12:50:30 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

"БИДУНИ ШИРКАТИ ЗАНОН ОЗМУНИ КОР МУЪТАБАР МАҲСУБ НАШАВАД"

Татяна Бозрикова, ҷомеъашинос ва раиси созмони пажӯҳишии ғайридавлатии “Понарама” мегӯяд, ки бо раванди демукротиза дар Тоҷикистон ва вуҷуди идиулужиҳои мухталиф, арзёбии вазъи озодии занон дар ин кишвар печидатар шудааст.

bozrikovaВай мегӯяд, акнун арзишҳое, ки шеваи зиндагӣ ва рафтори меъёрро дар ҷомеъаро шакл медиҳанд, мухталиф ҳастанд. Хонуми Бозрикова ин мавзӯъро дар мусоҳибааш ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии занон бо Шамсияи Қосим матраҳ кардааст, ки фишурдаи онро дар зер бихонед.

Давлати Тоҷикистон Рӯзи 8-уми мартро, ки дар ҷаҳон ба унвони Рӯзи ҷаҳонии занон таҷлил мешавад, се соли қабл баРӯзи модартабдил додааст. Ба назари Шумо ин амр қобили накуҳиш ё баръакс ситоиш аст, зеро ин кор тарафдорон ва мухолифони худро дорад.

Ба назари ман, дар ин рӯз дар канори як ҷашн, ки доштем, яке дигар ба унвони Рӯзи модар илова шуд. Зеро Рӯзи ҷаҳонии занон, ҷашни байналмилалист ва онро дар сатҳи байналмилалӣ касе лағв накардааст. Ва ба ин хотир метавон гуфт, ки қарори раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷашни Рӯзи модар дар маҷмӯъ чизеро тағйир надодааст.

Аммо мавзӯъи дигар ин аст, ки ин ду ҷашн ба кадом маъно ҳастанд. Маълум аст, ки Рӯзи модар дар Тоҷикистон рӯзест, барои бузургдошти занон ҳамчун модарон, барои тақдир аз заҳмате, ки модар барои фарзанд мекашад. Нақши модар дар фарҳанги шарқӣ, тоҷикӣ ҳамеша аз даврони қадимӣ боарзиш будааст. Аммо дар ин рӯз мо метавонем дар бораи модарон сӯҳбат кунем ва таваҷҷӯҳро ба сифати тарбиаи кӯдакон ҷалб кунем.

Аммо агар дар бораи Ҷашни ҷаҳонии занон сӯҳбат кунем, мебинем, ки дар инҷо умдатан ба мавзӯъи дифоъ аз ҳуқуқи занон ва тавсеъаи нақши онҳо дар ҷомеъа тамаркуз мешавад. Яъне ин рӯз, мавзӯъи занро натанҳо ҳамчун модар, балки ҳамчун фарди иҷтимоъӣ, ки дар зиндании иҷтимоъӣ нақши фаъъол дорад, матраҳ мекунад .

Барои ҳамин бояд гуфт, ки тамаркуз дар ин ду ҷашн комилан аз ҳам фарқ мекунад. Шахсан барои ман ин тасимими давлат таъаҷҷубовар буд, зеро сиёсати давлат дар мубориза барои беҳбуди вазъи ҷинсиятӣ қобили тақдир аст ва ҳарчанд бузургдошти модар коре хуб аст, аммо давлат метавонист, Рӯзи модарро дар ягон рӯзи дигар таъйин мекард.

Ҳадафи Рӯзи ҷаҳонии занон, ин аст, ки таваҷҷӯҳи ҷомеъаи маданӣ бори дигар ба вазъи занон ҷалб шавад ва ҳоли онҳоро арзёбӣ кунанд. Вале аз назари Шумо, мо дар Тоҷикистон ба ин маънӣ аз Рӯзи ҷаҳонии занон таҷлил мекунем, ё ин рӯз ба як рӯзе табдил шуда, ки ба занон бояд гулу ва тӯҳфа дод?

