд. Мутассифона, имрӯз мо чунин имконият надорем. Вале агар дар маҷмуъ нигоҳ кунем дар тули чанд соли охир бештар аз 27 маротиба музди маоши кормандони соҳаи фарҳанг баланд бардошта шудааст. Боз мегӯям, ки  барои  бо ҷои кор таъмин шудан, Барзу ба вазорат ягон маротиба муроҷиат накарданд. Мутаассифона, баъзе аз бастакорон ва ҳунармандони хушсалиқа танҳо аз саҳифаҳои матбуот истифода мебаранд, вале бо вазорати фарҳанг ҳамкорӣ наменамоянд".

3-vazorati-farhang 1Ҷониши вазир Муҳаммадсаид Пиров низ дар мавзӯи рафтани Барзу Абдураззоқов  андешаҳои худро иброз кард. "Мо бо Барзу Абдураззоқов рӯзи ҷумъа суҳбати тӯлони доштем. Оиди тамоми масъалаҳои санъату фарҳанг. Онҳо фикрҳои худашонро баён карданд ва гуфтанд, ки ман қарордод дорам бо Ҷумҳурии Қирғизистон. Бояд бигӯям, ки ин таҷрибаро мо ҳам истифода мекунем. Яъне мо низ аз дигар ҷо режиссёрҳоро даъват мекунем, то театрҳои миллии мо ҳам фаъол шаванд. Ин  як таҷрибаи ҷаҳонӣ аст. Барзу дунёи дигар рафтагӣ нест. Панҷ сол пеш мо аз худи Қирғизистон барои Театри опера ва балет мутахассис даъват кардем. Бо оилашон омода зиндагӣ карданд. Онҳоро маблағ додем. Барзу ягон мушкилот надорад.Мову шумо мушкилот дорем. Мо худамон проблема месозем. Ман ба Барзу гуфтам, ки "биё дар кадом театре, ки мехоҳӣ якҷоя кор кунем". Гуфтанд, ки "ман дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ягон намоишнома надорам. Дар Қирғизистон маслиҳат кардам тибқи шартнома кор мекунам. Гашта омада мо якҷоя кор мекунем".

Мо бояд фахр кунем, ки як тоҷики мо дар Қирғизистон рафта аз номи тоҷикон намоиш пешкаш мекунад".

Реп бояд ҷавобгӯи ахлоқи ҳамида бошад!

4-vazorati-farhang 1Хабарнигорон аз вазири фарҳанг назарашро дар  мавриди репсароӣ пурсиданд. Дар посух ӯ гуфт, ки "ҳар як навъи санъат ҳуқуқи фаъолият карданро дорад. Теъдоди зиёди ҷавонон ба ин ҳунар, ба ин намуди санъат ҳавсала ва таваҷҷуҳи зиёде доранд ва он метавонад пурра фаъолият кунад. Ягон маҳдудият аз тарафи вазорат дар мавриди репсароён ҷорӣ нашудааст.

Ҳама чиз аз муҳтавои он вобаста аст. Баъзан мо мо шоҳиди он мегардем, ки дар баъзе сурудҳо фаҳшу зӯроварӣ ва дигар корҳои аз доираи ахлоқу одоб дур тарғиб мешаванд. Раиси шаҳр дуруст кардааст, ки онҳоро пешгирӣ мекунад. Вале реперо, ки ба ватандӯстӣ хештаншиносӣ даъват мекунад, касе манъ накардааст.

Вазорати фарҳанг ва иртибот бо муҳоҷирини меҳнатӣ

Хабарнигоре иброз дошт, ки дар хориҷ аз кишвар беш аз як миллион муҳоҷирони меҳнатӣ дур аз муҳити дур аз фарҳанги миллӣ кору зиндагӣ мекунанд. Гоҳ-гоҳе овозхонҳои алоҳида ба назди онҳо рафта барояшон консерт медиҳанд. Вале ба назар чунин мерасад, ки вазорати фарҳанг то ба ҳол дар ин масъала барномаи муназзаме надорад.

Вазири фарҳанг эътироф кард, ки дар масъалаи иртибот бо муҳоҷирини меҳнатӣ мушкилот ва камбудиҳо кам нестанд. Вазорати фарҳанг сари ин масъала фикру андешаҳои зиёде карда истодааст. Ба ҳамин хотир дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон гуруҳи ҳунарие таъсис дода мешавад, ки яке аз вазифаҳои асосии он таҳия ва анҷоми сафарҳо ба минтақаҳое ҳастанд, ки дар он ҷо муҳоҷирини меҳнатии мо кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо ин мақсад барномаҳои махсуси консертиеро омода карда истодаанд.

Бо Чин қарордод дорем

5-vazorati-farhang 1Дар нишасти матбуотӣ аз вазъи имрӯзи Сирки тоҷик иброзӣ нигаронӣ шуд. Вазири фарҳанг изҳор дошт,ки барои беҳбуд бахшидан ба вазъи Сирки тоҷик маблағҳои ҳангуфте заруранд, ки вазорат имрӯз онҳоро дар ихтиёр надорад. Вале бо вуҷуди ин Сирки тоҷик дар таътили зимистонаи имсолаи хонандагон фаъолият кард ва дарҳои худро ба рӯи хурдсолон боз нигоҳ дошт.

"Дар дасти ҳеҷ кас чубчай сеҳрнок нест ки як ишора кунад ҳамаш хуб шавад. Барои барқарор кардани сирк маблағҳои хеле ҳам зиёд лозим аст. Дар айни замон мо қарордод бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дорем ва онҳо омода ҳастанд, ки 6 нафар кадрҳои моро омӯзонанд ва тайёр кунанд ҳамчун мутахассиси касбии соҳаи сирк.

Барномаи калон махсус барои инкишофи сирк то соли 2017 пешбинӣ шудааст. Умед дорем, ки зина ба зина мушкилоти мо ҳал мегарданду мутахассисони касбӣ омода мегарданд. Воқеан дар бораи мутахассисони касбие, хеле пароканда шудаанд, ният дорем, ки онҳоро ҷалб ва сарҷамъ кунем".

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №04, 29 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi