«ТАФСИРИ НАВИНИ ҚУРЪОНИ КАРИМ» ПАДИДАИ НОДИРЕСТ ДАР ҲУДУДИ ПАСОШӮРАВӢ
Султони Ҳамад, Рӯзгор»
Дар Академияи Илмҳои ҶТ муаррифии китобҳои донишманди шинохтаи улуми исломӣ Абдушариф Боқизода «Тафсири навини Қуръони карим», «Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ» ва «Пандномаи Имоми Аъзам» баргузор гардид.
Дар муаррифии китобҳо донишмандони маъруфи тоҷик Кароматуллоҳ Олимов, ноиби президенти АИ ҶТ, Акбар Турсон, мудири Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, инчунин олимони шинохта, сиёсатшиносону муҳаққиқони улуми исломӣ Муҳаммад Умаров, Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, Тоҷиддини Мардонӣ, Абдуллоҳи Раҳнамо Абдуллоҳи Муҳаққиқ ва дигарон суханронӣ намуда дар бораи зарурати падид омадани ин китобҳо, махсусан «Тафсири навини Қуръони карим» дар марҳилаи навини ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ, илмӣ-фарҳангии кишвар, аҳамияти онҳо дар боло бурдани маърифати диниву мазҳабии насли нав, дар бораи тафсирнависӣ дар улуми исломии тоҷик ва муаллифи ин китобҳо фикру андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.
Азҷумла қайд шуд, ки дар ин чанд соли охир дар муомила ва истеъмоли алокамандони каломи Илоҳӣ дар кишварамон тафсирҳое пешниҳод шуданд аз қабили «Тафсири Ҳилолӣ»-и шайх Муҳаммадсодиқи Муҳамадюсуф (ба забони ӯзбекӣ), «Тафсири осонбаён»-и Тоҷуддини Икромӣ маъруф ба Абӯаломуддин (ба забони тоҷикӣ ва ҳанӯз ба итмом нарасида), «Тафсири мафоҳим-ул Қуръон»-и донишманд Абдуҳалим Орифӣ, ки то кунун ду ҷилди он ба чоп расидааст. Ва инак ҷилди аввали китоби «Тафсири навини Қуръони карим» (тафсири чаҳор пораи аввал) бо қалами олими пухтакори фаъол Абдушарифи Боқизода таълиф шуда он дар чопхонаи шаҳри Лоҳури Покистон дар ҳаҷми 864 саҳифа ба теъдоди 1000 нусха ба нашр расид.
Чи навъе, ки муаллиф дар муқаддимаи асараш мегӯяд, «ин китоб бинобар навовариҳои фаннӣ ва тозагиҳое, ки дар баёни матолиб, тартиббандии мавзӯъҳо ва равишҳои муосири таълиф дар он ба кор рафтааст, «Тафсири навини Қуръони карим» номида шуд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки «зарурат ба таълифи чунин тафсире дар ҷомеъаи тоҷик кайҳо ба миён омада буд, зеро бисёр асрори нофаҳмидаи Қуръон аст, ки имрӯзҳо тавассути уламои мухталифи олам як- як кашф мегарданд, баъзе назарияву амалияҳои ҷиддии илмие, ки Қуръони карим беш аз 1400 сол қабл аз ин аз онҳо хабар дода буд ва комёбиҳои илмии он замони дур қодир ба фаҳму дарки онҳо набуд, акнун дар ин рӯзгори пешрафтаи илмӣ кашфу мушоҳида мегарданд. Ҳоло вазифаи донишмандони закист, ки оммаи мардумро аз ин ҳолот огоҳ ва мутмаин созанд ва тавонанд дину имони ононро аз заъфу парешонӣ нигоҳ доранд».
Муаллифи китобҳои мазкур Абдушарифи Боқизода дар суханронии худ дар мавриди сабаби таълифи китоҳобҳо иброз дошт, ки «ангеза ва умедгоҳи ман дар таҳия ва таълифи ин китобҳо бозмондаҳои нек ва пасандозҳои мондагори солеҳе мебошанд, ки бандаи мӯъмин барои охирати худ аз пеш мефиристад ва ояти муборакаи: «Ва пасандозҳои мондагори нек (ва бозмондаҳои солеҳ) дар назди Парвардигорат савоби беҳтар ва умедгоҳи хайре доранд» дар сураи Каҳф ва дар сураи Марям маро ба ин амри бузург такон дод. Умед дорам Парвардигори меҳрубон ин амали маро барои ризои худаш холис гардонад ва ҳамон ваъдаи ҷовидонагии аъмоли хайр ва зикри номи некро дар назди худ ва дар малаъи барои ман ва тамоми бародароне, ки дар ин амри илоҳӣ маро холисона дастгирӣ намудаанд, сабт гардонад. Паёмбар (с) дар ҳадиси қудсие мефармояд, ки Худо гуфт: «Ман дар назди гумони бандаам нисбат ба Худ мебошам ва ҳамроҳи ӯ ҳастам вақте Маро ба ёд меоварад. Агар Маро дар нафси худ ёд намояд, ӯро дар нафси Худам ёд намоям ва агар Маро дар малаъе (ҷамъе аз мардум) ёд намояд (ва зикри маро дар он ҷамъ зинда гардонад), Ман ӯро дар малаъ (ҷамъе)-е ёд намоям, ки аз он ҷамъ беҳтар бошад…».
