САЙИД ҚУТБ - ИСЛОҲОТХОҲ ВА МУБОРИЗИ РОҲИ ҲАҚ
Ҷаҳони Ислом шахсиятҳои бузург ва чашмгиреро дар худ доштааст, ки ҳамеша дар муқобили зулму ситам истодагарӣ карда, дар ҳама давру замон барои баланд бардоштани парчами Ислом ва амалӣ намудани қавонини исломӣ заҳмат кашидаанд. Нидои озодӣ ва адолатхоҳии онҳо мардумро ба Исломи ростин ва бозгашт ба сўи он ҳидоят мекард. Ғайр аз ин тўли умри на чандон дароз ва пурбаракати хеш тавонистаанд, ки таҳаввулот ва таъсиреро дар афкор ва андешаи ҷомеъаи хеш ворид намоянд. Сайид Қутб якеи дигар аз ин шахсиятҳои ислоҳотхоҳ ва шинохтаи таърихию исломӣ мебошад, ки фарёди исломхоҳӣ ва муборизаи ў алайҳи истеъмори инглис шоистаи зикру тааммули ҳар як фарди мусалмон мебошад.
Таваллуд ва зодгоҳ
Сайид Қутб дар соли 1906 мелодӣ дар рустои Мувшаҳ (ба рустои Абдулфаттоҳ низ маъруф аст) аз тобеъи устони Усюти Миср таваллуд ёфтааст. Рустои Мувшаҳ ё Мувшо аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар яке аз сарзаминҳои баланди Миср ва канори рўди хўрушони Нил ҷойгир аст. Аксари аҳолии рустои Мувшаҳ мусалмонанд ва ақаллияти онро пайравони масеҳиён ташкил медиҳанд. Падари Сайид Қутб Ҳоҷӣ Қутб Иброҳим аз силсилаи хонадони Қутб буд, ки пас аз вафоти падар сарпарастии онро бар ўҳда гирифт. Шахсияти ниҳоят сахӣ ва хайрхоҳ буд ў. Яке аз одатҳои хайрхоҳии ў ин дар рўзҳои Иди Фитр, Қурбон ва солгарди меъроҷи Паёмбар (с) ва моҳи мубораки Рамазон ҳамаи аҳолии русторо ҷамъ овардан ва машғули тиловати Қуръон гардонидани онҳо мебошад. Дар баробари ин беҳтарин таъомҳоро баъди хатми Қуръон барои онҳо тавзеъ мекард…
Дар умум, падари Сайид Қутб бисёр марди хоксор ва заминӣ буд. Чуноне ки худи Сайид Қутб менависад, "коргароне барои падарам кор мекарданду хидмати ўро ба ҷо меоварданд. Мувофиқи расми ҳамешагӣ, ўро "Сайидӣ" (раисам ё сардорам) нидо мекарданд. Вале падарам аз ин муроҷиъатҳо бисёр нороҳат мешуд ва мегуфт: кўчактарҳо "Аммиял ҳоҷ" (ҳоҷиамак) ва калонтарҳо "ҳоҷӣ" бигўяндам". Ҳоҷӣ Иброҳим аз назари сиёсӣ узви Ҳизби алливои Миср ба ҳисоб мерафт ва манзилаш мақари корҳои сиёсии русто буд. Дар ҷараёни инқилоби соли 1919-и Миср ба мардум тарзи мубориза бурданро таълим медод.
Модари Сайид Қутб зани покдоман ва аз хонадони баландмартаба ба шумор мерафт. Ду тан аз бародаронаш дар донишгоҳи Алазҳари Миср таълим гирифтаанд. Яке аз хусусиёти модараш ин буд, ки ба шунидани тиловати Қуръон таваҷҷўҳи зиёд намуда, онро дўст медошт. Бо мақсади он ки оянда тиловати каломи Раббониро аз забони фарзанди хеш бишнавад, Сайид Қутбро ба мадраса фиристод, то Қуръон биёмўзад. Модари Сайд Қутб дар соли 1940 милодӣ дар рустои Мувшаҳ вафот кардааст.
Даврони таҳсил
Пас аз гузашти даврони кўдакӣ падару модари Сайид Қутб тасмим гирифтанд, ки ўро ба мадраса фиристанд, дар ҳоле ки Сайд майл ва рағбати таҳсил дар мадрасаро надошт. Вале баъди ташвиқи падару модар, соли 1912 милодӣ ба мадраса рафт. Баъзе аҳолии русто дар робита ба мадрасаҳои ҳукуматӣ ҳисси бадбинӣ доштанд ва таълим дар онро мухолифи фармудаҳои Қуръон медонистанд. Дар соли дуввуми таҳсил соҳиби мактабхона, ки бо Ҳоҷӣ Иброҳим робитаи дўстӣ дошт, аз ў хоҳиш мекунад, ки фарзанди хешро аз мадраса ба мактабхона интиқол диҳад, то Қуръонро ҳифз намояд. Ҳамин тавр, Сайид дар синни даҳсолагӣ ҳофизи кулли Қуръон гардид. Баъд аз шаш сол, яъне соли 1918 милодӣ давраи таълими ибтидоиро низ бо комёбӣ ба анҷом расонид.
