18:07:40 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Армони ҷонгудоз

Ҳикоя

Ба ёди падарам

Cуҳроби Зиё

Пас аз чанд лаҳзаи вуруд ба хонаи дӯсташ, писараш занг зад. Гуфт, ки аз деҳа ба хонаашон меҳмон омада. Ночор бо дӯстон худоҳофизӣ кард ва ба хонааш баргашт, ки чанд бино дуртар аз хонаи дӯсти пизишкаш воқеъ аст. Меҳмон тағояш Шарофиддин буд, ки ҳама ӯро дар деҳа Ҳоҷӣ Шарофиддин ном мебурданд. Ӯ танҳо шахсе нест, ки аз ин деҳ ба зиёрати хонаи Худо рафта. Ҳоло шумораи ҳоҷиҳои рустои кучаки онҳо аз ангуштони ду даст ҳам бештар шуда, аммо рафтору кирдору пиндори на ҳамаи онҳо исломӣ аст.

suhrobi-ziyo 214584Ҳоҷӣ Шарофиддин дар заминҳои Дашти Калон, дар наздикии деҳаашон барои ду писараш хона ва боғи сарсабзе бунёд карда ва ҳар сол аз фурӯши меваи он суди хубе мегирад. Бо вуҷуди он ки фарзандонаш ҳама аҳли тиҷоратанд ва синни худаш ҳам аз 70 гузашта, аммо дар замин заҳмат мекашад, боғи ангуру дарахтонашро хуб нигоҳубин мекунад ва аз пули себу ангури он ҳатто чанд сол пеш ҳамроҳи хонумаш ба ҳаҷ рафт. Тағояш дар чиллаи зимистон як қуттӣ себ оварда буд то Меҳробу  хонаводааш аз меваи боғи ӯ даҳон ширин кунанд.

- Заҳмат кашидед, себ дар бозор буд, омадани худатон барои хонаводаи мо беҳтарин ҳадя аст,-пас аз салому алейк гуфт Меҳроб ба тағояш.

-Барои бачаҳоят овардам, бозорҳои шаҳр пур аз меваи чинӣ, аммо онҳо зоҳири хуб доранду лаззат не,- бо табассум гуфт Ҳоҷӣ.

Гирди суфра каме аз ину аз он сӯҳбат карданд. Аз меҳмон дар бораи навгониҳои деҳа пурсид. 

-Хабари хосе нест, зимистон, сармо, мардум аз бебарқӣ ранҷ мекашанд, - андешамандона гуфт Ҳоҷӣ. Аз ваъдаҳои "боз як зимистони дигар"-и раҳбарон чанд сол мегузарад, аммо мардуми бечора ҳамчунон шабҳои сарди зимистонро бо азоби бебарқӣ рӯз мекунанд.

-Худо ба раҳбаронамон адлу инсоф диҳад ва дар фасли сармо ба хонаҳои сарду торики мардум гармӣ ва рушанӣ! - дасти дуо бардошт Ҳоҷӣ.

-Ман ин ҳафта натавонистам ба дидани падару модарам равам. Албатта бо модарам телефонӣ сӯҳбат мекунам, аммо бо падарам аз ин роҳ гап задан имкон надорад, чун гӯшҳояшон хуб намешунаванд,- маҷрои сӯҳбатро ба дигар тараф бурд Меҳроб.

-Падаратро ду рӯз пеш дар сари пули деҳа дида будам, ҳолпурсӣ кардам, гуфтам биёед ҳамроҳ ба хонаи Меҳроб, ба шаҳр равем, аммо вай мисли ҳамеша сукут карду чизе нагуфт,- изҳор дошт Ҳоҷӣ.

Аз ин ҳарфҳои тағояш дилаш каме таскин ёфт. Агар бо пои худ ба кӯча рафта бошанд, пас ҳолашон хуб аст,- андешид бо худ.

Ҳафтаи нави корӣ оғоз шуд. Аммо хаёлаш банди падару модараш буд. Бахусус аз саломатии падараш нигарон буд. Баҳори гузашта, вақте аз сафари хидматӣ аз Маскав баргашт, падарашро дар бемористони ноҳия бистарӣ карда буданд. Аз бародаронаш фаҳмид, ки қалби падараш сакта карда.

