08:14:32 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ДОҒИ НАНГ Ё ДОҒИ ҶАНГ: САРНАВИШТИ ЗАНОНИ ОЗОРДИДА ДАР ВОДИИ РАШТ

Кушта шудани ҳазорон нафар аз сокинони Тоҷикистон дар ҷанги дохилии панҷсола танҳо фоҷеъае набуд, ки доғи он ҳанӯз ҳам дар қалби бисёре аз мардум боқӣ мондааст. Дар канори ҳазорҳо қурбонии ин ҷанг, ки кушта ва ё ҷисман нобуд шуданд, иддаи зиёде ҳам агарчи ҷони солим бадар бурданд, аммо худро то ба ҳол рӯҳан кушта ва нобудшуда эҳсос мекунанд.

/images/stories/2012/06/30_rashtswomen-300612.jpgАз ҷумла, садҳо зан ва духтари таҷовузшуда ё озордида дар даврони ҷанг то кунун намеёранд аз он рӯзгори шум ҳарфе ба забон оваранд, чун ёдоварӣ аз он фаҷоеъ барояшон бисёр сахт аст. Занон агарчи дар шурӯъи ҷанг тақрибан ҳеч нақше надоштанд, вале дарвоқеъ, бо аз даст додани писарону шавҳарон ва падаронашон, рӯёрӯӣ бо мусибатҳои сангини ҷанг, назири таҷовуз ва одамрубоӣ, хушунат ва озори ҷинсӣ бештарин осебро аз ҷанги дохилӣ дидаанд.

Бо гузашти 15 сол аз имзои Созишномаи сулҳи Тоҷикистон ва бозгашти нисбии сабот ба ин кишвар дар бораи осебҳои равонии ҷанги дохилӣ, бавижа сарнавишти занону духтарони озордида ва таҷовузшуда тавассути ҳаммиллатони худ, ҳеч пажӯҳише анҷом нашудааст. То ба ҳол ҳеҷ як зани таҷовузшуда низ зоҳиран аз ин гуна ҷароим ба ҳеч маҳкамае шикоят набурдааст.

Дар ҷомеъаҳои суннатӣ, мисли Тоҷикистон, ин мавзӯъ ҳамвора тобу (мамнӯъ) будааст. Расонаҳо ва матбӯъот низ камтар ба бозтобу баррасии он пардохтаанд, агарчи достонҳое дар бораи мавориди таҷовуз ва бадрафторӣ ба занон дар манотиқи осебдида аз ҷанг байни мардум вуҷуд дорад.

Бо даргирифтани шуълаи ҷанг дар ҷануби Тоҷикистон бисёре аз хонаводаҳо дар авохири соли 1992 аз бими дастдарозии афроди мусаллаҳ духтарони ҷавони худро ба назди пайвандони худ, ба манотиқи амнтар ва ҳатто ба кишварҳои ҳамсоя мефиристоданд.

Аммо ин амр барои ҳама муяссар набуд. Бавижа, пас аз он ки доманаи ҷанг дар зимистону баҳори соли 1993 ба водии Рашт, дар шарқи шаҳри Душанбе, густариш ёфт.

Ба далели шароити табиъӣ интиқоли занону духтарон аз водии Рашт ба манотиқи амнтар дар замони оғози ҷанги дохилӣ ва баъд аз он мушкил будааст. Он замон на ҳамаи хонаводаҳо тавонистаанд духтарон ва занони худро аз таҷовуз ҳимоят кунанд.

'Нонпазӣ мебарем...'

Дар замони ҷанг дар манотиқи даргирӣ мафҳуми "моҳигирӣ мебарем" барои бисёре аз сокинон баёнгари ин буд, ки афроди зиёде ба ин баҳона аз манзил бурда мешуданд ва аз сӯйи силоҳбадастон ба қатл мерасиданд. Аммо бисёре аз занон ва духтарони сокини водии Рашт дар давраи ҷанг аз шунидани иборати "нонбандӣ мебарем" ба ҳарос меуфтоданд. Имрӯзҳо низ аз шунидани ин иборат раъша дар андомашон меуфтад. Зимнан, ин минтақа бо доштани духтарони зеборӯй бисёр шуҳрат дорад.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, афроди мусаллаҳ бархе аз занону духтарони раштиро дар замони ҷанг ба баҳонаи анҷом додани корҳои рӯзгор, монанди нонпазӣ, бо худ мебурданду таҷовуз мекарданд. Аз ин рӯ, аксари сокинон бо наздик шудани афроди мусаллаҳ талош мекарданд духтарон ва занони худро дар таҳхонаҳо пинҳон кунанд.

Як зани раштӣ мегӯяд афсароне, ки аз Душанбе омада буданд, шуморе аз духтарони зеборӯйи то 15-соларо аз рустоҳо алорағми хоҳиши волидонашон итихоб мекарданд ва ба баҳонаи "нонпазӣ мебарем" бо худ мебурданд. Дар он ҷо сарбозон ва афсарон, ки гуфта мешавад, аксаран маст буданд, занон ва духтаронро таҷовуз мекарданд ва ҳатто бархе аз онҳоро чандин шабонарӯз дар казармаҳо (макони хоби низомиён) нигаҳ медоштанд.

Ба гуфтаи ин зан, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, як духтари понздаҳсола аз ҷумлаи пайвандони ӯ низ дар замони ҷанг қурбонии таҷовуз шудааст. Ин духтарро як афсари Ҷабҳаи халқ ба унвони ҳамсар аз манзили волидонаш гирифта, аммо ӯро никоҳ накардааст. Баъд аз анҷоми маъмурияташ ин афсар аз минтақа рафта, вале духтарро танҳо гузоштааст.

'Доғи нанг'

Мустафо Муъаззамов, раҳбари як маркази ҳуқуқии ғайридавлатӣ дар водии Рашт, мегӯяд, ки садҳо зан ва духтар дар ин митақа дар даврони ҷанг таҷовуз шуда буданд. Вале вай афзуд: "Мушкили аслӣ он аст, ки ин занҳо аз бими ангуштнамо шудан ва доғи нанг аз гуфтани воқеъияте, ки бо онҳо рух дод, худдорӣ мекунанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки аксари мардум худи занон ва духтаронро гунаҳкор медонистанд, ки ба онҳо таҷовуз шудааст."

Ба гуфтаи ин ҳуқуқдони маҳаллӣ, то ҳол заноне, ки дар замони ҷанг ва нооромӣ таҷовуз шудаанд, дар вазъи бади равонӣ қарор доранд, вале дар мавриди ин аъмол ба касе ҳарф намезананд. Аз сӯйи дигар, дар он рӯзҳо мардум барои ҳимоят аз духтаронашон дар баробари таҷовуз ва аъмоли дигари номатлуб, онҳоро дар кӯдакӣ, яъне дар синни 14 -15-солагӣ шавҳар медоданд.

Азбаски бештари ин духтарон кӯдак буданд ва ҳатто муносибати одии заношӯйиро намедонистанд, бисёре аз чунин хонаводаҳо зуд аз ҳам рехтанд. Раъно Гулматова, як бонуи раштӣ, мегӯяд: "Хоҳари понздаҳсолаамро шавҳар доданд. Падарам метарсид, ки ӯро медузданд. Вай ҳануз кӯдак буд ва баъд аз як соли издивоҷ аз шавҳараш ҷудо шуд."

Хоҳари Раъно агарчи қоматбаланд асту абрӯи пайваста ва чашмони шаҳлое дорад, вале дигар касе ҳозир нашудааст бо ӯ издивоҷ кунад ва ӯ то ба ҳол ҳамроҳи падару модараш зиндагӣ мекунад. Бо ин роҳ бисёре аз волидон дар водии Рашт талош кардаанд духтарони худро аз хатари таҷовуз ва одамрабоӣ наҷот диҳанд, ҳарчанд ин амр на барои ҳама муяссар буд.

Зиндагӣ дар сардоб

Бархе аз духтарони бузургтар аз 12 сол дар замони даргириҳо маҷбур буданд, ки муддате аз умри худро дар сардобҳо ё зерзамини манозилашон сипарӣ кунанд. Макнуна Шарифова, як корманди ҳукумати шаҳристони Ғарм, аз ҷумлаи онҳоест, ки дар имтидоди рӯз баъзан соъоти зиёдеро дар зерзамини манзилаш мегузаронд.

Вай дар замони ҷанг чашмони оҳуӣ, пӯсти нафису сапед ва қомати мавзуне дошт. Макнуна мегӯяд, ки баъд аз кушта шудани 10 нафар аз пайвандонаш волидон барои ҳифозат аз ҷони фарзандони худ барои амнияти онҳо аз тамоми имконот истифода мекарданд. 

Вай афзуд: "Ҳар замон ки тирандозӣ мешуд ва ё гурӯҳҳои мусаллаҳ ба деҳи мо наздик меомаданд, падарам маро ҳамроҳ бо Шаҳло ва Шабнам дар таҳхона пинҳон мекард ва мо соъатҳои зиёде он ҷо мемондем."

Ӯ мегӯяд, ки хатари одамрубоӣ ва ё издивоҷи иҷборӣ барои духтарони ҷавон дар он замон аз сӯйи ҳар ду ҷониби даргирӣ вуҷуд дошт.