(махандад) Албатто ин рӯз барои ҳар кас маънои худро шояд дорад, вале дар маҷмӯъ дар кишвари мо ба ёд ҳам намеоранд, ки ин рӯз аз чӣ сарчашма гирифтааст, рӯзи роҳпаймоии занон бо дегҳояшон дар мубориза барои дифоъ аз ҳуқуқи худ. Аз замони шӯравӣ дар мо ин расм роиҷ шудааст, ки 23-юми феврал ҷашни мардҳост ва бояд мардҳоро табрик гӯем ва рӯзи 8-уми март, рӯзи занон аст ва ба занон дар ин рӯз гул ва тӯҳфаҳо медиҳанд.

Аммо барои созмонҳо ва гурӯҳҳои фаъоли ҳуқуқи занон ин рӯз ҳамеша фурсатест, ки бори дигар дар бораи вазъи занон садо баланд кунанд. Дар бораи ин ки занон чи ҳуқуқ доранд ва ё оё ҳуқуқҳои онҳо риъоят мешаванд.

Дар кишвари мо масалан агар Қонуни асосиро бигирем, ҳуқуқи ҳамаи шаҳрвандонро баробар эълон кардааст. Мо қонун дар бораи замонати давлатӣ дар бораи натанҳо ҳуқуқҳои баробари занон ва мардҳо, балки замонати шароити баробар барои онҳоро низ дорем, мо чандин барномаи давлатӣ ва қарорҳои раиси ҷумҳуриро низ дорем.

Ва дар ин рӯз ҳамаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар умури занон арзёбӣ мекунанд, ки ин ҳама қонунҳо чи тавр амалӣ мешаванд. Яъне мо бояд ҷанбаъи сиёсии ин ҷашнро аз ҷанбаи инсонии он ҷудо кунем. Агар ба ҷанбаъи сиёсии ин рӯз назар кунем, ҳатман бояд ба вазъи занон дар кишвар бори дигар таваҷҷӯҳ кунем.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ дар заминаи ташкили сиёсати гендерӣ ё ҷинсиятӣ ақаб намемонад ва ҳатто дар бархе маворид, масалан, дар тасвиби кунвенсиюн дар бораи маҳви ҳама навъи табъиз аз кишварҳои дигар пешсаф будааст. Ё ин ки Қонун дар бораи баробарии ҷинсиятиро бигирем, ин қонун на дар ҳамаи кишварҳои собиқ шӯрваӣ вуҷуд дорад, аммо мо дорем.

Аммо ин қавонин амалан дар зиндагӣ чи гуна иҷро мешаванд?

Бале, мавзӯъи иҷрои ин қавонин баҳси ҷудогонаст. Зеро мутаасифона, иҷрои ин қавонин дар кишвар заифтар аст. Созмони миллал равандҳоро таҳти назорат дорад ва натоиҷи пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз назари беҳбуди вазъи занон пешсаф нест.

Бояд гуфт, ки арзёбии вазъи занон дар замони имрӯз дар муқоиса бо солҳои қаблӣ коре печидатар шудааст, зеро системи ҷомеъаи мо печидатар шудааст. Мо боқимондаҳои даврони шӯравиро дорем, мо ҳамчунин равандҳои ҷадидро мушоҳида мекунем ва аз сӯйи дигар мебинем, ки муносиботи падарсолорӣ низ дар мо дубора эҳё мешаванд. Ба ин далел системи муносиботи гендерӣ ҳоло дар мо хеле печидааст.

Аммо агар дар маҷмӯъ бигирем, вазъи занони тоҷик дар замони шӯравӣ беҳтар буд, ё хай?

Ин савол посухи сода надорад. Мо наметавонем гӯем, ки он вақт хубтар буд, ҳоло бадтар шуда. Дар замони шӯрваӣ системи ҳифзи иҷтимоъӣ ва замонати иҷтимоъӣ хеле хуб ба роҳ монда шуда буд. Ҳам аз назари молӣ ва ҳам аз назари ташвиқ ва ҷалби занон ба корҳои давлатӣ ва зиндагии иҷтимоъӣ.

Ин ки чи гуна ин занҳо интихоб мешуданд, баҳси дигар аст, аммо ба ҳар ҳол, дар мақомоти давлатӣ ҳатман 30 дарсадро занҳо ташкил медоданд ва онҳо аз табақаҳои мухталифи иҷтимоъӣ буданд. Муаллимон, пизишкон ва ё кормандони кишоварзӣ... Муҳим ин буд, ки идиулужии қавӣ барои таблиғи занон барои фаъъол будан дар зиндгии иҷтимоъӣ вуҷуд дошт.

Аммо бо касби истиқлол ҳама чиз тағйир ёфт, вазъи сиёсӣ иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ ҳама чиз тағйир ёфт. Таъсири ҷанги шаҳрвандиро ҳам набояд фаромӯш кунем. Хуллас, ҳамин тавр ки гуфтам, мо мо боқимондаҳои он системро то ҳоло дорем ва ҳамзамон эҳёи падарсолорӣ низ ба хубӣ мушоҳида мешавад.

Идиулужиҳои мухталиф ҳоло ба кор мераванд. Масалн аҳзоби мухталиф дорем, ки онҳо идеҳои худро паҳн мекунан, масалан ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон ва умуман ҳар ҳизби дигар идеолужии худро дорад ва онҳоро таблиғ мекунад ва одамон барои худ роҳу равишҳоро интихоб мекунанд.

Аммо ҳамон тавр ки гуфтед, мо эҳёи падарсолориро низ мушоҳида мекунем, дар ин сурат дар бораи чи гуна интихоб метавон ҳарф зад?

Вақте мо дар бораи эҳёи падарсолорӣ сӯҳбат мекунем, мо издивоҷҳои зудҳангом, дар бораи таҳти кунтрули падар, шавҳар, бародар ва ғайраҳо будани духтарон ва занон, ширкат накардани онҳо дар зиндгии иҷтимоъиро дар назар дорем. Аммо боз ҳам бояд дар назар гирифт, ки омилҳо ва шароитҳое, ки ин вазъиятро ба вуҷуд овардаанд мухталифанд. Яке аз омилҳои муҳим фақр аст, аммо боз ҳам наметавон ҳамаи инро танҳо дар камбизоъатӣ дид.

Зеро масалан таҳқиқҳои мо нишон медиҳад, ки хушунати хонаводагӣ масалан натанҳо дар хонаводаҳои камбизоъат рух медиҳад, балки дар хонаводаҳои сарватманд низ мушоҳида мешавад. Хушунат ҳам дар шаҳр ва ҳам дар рустоҳо, ҳам дар миёни афроди таҳсилкарда ва ҳам дар миёни мардуми бесавод мушоҳида мешавад. Дар ҳар сурат рафтори иҷтимоъии меъёрро (social norm behavior) худи ҷомеъа шакл медиҳад.

Барои шакл додан ё тағйири қолабҳо ё клишеҳо ба истилоҳ стериотипҳо дар ҷомеъа киҳо метавонанд ва бояд таъсир гузоранд, оё созмонҳои ғайридавлатии занон ё давлат дар ин замина муассир метавонад бошад ё хайр…

Қолабҳо гендерии ҷомеъаи Тоҷикистон тӯли ҳазор солаҳо шакл ёфтаанд. Яъне тавассури ин ки зан бояд чӣ гуна бошад ва мард бояд чи гуна бошад, тӯли қарнҳо шакл гирифтааст. Аммо дар замони мо ин қолабҳо бо воқеъиятҳо ва зиндагии имрӯз таноқуз доранд. Ман фикр мекунам, сабаби аслии ин ки қонунҳо ва қарорҳо ва барномаҳои марбут ба сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон ба кундӣ иҷро мешаванд, ҳамин таноқузи ин қавонин ва аснод бо қолабҳои гендерие, ки дар ҷомеъа вуҷуд доранд, аст.

Ин танаҳо мушкили давлат нест, ин мушкили ҳамаи мост, мушкили ҷомеъа аст. Зеро ин таноқуз ба зиндагии ҷомеъа ва тавсеъаи он ва дар зиндгии натанҳо занон, балки мардҳо низ таъсири манфӣ мегузорад. Масалан, мо дар шимоли кишвар мавориди зиёди худкушии мардҳоро дорем. Ва аксари ин маворид ба ҳамин қолабҳои гендерӣ марбут аст. Ба писарҳо ва духтарҳо аз кӯдакӣ мегӯянд, ки мард ноновари хона аст.

Вале вақте, ки мард дар шароъити имрӯз наметавонад кор пайдо кунад ва ҷавобгӯ ба ин қолабҳои гендерӣ намешавад, хиҷолат мекашад, азият мекашад, зери фишори руҳӣ қарор мегирад.

Ба назари Шумо ҳамчун як ҷомеъашинос ва муҳаққиқи масоили гендерӣ, чӣ кор бояд кард, ки зиндагии занон ва аз ин васила зиндагии ҷомеъа беҳтар шавад?

Корҳои хеле зиёд бояд анҷом шаванд. Аммо муждагонӣ ин аст, ки Тоҷикистон дигар марҳилаи шаклдиҳии қонунгузорӣ ва консепсиюнҳоро пушти сар карда ва ҳоло бояд ба марҳилаи мушкилтар, яъне марҳилае, ки ин қонунҳоро иҷро кунад ворид шуд. Барои ин ки ин ҳама қавонин ва қарорҳо иҷро шаванд, мо ба меконизмҳои дақиқ ва муассир ниёз дорем. Меконизмҳои қонунӣ, идорӣ ва ташкилотӣ ва молӣ. Аммо мутаасифона, мо ин меконизмҳоро кам дорем, ё умуман надорем.

Масалан меконизми ҳуқуқӣ - Мо қонун дар бораи замонати давлатӣ барои ҳуқуқ ва шароити баробари истифода аз ин ҳуқуқ барои занону мардҳоро дорем, барномаи боло бурдани мақоми занон дар ҷомеъа дорем.... Аммо кадом корфармо вақти қабул ба кори давлатӣ ба ин қонун ё барнома нигоҳ мекунад?

Ҳама корфармоён дар навбати аввал ба қонун дар бораи хидмати давлатӣ, ки рӯи мизашон ҳаст ба он нигоҳ мекунанд. Яъне мо қонунҳои умумӣ дорем ва боз қонунҳои бахшҳои мухталиф низ вуҷуд доранд. Қонун дар бораи хидмати давлатӣ занонро табъиз намекунад, вале воқеъиятҳои ҷинсиятиро дар назар намегирад, то ин ки дар зинаҳои аввал ба шароити мутафовити занон дар ҷомеъа авлавият қоил шавад.

Масалан мо намегӯем, ки занҳоро мисли замони шӯравӣ бо квота ба кор бигиранд, на. Аммо масалан метавонем як тағйироти кучаке ворид бикунем, ки бидуни ширкати занон дар озмун барои қабул ба кор, ин озмун муътабар ё баргузоршуда маҳсуб нашавад.

Ё ин ки агар мо мехоҳем, ки барномаҳои марбут ба занон воқеъан иҷро шаванд, мо ҳатман меконизмҳои молӣ барои иҷрои ин барномаҳоро бояд аз будҷеи давлат фароҳам кунем. Мо дар ин бора борҳо гуфтаем ва гӯё ки ҳама ба ин ҳарфҳо розӣ ҳастанд, аммо амалан дар ин самт коре анҷом нашудааст.

Барои сӯҳбат бо мо сипосгузорам.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi