08:18:43 02-уми Сентябри 2026 сол

Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ

Тоҷикистон дар тӯли 35 соли истиқлоли худ роҳи душвор, вале пуршарафи ташаккули давлатдории навинро тай намудааст. Ин давра на танҳо як санаи тақвимӣ, балки марҳалаи таърихӣ ва сарнавиштсоз дар умри тӯлонии халқи тоҷик аст. Барои дарк кардани мақоми ин давра, бояд ба решаҳои амиқи таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик назар афканд, зеро ҳар миллате бе шинохти гузаштаи худ, ояндаи худро дуруст тасаввур карда наметавонад.

Таърихи пурғановати халқи тоҷик

istiqloliyat 125498644545Халқи тоҷик яке аз қадимтарин миллатҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Таърихи тоҷикон аз даврони тамаддуни ориёӣ сарчашма гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо фарҳангу тамаддуни бойеро ташаккул додааст. Осори бостонӣ аз Саразм, Панҷакенти қадим далели равшани фарҳанги баланд ва зиндагии мутамаддини аҷдодони тоҷик мебошанд. Яке аз муҳимтарин сарчашмаҳои таърихи ориёиҳо китоби муқаддаси Авесто мебошад, ки дар он арзишҳои инсондӯстӣ, ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ ва адолат васф шудаанд.

Аз ҷомеаи ибтидоӣ ва пайдоиши шаҳр-давлатҳо дар охири ҳазораи IV то милод то империяҳои бузурги Ҳахоманишиён, Сомониён ва давлатҳои пурқудрати минбаъда таърихи тоҷикон ҳамеша бо мафҳумҳои давлатдорӣ, фарҳанг ва тамаддун пайванди ногусастанӣ доштааст. Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ин таърихи пурпечутобро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX дар бар гирифта, дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ ва осори хаттӣ ба таври мукаммал таҳлил намудааст. Дар ин масири тӯлонӣ, халқи тоҷик марҳалаҳои гуногуни таърихиро аз сар гузаронидааст. Давраҳои шукӯҳу пешрафт, ҳамлаҳои хориҷӣ, таназзул ва эҳёи дубора. Ҳамаи ин таҷрибаҳо дар хотираи фарҳангӣ ва худшиносии миллии тоҷикон ҷой гирифтаанд.

Тоҷикон дар тули асрҳо тавонистанд забон, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро ҳифз намоянд ва онҳоро аз насл ба насл интиқол диҳанд. Идҳо ва ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Меҳргон ва Сада, то имрӯз ҳамчун рамзи ваҳдат, дӯстӣ ва фарҳанги куҳани тоҷикон таҷлил мегарданд.

Мероси бузургони илму адаб ва тамаддуни исломӣ

Дар тӯли ин таърихи пурғановат, халқи тоҷик ба ҷаҳон чеҳраҳои барҷастаи илму адабро арза намудааст, ки ҳар кадом бо хидмати беминнаташон арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии башариро ғанӣ гардондаанд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 858-941 бунёдгузори адабиёти классикии тоҷик-форс ва аввалин шоири машҳури форсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён мебошад. Хидмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ хеле бузург аст. Маҳз ӯ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде сайқал доданд, ки он ба забони мукаммали адабӣ табдил ёфт. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст.

Абулқосим Фирдавсӣ тав. 935 ҳамосасарои бузурги тоҷику форс, ки асари безаволи «Шоҳнома»-ро офаридааст. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ва бузургтарин ёдгории адабии инсоният мебошад. Ин асари безавол бо забони хирад, далерӣ ва ватандӯстӣ таърихи пурифтихори ниёгони моро ба наслҳои нав меомӯзонад ва онҳоро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ мекунад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Шоҳнома» чоп ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас карда шуд, то мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодон огоҳии бештар пайдо кунанд.

Шайх Муслиҳиддини Саъдии Шерозӣ 1184-1292 яке аз поягузорони бузурги адабиёти классикии тоҷикӣ-форсӣ мебошад. Осори безаволи Саъдӣ, бахусус «Гулистон» ва «Бӯстон», дар тӯли асрҳо дар мадрасаю мактабҳо ҳамчун дастури омӯзиши забон ва адабиёт тадрис мешуданд. Бисёре аз зарбулмасалҳои роиҷ дар забони тоҷикӣ аз осори ӯ иқтибос шудаанд.

Ҳофизи Шерозӣ асри XIV аз бузургтарин шоирони ғазалсарои тоҷику форс мебошад. Бо гузашти чанд аср, ғазалиёти дилкаши ӯ ҳамрозу ҳамрадифи мардумони гуногунқавму гуногунфарҳанг боқӣ мондааст. Ғазалиёти ӯ дар тарбияи маънавии ҷомеа ва ташаккули худшиносии миллӣ нақши муҳим дорад.

Умари Хайёми Нишопурӣ 1048-1131 ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик. Ӯ аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дар улуми мухталиф китобҳои боарзише навиштааст. Рубоиёти ӯ дар саросари ҷаҳон маъруф буда, ҳикматҳои амиқи ӯ дар бораи ҳаёт, марг ва адолат то имрӯз ҷовидон мондаанд.

Абуалӣ ибни Сино 980-1037 яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ, олими забардаст ва пизишки нотакрор. Ӯ соли 980 дар деҳаи Афшанаи назди Бухоро, ки он замон қисми қаламрави давлати Сомониён буд, ба дунё омадааст. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафии башарият буда, дар донишгоҳҳои Урупо то садаи XIX тадрис мешуданд.

Султони муҳаддисон Имом Муҳаммад Исмоили Бухорӣ 810-870 нахустин касе буд, ки бо истифода аз равиши дақиқтарини илмию ахлоқӣ ҳадисҳои Паёмбари исломро ҷамъоварӣ намуда, китоби «Саҳеҳ»-и Бухориро тадвин кард. Ӯ аз 600 ҳазор ҳадис танҳо 7275-тои саҳеҳро интихоб намуда, баёнгари ҷидду ҷаҳди беандозаи худ дар ин роҳ аст. Китоби «Саҳеҳ»-и Бухорӣ сарчашмаи асосии дарки суннат гашта, пас аз Қуръон дувумин китоби муътабари мусулмонон ба ҳисоб меравад.

Имом Абуҳанифа 699-767 асосгузори мазҳаби ҳанафӣ ва яке аз бузургтарин фақеҳони таърихи ислом мебошад. Ӯ дар густариши илми фиқҳ, пешрафти мактабҳои динӣ-ҳуқуқӣ хидматҳои беназир гузоштааст. Дар баробари ин, Абуҳанифа саҳми намоён дар такмили забони тоҷикиву фарҳанги миллӣ гузоштааст. Чуноне ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» менависад, мазҳаби ҳанафӣ дар ҳифз ва тақвияти асолати қавмӣ-миллӣ ва арзишҳои фарҳангии халқҳои мусалмон нақши бузурги таърихӣ доштааст. Шарқшиноси рус В.В. Бартолд Абуҳанифаро аввалин фақеҳе медонад, ки забони форсии тоҷикиро дар қатори забони арабӣ, забони илму ҳикмат ва дину давлат эълон кардааст.

Имом Тирмизӣ 824-892 муаллифи китоби машҳури «Сунани Тирмизӣ», ки яке аз шаш китоби муътабари ҳадисӣ (Сиҳоҳи ситта) ба шумор меравад. Ӯ тақрибан 20 сол ба кишварҳои гуногун Нишопур, Ироқ, Шом ва Ҳиҷоз сафар карда, ҳадисҳоро ҷамъоварӣ намудааст. Дар Бухоро бо Имом Бухорӣ вохӯрда, аз ӯ ҳадис ривоят кардааст. Имом Тирмизӣ дар ҳадис илм дида хидматҳои бебаҳо гузошта, ба ҳадисҳо ҳукм дода, онҳоро аз ҷиҳати илмӣ таҳлил намудааст.

Имом Ғазолӣ 1058-1111 яке аз бузургтарин мутафаккирон, файласуфон ва орифони исломӣ мебошад. Ӯ дар фалсафа, калом, фиқҳ ва тасаввуф асарҳои ҷаҳоншумул навиштааст. Имом Ғазолӣ бо илмию фалсафии худ ба ташаккули ғоявию мафкуравӣ, сиёсӣ, маданӣ ва ахлоқии Шарқу Ғарб таъсири фавқулодда расондааст.

Хидматҳои бузургони тоҷик дар илмҳои дақиқ, риёзӣ ва ситорашиносӣ

Тоҷикон дар рушду нумуи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ низ саҳми арзанда гузоштаанд. Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ асри IX яке аз бузургтарин риёзидонон ва асосгузори илми ҷабр дар ҷаҳон ба шумор меравад. Китоби ӯ «ал-Ҷабр ва-л-муқобала» дар Урупо таҳти номи «Algebra» маъруф гардида, то чанд аср дар донишгоҳҳои аврупоӣ китоби дарсӣ буд. Ал-Хоразмӣ инчунин дар соҳаи ситорашиносӣ ва ҷуғрофия низ асарҳои боарзиш гузоштааст.

Абурайҳони Берунӣ 973-1048 донишманди ҳамаҷониба, ки дар риёзиёт, ситорашиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа ва таърих саҳми бебаҳо гузоштааст. Ӯ муаллифи китоби «ал-Қонун ал-Масъудӣ» дар ситорашиносӣ ва «ат-Тафҳим» дар риёзиёт мебошад. Берунӣ бори аввал радиуси Заминро чен карда, ба ҳақиқати гардиши он ба гирди хеш наздик шудааст.

Аҳмади Фарғонӣ ал-Фарғонӣ ситорашиноси маъруфи асри IX, ки китоби «Ҷавоамиъ илм ан-нуҷум»-ро навиштааст. Ин асар дар Урупо ба номи «Elementa astronomica» машҳур буда, то замони Коперник яке аз сарчашмаҳои асосии ситорашиносӣ ба шумор мерафт.

Абулвафои Бузҷонӣ 940-998 риёзидон ва ситорашиноси тоҷик, ки дар илми тригонометрия кашфиёт намуда муаррифӣ кардааст. Ӯ инчунин аввалин шуда таносубҳои секунҷаи кӯравиро баён намудааст.

Ин шахсиятҳои бузург ва теъдоди зиёди дигаре, ки номашон инҷо зикр нагардид, дар тӯли асрҳо ҳамчун чароғҳои фурӯзони илму фарҳанг хизмат кардаанд ва таърихи халқи тоҷикро бо шукӯҳу ҷалол пурда намудаанд. Хидматҳои беминнати онҳо дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми беандозаи халқи тоҷик ва мардуми форсизабонро дар пешрафти илму адаби ҷаҳон собит месозад. Дар тӯли асрҳо, миллати тоҷик бо чунин фарзандони фарзонааш ба ҷаҳон исбот кардааст, ки фарҳангу тамаддуни он аз ҳазорсолаҳо пеш дар сатҳи баланд қарор доштааст ва идомаи ин суннати некин дар давраи истиқлол низ идома дорад.

Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ

Нимаи дуюми асри XX барои халқи тоҷик давраи ҳассос ва пуртазоди таърихӣ буд. Ҷараёнҳои мураккаби сиёсӣ дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар Осиёи Миёна заминаи тағйироти куллиро фароҳам оварданд. 9 сентябри соли 1991 Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълони истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба тасвиб расонд. Ин рӯз ба рамзи пирӯзии иродаи миллат ва оғози марҳалаи нави таърихӣ табдил ёфт.

Аммо роҳи соҳибшавӣ ба истиқлол ва нигоҳ доштани он осон набуд. Солҳои аввали истиқлол барои Тоҷикистони ҷавон бо буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ буд. Ҷанги шаҳрвандӣ 1992-1997 хатари нобудии давлатдории навтаъсисро ба вуҷуд овард. Дар ин шароити ногувор, бо иродаи қатъӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ 16 ноябри 1992 ба сари қудрат омад, раванди сулҳу оштӣ оғоз ёфт. 27 июни соли 1997 имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқтаи ниҳоӣ гузошт ва ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърих сабт шуд. Рӯзе, ки миллати тоҷик бори дигар нишон дод, ки иттифоқу ягонагӣ гарави наҷот ва ояндаи неки он аст.

35 соли созандагӣ ва пешрафт

Пас аз барқарор шудани сулҳ, Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд ва эҳёи миллӣ ворид гардид. 35 соли истиқлол барои мардуми тоҷик на танҳо як марҳилаи таърихӣ, балки оғози давраи сифатан нави давлатсозӣ, таҳкими пояҳои истиқлол ва эҳёи арзишҳои миллӣ буд. Дар тӯли ин солҳо кишвари мо роҳи пуршарафу пурифтихорро тай намуда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил шуд.

Дар ин давра, дар саросари кишвар садҳо иншооти нави муосири иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳангӣ бунёд гардиданд. Роҳҳо, пулҳо, нақбҳо ва нерӯгоҳҳои барқӣ, ки бештари онҳо дар солҳои истиқлол сохта шудаанд, чеҳраи нави кишварро ташаккул доданд. Нақби «Истиқлол» соли 2006 ва дигар лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ намунаи возеҳи пешрафти техникиву иқтисодии мамлакат мебошанд. Дар тӯли 35 сол, таваҷҷуҳи махсус ба рушди соҳаҳои стратегӣ: энергетика, кишоварзӣ, саноат, илм ва маориф равона карда шуд. Дар ин муддат, мамлакат тавонист бо иттиҳод, меҳнати созанда ва муҳаббат ба Ватан ба ҳадафҳои бузурги худ ноил гардад.

Охирсухан

Таърихи халқи тоҷик ин ҳикояи тӯлонӣ, пур аз шукӯҳу душвориҳо ва пирӯзиҳост. Аз тамаддунҳои бостонӣ ва давлатҳои пурқудрат то расидан ба истиқлоли давлатӣ дар асри XXI, халқи тоҷик ҳамеша ба сарнавишти худ бовар доштааст. Фарзандони фарзонаи ин миллат Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Хайём, Сино, Имом Бухорӣ, Имом Абуҳанифа, Имом Тирмизӣ, Имом Ғазолӣ, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Фарғонӣ ва дигар бузургон бо хидматҳои беминнаташон дар саросари ҷаҳон ном баровардаанд ва то имрӯз ҳамчун чароғҳои фурӯзони илму адаб ва тамаддуни исломӣ медурахшанд.

35 соли истиқлол як қисми муҳими ин ҳикояи бузург аст даврае, ки дар он миллати тоҷик бо таҷрибаи тӯлонии таърихӣ ва иродаи қавии худ ба пешрафти бемайлон ноил шуд. Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи мероси фарҳангии худ талош менамояд. Ин давра ба мо нишон дод, ки сулҳ, ваҳдат ва садоқат ба Ватан бузургтарин сармояи миллат барои ояндаи нек ва хушбахтӣ мебошанд.

Субҳиддини Султон, “Рӯзгор” 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