Худи Макнуна шоҳиди кушта шудани доияш, падари Шаҳло ва Шабнам, буд: "Пӯлод Шифоевро гурӯҳи Ризвон Содиров рӯзи 9 январи соли 1993 ба қатл расонд. Пӯлод он замон ду кӯдаки хурдсол дошт ва танҳо ба хотири он кушта шуд, ки аз давлат ҷонибдорӣ кардааст. Ҳамсари бевамондаи вай дар натиҷаи дарду ғам гирифтори бемории равонӣ шуд."

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 26 ҳазор зан дар замони ҷанг бева мондаанд ва гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокист, ки беш аз 70 дар сади занони бевамонда дар шаҳристони Ғарм ба сар мебаранд. Ин ноҳия дар маҷмӯъ беш аз 140 ҳазор ҷамъият дорад, ки ҳудуди 55 дарсади онҳоро занону духтарон ташкил медиҳанд.

'Ҳушёртар'

Бисёре аз занони рӯзгордидаи раштӣ зиндагии иҷтимоъии худро ба ду бахш тақсим мекунанд: зиндагӣ дар даврони ҷанг ва баъд аз он. Онҳо саъй мекунанд, ки аз бахши аввали зиндагии худ камтар ёдовар шаванд ва бештар ба фикри имрӯзу фардои хешанд. Ба ақидаи бархе аз онҳо, ҷанг ва нооромиҳои панҷсола тавсеъаи иқтисодию иҷтимоъии ин минтақаро барои даҳсолаҳо ба ақаб андохтааст.

Шаҳодат Таурова, масъули умури занон дар ноҳияи Ғарм, мегӯяд: "Модарон бе хонаву дар монданд. Танҳо дар шаҳраки Ғарм 350 хона дар рӯзҳои нооромӣ комилан сӯхта нобуд шуд. Занон бешавҳар монданд. Духтарони ҷавонро гирифта "зан мекунем" гуфта, бурданд. Вале бештари ин духтарон кӯдак дар даст ба манзили падаронашон бозгаштанд."

Аммо хонуми Таурова нисбат ба оянда хушбин ба назар мерасад. Вай муътақид аст, ки ҳарчанд ҷанг ва нооромиҳо ба сари занони минтақа бадбахтиҳои зиёдеро оварда, вале аз сӯйи дигар, фоҷеъаи ҷанг занони маҳаллиро аз лиҳози сиёсӣ ҳушёртар ва бедортар кардааст. Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллӣ, дар чанд соли ахир шумори духтароне, ки дар мактабҳои ҳамагонӣ таҳсил мекунанд ва ё донишҷӯёни донишгоҳҳо ва донишкадаҳо бамаротиб афзудааст.

Ӯ афзуд: "Ҳоло бисёре аз занон дар Рашт ба ҳукумат меоянд ва бо мо даъво мекунанд, ки барои таҳсили духтаронашон дар донишгоҳҳо имтиёзот ё саҳмияҳо бидиҳем. Ин занон мехоҳанд, ки духтаронашон мисли онҳо бесавод намонанд."

Ҷароими ҷангӣ

Шумори кормандони зан дар идорот ва муассисоти давлатӣ имрӯзҳо дар муқоиса бо солҳои аввали баъд аз касби истиқлоли Тоҷикистон бештар ба назар мерасад. Ҳамчунин шумори бештаре аз занон дар бозорҳо ва дуконҳои шаҳраки Ғарм ва навоҳии дигар ба тиҷорат машғуланд.

Аммо захмҳои баҷомонда аз даврони ҷанг ҳанӯз ҳам дили бисёре аз занони маҳаллӣ, аз ҷумла онҳоеро, ки таҷовуз шудаанд, азият медиҳад. Сарфи назар аз понздаҳ соли оштии миллӣ, бештари ин занон мегӯянд, ки таҷовузгаронро ҳаргиз намебахшанд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз намояндагони аҳзоби сиёӣ дар Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки ба манзури рӯшанӣ андохтан ба ҷароими даврони ҷанг кумисиюни вижае таъсис дода шавад. Ҳикматулло Сайфуллозода, аз аъзои фаъъоли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳадафи аслии ин кумисиюн расидагии воқеъӣ ба ҳодисоте назири қатлу куштори ғайринизомиён, таҷовуз ба номуси занон ва кӯдакозорӣ бояд бошад.

Ӯ мегӯяд: "Яке аз аҳдофи ин пешниҳоди ман он аст, ки ҳадди ақал афродеро, ки дар он давра нопадид шуданд, бояд пайдо кард. Ҷанг миёни гурӯҳҳои мухталиф буд, вале кушта шудани ғайринизомиён ва озору азияти онҳо ҷиноят аст ва муқассирони он бояд ифшо шаванд."

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi