10:11:44 21-уми Августи 2026 сол

Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид

Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо директори гурӯҳи Департаменти Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Шарқӣ, Дафтари бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоии Департаменти гурӯҳҳои соҳавии Бонки Осиёии Рушд хонум София Шакил дар Душанбе баррасӣ гардид.

photo_2026-08-20_10-07-36Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои сайёҳӣ, рушди малакаҳои рақамӣ, дипломатияи рақамӣ, рушди ифрасохтор, инчунин имконияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон вазъи кунунии ҳамкорӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, саҳми Бонки Осиёии Рушд дар таҳкими инфрасохтори таълимӣ, фароҳам овардани шароити муосири омӯзиши касбӣ, баланд бардоштани малакаҳои амалии ҷавонон ва мутобиқ намудани омодасозии кадрҳо ба талаботи бозори меҳнат муҳим арзёбӣ гардид.

Убайдулло Асрорзода саҳми Бонки Осиёии Рушдро дар рушди таҳсилоти касбӣ ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир муҳим арзёбӣ намуда, омодагии донишгоҳро барои таҳким ва тавсеаи ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар самтҳои рушди малакаҳои касбӣ, татбиқи технологияҳои муосири таълимӣ, рақамикунонӣ ва баланд бардоштани имконияти шуғли хатмкунандагон изҳор намуд.

Меҳмонон аз пойгоҳи моддию техникии омодасозии кадрҳои баландихтисос ва Маркази рушди малакаҳо, касбомӯзӣ ва хизматрасонии донишгоҳ боздид намуда, бо шароити фароҳамгардида, инфрасохтори муосири таълимию амалӣ ва имконияти касбомӯзӣ аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти марказ ва сатҳи ташкили он баҳои баланд доданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