ЭШОНИ АБДУХАЛИЛ: ШОГИРДОНИ МАН ВАҲҲОБӢ НАШУДААНД
Дар Тоҷикистон дар канори равияю ҷараёнҳои мухталифи исломӣ ҷараёни суфизм ё тасаввуф низ дар солҳои ахир фаъол шуда ва тарафдорони он дар манотиқи мухталифи кишвар фаъолият мекунанд. Ба гуфтаи уламои исломӣ, ҳоло дар Тоҷикистон ду навъи тасаввуф: ҷаҳрия ва хуфия ё нақшбандия вуҷуд доштааст. Хабарнигори мо Мардони Муҳаммад бо Эшони Абдухалил, пешвои ҷараёни ҷаҳрияи тасаввуф, ки дар ноҳияи Ҳисор ба сар мебарад, мусоҳибае анҷом додааст:
-Ҳазрати Эшон, равияи суфизм дар Тоҷикистон идомаи ҷараёни тасаввуфи Имом Ғаззолию Боязиди Бастомӣ аст ё дар шакли нав зуҳур кардааст?
-Бисмиллоҳ-ир-раҳмон-ир-раҳим. Тасаввуфу тариқат аз Худованд ба расули акрам Муҳаммади Мустафо расида ва аз эшон ба умматони он ҳазрат ба мерос мондааст. Дуруст аст, ки дар шароити феълӣ ба ҷо овардани ҳамаи аркону фароизи тасаввуф душвор аст. Бояд аҳли тасаввуф гӯшанишинӣ карда ва вуҷуди худро ба офаридгору илми худо бахшанд.
Тариқат кори хавос ва нозуке аст, ки ҷаноби паёмбар гуфтаанд: “бимирем пеш аз мурдан”. Пеш аз мурдан худро ба мурдаҳо монанд кунед. Яъне, парҳезгор бошем. Ҳам парҳези ҷисмонӣ ва ҳам равонӣ. Дар тасаввуф аввал шариъат, сонӣ тариқат ва дар ниҳоят, ҳақиқат аст. Муридон аввал бояд “Мурод-ул-Орифин”-и Сӯфӣ Алмоҳиёрро биёмӯзанд.
Нахуст зарурати динро бидонанд, илм биёмӯзанд, зеро илм сифати худованд аст. Аҳкому аркони имону исломи худро саҳеҳ кунанд. Ҳалолу ҳаромро фарқ карда битавонанд. Тариқат мероси аҷдодии мост. Мо аслан аз Даҳбеди Самарқанд буда ва шаш пушт аст, ки дар ҳудуди феълии Тоҷикистон ба сар мебарем. Дар замони Шӯравӣ мушкилот зиёд буд, аммо мо пинҳонӣ кӯдаконро таълим медодем. Ҳалқа ҳам сурат мегирифт. Тариқат ин ҷиҳоди акбар, яъне ҷанг алайҳи шайтон аст.
-Дар тариқат пири муршид ва муридон ҳастанд. Мурид бояд гӯшанишинӣ кунад, зикр кунад. Дар шароити феълӣ ин имкон вуҷуд дорад?
-На. Бештари муридон барои таъмини ниёзҳои рӯзгор ба кишварҳои хориҷӣ, бахусус, Русия муҳоҷират кардаанд. Табиъист, ки дар он ҷо кор душвор аст ва шароит барои ибодати тӯлонӣ вуҷуд надорад. Ҳамзамон, “даст ба кору дил ба ёр” гуфтаанд. Инсон агар саргарми кор ҳам бошад, аз зикри худованд ғофил намонад.
Фарзи доимию фарзи қоимӣ ҳаст. Фарзи қоимӣ панҷ вақт намоз аст, фарзи доимӣ зикри худованд аст. Ҳадди ақал 24 ҳазор бор зикр бояд кард. Зеро инсон дар як соъат 1000 бор нафас мекашад. Дар 24 соъат 24 ҳазор бор мешавад.
-Теъдоди муридони Шумо чи қадар аст ва раванди таълим чи гуна аст?
