ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-14
БА СӮИ ДӮЗАХ ЭЙ ФИРЪАВН
Мӯъминҳо хурсанд буданд ва онро, ки бо чашмони худ дида буданд бовар намекарданд. Локин вақто, ки ба қафояшон нигаристанд диданд, ки Фиръавн бо лашкараш дунболи онҳо аз дарьё мегузаранд боз тарсу ваҳмашон зиёд шуд. Локин барои ҳазрати Мӯсо (а) аз ҷониби парвадигори ҷаҳон супориш омад, ки роҳатонро то охири дарьё идома диҳед, кофирон дар нисфи роҳ ғарқ хоҳанд шуд. Бале ҳамин тавр ҳам шуд. Вақто, ки мӯъминон аз дарьё гузаштанд Фиръавн бо лашкараш дар нимароҳи дарьё буд ва роҳи оби болои онҳо махқам шуд ва Фиръавн бо лашкараш ғарқ шуд. Дар ин ҳол Фиръавн бо тамоми овозаш фарёд мезад: Ба парвардигори олам имон овардам ва бовар кадам. Баъди шунидани чунин ҷавоб ӯ низ дар зери об мемирад: Оё ту вақти мурданат имон меорӣ? Ин туро ҳаргиз фоида надорад.
ЧӢ ГУНА МУРД
Фиръавн мурд, локин Худованд имону товбаи ӯро қабул накард, чун, ки вақти он дид, ки мемирад баъд имон овард. Худованди таъоло чандин маротиби Фиръавнро ба воситаи Паёмбараш ҳазрати Мӯсо (а) огоҳ намуда буд, локин ӯ панд нагирифт ва итоат накард. Лашкариёни Фиръавн ҳамаашон ғарқ шуда несту нобуд шуданд. Локин ҷасади Фиръавн рӯи об буд. Мӯъминон бовар намекарданд, ки Фиръавн мурдааст. Мавҷҳо ҷасади Фиръавнро ба соҳил бароварданд ва мӯъминон бо чашми худ диданд, ки Фиръавн ҳаракат намекунад ва ӯ мурдааст.
Худованди таъоло Фиръавн ва лашкарашро ва он чӣ болои онҳо гузашт ибрат барои дигарон гардонид, то дигарон аз саргузашти ӯ, ки худро ҳамчун худо медонист панд бигиранд ва ба ягон чиз фирефта нашаванд. Худованд мефармояд: «Пас имрӯз худатро (ҷасадашро) наҷот медиҳем, то ки бошӣ нишона барои касоне, ки баъди шумо ҳастанд».
ҶОНФИДОӢ МЕБОЯД
Дӯстони азиз, тааҷҷубовар нест, ки Худованди бузург ҳақиқат ва ҳақпарастонро ёрӣ медиҳад. Дар ҳақиқат Худованди таъоло дар мубориза байни ҳаққу ботил қонуне гузоштааст, чи қадаре, ки ҷонибдорони роҳи ботилу нодуруст саркашию бедодгарӣ намуда, дар ҷаҳлу нодонӣ фурӯ раванд, бо вуҷуди ин бар мӯъминон ва даъваткунандагони ҳақиқат ва роҳи рост зарур аст собитқадаму пуртоқат бошанд. Бар мӯъминон зарур аст, ки боварии яқин дошта бошанд, ки чи қадаре ҷонфидоияшон дар роҳи ҳақиқат зиёд шавад Худованд ёрию мадади худашро мерасонад…
Ҳамаи паёмбарони Худо ҳангоми даъваташон бо ранҷу заҳмате, ки барои онҳо аз тарафи мушрикон ва бединони саркаш мерасид сабру таҳаммул менамуданд. Моро низ ва тамоми даъваткунандагонро зарур аст, ки баъди имону боварӣ ба Худованди таъоло корҳои хубро анҷом диҳем ва якдигарро васият ва насиҳат ба корҳои нек намоем ва дар муқобили ранҷу машақатҳо ба сабру бурдборӣ даъват намоем.
Ҳамаи ин дар сураи мубораки валаср ёдовар шудааст. Ҳар кас тибқи сураи аср амал намояд фоидаву баракат меёбад ва ҳар ки амал накард зиёну зарари зиёде кардааст. Мо фаҳмидем, ки ботил чӣ қадаре, ки қувват гирад ва ҳар қадаре, ки пайравон ва тарафдоронаш зиёд шавад ва боқувват шаванд ботилӣ ва нодурустиаш мемонад ва дигаргун намешавад.
ФУРӮД ОМАДАНИ ТАВРОТ
Баъди ин, ки Худованди таъоло Фиръавнро бо лашкараш нобуд сохт ва Мӯсо (а) –ро бо қавмаш наҷот дод. Дар ин ҳол мӯъминон муҳтоҷи шариъате аз ҷониби Худованд буданд, то мувофиқи он зиндагӣ намоянд. Бинобарин Худованди доно барои Мӯсо (а) китобе фиристод, ки номаш Таврот буд. Худованд барои ҳазрати Мӯсо (а) гуфт: «Эй Мӯсо, дар ҳақиқат интихоб намудам туро бар мардум бо пайғамбарӣ ва суханам пас бигӯ он чиро додам барои ту ва бош аз ҷумлаи шукркунандагон».
Паёмбари Худо Парвардигорашро барои неъмати паёғамбарӣ ва китобу вазифаи бузургаш шук намуд. Локин қавми Исроил ба шукру сипоси Иллоҳӣ устувор наистоданд ва пайравӣ аз китоби осмонӣ нашуданд.
ХУДОРО БАРОЯМОН НИШОН ДЕҲ?!
Боре қавми ҳазрати Мӯсо (а) барои бардавом будани имондориашон дар назди ҳазрати Мӯсо (а) шарт мегузоранд, ки Худоро барояшон нишон диҳад! Ба Мӯсо (а) гуфтанд: Дар ҳақиқат Худо туро дӯст медорад ва ба ту сухан мегӯяд, мехоҳем ӯро ошкор бубинем? «Парвардигор … Худатро бароям нишон деҳ, то Туро бубинам».
Локин имкон надорад, ки башар дар ҳамин дунё Худоро бубинад. Инсон тоқати онро надорад, магар бо иҷозати Худованди якто. Аммо Худованд нахост бандаашро ноумед кунад. Ва ин ба Мӯсо (а) имкон фароҳам омад. Тамоми ҷо ба ларза даромад, кӯҳҳои по бар ҷо меларзиданд ва Мӯсо (а) бехуд шуда ба замин афтид. Вақте ба ҳуш омад тавба намуд ва фаҳмид, ки инсон Худовандро ошкор дар дунё наметавонад бубинад.
ПАРАСТИШИ ГУСОЛА
Ҳангоме, ки Мӯсо (а) аз қавмаш дур буд ва аз Парвардигори олам ваҳй ва паём мегирифт бо қавмаш ҳодисаи аҷибе руй дод. Яке аз он қавм, ки номаш Сомири буд фикр намуда ва ба мардум чунин гуфт: Мӯсо (а) дигар ҳаргиз ба сӯи шумо бар намегардад ва мо бояд Худои дигаре бигирем. Инро гуфта барои онҳо гусолае сохт, ӯ он гусоларо хеле устокорона сохта буд, ки гоҳ – гоҳ садо медод. Қавми ҳазрати Мӯсо (а) ҳамон гусоларо Худо гуфта парастиш намуданд, магар каме аз онҳо, ки сабр намуданд ва аз парастиши гусола рӯй гардонда ибодати Худованди якторо тарк накарданд.
ҲОДИСАҲОИ КУФРИ ОНҲО
Вақто, ки Мӯсо (а) ба назди қавмаш бар мегардад мебинад, қавмаш корҳои нодуруст ва роҳи ботилеро пеш гирифтаанд. Сипас ба Сомири рӯй оварда пурсид: Эй Самири ту чи кор кардӣ? Самири ҷавоб дод: Барои мардум гусолаеро сохтам! Баъдан аз қавмаш чунин савол намуд: Шумо чи кор намудед? Онҳо гуфтанд: Гусолаеро, ки Сомири сохт парастиш намудем ва ба гуфтаи Сомири амал кардем. Ҳазрати Мӯсо (а) фаҳмид, ки дар вақти набуданаш бисёртари қавмаш кофир шудааст.
Ин кори тааҷҷубовар ҳам набуд, зеро куфру гумроҳи муддатҳои дароз дар аҳди Фиръавн дилҳои онҳоро сиёҳ карда буд ва онҳо ба ширку залолат одат карда буданд. Пас ҳайратовар нест агар боз ба сӯи куфру ширку гумроҳи тибқи одаташон боз гарданд, ҳол он, ки имону бовариашон мустаҳкаму устувор нашудааст. Ҳамин тавр пеш аз Сомири Фиръавн бо ақлҳои онҳо бозӣ мекард ва онҳоро аз роҳ мезад.
БА СӮИ ХУДО БАРГАРДЕД
Сипас Мӯсо (а) ба қавмаш рӯ оварда гуфт: Оё аз Худованди таъоло талаби бахшиш наменамоед? Онҳо гуфтанд: Оре, агар Парвардигорамон моро раҳмату мағфират намояд ҳатман зиёнкор хоҳем шуд. Мӯсо (а) ба онҳо гуфт: «Дар ҳақиқат бар нафсҳои худ зулм кардед бо сабаби парастиш намуданатон гусоларо». Қавми Мӯсо (а) гуфтанд: Чи кор кунем? Мӯсо (а) ба онҳо гуфт: Тавба намоед ва ба сӯи Худо баргардед, нафсҳои худро аз ширку куфр пок созед ва ба Худои бузург аз нав имон оред ва аҳду паймон намоед, ки дигар ба ширку гумроҳи барнамегардед.
Оллоҳ таъоло тавбаи онҳоро пазируфт дар ҳақиқат Худованд меҳрубон аст тавбаи ростинро қабул менамояд. Аммо Сомири бошад тавба накард ва бар куфру гумроҳияш мисли Фиръавн боқӣ монд. Гусолаеро, ки Сомири сохта буд ва сабаби гумроҳии мардум шуда буд Мӯсо (а) пора – пора намуда сӯзонд ва хокистарашро дар об партофт.
ҶАНГ НАМЕКУНАМ
Худованди бузург ба ҳазрати Мӯсо (а) ваҳй ва илҳом намуд, ки бо қавмат ба сарзамини Қудс биравед ва дар ҳамон замини муқаддас истиқомат намоед. Вақте Мӯсо (а) қавмашро аз ин супориши Худовандӣ хабар дод ва фармуд, ки бояд дар он сарзамии муқаддас касонеро, ки ба Худованд имон надоранд ва кофир шудаанд хориҷ намоянд ва худашон он ҷо истиқомат ва зиндагӣ намоянд.
Бо шунидани ин амр онҳо саркашӣ намуданд ва гуфтунд: «Эй Мӯсо (а) дар ҳақиқат дар ин ҷо қавми золиме зиндагӣ дорад, мо ҳар гиз ба он сарзамин дохил намешавем, то онҳо набароянд. Агар он қавм аз он сарзамин баромада раванд пас мо дохил мешавем (ин ҷо истиқомат мекунем)».
Онҳо аз амри Худованд саркашӣ карданд бар куфри худ боқӣ монданд ва ба Мӯсо (а) чунин гуфтанд:
«Эй Мӯсо мо ҳаргиз дохили он шаҳр намешавем модоме, ки он қавм дар он ҷо ҳастанд. Пас ту бо Худоят бирав ва шумо биҷангед. Мо анна ҳаминҷо мемонем». Худованд онҳоро гирифтори чунин азоб намуд, ки онҳо чил сол дар саҳро овораю саргардон гаштанд, то шояд насли дигаре беҳтар аз онҳо пайдо шавад.
(Идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/gunchahoi-umed/1798--14.html
-
03.07.2026 16:17
1001
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
-
23.06.2026 13:36
1999
Пешвои сулҳ ва меъмори ваҳдат
-
05.05.2026 00:04
538
«Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи қонунгузории миллӣ»
-
06.05.2026 14:20
481
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
502
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
582
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
363
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
1101
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
1146
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
11.07.2026 11:51
380
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1001
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
812
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
16.07.2026 12:03
415
«Истиқлолият рамзи олии Ватану ватандорист!»
-
16.07.2026 11:59
317
“Муроҷиатҳо баррасӣ мешаванд!”
-
15.07.2026 10:17
311
Истиқлол ва инсон: назаре ба 18-умин авфи таърихӣ дар Тоҷикистон
-
18.05.2026 19:35
288
Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд
-
18.05.2026 19:15
347
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
486
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
22.12.2025 20:26
1089
Таърихи ташаккули ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва аҳамияти созишномаи нави байниҳукуматӣ
-
10.12.2025 16:56
998
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1314
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
28.02.2025 13:34
2414
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2485
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3509
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
619
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1985
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2126
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
18.06.2026 23:00
1809
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1205
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
21.11.2025 11:56
1090
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
20.07.2026 18:07
154
Ҷоми ҷаҳон 2026 ҷаҳонро муттаҳид кард
-
20.07.2026 17:51
171
Финал ва бозии ҷои сеюми Ҷоми ҷаҳон 2026
-
17.07.2026 15:22
326
Шоҳномаи Зинедин Зидан: Аз кӯчаҳои фақиронаи Марсел то тахти шоҳии футболи ҷаҳон
-
20.07.2026 18:15
159
Компютерҳои квантӣ: Суперақле, ки миллион сонияро ба як сония табдил медиҳад
-
17.07.2026 14:03
345
Хунукии сеҳрнок: Чӣ тавр бидуни барқ хонаро салқин кунем?
-
16.07.2026 12:07
214
Агентҳои ҳушманд: Вақте ки AI ба ҷои шумо кор мекунад










































