12:41:19 11-уми Сентябри 2026 сол
ДАРГИРӢ ПАС АЗ БОЗИИ ФУТБОЛ ДАР КӮЛОБ 14.06.2011 23:12 1810
Дар поёни бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ба поён расид, мухлисони футбол доварон ва кормандони милисаро таҳти сангборон қарор доданд.
БОЗДОШТИ АМИРИ "ҲИЗБ-УТ-ТАҲРИР" ДАР ДУШАНБЕ 14.06.2011 11:26 2048
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, амири «Ҳизб-ут-таҳрир» Шарифҷон Ёқубовро боздошт кардаанд. Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, боздошти Шарифҷон Ёқубов, сокини 43-солаи ноҳияи Бобоҷон ...
ДОДГОҲИ ҚОНУНИ АСОСӢ ДАРХОСТИ ҶӮРАЕВРО НАПАЗИРУФТ 14.06.2011 11:05 1787
Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аз баррасии дархости вакили мудофеъи шинохта Солеҳҷон Ҷӯраев даст кашид. Ба гуфтаи Котиби додгоҳ Карим Каримов, Додгоҳи Қонуни асосӣ баррасии аризаи Ҷӯраевро хориҷ аз салоҳияти худ дарёфтааст.
СЕЛ ДАР ВОДИИ РАШТ ЯК КУШТА ДОД 13.06.2011 14:47 2188
Борандагии шадид талафоти ҷонӣ ва хисороти сангини иқтисодиро дар пай доштааст. Бар асари ҷорӣ шудани сел дар ноҳияи Рашт Саидхоҷа Толибов, пулиси роҳи ин ноҳия кушта шудааст. Бино ба иттилоъи Кумитаи умури изтирории...
МУЛОҚОТИ Ш. ЗУҲУРОВ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КОРЕЯ 13.06.2011 10:11 1765
Дар Сеул мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ким Сунг Хван, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид.
ПИРӮЗИИ ИСЛОМГАРОЁН ДАР ИНТИХОБОТИ ПАРЛУМОНИИ ТУРКИЯ 13.06.2011 10:09 1837
Ҳизби ҳокими адолат ва тараққиёти сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар интихоботи дирӯза низ пирӯз шудааст. Ин севвумин интихоботи парлумонист, ки ба фоидаи ин ҳизб анҷом мешавад ва бино ба натоиҷи шумориши оро, ҳизби адолат ва тараққиёт ...
МУЛОҚОТИ Қ. РАСУЛЗОДА БО АҲОЛИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ 13.06.2011 10:07 1734
10 июн раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар арафаи ҷашни умумиҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мулоқот намуд.
ҲАЙАТИ БОНФУЗИ САУДӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯД 13.06.2011 10:06 1774
Як ҳайати бонуфузи Арабистони Саудӣ рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ташриф меорад»,- иттилоъ дод сафири ин кишвар дар Душанбе Бандар Муҳаммад Ҷамил Маҳмуд дар мулоқот бо Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев.
ДАРГУЗАШТИ ХАБАРНИГОРИ ЭРОНӢ ДАР ЗИНДОН 13.06.2011 10:04 1867
Рӯзи якшанбе, дар солгарди дуввуми интихоботи пурбаҳси Эрон Ҳудо Ризозодаи Собир, хабарнигори маъруф ва фаъоли мазҳабии эронӣ, дар синни 52 дар зиндон бар асари сактаи қалб даргузашт. 
БОЗДОШТИ ДАҲҲО ЭЪТИРОЗГАР ДАР МАСКАВ 13.06.2011 10:03 1769
Пулиси Маскав рӯзи якшанбе, дар рӯзи таҷлил аз солгарди 21-уми эълони истиқлолияти Русия, ҳудуди 30 тазоҳургарро боздошт кардааст.
АҲМАД ЗОҲИР: «АГАР ПИНҲОН БУВАД ПАЙДО МАН ОН ПАЙДОИ ПИНҲОНАМ» 12.06.2011 17:40 2717
Рӯзи сешанбеи 14-июни соли 2011 ба муносибати 65-солагии зодрӯзи шодравон  Аҳмад Зоҳир,  бузургтарин овозхони муосири Машриқзамин  ва ҷашни 20- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз бо ибтикори сомонаи мустақили ҷамъиятиву сиёсии «Рӯзгор» ...
КАРИМОВ МЕДВЕДЕВРО БА МЕҲМОНӢ ДАЪВАТ КАРДААСТ 12.06.2011 14:03 1945
Интизор меравад, имрӯз Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия бо як сафари кории дурӯза вориди Ӯзбакистон шавад.
ДАР ТАРКИШҲОИ ПЕШОВАР 34 НАФАР КУШТА ШУДАНД 12.06.2011 14:03 1931
Ду таркиши қавӣ дар шаби гузашта дар шаҳри Пешовари Покистон дасти кам 34 нафарро кушта ва тақрибан 100 тани дигарро захмӣ кард.
ИМЗОИ АСНОДИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛУКСЕМБУРГ 11.06.2011 22:07 1671
Дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Луксембург созишномаҳое дар бораи ҷилавгирӣ аз пардохти молиёти музоъаф ва эҷоди масири ҳавоӣ байни ин ду кишвар имзо шудааст. Ҳамчунин як ёддошти тафоҳум байни ду кишвар дар бораи иҷрои ин қарордод имзо шудааст.
ҲАМЛА БА ДОДГОҲ ВА ДОДСИТОНИИ ХОРУҒ 11.06.2011 18:20 2451
Як гурӯҳи номаълум бо ҳамла ба додгоҳ ва додситонии Бадахшон кормандони додгоҳи вилоятро лату кӯб карда, сохтмонҳоро хароб кардааст. Хабаргузории «Азия плюс» навиштааст, ки ин ҳамла эътироз ...