-Теъдодашон зиёд, садҳо нафар ҳастанд ва аз бештари манотиқи Тоҷикистон омада, дар назди мо омӯзиш мегиранд. Ҳамон тавре таъкид доштем, онҳо нахуст зарурати динро меомӯзанд. Зеро дар тасаввуф аввал шариъат аст ва вақте ки шахс ҷазбаи шариъатро аз худ кард, дар ҷазбаи тариқат қадам мениҳад. Роҳи тариқат тақво ва парҳезгорӣ аст.
Шариъат ҳамчу шамъ аст, раҳ менамояд ва бе он ки шамъ ба даст оварӣ, роҳ рафта нашавад ва чун дар роҳ омадӣ, он рафтани ту тариқат аст ва чун расидӣ ба мақсуд, он ҳақиқат аст. Ё мисоли шариъат ҳамчу илми тиб омӯхтан аст ва тариқат парҳез кардан ба мӯҷиби тиб ва доруҳо хӯрдан ва ҳақиқат сиҳҳат ёфтани абадӣ ва аз он ҳар ду фориғ шудан. Чун одамӣ аз ин ҳаёт мирад, шариъату тариқат аз ӯ мунқатеъ шавад ва ҳақиқат монад.
Тариқат ин аст, ки Бедил гуфта:
Кушоди уқдаи дил бе гудози худ бувад мушкил,
Ба ҷуз сӯзан набикшояд гиреҳ аз тори гавҳарҳо.
Дар ҷоддаи омӯзиш синну сол муҳим нест. Аммо дар ҷавонӣ хубтар аст. Зеро ҷавонӣ вақти нашъунамои ҳар кор аст. Дастёбӣ ба илм ҳам соддатар аст. Ислом саҳлатулусул аст, амрҳои худованд кам асту самароташ бештар. Яҳудиҳо дар даврони ҳазрати Мӯсо 50 вақт намоз мегузоштанд. Умри инсон он замон дароз буду ҳоло кӯтоҳ.
-Пас аз омӯзиши аркони шариъат марҳилаи баъдӣ тариқат аст. Оё мурид метавонад дар ин марҳила дар ҳалқа ё рақсу пойкӯбии аҳли тасаввуф ширкат кунад?
-Бале. Тибқи қавоъиди тасаввуф бояд шоми душанбе ва панҷшанбе ҳалқа анҷом шавад. Вақте банда сафари шаҳри Мадина доштам, мутталеъ гаштам, ки дар ин шаҳр ба истиснои шоми шанбе дар шомҳои дигар аҳли тасаввуф ҳалқа баргузор мекардаанд. Аммо шароити Тоҷикистон душвор аст. Бештари муридон машғули кори дунявӣ ҳастанд ё барои дарёфти кор ба хориҷи кишвар муҳоҷират кардаанд. Таҷаммӯъи онҳо ва баргузор кардани ҳалқа кори душворест. Мо дар шаби 15-и моҳи шаъбон ва шаби қадр ҳалқа доир кардем.
-Ҳалқаи шумо низ оё шабеҳи ҳалқаи даврони пешин ва Туркияи имрӯзӣ буда ва рақсу самоъ ҳам сурат мегирад?
Чун равияи мо ҷаҳрия аст, бо садои баланд зикр гуфта ва ба самоъ мераванд. Мо ин равишро нигоҳ медорем. Равиши мо зикри миншор (арра) аст. Яъне ҳаракоти дасту пой мисли арра кардан аст. Қалби инсон ду сӯрохӣ дорад. Дар дили зокир нури соф мерезад, ӯро иҳота мекунад. Зикрҳои дигаре ҳастанд, назири зикри ҳаддодӣ мисли зарбаи оҳангарон, зикри ҷорӯб...
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар “Маснавӣ” мегӯяд:
Ҷорӯбе додааст ба дастам он нигор,
Хезу барангез аз ин дарё ғубор.
Манзур аз нигор ин ҷо Худованд аст. Худованд ба ту мадад карда ва роҳ намудааст, бояд худ ин корҳоро иҷро кунӣ.
-Аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ барои фаъолияти шумо ягон мухолифат ё мавонеъе шуда?
-На. Мухолифату мамонеъат набояд шавад. Зеро тариқат ҷомеъаро ҷамъ меорад, тозагию покизагӣ бештар мешавад. Шарофати тариқат буд, ки ягон шогирди ман ба ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ, аз ҷумла равияи ваҳҳобӣ, напайвастааст. Ман ифтихор дорам, ки дар замони ҷанги дохилӣ ҳеҷ як аз муридони ман мӯйи як мӯъминро накандааст ва даст ба силоҳ назадааст ва ба моли касе даст дароз накардааст.
Ман аз соли 1958 то ба ҳол мударрис ҳастам ва таълим медиҳам. Дар муноқишаҳои солҳои 1990 низ ширкат надоштем. Мо умедворем, ки Кумитаи дини Тоҷикистон ба тадриси шогирдон иҷозаи расмӣ диҳад. Зеро то илм наёмӯзем, худоро намешиносем.
Ҳоло дар Тоҷикистон як мадрасаи ба номи Имоми Аъзам фаъолият карда ва ҳамаи ҷавонони алоқаманд ба омӯзиши исломро фаро гирифта наметавонад. Мо бояд кӯдаконро тадрис кунем. Афроди бедонишу бемазҳаб ба ватан хидмати лоиқ карда ва онро ҳифз карда наметавонанд.
Домулло шудан фарзи кифоя аст. Ҳама домулло шуда наметавонанд. Барои аҳли омма донистани заруриёти дин, фарзи айн ва чил фариза лозим аст, то қаллобе ӯро аз мазҳабаш берун накунад. Сонӣ биравад илми маъишӣ, иқтисод бихонад. Ин чиз дар Қуръон таъкид шуда.
-Муносибати исломи расмӣ, яъне Шӯрои уламои исломӣ, дар қиболи равияи тасаввуф чи гуна аст?
-Ин як баҳси ҷузъӣ аст. Ҳофиз мегӯяд:
Шаби торику бими мавҷу гирдобе чунин ҳоил,
Куҷо донанд ҳоли мо сабукборони соҳилҳо.
Кор бе мухолифату мамонеъат намешавад. Мо бояд худоро шабу рӯз зикр кунем. Тариқат айни ибодат аст. Ҳалқ низ бояд пок бошад. То ҳол аз Шӯрои улумои исломӣ расман болои мо фишоре сурат нагирифта ё ба равияи тасаввуф эроду интиқоде нашудааст.
-Эшону домуллоҳои саршиноси Тоҷикистон чи?
-Агар эрод ҳам гирифтанд мегӯем, ки “Ӯ шариъат баён кунад моро, Ӯ тариқат аён кунад моро”. Мегӯем, ки мо бидъаткор нестем. Ин равиш аз худо ба паёмбар ва аз паёмбар то ба мо расида.
-Дар миёни шогирдони Шумо афроде ҳастанд, ки ба пояи муршидӣ расида бошанд?
-Ин кори хеле душвор аст. Ҳар қадаре ки банда ба худо наздик шавад, тарсаш бештар мешавад. Шарт барои пешвои тариқат шудан чаҳор сифат аст.
Илми тавҳиду худошиносӣ, илми тафсир, ҳадис, фиқҳ ва адабиёт доштан, дар назди муршиди комил сабақ гирифтан, доим мардумро тарғибу насиҳат кардан ва дунёро бозича донистану ба дунёи фонӣ дил набастан. Ҳар касе дар ин чаҳор сифат мавсуф бошад, пешвоии мардумро шоиста аст.
-Мурид барои фаъолияти мустақил бояд аз пири муршид иҷзоъ (иҷоза) бигирад. То ҳол ягон нафар аз Шумо иҷзоъ гирифта?
-Не. Мо ба як нафар иҷзоъ додем, аммо гуфт, ки қувватам намерасад. Инро бо даъво гирифта намешавад. Бояд фард ҳам мӯҳтасиби шариъат ва ҳам мӯҳтасиби тариқат шавад. Асли бандагӣ тақвою парҳезгорӣ аст. Мо садои бандагӣ кардем. Садои бандагӣ бе ақидаю амал намешавад. Паёмбари ислом гуфтаанд: Душмани аслии шумо нафси шумост, ки дар миёни ду шонаи шумост. Пояҳои ғофилии мо хеле қавӣ шудаасту аз худо хоҳонем, ки моро бо марҳаматаш аз ин ғофилиҳо наҷот диҳад.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/din/3451-2010-10-29-10-55-07.html
-
08.09.2026 22:56
329
Иштирок дар ҳамоиши илмии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – Пайванд
-
08.09.2026 22:53
333
Иштирок дар Паради ҳарбӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
-
06.09.2026 22:10
804
Хуршеди Истиқлол дар осмони Тоҷикистон: Ҷашни бузурги зафар муборак!
-
08.05.2026 19:24
662
9 май – Ғалабае, ки то имрӯз зинда аст
-
06.05.2026 14:20
643
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
637
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
21.08.2026 11:04
482
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
-
15.08.2026 21:59
340
Форуми рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодии Авруосиё
-
07.08.2026 14:04
289
Сафири Тоҷикистон бо раиси Палатаи савдо ва саноати Салтанати Умон мулоқот намуд
-
11.07.2026 11:51
596
Нақши устод Пайванди Гулмуродзода дар рушди рӯзноманигории тоҷик
-
17.01.2026 11:47
1210
Профессор ва раҳбари собиқи СҲШ Рашид Алимов ба ҳайати таҳририяи «За рубежом» пайваст шуд
-
24.12.2025 15:28
1135
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
06.09.2026 19:12
306
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
-
04.09.2026 00:55
300
Гузоштани санги асоси калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ дар Душанбе
-
02.09.2026 01:12
361
Орзуи Дубай ё қафаси тилоӣ?
-
03.09.2026 12:30
441
Сотим Улуғзода ва қадршиносии Пешвои миллат
-
02.09.2026 12:56
363
Нури хилвати шеър: мавлуди Шаҳрия муборак!
-
31.08.2026 15:51
286
Иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ
-
16.08.2026 14:01
588
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолат вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Федератсияи Русия манъ карда мешавад?
-
10.08.2026 14:01
415
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
-
07.08.2026 14:16
280
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
-
28.08.2026 22:33
473
Саҳми Шерзот Абдуллозода дар ташаккули илми диншиносӣ дар Тоҷикистон
-
27.08.2026 11:55
373
Зиндагиномаи Паёмбар (с). Аз таваллуди Паёмбар (с) то ҳиҷрати мусулмонон ба Ҳабаша
-
15.08.2026 13:06
323
Назофат ва беҳдошт дар ахлоқи Пайғамбар (с)
-
28.02.2026 22:46
822
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
2185
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
2348
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
07.07.2026 12:25
508
Истиқлолияти давлатӣ – пояи давлатдории миллӣ ва кафили рушди устувори Тоҷикистон
-
18.06.2026 23:00
2314
«Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак!»
-
21.11.2025 11:59
1389
“ЛАЪЛИ РАХШОНДИРАФШ” бахшида ба Рӯзи парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-
01.09.2026 01:47
401
Поёни як даврони таърихӣ: Лионел Месси тими миллии Аргентинаро тарк кард
-
31.08.2026 10:14
322
ҶҶ 1982: Италияи мағлубнашаванда дар замини Испания
-
27.08.2026 12:06
423
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
-
31.08.2026 10:19
374
Фёдор Михайлович Достоевский: Рӯҳшиноси амиқтарини башар
-
26.08.2026 09:58
438
Леонардо да Винчи: Намунаи беҳамтои инсони универсалӣ
-
17.08.2026 01:19
449
Экзоскелетҳо: Сарбози супермен ё кӯмаки тиббӣ?










































