13:36:55 11-уми Сентябри 2026 сол
МАРЗБОНОНИ ШӮРООБОД ВАКИЛОНИ МАҶЛИСРО ЛАТУ КӮБ КАРДАНД 05.07.2011 22:30 1621
Се афсари дорои рутбаи майори воҳидҳои марзбонии Тоҷикистон дар Шӯрообод, панҷ сокини ин минтақа, аз ҷумла ду вакили маҷлисро лату кӯб карданд. Дар робита ба ин ҳодиса нисбат ба ин се афсари Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии ноҳия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
ДУ ИНФИҶОР ДАР ИРОҚ ТАЛАФОТИ САНГИНЕРО БАР ҶОЙ ГУЗОШТААСТ 05.07.2011 22:28 1682
Вуқӯъи ду инфиҷори ҷудогона дар шаҳри Тоҷӣ, воқеъ дар ҳудуди бисткилуметрии шимоли Бағдод, дастикам бисту ҳафт кушта ва дастикам панҷоҳ захмӣ бар ҷой гузоштааст.
ШИРИН БУНЁД АЗ ДУНЁ ДАРГУЗАШТ 04.07.2011 21:50 1826
Шоир- вассофи кӯҳистон ва раиси адибони Бадахшон Ширин Бунёд аз дунё даргузашт. Шоми рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ устод Ширин пас аз чанд моҳ бистарӣ буданаш дар хонаи худ ҷон ба Ҳақ супурд. Хонаи ӯ дар деҳаи Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа аз хешону наздикон ...
ДАРХОСТ БАРОИ ЭҶОДИ ПУЛИ ҲАВОӢ МИЁНИ ДУШАНБЕ ВА КАШМИР 04.07.2011 21:32 1638
Сафорати Тоҷикистон дар Ҳинд хостори парвозҳои мустақим миёни Душанбе ва Сринагар, пойтахти Кашмири Ҳинд шудааст. Саидбек Саидов, сафири Тоҷикистон дар Ҳинд рӯзи шанбеи 2 июл, ба хабаргузории “Пресс-Бюро”-и Ҳинд дар ин замина ибрози назар кардааст.
ИНТИҚОДИ ШАҲРДОРӢ АЗ МАСЪУЛИН 04.07.2011 21:30 1923
Ҳолати  воқеии намои берунаи бинову иншооти дар шафати  кӯчаҳои протоколии шаҳр ҷойгирбуда, вазъи экологию санитарӣ ва ободонии пойтахт, хулас омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки 4 июл  таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, барасӣ гардиданд.
МУБОРИЗАИ ЗИДДИ ҚОЧОҚИ МАВОБИ МУХАДДИР 04.07.2011 21:29 1883
Бино ба иттилои корманди Агентии зидди маводи мухаддир дар вилояти Хатлон Муслиҳиддин Мардонов, ду гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбар, ки аз шаҳрвандони Афғонистону Тоҷикистон ташкил ёфта буд, дастгир гардид. 
ИМА РӮ БА КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ МЕОРАД? 03.07.2011 15:12 1750
Низомиҳои Амрико истифода аз роҳҳои Осиёи Марказӣ барои таъмини нерӯҳои худ дар Афғонистонро густариш медиҳанд, чунки метарсанданд, ки бад шудани равобити Вошингтон бо Исломобод метавонад истифодаи масири Покистонро ба ин манзур дучори таҳдид кунад.
ВЛАДИМИР КЛИЧКО УНВОНИ ҚАҲРАМОНИРО ҲИФЗ КАРД 03.07.2011 15:12 1591
Муштзани маъруфи украинӣ Владимир Кличко шаби шанбе дар Ҳамбург бар рақиби бритониёияш Девид Ҳей ғолиб омад, унвони қаҳрамони мутлақи бокси дунёро ҳифз кард.
БОЗДОШТИ 19 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАСКАВ 03.07.2011 13:40 1955
Расонаҳои Русия мегӯянд, пулиси шаҳри Маскав 19 шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди ғорати як амбор боздошт кардааст.
НАРХИ ЯК КӮДАКИ НАВЗОД - 500 ДОЛЛАР 03.07.2011 13:39 2044
Дар вилояти Суғд як мавриди фурӯши ғайриқонунии кӯдакро ошкор кардаанд.
ТАБДИЛИ НОМИ КӮЧАВУ РУСТОҲО ДАР КӮЛОБ 03.07.2011 13:38 1861
Дар Кӯлоб раванди табдили номҳои узбакӣ ваё бозмонда аз даврони шӯравии кӯчаву хиёбонҳо ва рустоҳо тақрибан ба поён расидааст.
ОҒОЗИ БУНЁДИ МАНЗИЛИ НАВИ РАҚИБОВҲО 03.07.2011 13:37 1844
Дар рустои Мискинободи ноҳияи Файзобод сохтмони манзил барои хонаводаи Рақибовҳо шурӯъ шудааст. Атовулло Рақибов гуфт, мақомоти маҳаллӣ барои сохтмони манзили нави ӯ 8 сотих замин ҷудо кардааст.
ҲУКУМАТИ АМРИКО ДАР ШӮРОБОД ИНШООТИ САРҲАДӢ МЕCOЗАД 02.07.2011 22:49 1723
Бисту нӯҳуми июни соли 2011 сафири ИМА Кен Гросс, ёвари Котиби Давлатии ИМА оид ба назорати байналмилалии маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Вилям Браунфилд ва муовини Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-майор...
ЧАРО ПАРВОЗИ УМАР АЛ-БАШИР БА ТАЪХИР УФТОД? 01.07.2011 12:28 1978
Судон Тоҷикистон ва Туркманистонро дар таъхири парвози ҳавопаймои Умар ал-Башир дар роҳ ба сӯи Чин муттаҳам медонад. Ба навиштаи сомонаи интернетии «Аll Аfrica», ин ду кишвари Осиёи Миёнагӣ бинобар “тобеъ” будан ба сиёсатҳои ИМА, иҷозаи убури ҳавопаймои ...
ИНТИҚОДИ БРИТАНИЯ АЗ БОЗДОШТИ ФАЪОЛОНИ ҲУҚУҚИ ЗАН ДАР ЭРОН 01.07.2011 12:25 1826
Вазири умури хориҷии Британия мегӯяд, ин фаъолон бар пояи иттиҳомоти мубҳам дастгир шудаанд. Ба гуфтаи Вилям Ҳейг, заноне, ки мебоист аз дастовардҳо ва муваффақиятҳои онҳо тақдир шавад, акнун дар пушти панҷараҳои зиндон ҳастанд.