Ў дар ин замон дар ҳама ҷаласаҳои ҳафтагии падараш, ки пиромуни авзоъи иҷтимоию сиёсии Миср баргузор мегаштанд, иштирок мекард ва ин айёми 13- солагии ў буд. Соли 1920 Сайид барои идомаи таҳсил ба Қоҳира сафар кард ва дар манзили мураббии худ Аҳмад Ҳусайн Усмон ба сар бурд. Дар синни 16-солагӣ вориди донишсарои ба номи Абдулазизи Қоҳира шуд. Замоне ки донишҷўи Дорулулум буд, раёсати донишгоҳро доктор Тоҳо Ҳусайнӣ ба ўҳда дошт. Сайид Қутб дар айёми донишҷўӣ бисёр бо нишоту огоҳ буд ва бо шуҷоъати хос авзоъи илмӣ ва фарҳангии донишгоҳи мазкурро интиқод мекард. Бо вуҷуди он ки ҳанўз ҷавон ҳам буд, аз баҳс бо устодон дар заминаҳои илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳаросе надошт. Устодони донишгоҳ низ аз талош ва пайгириву шуҷоъати Сайид Қутб дар ҳайрат мемонданд ва хушҳол ҳам мешуданд.
Сайиди ҷавон дар соли 1932 дар риштаи адабиёти араб аз донишгоҳи Дорулулум фориғутаҳсил мешавад ва ҳамон сол дар ташкили ҷамоъати Дорулулум мушорикат кард. Ҳадафи ин ҷамоъат, ки аъзои он аз байни хамткунандагони донишгоҳ интихоб мешуданд, дифоъ аз адаб ва луғати арабӣ буд. Ин ҷамоъат пас аз чанд муддат маҷаллае бо номи "Дорулулум"-ро ба нашр расонд. Ў соли 1933 баъди хатми донишгоҳ ба истихдоми Вазорати таълим ва тарбияи Миср даромад ва дар ҳамон сол дар мадрасаи Довудияи Миср дар ҷойгоҳи муаллими ибтидоӣ ба амри тадрис пардохт. Соли 1940 ба идораи марказии Вазорати таълим ва тарбияти Миср интиқол ёфт ва ба тартиб дар бахшҳои равобити умумӣ, омор, бозрасии мадориси ибтидоӣ машғули фаъолият шуд. Баъди панҷ соли фаъолият ва аз худ кардани таҷрибаи хуби корӣ соли 1945 дубора ба бахши равобити умумӣ баргашт ва то соли 1948 дар ин қисмат машғул ба кор буд.
Азм ба ИМА
Сайид Қутб бо ҳамроҳи дўстонаш дар донишгоҳ ба фаъолияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ бештар ошно шуд ва бо ошноии пешин, ки ба василаи доъии худ аз Ҳизби вафд дошт, ба узвияти ин ҳизб шомил гардид ва мақолоти худро дар нашрияи ҳизбӣ мунташир кард. Баъд аз интишори мақолот дар бораи мушкилоти Миср ва давлатдории он давлатмардони Миср тасмим гирифтанд, Сайид Қутбро барои маъмурияти корӣ ба ИМА эъзом намоянд. Вазорати таълим ва тарбияи Миср Сайид Қутбро бо баҳонаи таҳқиқи шеваи тарбият дар мадориси ИМА ўро ба ин кишвар фиристод.
Онҳо аз ин гуна тасмимгирӣ ду ҳадафро пайгирӣ мекарданд. Аввалан, Сайид Қутб бояд аз доираи илмӣ ва фарҳангии Миср дур шавад ва дигар натавонад афкори умумро мутаваҷҷеҳи ҳаракати исломӣ гардонад. Дуввум, дар муддати иқомати худ дар ИМА таҳти таъсири фарҳанги Ғарб қарор гирад ва ба истилоҳ назараш аз ғарбситезӣ ба ғарбзадагӣ баргардад. Ў ду сол дар ИМА иқомат кард ва дар ин муддат аз ҳадафи разилонаи ин кишвар, ки қасди зери даст қарор додани кишварҳои исломӣ ва арабӣ мебошад, огаҳӣ ёфт. Ҳамзамон мақсади фиристодани хешро ба Амрико низ маълум кард ва баъди адои хидмат ба Миср баргашт.
Бозгашт ба Миср
Сайид Қутб соли 1950 ба Миср баргашт ва дар ҷойгоҳи дастёри дафтари Вазири таълим ва маъорифи Миср машғули кор шуд. Сафар ба ИМА на танҳо ўро аз аҳдоф ва ормонҳояш дур накард, балки тасмим гирифт, бо истеъмор биҷангад. Вақте муборизаи фарҳангиро дар дохили ҳукумат тавонманд надид, соли 1952 истеъфои худро тақдими вазорати мазкур кард ва аз қатъи ҳамкорӣ бо ин ниҳоди давлатиро эълом дошт. То ду сол истеъфои ў мавриди қабул нагашт, вале дар аввалҳои соли 1954 бо истеъфои ў мувофиқат карданд.
Дар сангари матбуот
Сайид Қутб, ки ҳанўз аз даврони ҷавонӣ дар матбуъот мақолаҳо менавишту афкори ҷиҳодии худро баён медошт, баъди баргашт аз ИМА ва огоҳ шудан аз ҳадафҳои он мубориза ва баёни афкори хешро дар маҷаллаҳо ба муқобили истеъморгароӣ шиддат бахшид. Бояд гуфт, ки ягона роҳе, ки Сайид Қутб барои расонидани даъвати хеш интихоб намуда буд, навиштани мақола дар маҷаллаҳо мебошад, ки ў дар ин роҳ ба комёбии бузурге ҳам ноил гардид. Вай дар нашрияи "Алоламуларабӣ" бар хилофи ҳамаи нашриёти мисрӣ, ки таърихи рўзро ба милодӣ дарҷ мекарданд, бар асоси таърихи ҳиҷрии қамарӣ менавишт. Вай ҳамчунин дар соли 1948 бо ҳамкории Ҷамъияти «ихвонулмуслимин» маҷаллаи "Алфикрулҷадид"-ро таъсис дод ва дар мақолоти навиштаи хеш тарафдорӣ аз ислоҳот ва тағйири ҳокимияти мавҷударо ҷузъи ҳадафи худ қарор дод.
Мақолоти Сайид Қутб дар ин маҷалла аз тундтарин ва дар айни ҳол қавитарин мақолот ба шумор мерафтанд. Бо идома пайдо кардани мавзеъгирии инқилобӣ дар мақолоти Сайид Қутб нашрия аз тарафи ҳукумат баста гардид. Соли 1952 Ҷамъияти «ихвонулмуслимин» ҳафтаномаеро зери номи "Ихвонулмуслимин" таъсис дод ва Сайид Қутб сардори раёсати таҳрири он интихоб гардид. Ин ҳафтанома рўзҳои панҷшанбе мунташир мешуд ва нахустин шумораи он 17 рамазони соли 1373 қамарӣ, яъне соли 1952 ба чоп расид. Сайид Қутб дар ин ҳафтанома афкори исломӣ ва инқилобии худро аз гузашта дида бештар нашр мекард. Аз ин рў, пас аз чопи дувоздаҳ шумораи он, дар таърихи 6 зилҳиҷҷаи соли 1373 ҳиҷрии қамарӣ, яъне се моҳ баъд аз интишори он ҷилавгирӣ шуд ва Сайид Қутбро дар ҳамин сол дастгир ва равонаи зиндон гардониданд.
Андеша ва эътиқодоти Сайид Қутб
Сайид Қутб ҷомеъаи инсониро ба ду навъ ҷудо мекунад: ҷоҳилӣ ва исломӣ. Ў дар ин замина мегўяд: "Имрўз дар ҷоҳилияте ба сар мебарем, ки ҳангоми зуҳури Ислом вуҷуд дошт, балки ториктар аз он аст. Он чӣ дар атрофи мост, ҳама ҷоҳилист. Вазифаи мо ин аст, ки таҳаввуле дар ботини хеш ба вуҷуд оварем, то бар асоси он битавонем ҷомеъаро дигаргун кунем. Ҷомеъаи исломӣ ҷомеъаест, ки тамоми ибодат, ақида, шариъат ва аҳком, сулук ва ахлоқи исломӣ дар он таҳаққуқ ёфтааст ва ҷомеъаи ҷоҳилӣ он ҷомеъаеро мегўянд, ки бар асоси фармудаҳои Ислом амал намекунад".
Сайид Қутб ҷунбишҳои яҳуд ва саҳиюнизмро бад медид ва онро омили инҳитот ва ақибмондагии ҷомеъаҳои исломӣ медонист. Ў ҳадафи саҳюнизмро тазъифи ақидаи исломӣ арзёбӣ мекунад. Сайид Қутб дар бораи озодии андеша мўътақид бар он аст, ки озодӣ ин раҳоӣ аз тамоми қуюд мебошад, ғайр аз бандагии Худо. Ў озодиро дар банда будан ба Худованд медонад ва мегўяд: "Калимаи "ло илоҳа иллалоҳ" шоҳи фард ва асоси тарзи фикри исломист".
Муборизаҳои сиёсии Сайид Қутб
Зиёдтарин даврони муборизаи Сайид Қутб ба замоне марбут аст, ки ба Ҷамъияти «ихвонулмуслимин» пайваст. Ҷамъияти «ихвонулмуслимин» яке аз ҷамъиятҳои мубориз дар солҳои 1930 то 1960 мелодӣ буд, ки дар аксари кишварҳои арабӣ фаъолият мекард ва мақари аслии он дар Миср буд. Ин ҷамъиятро Ҳасанул Банно дар шаҳри Исмоилияи Миср дар моҳи зилқаъдаи соли 1347 поя гузошт ва фаъолияти худро дар мадрасаи "Аттаҳзиб"(Поксозӣ) бо таълими Қуръон, таҷвид, ҳадис, тафсир ва дигар улуми исломӣ оғоз кард.
Сайид Қутб пас аз узвият дар Ҷамъияти «ихвонулмуслимин» ибтидо узви мактаби иршод, пас аз он шомили ҳайати таҳририяи нашрияи "Ихвонулмуслимин" мешавад. Мақолоти тунду сареҳи ў дар ин нашрия ва рўзномаҳои дигар сабаб шуданд, ки дар соли 1954 Сайид Қутбро ҳамроҳи дўсти ў Ҳасан Алҳазий дастгир ва ба понздаҳ сол ба зиндон маҳкум намоянд. Дар зиндон ў навиштанро идома дод ва дар натиҷа, китоби тафсири хеш "Фи зилолил Қуръон"-ро ба анҷом расонид. Ў дар замони дар зиндон буданаш ба беморӣ гирифтор мешавад ва он шиддат пайдо мекунад.
Аз ин рў, масъулони Ҷамъияти «ихвонулмуслимин»-и Миср бо дабири ин ҷамъият дар Ироқ Амҷад Заҳовӣ тамос мегиранд ва ба ў тавсия мекунанд, ки Абдуссаломи Ориф, раиси ҷумҳури вақти Ироқро восита қарор диҳад, ки Ҷамол Абдуносир, раиси ҷумҳури Мисрро қонеъ кунонад, то Сайид Қутбро аз зиндон озод намояд. Абдуссаломи Ориф пайғоми хешро ба Ҷамол Абдуносир фиристод ва ба ин васила Сайид Қутб соли 1964 аз зиндон озод шуд. Баъд аз озод шудан ҳам Сайид Қутб аз аҳдоф ва афкори инқилобии хеш даст накашид ва ҳамеша барои таҳаввулоти ҳукумати даври Миср мақолаҳо менигошт. Ҳамин буд, ки соли 1965 дубора зиндонӣ шуд.
Вафоти Сайид Қутб
Чаҳор моҳ баъд аз муҳокима ва андешаронии қозиҳои давр ва фарҷоми кор қозӣ Фуодуд Даҷавӣ аҳкоми содираро эълом кард ва дар он омадааст, ки Сайид Қутб, Муҳаммад Юсуфи Ҳаввош ва Абдулфаттоҳ Исмоил маҳкум ба эъдом ва бақия аъзои Ҷамъияти «ихвонулмуслимин» аз 10 сол то ҳабси абад ба зиндон фиристода мешаванд. Сайд Қутб дар посухи дўстонаш, ки пурсиданд, "ҳукми эъдомро чӣ гуна дарёфтӣ"? Посух дод, ки "шукри Худо, ман понздаҳ сол боз орзуи шаҳодатро дар қалби хеш доштам". Баъзе аз дўстонаш аз ў хостанд, ки аз аъмол ва андешаи хеш баргардад, то ўро афв кунанд. Аммо дар посух боз ҳам ҷавоб медод, ки "барои амали баҳри Худо анҷомдодаи хеш, аз инҳо узр намехоҳам".
Ҳамин тариқ, субҳи 9 августи соли 1966, ҳангоме ки нури худовандӣ партавфишон мегашт, Сайд Қутб ва дўстонашро ба сўи эъдом равона карданд...
Ҳувайдуллои Абдулло
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3693-2010-11-28-06-07-15.html
-
08.09.2026 22:56
330
Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд
-
08.09.2026 22:53
339
Иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
-
06.09.2026 22:10
807
Хуршеди Истиқлол дар осмони Тоҷикистон: Ҷашни бузурги зафар муборак!
-
08.05.2026 19:24
664
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
644
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
638
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
482
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
340
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
289
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
596
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1210
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1135
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
06.09.2026 19:12
308
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
-
04.09.2026 00:55
300
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
361
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
03.09.2026 12:30
441
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
363
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
286
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
588
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
415
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
280
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
473
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
373
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
323
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
823
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2185
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2348
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
509
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2314
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1389
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
401
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
322
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
423
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
374
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
438
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
449
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