Онҳо бо навбат ҳар шаб дар назди падар мемонданд. Нисфи шаби он рӯзе ки бародари муаллимаш канори падар буд, бо садои занги телефон аз хоб бедор шуд. Бародараш гӯширо ба пизишки навбатдор дод.

-Ҳоли мӯйсафед хуб нест, нафаскашиаш торафт душвортар мешавад,- аз он тарафи гӯшӣ садои пизишк омад.

-Ман исрор кардам ки дар чунин ҳолат мо ҳақ надорем беморро ҳатто аз ҷояш такон бидиҳем, чӣ расад ба ҷои дигар бурдани ӯ, аммо мӯйсафед ба ҳарфҳои ман гӯш намедиҳад ва мегӯяд, мехоҳам охирин лаҳазоти зиндагӣ дар кулбаи худам, дар ҳалқаи хонавода ва фарзандону набераҳо бошам,- гуфт табиб.

Меҳроб, ки якравии падарашро хуб медонист, ба пизишк чизе нагуфт ва аз бародараш хоҳиш кард, ки падарашро ба русто бубарад. Ӯ табдили либос кард ва ба ҳамсараш гуфт, ки ҳоли падараш бад шуда ва ӯ бояд ҳар чи зудтар худро ба деҳа бирасонад.

Чанд лаҳза пас аз расидани падару бародараш ӯ ҳам ба зодгоҳаш-деҳаи Тут расид. Ҳоли падараш воқеъан хуб набуд. Муддате нагузашта, муллои деҳ бо чанд тан аз намозгузорони масҷид, ки дар наздикии ҳавлиашон воқеъ буд, ба аёдати падараш омаданд. Онҳо баъди ҳолпурсӣ Меҳробу бародаронашро дилбардорӣ карданд ва дасти дуъо бардоштанд то Худо аз хазонаи ғайбаш ба падарашон шифои комил ато кунад.

Пас аз гузашти чанд рӯзи буҳронӣ, бо вуҷуди нигарониҳои пизишкон, ҳоли падараш беҳтар шуд. Албатта ҳар даво ва дармонеро ки табибон барои ӯ таъин мекарданд, Меҳробу бародаронаш фароҳам меоварданд. Хулас, пас аз ду моҳ падараш сари по хест, ҳатто бо кумаки набераҳо гоҳо барои "офтобхурӣ" ба кӯча мебаромад ва чанд дақиқае канори муйсафедон менишаст.

Бори охир, вақте табиб нусхаи акси қалби падарашро дид, бо тааҷҷуб ва ҳайрат гуфт, ки вазъаш бамаротиб беҳтар аз ду моҳи пеш аст. Меҳроб мутмаъин буд, ки беҳбуди саломатии падар аз бадани қавии ӯст. Падараш беш аз нисфи умри 85 солаи худ коргари роҳсоз буд ва дастону бозувони боқуввате дошт, вагарна пас аз сактаи густардаи қалб ва дар сине ки ӯ дошт, дубора ба по хестан амре буд муҳол. 

Беҳ шудани ҳолаш боис шуд, ки хотири фарзандон дигар аз ин бобат каме осуда шавад. Бо ин ҳол, Меҳроб дар даҳ моҳи баъдӣ ҳафтае як ва гоҳо ду бор талош мекард аз ҳоли падару модараш хабар гирад.

... Хоби баде дид. Дар теппаҳои Дараи Шутурсанг роҳ мерафт, ки замини зери пояш пора-пора шуда ба умқи дара мелағзид. Худи Меҳроб бо суръати баланд гоҳ афтодаю гоҳо хеста ба поён сарозер мешуд, аммо наметавонист худро боздорад. Аз хоб бедор шуд, тарсида буд ва қалбаш сахт метапид.

Баъди хондани намози бомдод рӯи тахти хоб дароз кашид ва дар бораи ҷузъиёти рӯъёи дидааш фикр кард. Ӯ ҳеҷ вақт чунин хоби ваҳшатноке надида буд.

Садои занги телефон ӯро ба худ овард. Хонумаш аз ӯ пешдастӣ кард ва гӯшии телефонро бардошт ва бо касе кӯтоҳ сӯҳбат кард. Гӯширо гузошт ва ба шавҳараш гуфт, ки дақоиқе пеш ҳоли падараш бад шуда ва бояд  ҳар чи зудтар худро ба деҳа бирасонад.

Меҳроб хомушона либосҳояшро иваз кард ва вақте барои  мошин ба сӯи горож мерафт, хонумаш ба ӯ занг зада хабар дод, ки ҳамаи аҳли хонавода бояд ба деҳа бираванд, чун дубора аз он ҷо тамос гирифта ва хабар додаанд, ки ҳоли падараш  вахимтар шудааст.

Дар роҳ дилаш аз пешомади нохуше гувоҳӣ медод. Ӯ дар 32 соли таҳсилу кор ва зиндагӣ дар шаҳр, ҳар боре ки озими деҳа мешуд, баръакси ҳоло хурсанд буд ва гӯиё пару бол мебаровард. Зеро обу ҳавои зодгоҳаш ба ӯ осоиш мебахшад, дидори азизонаш табъашро болида ва рӯҳашро шод мекунад.

Охирин дидор бо падарашро дар даҳ рӯзе пеш ба ёд овард. Вақте ба ҳавлии падар расид, аз модараш суроғи ӯро гирифт. Модараш гуфт, ки хоб аст. Нахост фароғати ӯро халалдор кунад. Мехост мисли ҳамеша лаҳзае канори рудхонаи деҳ бошад ва ба садои оромбахши оби он гӯш бидиҳад.

Садои падараш аз даҳлези хона ба гӯшаш расид ва баргашта ӯро дид, ки бо чашмони хаста ба тарафаш меомад.

- Куҷо меравӣ, ман ба ту кор дорам!- гуфт падараш.

-Ман ҳеҷҷо рафтанӣ нестам, гуфтанд шумо хоб ҳастед, нахостам нороҳататон кунам,- пас аз салому алейк гунаҳкорона посух дод Меҳроб.

- Хоб аз куҷо, ман ташнаи хобам, аммо чанд моҳ мешавад, ки вай аз ман мегурезад,- маънидорона гуфт падар.

- Чашмони пӯшидаи маро дида, модарат гумон мекунад, ки ман хобам, аммо дар асл ман на шаб хоб дорам ва на рӯз.

Онҳо канори суфаи рӯи ҳавлӣ нишастанд ва падар аз ҳоли зану фарзандони Меҳроб ҷӯё шуд. Меҳроб ба чашмони падар нигарист то бифаҳмад, ки ҳарфи муҳими ӯ чӣ ҳаст. Падар оромона соаташро аз ҷайб берун овард, занҷири онро аз камзули беостинаш ҷудо кард ва ба Меҳроб дод.

-Ин ҷонвари овардаат аз кор монд, ба усто нишон деҳ, то илати кор накарданашро пайдо кунад,-гуфт ӯ.

Меҳроб аз нақли модараш медонист, ки падараш ҳар шаб даҳҳо бор ба соаташ менигарад. Ӯ дар рӯшании чароғи дастиаш ин корро мекард то ба хоби ҳамсараш халал нарасонад. Аммо бо вуҷуди чунин эҳтиёткорӣ, ҳар боре ки ӯ чашмони ҷарроҳӣ шудаашро нимпӯш карда ба соаташ менигарист, мавриди сарзаниш ва норизоиятии ҳамсараш қарор мегирифт.

Меҳроб ҳоло фикр мекунад, ки шояд сабаби аслии зуд-зуд  нигоҳ кардани падараш ба соат, охирин лаҳзашумории зиндагиаш буда ва ӯ медониста, ки паймонаи умраш пур шуда? Ё шояд ӯ ба қадри вопасин рӯзҳои зиндагиаш мехоста беҳтар бирасад? Ё шояд нигарон буда, ки бомдод дар хоб намонад ва намозаш қазо нашавад.

-Ҳатман соатро дуруст мекунам! Шояд ботриашро иваз кардан лозим бошад,-гуфт Меҳроб ва соатро ба ҷайби кут (костюм)-аш гузошт.

-Агар дуруст нашуд, як соати хуби дигар ва аз ин беҳтар бароятон мегирам, боз ягон амру дастуре ҳаст?- тибқи маъмул даст ба дӯши падар гузошта гуфт ӯ.

Падараш лабханде заду чизе нагуфт.

...Ҳанӯз рӯз равшан нашуда буд, аммо дар саҳни ҳавлиашон одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Одати мардуми русто ҳамин аст. Бо шунидани хабари марг талош мекунанд ҳар чи зудтар худро ба хонаводаи мусибатзада расонанд ва ғамшарики онҳо бошанд.

