08:57:24 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЗАНОНИ "ОДАМФУРӮШ" ТО 6 СОЛ ЗИНДОНӢ ШУДАНД

Қурбониёни қочоқи инсон дар ин додгоҳ гуфтанд, медонистанд, ки барои танфурӯшӣ ба Дубай мераванд. Додгоҳи Хуҷанд рӯзи 10-уми июл ду зани суғдиро ба қочоқи як гурӯҳ занони тоҷик барои танфурӯшӣ ба Дубай гунаҳкор донист ва ба 6 ва 5-соли ҳабс маҳкум кард. Аммо додгоҳ ҳабси яке аз маҳкумшудаҳо, зани танҳои 30-соларо бинобар се кӯдаки хурд доштанаш, то 10 рӯз, яъне то замони нерӯи қонунӣ гирифтани ҳукми додгоҳ мавқуф гузошт.

/images/stories/2012/07/10_dubay-100712.jpgШӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд ва раиси муҳокимаи парвандаи ин афрод гуфт, яке аз айбдоршудаҳо -  зани 33-сола аз ноҳияи Зафаробод моҳи феврали соли равон вақти парвоз ба шаҳри Шарҷаи Аморати Муттаҳидаи Араб дар майдони ҳавоии Душанбе боздошт шуда буд: «Ба интиқоли занҳо ба Дубай барои машғул кардани онҳо ба танфурӯшӣ зани якум аз ноҳияи Зафаробод раҳбарӣ мекард. Зани дуюм ба вай бар ивази 200-долларӣ занҳои фоҳишаи талабгори сафари Дубайро пайдо мекард.»

Зимнан, чаҳор ҷавонзане, ки барои сафари Дубай (Имороти Муттаҳидаи Араб) ризоят дода, аммо то замони сафари онҳо раҳбаладашон боздошт шуд, ба ҳайси ҷабрдида дар додгоҳ пинҳон надоштанд, ки ба нияти танфурӯшӣ ба ин сафар ризоят дода буданд. Ба гуфтаи онҳо сахтии рӯзгор дар ватан, бекориву нодорӣ ва талоши дарёфти маблағ онҳоро барои ворид шудан ба роҳи танфурӯшӣ маҷбур кардааст.

Аммо дар додгоҳ онҳо гуфтанд, ки онҳо ба ин амал бори нахуст даст задаанд. Зани зафарободӣ гуфт, ба Дубай 10 бор «ба хотири сайру тамошо» сафар кардааст.

Вай дар сӯҳбат бо мо гуфт: «Ман ба айбномаи додгоҳ розӣ нестам. Он ҷавонзанҳо бо пойи худашон чанд бор наздам меоманад ва илтимос карданд, ки «дугонаат ба Дубай мерафтааст, моро ҳам барад». Аммо ман инро намехостам ва ҳар бор дархосташонро рад мекардам. Ягона айби ман ҳамин аст, ки як бор ба дугонаам (зани зафарободии маҳкумшуда) занг зада илтимоси як ҷавонзанро барои сафари Дубай  расондам. Вай гуфт, ки «падару модарам маро  аз хона пеш карданд, ҷойи рафтан надорам, омада дар хонаатон мешинам». Барои ҳамин, айбдоркунанда аз додгоҳ барои ман 7 сол ҳабс талаб кард. Ман се кӯдак дорам, агар ҳабс кунанд, аҳволи худаму онҳо чӣ мешавад?».

Вақти ҳарф задан аз чашмони ин ҷавонзан ашк мерехт. Ин зани 30-соларо шавҳари никоҳиаш бо се тифли аз 5 то 9 сола тарк карда, дар як хонаи иҷора дар шаҳри Чкалов зиндагӣ мекардааст. Вай ҷойи корӣ ҳам надоштааст ва рӯзии худу кӯдаконашро аз роҳи хидмат дар хонаҳои  сокинон ба даст меовардааст. Шарики вай 33-сола буда, соҳиби як кӯдак аст, шавҳар ва ҷойи кор надорад.

Ба гуфтаи Шӯҳрат Аҳроров, раиси муҳокимаи додгоҳии парванда, зани 33-сола моҳи феврали соли равон дар майдони ҳавоии Душанбе, вақте мехост ба шаҳри Шарҷаи Имороти Муттаҳидаи Араб парвоз кунад, боздошт шуда, сипас замони тафтиши парванда шарики худро ошкор кардааст: «Вай мехост 4 ҷавонзани тоҷикро барои танфурӯшӣ ба шаҳри Дубай барад, аммо онҳо шиносномаи хориҷӣ надоштанд ва сафари онҳо ба таъхир афтод. Танфурӯшонро бо ваъдаи пайдо кардани пули зиёд  бо роҳи танфурӯшӣ ба сафари ин кишвар розӣ карда буд. Қисмеро зани дуюми 30-сола розӣ кардааст.»

Додгоҳи зани 33-сола аз ноҳия Зафарободро  мутобиқи бандҳои «ҷалби одамон барои қочоқ», «қаллобӣ», «қасди содир кардани ҷиноят» ва дуюмиро, ки соҳиби се кӯдак аст, танҳо аз рӯи банди «ҷалби одамон барои қочоқ»-и асноди ҷиноии Тоҷикистон айбдор донист.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi