14:13:18 28-уми Апрели 2026 сол

Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир

Терроризм ҳамчун феномени ҷиноӣ- ҳуқуқӣ хосияти байналхалқиро доро буда, мувофиқи санадҳои байналхалқӣ ба қатори ҷиноятҳои байналхалқӣ дохил гардидааст. Терроризм зуҳуроти номатлуб буда, шаклҳо ва навъҳои гуногуни зоҳиршавӣ дорад, ки яке аз навъҳои он кибертерроризм ё терроризми электронӣ ба ҳисоб меравад.

kiberamniyat 895665124545– Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кибертерроризм солона неруи зиёди таъсиррасониро соҳиб мегардад. Пешрафти техникӣ дар давраҳои охир чунон босуръат ҷараён мегирад, ки натиҷаҳои он аз тарафи ҷомеа хеле дер дарк ва хулосагирӣ карда мешаванд. Сарфи назар гардидани ҷанбаҳои манфии чунин ҷараёни инкишоф ба марги инсоният оварда расонидааст. Ҳолати мазкур аллакай дар соҳаи экология ба вуҷуд омадааст, аммо ин маънои онро надорад, ки дар ҷанбаҳои дигари ҳаёт чунин мавридҳо ҷой надоранд. Технологияи иттилоотӣ, ки яке аз омилхои пешрафти давраи муосир эътироф гардидааст, низ чунин буҳронро аз сар мегузаронад, ки он сабабҳои худро дорад.

Солҳои охир шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷаҳон афзуда, алоқаи моҳворавӣ имкон додааст, ки дар дилхоҳ канори олам аз хизматрасонии интернет истифода карда шавад. Ин чиз боис гардидааст, ки аҳолии зиёда аз 150 давлати дунё аз интернет истифода мебаранд.

Паҳнгардии технологияи муосири иттилоотӣ сабаби пайдоиши навъи нави ҷиноят- ҷинояти компютерӣ ва терроризми компютерӣ гардидааст. Моҳияти ин ҷиноят аз ғайриқонунӣ дахолат кардан дар кори мошинаи электронӣ-ҳисоббарор, система ва шабакаи компютерӣ, дуздӣ кардан, азони худ намудан ва тамаъҷӯӣ кардан нисбат ба ахбори компютерӣ мебошад. Кибертерроризм- ин шакли нави терроризмест, ки барои ба даст овардани мақсадҳои террористӣ аз компютер, шабакаи электронӣ ва технологияи муосири иттилоотӣ истифода карда мешавад.

Мувофиқи ин механизм, усули баамалбарории ҷинояти компютерӣ махсусияти худро дорад. Ин, аз ҷумла, дараҷаи баланди махфият ва сатҳи пасти ошкоро будани он аст. Мувофиқи таҳқиқоти Шурои Аврупо, қаллобон тавассути кортҳои кредитӣ солона 400 миллион доллар ба даст меоранд. Зарарҳое, ки тавассути вирус расонида мешаванд, давоми як сол 12 миллиард ва зарарҳое, ки ба вайронкунии ҳуқуқи моликиятдорӣ асос меёбанд, 250 миллиард долларро ташкил медиҳанд.

Пайомадҳои манфӣ ва вусъати рӯзафзуни ин навъи терроризм, яъне кибертерроризм ба он оварда расонидааст, ки он аз доираи назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳо берун баромада, ба масъалаи ҷиддии давлатӣ ва байналхалқӣ табдил меёбад.

Дар зери мафҳуми терроризми компютерӣ ё кибертерроризм амали ҷиноие фаҳмида мешавад, ки гурӯҳи манфиатдор зимни таъсир расонидан ба шабакаи компютерӣ ва раванди муттасили иттилоот ва дар ин асос тарсу ҳарос ворид намудан дар байни аҳолии осоишта, мақомоти ҳокимиятӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ мақсадҳои ғаразнокашонро амалӣ месозанд. Мақсадҳои аслии кибертерроризм ба монанди дигар навъҳои терроризм, аз ҷумла терроризми миллатгароӣ ва динӣ аз заиф намудани ҳокимият, манфур нишон додани чеҳраҳои гуногуни сиёсӣ дар дохили як давлат ва ба даст овардани ҳокимият иборат аст.

Таҳдид ва зараре, ки аз таҳдиди кибертерроризм мерасад, рафъ намешавад, балки бештар мегардад, агар ҳадафҳои мухталифи дигари онҳо амалӣ нагардад. Кибертерроризм дар баробари махфӣ будани раванди фаъолияташ боз як хусусияти ошкоро дорад. Махсусияте, ки кибертерроризмро аз киберҷиноят дар тафовут қарор медиҳад, ошкоро будани он аст ва ин кушодагӣ ҳангоме аён мегардад, ки терроризм шартҳои мухталифро ба миён мегузорад.

Кибертерроризм дар муқоиса бо яроқҳои бактериологӣ, химиявӣ ва ядроӣ- ин таҳдиди ҷиддӣ ба инсоният дониста мешавад. Зеро ҳадафҳои он якранг ва доимӣ набуда, ҳар замон думболи мақсадҳои дигар майл мекунад ва душвории асосӣ низ дар ҳамин аст, ки мақсадҳо, ҳадафҳо ва самтҳои фаъолияти ин навъи терроризм на дар амал ва на дар таҷриба ҳанӯз ифшо нагардидааст. Душвории норавшан ва пӯшида будани он дар сатҳи таҳқиқоти назариявӣ боиси он гардидааст, ки стратегияи дурусти мубориза ба муқобили он пайдо нашудаст.

Таҷрибае, ки дар ин самт ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст, баёнгари он мебошад, ки бо ин навъи терроризм давлатҳо ба таври инфиродӣ ва алоҳида мубориза бурда наметавонанд ва ҳатто дар сатҳи байналхалқӣ низ мубориза бо он душвор гардидааст. Зеро хосияти асосии сарҳад надоштани терроризм махсусан дар ин навъи терроризм зоҳир мегардад. Кибертеррорист метавонад дар як канори олам нишаста, тамоми ахбори шабакаи ҷаҳонии интернетро харобу суиистифода кунад ва бо ин амал дар байни ҷомеа нофаҳмӣ ва дарки нодуруст ба амал оварад.

Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо аҳли ҷомеа ва махсусан мактабу оиларо зарур аст, ки тадбирҳои зарурӣ андешида, вазифаҳои зеринро дар мадди назар қарор диҳанд:

— Фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет;

— Маҳдуд намудани имконияти ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуб;

— Назорати доимии фаъолияти фарзандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ;

— Фаҳмонидани оқибатҳои манфии истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ;

— Танзими меъёри муайяни истифодаи интернет ва монанди инҳо.

Омили манфии таъсиррасонии интернет надонистани фарҳанги истифодаи он аст. Риояи фарҳанги истифодаи интернет имкон медиҳад, ки муносибати ҷомеа бо интернет танзим ва таҳким ёбад ва ҷавонон дар руҳияи одобу ахлоқ ва миллатдӯстию меҳанпарастӣ тарбия гиранд.

Сироҷиддин БАҲОРЗОДА, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, номзади илмҳои таърих

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