Аз дохили хонаи байн, ки ҳуҷраи падару модараш буд, садои гиря ба гӯш мерасид. Ӯ вориди хона шуд ва падарашро дар миёнаи хона дид, ки рӯи бистар бо манаҳи баста ва табассуме дар лаб хобида буд. Дар атрофаш модару хоҳарону бародаронаш ҳалқа зада буданд ва гиряю фиғонашон қалбҳоро реш мекард.

Фаҳмид, ки дидори ӯ бо падараш дар даҳ рӯз пеш охирин дидори онҳо будааст. Пайкари сарди падарро ба оғӯш кашид ва бо алами сӯзон ва ашки резон во дареғ гуфт. Сар ба души бародаронаш гузошт, талх гирист ва аз онҳо шарҳи ҳодисаи марги падарро ҷӯё шуд. Гуфтанд, ки субҳ, вақти таҳорат кардан ҳоли мӯйсафед бад шуда. Ӯро ба хона дароварда дар рӯи тахти хобаш гузоштанд. Аммо то омадани муллои деҳ, марг гиребони мӯйсафедро гирифта.

Фардои он рӯзе ки бори охир падарро дида буд, Меҳроб ба назди устои соат рафт. Усто ботрии соатро иваз кард ва тирҳои он дубора ба ҳаракат даромаданд. Меҳроб мехост ҳар чи зудтар соатро ба дасти падараш бирасонад ва шоҳиди чанд лаҳза хушҳолии вай шавад. Аммо ба сабаби гирифториҳояш дар маҳалли кор аз ин раъйяш гашт ва тасмим гирифт, соатро ба дасти бародари кучакаш, ки тақрибан ҳар рӯз аз шаҳр ба деҳа мерафт, бифиристад ва худаш рӯзи истироҳат ба дидани падар биравад.

Ҳамин тавр соатро он рӯз ба падараш таҳвил доданд. Аммо Меҳроб натавонист лаҳзаеро бубинад, ки падараш онро дубора ба даст гирифта, бо чашмони нимпӯш ба он нигоҳ мекунад.

...Маросими ҷанозаи падараш бисёр бошукӯҳ гузашт. Афроди зиёде аз дуру наздик дар он ширкат карданд. Ин суханони муллои деҳ дар назди ҳозирин дар ёди бисёриҳо нақш баста, ки гуфт:

-Дар маҳфилу нишасте, ки ғайбату бадгӯӣ буд, мутаваффои мазкур он ҷоро тарк мекард. Ӯ як инсони биҳиштӣ буд. Худованди бузург ҷояшро ҷаннат ва рӯҳашро аз фарзандону хешу наздикон ва мо, ҳамдеҳагонаш шод бигардонад!

Дарвоқеъ, падараш камсухан буд, ҳамеша сукутро бар пурҳарфӣ тарҷеҳ медод. Дар маҳофилу нишастҳои ҳамдиёрон агар суоле аз вай кунанд, мувофиқи тавонаш ба он посух медод.

Меҳроб гоҳо аз ин хислати падар дилтанг мешуд. Бахусус мавориде, ки якҷо ба маросиму маъракае даъват мешуданд. Гоҳо мехост ба сӯҳбати аҳли нишаст ҳамроҳ шавад, то фикр накунанд, ки ӯ мисли падараш аз пайвастан ба маҷрои сӯҳбат истиҳола мекунад ё ҳарфе барои гуфтан надорад. Аммо эҳтироми падар ва бузургсолон монеъи ин кор мешуд.

Баъзе пирмардони деҳ сабаби камҳарфии падари Меҳробро ба бародари бузурги ӯ рабт медоданд. Муҳиб то синфи 8 дар мактаби деҳа таҳсил кард. Мегӯянд аз шогирдони беҳтарини мактаб буд. Ӯро ҳамроҳи ҳамсинфаш Муҳриддин, ба парваришгоҳе дар шаҳри Душанбе бурданд то донишашро такмил кунад. Падару модараш мехостанд фарзанди бузургашон соҳиби маълумоти олӣ ва дастёри волидайн шавад. Аммо Муҳиб ба донишгоҳ пазируфта нашуд. Баръакси ӯ, Муҳриддини ҳамсинфаш донишҷӯ шуд ва ин чиз боис гардид то Муҳиб мавриди интиқоду мазаммати хешу табор ва ҳамдиёрон қарор бигирад.

Ин ҳарфҳо Муҳибро водор кард то довталабона ба сарбозӣ биравад. Ӯро ба хидмати сарбозӣ ба Ховари Дур фиристоданд. Муҳиб бо вуҷуди анҷоми хидмати ду сола ба Тоҷикистон барнагашт ва танҳо пас аз панҷ сол ёди ёру диёр кард. Як моҳ дар Тоҷикистон буд ва дубора ба Ховари Дур рафт. Гуфт он ҷо таҳсилашро ба анҷом мерасонад ва сипас бо дипломи донишгоҳ ба хона бармегардад то нотавонбинҳо  бидонанд, ки ӯ бесавод нест. Ба ин баҳона 23 соли умрашро дар як минтақаи дуруфтодаи Ватани собиқаш - Иттиҳоди Шӯравӣ гузаронд. Дар ин миён шӯравӣ аз ҳам пошид, дар кишвари тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистон ҷанги дохилӣ шурӯъ шуд ва бародар душмани бародар гашт. Солиёни зиёд аз Муҳиб хату хабаре набуд. Ҳама гумон доштанд ӯ дигар зинда нест. Падару модар беш аз дигарон дар ғами ҳиҷрони фарзанди бузурги худ сӯхтанд. Модараш соатҳои зиёд ба ёди писараш гиря мекард ва гоҳо бо алам мегуфт дигар дар чашмонаш ашк намонда. Алами зиндаҷудоӣ аз фарзанд қомати падарашро хамидатар кард, нури чашмонаш кам ва сокиту камҳарф шуд.

Меҳроб ҷавоби номаҳои зиёдеро то ҳол маҳфуз нигоҳ медорад, ки барои пайдо кардани маҳалли дақиқи иқомати бародараш ва фаҳмидани хабари зинда ё мурда будани ӯ ба ниҳодҳои масъули шӯравӣ навишта буд. Саранҷом муҳаббати зодгоҳ ва меҳри азизонаш Муҳибро ба Ватан бозовард. Ҳарчанд ӯ бо дасти тиҳӣ ва ба қавли падараш "бо сари қоқ" баргашт, аммо волидайнаш хурсанд буданд, ки писари 45 солаашон пас аз ду даҳсола зиндаҷудоӣ ба зодгоҳаш баргашта.                

Ба ҷуз аз Муҳиб, нуҳ фарзандро бо заҳмати сангин ба камол расонд. Онҳо таҳсилкарда ва соҳибҳунар ба камол расиданд. Аз пешрафту муваффақияти онҳо шоду рӯҳбаланд мешуд ва нобарориҳои зиндагии фарзандон ӯро маъюсу ноумед мекард. Ҳатто дар рӯзҳои бемориаш дар фикри ояндаи фарзандон буд ва бисёр ғусса мехӯрд. Тарсаш аз он буд, ки бемори рӯи ҷогаҳ ва барҷомонда нашавад.

Ҳоло бо гузашти вақти бештар аз даргузашти падар, Меҳроб ба ёди ин суханони ҳикматомези ӯ борҳо ашк рехта.

-Худованд маро дар айёми пирӣ мӯҳтоҷи дигарон накунад, ва бори сангине ба дӯши ҳамсару фарзандонам нашавам.

Модараш ҳар боре падари фарзандонашро ба ёд орад, ин ҳарфҳои ӯро бо дидаи гирён такрор мекунад ва шавҳарашро инсони хушбахт медонад, ки бо пои равон ба пешвози марг рафт.

365 рӯз мешавад ӯ аз ин дунё рахти сафар баста ва ғаму андӯҳе мисли кӯҳ барои азизонаш боқӣ монда. Аммо марги падар доғе дар дили ҳассоси Меҳроб гузошт: набудан дар канори падар дар охирин рӯзҳои зиндагии ӯ. Ҳарчанд медонад, ки марг амрест ногузир ва аз будан ё набуданаш дар канори падараш сарнавишти ӯ ба гунаи дигаре рақам намехӯрд, аммо боз ба худ меандешад, ки эй кош мисли соати таъмиршудаи падар соати умри ӯ низ боз чанд рӯзи дигар мечархид то Меҳроб дар лаҳазоти охири умр ҳамдаму ҳамрози падар мешуд.      

Ин армони ҷонгудоз то поёни умр қалби Меҳробро озурда хоҳад кард.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №03, 22 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi