Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
27-28 августи соли 2026 дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд таҳти унвони «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё» Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад.
Форум бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва иштироки роҳбарони минтақаҳои озод ва махсуси иқтисодии давлатҳои хориҷӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва институтҳои рушд, доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон ва коршиносон гузаронида мешавад.
Ҳадафи асосии форум фароҳам овардани майдони байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба дар самти рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баррасии механизмҳои муосири ҷалби сармоя, рушди кооператсияи саноатӣ, савдо ва таҳкими ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ мебошад.
Зимни форум ба татбиқи технологияҳои рақамӣ ва механизми «Равзанаи ягона», баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ, мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ ва рушди робитаҳои мустақими соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус равона мегардад.
Дар доираи форум баргузории ҷаласаҳои пленарӣ ва панелӣ, муаррифии имконоти сармоягузорӣ, вохӯриҳои B2B, намоиши маҳсулоти корхонаҳои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва вилояти Суғд, инчунин шиносоӣ бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба нақша гирифта шудааст.
АМИТ «Ховар»
