Ба гуфтаи муаллиф ин тафсир дар заминаи муҳимтарин тафсирҳои қадим ва нав, ки дар номгӯи сарчашмаҳои асар теъдоди онҳо аз 40 беш аст, инчунин бо таваҷҷӯҳ ба бозёфтҳои навин ва ниёзҳои маънавии ҷаҳони муосир, ба хусус ҷомеъаи имрӯзаи Тоҷикистон, таҳия гардида, кӯшиш шудааст, то он ба завқ ва фаҳми доираи васеи мардум созгор ва ба ниёзи маънавӣ ва омӯзиши ҷомеъа посухгӯ бошад. Аз ин рӯ, чи дар тарҷима ва тафсири оятҳо, чи дар сохтор ва банду басти китоб ва чи дар равиши тафсир, ба ҳеҷ яке аз китобҳои тафсири мавриди истифода пайравии комил сурат нагирифта, балки талош шудааст, ки то сабки баён, мавзӯъбандӣ ва таваҷҷӯҳ ба масоил бар мабнои фарҳанги имрӯз ва ниёзҳои мубрами ҷомеаи кунунии Тоҷикистон сурат гирад.
Бояд гуфт, ки ба ҷуз он се китоби муаррифишуда Абдушариф Боқизода боз таълифоте аз қабили «Ислом раҳнамои халқҳо» (1985), «Таърихи ислом» (дар ду ҷилд, 1988), «Ошноӣ бо Қуръон» (2004), «Ҳаҷ» (2006), «Рӯзаи моҳи Рамазон» (2006), «Закот» (2007), «Имоми Аъзам бузурги марди таърихи башарият» (2009), «Дастури омӯзиши алифбои арабӣ» (2009). Ҷолиб он аст, ки китоби «Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» се маротиба ( солҳои 2006, 2009 дар шаҳри Душанбе ва соли 2011 дар шаҳри Лоҳури Покистон) ба нашр расидааст.
Хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» бо муҳаррир ва муаллифи пешгуфтори китоби «Тафсири навини Қуръони карим» Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии АИ ҶТ, номзади илмҳои таърих вохӯрда аз ӯ хоҳиш намуд, ки дар бораи китоб, муаллифи он ва умуман зарурати ба табъ расидани ин китоб фикру андешаҳои худро баён созад. Инак андешаҳои ин олими шинохтаро пируни мавзӯи мазкур бо усули чандрасонаӣ пешкаши Шумо муштариёни гиромии сомона мегардонем.
«Муфассирро вазифа чунон аст, ки бояд қонуну қавоиди шариатро нигаҳ дорад ва ҳам зиндагии воқеие, ки имрӯза мегузарад, тағйиротҳое, ки дар ҷомеъа мегузаранд, инҳоро бояд ба ҳам биёрад ва ба ҷомеъа пешкаш кунад, ки барои ҳарду ҷониб қобили қабул бошад. Барои ин бисёр ҳам донишманди ҷиддӣ будан даркор аст. Мутаасифона, дар замони шӯравӣ чеҳраи мулло сӯзонда шуд ва мулло ба бадномӣ рафт. Дар сурате, ки бузургони мо мулло Ҷомӣ ҳаст, мулло Ҷалолиддини Румӣ ҳаст, мулло Аҳмади Дониш ҳаст. Хушбахтона дар он давра номи тафсиргар фурсат нашуд, ки ба бадӣ гирифта шавад. Шумо бинед, ки бузургтарин муфассирони Ислом аз миллати тоҷик ҳастанд. Масалан Табариро бигирем. Табарӣ яке аз бузургтарин муаррихон, бузургтарин ҷӯғрофидонон, бузургтарин нуҷумшинос ва инчунин дар илми ҳандаса чандин китоб дорад. Яке аз донишмандони асри 10 мегӯяд, ки дар тамоми курраи ин замини паҳновар ман бузургтар ва донишмандтар аз писари Ҷарир, яъне Табарӣ касеро намебинам. Бинед, ки ҳамин хел донишманди дараҷаи аввали ҳамон замон муфассир шуд. Тафсир навишт. Ҳамчунин Абӯалӣ ибни Сино, яке аз бузургтарин олимони арсаи ҷаҳонӣ яке аз сураҳои Қуръонро қариб як китоб тафсир кард. Каме баъдтар Ҳусейн Воизи Кошифиро мисол мегирем. Тафсири ӯ аз бузургтарин тафсирҳое ҳаст, ки дар олами аҳли суннату валҷамоъат то ба имрӯз аҳамияти худро аз даст надодааст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ ки буд? Ин ҳам як нафар адабиётшиноси бисёр маълум, луғатшиноси бисёр варзида, аз муаррихони донишманд, ҳамчунин як кимиёшиноси дараҷаи аввали замони худ буд. Вай дар илми нуҷум беназир буд. Яъне муфассир чунин ҳамадон буд. Агар боз ҳам поёнтар биёем Мавлоно Яқуби Чархӣ яке аз тафсирҳоро навиштааст ва имрӯз бо ҳуруфи кирилӣ як қисмати он чоп шудааст. Дар ҳамин тафсири Мавлоно Яқуби Чархӣ як нақл аст. Шумо бубинед, ки дар асри 15-16 муфассири тоҷик, донишманди тоҷик чӣ фикр мекунад. Нақли ду олимро меорад. Яке ба дигаре савол медиҳад, ки оё дар сайёраҳои дигар ҳаёт вуҷуд дорад ё на? Дигар посух медиҳад, ки ба сабаби зичии ҳаво ё гармӣ ё сардӣ дар он ҷо ҳаёт буданаш аз имкон берун аст, аммо дар ҳар сурат дар шакку тардид қарор мегиранд. Мегӯянд, ки мумкин аст, ки буда бошад.
Тафсири имрӯза ҳам, ки Абдушарифи Боқизода таълиф кардааст, аз ҳамин гуна тафсирҳост. Абдушарифи Боқизода факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро бо баҳои аъло хатм кардааст. Ин як маълумот. Маълумоти дигари олӣ ин ки Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз тарафи дигар дониши худро дар назди донишмандони бузурги ислом дар Тоҷикистон ва пеши бархе аз донишмандони хориҷӣ боло бурдааст. Ҳангоме, ки Абдушариф Боқизода дар муаррифии китобаш сухан мегуфт, олимони ҳузурдошта дар ин маҳфил аз илму ҷаҳонбинии ӯ дар ҳайрат шуданд. Ин донишманди тоҷик дар ин китоби худ на танҳо аз илми имрӯза ҳарф мезанад, балки аз роҳҳои пешрафту тараққиёти миллати тоҷик дар замоне, ки сиёсатҳои гуногуни минтақа миллати тоҷикро бисёр тазйиқ медиҳанд, ҳарф мезанад. Дар навиштани ин тафсир Абдушариф Боқизода аз 40 тафсири маъруф ва машҳури қаблӣ ва муосир истифода кардааст ва бо онҳо муқоиса карда навиштааст, ин яке аз дараҷаҳои баландтарини олим аст. Ин донишманде, ки имрӯз барои ҷомеъаи тоҷик кашф мешавад, ин мояи ифтихори тоҷик аст. Бинед, ки дар тамоми Иттиҳоди Шӯравии собиқ имрӯз ҳам бигирем Осиёи Миёна, Тотористон ва тамоми манотиқи мусалмоннишини собиқ шӯравӣ нафаре нест, ки ба дарааҷаи устод Боқизода чунин тафсири мукаммал, илмӣ дар асоси мукаммалтарин тадқиқотҳои илмие, ки ба вуҷуд омадааст, навишта бошад, Вай дар ин китоб аз ДНК ёд мекунад. Ва онро дар Қуръон чӣ гуна ифода ёфтааст, мегӯяд. Ва ё ин ки дар бораи ҳаҷми замин, масофаи байни сайёраҳо, гармию сардии ситораҳо, ки дар бораашон илми имрӯза баҳс мекунад, дар тафсираш ёдовар мешавад. Дар тафсир илм бо Қуръон муқоиса шудааст.
Дар ин маҳфил гуфта шуд, ки олимони Академия тарзи корбариро аз таҷрибаи чунин донишмандоне ҳамчун Абдушариф Боқизода биёмӯзанд. Ҳатто дар давоми яку ним соле, ки барои гирифтани иҷозати чопи китоб заҳмат мекашид, ба сактаи қалб гирифтор шуд. Хушбахтона, ӯро ба Ҳиндустон бурда муолиҷа карданд.
Устод ҳатто телефони ҳамроҳ надоранд. Дар хона як телефон доранд. Ҳаргоҳ, ки ба ӯ занг мезанед, ҳатман ӯро аз хона пайдо мекунед. Зеро ҳамеша дар хона кор мекунанд. Шабу рӯз заҳмат мекашанд. Ва ин китобҳое, ки навиштаанд» «Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» ҳатто бо дастур ва дастгирии Президенти мамлакат ин китоб дар силсилаи муҳимтарин осори исломӣ ба нашр расид. Бояд гуфт, ки чунин тафсирҳое, ки аксари уламо онҳоро эътироф карда бошанд, дар 200-400 сол як бор ба вуҷуд меоянд. Тафсирнависӣ кори осон ҳам нест. Барои навиштани тафсир донишмандони гузашта чунин шартҳое гузоштаанд, ки ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, ки тафсир нависад.Чунин донишмандоне, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон зуҳур мекунанд, барои мо ифтихори бузург аст.
Эшон тафсири худро дар шаш ҷилд навиштанианд. Ҷилди аввал чоп шуд. Ҷилди дуввум дар ҳолати тайёр шудан аст. Агар дар ҳамин китоб як калима хато равад бар сари олим чи даҳшате меояд. Барои ҳамин чунон донишманд будан даркор аст, ки ҳам барои уламои шаръӣ ва ҳам барои уламои дунявӣ сухани ту қобили қабул бошад, мантиқӣ бошад. Барои ҳамин боз мегӯям, ки ин ифтихори бузург аст, ки Худованд барои мо чунин як олими варзидаеро арзонӣ дошт, ки тафсири ӯ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷои аввал аст. Ҳарчанд тафсирҳои дигар падид омаданд ҳам, аммо дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки ин тафсир нисбат ба дигар тафсирҳо фарқ мекунад. Номаш ба худаш мувофиқ аст.
-Устод Абдушарифи Боқизода дар куҷо кор мекунанд?
-Устод Абдушарифи Боқизода чуноне, ки гуфтам, дар хона кор мекунанд. Барои олим мансаб, ҷои кор дар фалон идора кор кардан нест. Барои олим эътироф он аст, ки дигар олимон ӯро эҳтиром кунанд. Бузургтарин мансаб барои донишманд ҳамин аст. Ман гумон мекунам, ки дар ҳамон хонае, ки эшон қарор доранд, бузургтарин мансаб, бузургтарин курсӣ дар ҳамон ҷо ҳаст. Фақат барои ӯ шароит муҳайё кардан даркор. Дастгирӣ бояд кардан даркор, ки чунин донишмандон на сактаи дил, балки барои миллати тоҷик як чароғе шаванд, ки ин миллатро ба ҳам биёранд.Чӣ таззодҳои диниву мазҳабие, ки имрӯз дар ҷомеъа меравад?!
Дар масҷид ду кас паҳлӯи ҳам намоз мехонанд, то ҷое мебинем инаш ба ваяш нафрат дорад, ки фалон ба кадом тарз намоз мехонад, дигар ба кадом тарз. Яъне, ки ин исломи суннатии дар асоси мазҳаби ҳанафии барои ҷомеъаи мо мувофиқ вақте, ки дар ин китобҳо таълим дода мешавад, яъне вақте ки устод инҳоро пешниҳод мекунад ва дар сатҳи баланд меофарад, ин барои мо албатта хуб аст. Ва дигар ин ки эшон ҳеҷ гуна қаср ва хонаи муҷаллал надорад. Ман ҳам то ҳамин наздикиҳо ба хонаи эшон нарафта будам. Вақте фаҳмидам, ки сактаи дил шудаанд ва ба аёдати эшон рафтам ба ҳайрат афтодам, ки донишманде бад ин бузургӣ дар кулбае назарногир зиндагонӣ мекунад. Ақли ман намегирифт, ки донишманде дар чунин кулбае зиндагонӣ мекунад. Мо дидаем, ки аксари донишмандон дар хориву мазаллат ба сар бурдаанд, вале рисолати худро иҷро кардаанд. Яъне миллати худро дар зинаҳои аввали илм ҷо дода ба пеш бурдаанд».
Ба таваҷҷӯҳи муштариёни сомонаи «Рӯзгор» мерасонем, ки хабарнигори сомона бо устод Абдушариф Боқизода мусоҳибае доир намудааст, ки Худо хоҳад онро ба наздикӣ пешкаши Шумо хоҳем кард.
-
08.09.2026 22:56
328
Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд
-
08.09.2026 22:53
329
Иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
-
06.09.2026 22:10
800
Хуршеди Истиқлол дар осмони Тоҷикистон: Ҷашни бузурги зафар муборак!
-
08.05.2026 19:24
662
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
643
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
636
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
480
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
339
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
289
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
596
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1210
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1135
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
06.09.2026 19:12
305
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
-
04.09.2026 00:55
300
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
361
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
03.09.2026 12:30
440
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
361
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
284
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
587
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
414
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
279
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
471
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
373
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
323
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
822
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2185
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2348
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
507
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2314
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1389
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
401
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
322
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
423
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
374
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
438
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
449
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































