ДИНДОРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ
Соли 2010 барои ҷомеаи динии Тоҷикистон соли гузариш маҳсуб мешуд. Чунки дар ҳамин сол ҳодиса ва воқеаҳое рӯй дод, ки асло диндорони мусалмон онро интизор надоштанд…
Эълон шудани шаҳри Душанбе-пойтахти кишварҳои исломӣ ба Душанбегиҳо ба ғайр аз ном чизе надод. Он чорабиниҳое, ки дар сатҳи донишмандон гузаронида шуд, аксар маврид ҳадаф аз онҳо барои шаҳрвандон пӯшида монд. Овезаҳои таблиғотие, ки дар гӯша ва атрофии шаҳр низ дар ин робита ҷойгузин шуда буданд, тири муъаллақ ё бенишон боқӣ монданд. Оғози сол, ки бо мавсими интихоботи парлумонӣ дар кишвар рост омад, як қатор умедҳо ва арзишҳои дар дил парваридаро зери суол қарор дод.
ҲНИТ, ҳизби сиёсии динӣ дар ин интихобот бо вуҷуди талошҳо ва халлоқияти усулҳои нав дар раванди интихобот фаъолона ширкат кард, вале бо эълони натоиҷи орои мардум сокит ва сокин дар ҳошияи парлумон қарор гирифт. Ҳарчанд даъвоҳое дошт ва иддаъо мекард, ки натоиҷи интихобот таҳриф шудааст, аммо натанҳо касе ӯро гӯш накард, балки сокитона зери фишор низ қарор гирифт.
Дар ҳамин сол байни исломгарони сиёсӣ, ҷиҳодӣ ва мардуми омма фарқ гузошта нашуд. Аниқтараш дар робита ба ин аз ҷониби мақомоти қудратӣ ташхиси нодуруст анҷом шуд. Мақомоти қудратии кишвар натавонистанд аз нигоҳи илмӣ ва мантиқӣ дуруст исбот кунанд ва ба мардум бифаҳмонанд, ки марзи ифрот то расидан ба сарҳади тафрит чӣ қадар фосила дорад.
Ҳамзамон ҳаракатҳои ҷиҳодие, ки дар қаламрави кишвар мамнӯъ эълон шуда буданд, то кунун теъдоди тарафдоронашон вуҷуд дорад ва мақомоти қудратӣ низ натавонистанд мардумро мутмаин намоянд, ки паи пои онҳо кай руфта мешавад. Заъфи мақомоти қудратӣ замоне фош шуд, ки ба ҷои Мусо Исоро сарзаниш карданд. Яъне, дар натиҷаи тахшиси нотамом ва адами шинохти гурӯҳҳои исломӣ, ба ҷои дастгир кардани «ҷиҳодиён» риши чанд тан афроди ба онҳо рабтнадоштаро тарошида дил ва умеди мардумро бори дигар аз худ канданд...
Нооромиҳо дар минтақаи Рашт ва Кӯлоб буд, аммо ҷабри он ҳама дар пойтахт ва ҷойҳои дигар сурат мегирифт. Сӯхтани масҷиди Ҳизби Наҳзат ва манъи намозгузорӣ дар он аз як имтиҳони таърихӣ барои бонувони ҷумъахон дарак дод. Бонувон ва ҳизбиҳо ҳама собит ва сокиту сабурона ниёишҳои дастаҷамъии худро дар ин маркази фарҳангӣ тарк карданд.
Даргузашти муфтӣ Амонуллоҳ Неъматуллоҳзода, раиси Маркази исломии Точикистон, барои пайвандони ӯ талаф ва барои ин Маркази исломӣ шараф буд. Марҳум, ҳангоми беморӣ ҷон супрд, на кадом кори дигар, ки боиси рахнадор шудани номи ӯ шавад. Бо омадани гурӯҳи нави корӣ дар Маркази исломии Тоҷистон фаъолияташ бо нерӯи тоза оғоз шуд ва дар ин ду моҳ натиҷа ҳам дод.
Беш аз ҳазор нафар донишҷӯи тоҷик аз кишварҳои бозпас ба ватан баргаштанд. Мабалағе, ки барои гирифтани таълим сарф карда буданд ҳама аз ҳисоби худи донишҷӯён буд, аммо аз омадан ва қатъ гардидани таҳсилоти онҳо ба кӣ чӣ расид? Донишҷӯён ва пайвандони онҳо то ҳол дарди дар нимароҳ мондани таълими худро фаромӯш накардаанд, чунки вақт мол ва умри онҳо дар ин муддат сарф шудааст…
Дастгир шудани рӯҳониён ва боздоштани ҳалқаҳои илмии онҳо дар муҳаватаи хона низ ғайричамдоштҳое буд, ки ҷомеаи динӣ пазирои он набуданд. Радикализми дунявӣ низ дар ҳамин сол ба авҷи аъло расид. Чанд бонуи сатрпӯши тоҷикро таҳқир карда «маймун» ва «зоғи сиёҳ» хонданд...
Дар ин сол рангҳо ва рамзҳо барои диндорони мусалмон дар Тоҷикистон тағйир карданд. Ҳатто ранги кабуд ё осмонии соф, ки аз ҷониби ҳизби сиёсӣ-динии кишвар интихоб шуда буд бо ғубори буфҳои ҳамтоёнашон аз аҳзоби дигар зери чангу ғубор қарор гирифт ва бо дидани ӯ хатибону имомони масоҷиди кишвар низ зери таъсир қарор гирифтанд.
Ин буд, ки Кумитаи оид ба дини кишвар ҷасорат пайдо кард ва беҳамоҳангӣ бо Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз номи онҳо овоз баланд карда гуфт: барои имомхатибони ҳудуди 60 мавзӯъи диниро ба имомхатибон ҳамчун мавзӯъҳои тавсиявӣ пешниҳод хоҳад то дар зарфи 15- дақиқаи ҷудо карда барои хутбахонӣ аз эҷодиёти масъулини Кумитаи оид ба дин ба мардум нақл кунанд.
Ба ҳамин раванд пешвоз гирифтани соли 2011-ро низ барои ҷомеаи динии Тоҷикистон хушбин нестам, чун ки тундгароии мазҳабӣ ва радикализми дунявӣ бо ҳам рақобат доранд ва то замоне, ки онҳо эътидолро нигаҳ надоранд дигарон ором ва осудахотир буда наметавонанд.
Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/4009-2010-12-29-07-28-55.html
-
05.09.2026 14:03
487
Ифтитоҳи ҷашни 35-солагии Истиқлол дар Бохтар
-
04.09.2026 00:51
513
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ: Аз ормони ниёгон то Тоҷикистони муосир
-
02.09.2026 01:14
745
Истиқлол: оғози марҳалаи нави давлатсозӣ
-
08.05.2026 19:24
656
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
633
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
632
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
475
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
334
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
279
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
591
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1202
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1131
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
04.09.2026 00:55
291
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
356
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
29.08.2026 13:25
478
Ифтитоҳи фосилавии 7 иншооти соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
-
03.09.2026 12:30
427
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
351
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
277
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
581
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
407
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
270
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
458
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
361
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
317
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
815
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2180
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2343
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
498
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2308
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1382
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
394
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
315
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
412
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
366
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
430
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
443
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?











































Шарҳҳо
Худованд чомеъаи мора ба рохи рост хидоят кунад. Омин!!!
RSS Обуна