08:22:01 09-уми Августи 2026 сол

Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд

5 август дар шаҳри Масқат мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон Шайх Файсал ибни Абдуллоҳ Ар-Равос баргузор гардид.

photo_2026-08-06_08-02-55Тавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умонро дар бахшҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории иқтисодӣ метавонад ба густариши муносибатҳои дӯстона ва шарикии дарозмуддат байни ду мамлакат мусоидат намояд.

Зимни музокирот масъалаҳои афзоиши гардиши савдои мутақобил, ҷалби сармояи Умон ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаррифии имконоти сармоягузории мамлакат ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони ҳарду ҷониб муҳокима шуданд. Ҳамчунин аҳамияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ, ташкили вохӯриҳои корӣ ва табодули таҷриба байни намояндагони бахши хусусии ду кишвар таъкид гардид.

Ҷонибҳо зарурати фаъол намудани робитаҳо байни палатаҳои савдо ва саноат, баргузор намудани форумҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳои соҳибкорӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти миллии тарафайнро ҳамчун воситаҳои муҳими муаррифии имконияти иқтисодӣ, густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва пайдо намудани шарикони нави тиҷоратӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин замина омодагӣ барои ба роҳ мондани сафарҳои мутақобили ҳайатҳои расмӣ ва соҳибкорӣ, иштирок дар чорабиниҳои иқтисодии баргузоршаванда дар ҳар ду кишвар ва тақвияти робитаҳои мустақим байни ширкатҳо иброз гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин ба аҳамияти таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ, логистика, энергетика ва коркарди маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобили судманд, истифодаи самараноки иқтидори иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои марбутаи ду мамлакат изҳори омодагӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