06:01:06 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ним асри Акбари Саттор

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва раҳбари медиа-ҳолдинги “Чархи гардун”, ба синни 50 расид. Ӯ мегӯяд, қисмати асосии ним асри ҳаёташ бо фаъолиятҳои журналистӣ паси сар шуда ва аз ин ҳаргиз пушаймон набуду нест.

akbari-sattor-9856454545.jpgАкбари Саттор - раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва раҳбари медиа-ҳолдинги "Чархи гардун" рӯзи 10 феврал ба синни 50 расид. Ӯ рӯзи сешанбе дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо мо гуфт, 50 сол дар назари инсонҳо фақат рақам аст. Вале дар асл, ба гуфтаи Акбари Саттор, санаест, ки одамон ба гузаштаи худ назар андохта, ба ислоҳи иштибоҳу ғалатҳояшон мекӯшанд.

Раҳбари медиа-ҳолдинги "Чархи гардун" афзуд, аз 50 соли умраш қисмати зиёди онро бо фаъолиятҳои журналистӣ ва бо журналистон дар Тоҷикистону хориҷ аз он гузарондааст. “Давраи беҳтарини умри ман буд”,-ба ёд меорад Акбари Саттор ва меафзояд: “Ман қалбан журналист будам ва қалбан журналист мемонам. Ин аз тарзи либоспӯшиву рафтор ва ҳарф задани ман пайдост. Журналистика дар хуни ман аст.”

Дар охири сӯҳбати кӯтоҳаш раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон муроҷиати кӯтоҳе ҳам ба хабарнигорони кишвар кард ва гуфт, “ҳамеша собитқадам бошанд. Ҷасоратро аз даст надиҳанд. Вале дар баробари ҷуръату ҷасорат масъулиятро ҳам аз ёд набаранд.”

Зафари Сӯфӣ – раҳбари гурӯҳи расонаҳои “Озодагон” дар сӯҳбат бо мо Акбари Сатторро “ринди тамомаёр ва инсони озода” тавсиф кард. Ӯ гуфт, “Акбари Саттор шояд аз камтарин нафаронест, ки ҳамеша некбин аст ва дар инсонҳо сифати неки онҳоро меҷӯяд. Ҳеч нашунидаам, ки ҳатто дар мавриди афроде, ки нисбаташ бадӣ раво дидаанд, ҳарфи баде гуфта бошад.”

Оқои Сӯфӣ дар идома аз таъсиси нахустин нашрияи мустақил дар айни даргириҳои дохилии Тоҷикистон аз сӯи Акбари Саттор ҳам ёдоварӣкард. Ӯ гуфт, “вақте Акбар аввалин нашрияи мустақилашро таъсис дод, вазъияти кишвар воқеан буҳронӣ буд. Дар чунин як шароит, ки ҳама дар фикри ними нону то рӯзи дигар ба саломат бурдани ними ҷон буданд, Акбар боҳимматона пой дар арса мегузорад ва фарҳанги рӯзнома хонданро дар ҷомеа нигоҳ медорад. Ҳоло коре ба муҳтавои матолиби нашрия надорам. Муҳим, мардум аз хондан бегона нашуданд. Акбар аз зумраи инсонҳои ангуштшумор дар таърихи журналистикаи тоҷик аст, ки кори бузург анҷом дода ва номашро дар сафҳаи ин таърих барои ҳамеша сабт кардааст.”

Ҷамилаи Мақсуд, аз хабарнигорони собиқадори “Чархи гардун” ва нашрияи “Вечерний Душанбе” дар сӯҳбат бо мо бештар аз шеваи раҳбарии Акбари Саттор гуфт. Вай мегӯяд, “барои Акбари Саттор муҳим нест, хабарнигор соати чанд меояду чанд меравад. Муҳим ин ки маводи хуб, таҳлили хуб ва факти хуби хонданибоб дошта бошад.”

Ҷамилаи Мақсуд мегӯяд, Акбари Саттор барои зердастонаш дар таҳияи матолиб ва пешниҳоди мавзӯъ озодии комил додааст ва “шояд ҳамин шароит аст, ки 15 сол боз дар ин идора мечархам.”

Акбари Саттор 10 феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ба дунё омада, соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинградро хатм кардааст. Ӯ фаъолияташро ба ҳайси хабарнигор дар нашрияи парлумонии Тоҷикистон - “Садои Мардум” оғоз карда, аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджест - пресс” рӯйи чоп овардааст.

Акбари Саттор ҳоло раиси Иттиҳодияи журналистон ва роҳбари генералии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Чархи гардун" мебошад, ки 5 нашрия дар тобеитяаш аст. Вай, инчунин, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва узви Шӯрои миллии муқовимат зидди фасод аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi