09:28:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

ЗАН ВА РӮЗА

ТАЪРИФИ РӮЗА

Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.


ФАРЗИЯТИ РӮЗА

Рӯза гирифтани моҳи мубораки Рамазон фарз буда, рукне аз рукнҳои Ислом аст. Фарзияти он ба Қуръони маҷид ва сауннати набавӣ собит гардидааст. Худованди мутаъол мефаромдя: «Кутиба алайкумус-сиёму камо кутиба алал-лазина мин қабликум», яъне «Эй мусулмонон! Рӯза гирифтан ҳамон тавре ки бар умматҳои пеш фарз гардонида шудааст, ба шумо низ фарз гардонида шудааст».


ҲУКМҲОИ РӮЗА

Ҳукмҳо ва масъалаҳое, ки дар рӯза гирифтан ихтисос ба занҳо дорад, иборатанд аз:

Зан вақте метавонад рӯза бигирад, ки дар одати моҳонагӣ ва ё бемории таваллуд кардан набошад;

Агар шавҳари зан дар рӯзи моҳи Рамазон ба ризоияти худи зан ҳамхобагӣ кард, бар ҳар кадом, аз зан ва шавҳар каффораи ҷудогонае лозим мегардад;

Агар шавҳари зан ба зӯр бо зан ҳамхобагӣ кард, дар ин ҳолат бар зан танҳо қазо лозим мешавад, на каффора. Мурод аз ӯ он аст, ки барои зан ҳеҷ чорае ҷуз аз таслим шудан дар муқобили хости шавҳар ва ҳамхобагӣ кардан бо вай боқӣ намонда бошад. Агар мард ва зан талаби ҳамбистар шуданро намуда ва зан баъди як ё ду бор не гуфтан ба талабаш таслим шавад, ҳамхобагии ризоят гуфта шуда ва бар зан монанди мард каффора ва қазо лозим мегардад;

Агар зан ба сабабе аз сабабҳо дар рӯзи моҳи мубораки Рамазон беҳуш ва ё девона шуд ва дар ин ҳолат бо вай ҳамхобагӣ сурат гирифт, бар вай танҳо қазо лозим мегардад, на каффора;

Агар дар рӯзҳои Рамазон зан шавҳари худро бо тариқе маҷбур сохт, ки бо вай ҳамхобагӣ намояд, бар ҳардуи онҳо каффора лозим мешавад;

Барои ҳар як зан ва шавҳаре, ки бар нафси худ боварии комил дошта бошанд, раво аст, ки дар ҳолати рӯза доштан, якдигарро бӯса бизананд ва агар бар нафси худ бовар надоранд, бӯса задан макрӯҳ аст;

Агар зан шавҳарашро ва ё шавҳар занашро бӯса зад ва бар асари ин бӯса инзол, яъне оби манӣ берун баромад, бар он кассе инзол шудааст, қазо лозим мегардад;

Ҳамоғӯш шудан бо зан, агарчи ҳамбистарӣ ҳам сурат нагирад, макрӯҳ аст ва набояд зан ба шавҳараш чунин иҷоза бидиҳад. Мурод аз ҳамоғӯш шудан он нест, ки дар рӯи як бистар бихобанд. Балки мурод он аст, ки якдигарро дар оғӯш гирифта ва ба корҳои пеш аз ҳамбистарӣ шудан бипардозанд;

Зан набояд ба шавҳараш иҷоза бидиҳад, ки дар рӯзи рӯзаи Рамазон ӯро ба таври шадид бӯса зада ва ё он ки ронҳо ва ё ҷойҳои асосии баданашро молиш диҳад, вале агар чунин корҳоеро сурат гирифт, дар сурате, ки ба ҳам бистарӣ ва ё инзоли манӣ нашуда бошад, рӯзаи зан ва шавҳар ба кароҳат ҷоиз аст;

Агар шавҳари зан ғазабнок ва бадрафтор бошад, барои зан равост, ки намаки деги худро бичашад;

Сурма кашидан боке надорад, вале тарки он беҳтар аст;

Ранг кардани мӯй ва ҳино бастани дасту по боке надорад;

Барои зан раво аст, ки ҳангоми рӯза доштан таъомро хоида ва ба тифли худ бихӯронад, вале ба 3 (се) шарт:

а) Он ки барои он, тифл хӯроки муносиби дигаре муяссар нагардад;

б) Он ки он тифл, таъоми дигареро хӯрдан натавонад;

в) Каси дигаре, ки рӯзадор набуда ва чунин кореро барои тифл анҷом диҳад, вуҷуд надошта бошад;

Зане, ки ба сабабе аз сабабҳо қазои рӯза бар вай лозим гардидааст, бикӯшад, ки то пеш аз расидани Рамазони баъди рӯзаашро қазо биёварад ва агар рӯзаи баъдӣ дохил гардид ва ӯ ҳанӯз рӯзаи қаблиро қазо наёварда буд, аввал рӯзаи ҳозираро адо намояд ва баъд аз он рӯзҳои қазоиро рӯза бигирад ва ба вай фидя ва ё каффорае нест;

Зани ҳомила ва зани ширдеҳ, агар метарсад, ки рӯза гирифтан ба худи онҳо ва ё тифли онҳо зарар мерасонад, раво аст, ки рӯзаро бихӯрад ва баъд аз паси сар шудани мушкил онро қазо биёваранд. Ба онҳо фидя ё каффорае нест;

Агар зан аз одати моҳонагӣ ва ё бемории зоидани кӯдак, дар қисмате аз рӯзи моҳи Рамазон пок гардид, бояд боқимондаи рӯзаро гирифта ва ҳамон рӯзҳоеро, ки рӯза нагирифта буд. Қазо биёварад;

Агар зан дар қисмате аз рӯзи моҳи Рамазон ба одати моҳонагӣ ва бемории таваллуд дучор шуд, бояд рӯзаро бихӯрад ва ҳамон рӯзҳои хӯрдаро қазо биёварад;

Агар зан ба сабабе аз сабабҳои шаръӣ аз гирифтани рӯза нотавон гардида ва рӯзеро, ки хӯрдааст қазо оварда натавонист, ивази ҳар рӯз ду килограмм гандум ва ё баробари нархи онро барои мискинҳо фоида бидиҳад;

Агар зан рӯзаи нафлӣ гирифтанӣ бошад, шавҳарашро хабардор намуда, аз вай иҷозат бигирад;

Зан агар эътикоф нишастанӣ бошад, бояд аз шавҳараш иҷоза бигирад;

Эътикофи зан беҳтар аст, ки дар масҷиди хонааш боша два мурод аз масҷиди хонаи зан ҷое аст, ки дар хонаи худ ба мақсади намоз хондан ва ё ибодат кардан таъйин менамояд. Дар сурати эътикоф нишастан ба масҷид, масҷиди маҳаллааш беҳтар аз эътикоф нишастани вай дар масҷиди ҷомеъ аст;

Агар зан дар масҷиди хонааш ба эътикоф нишаста, бояд монанди эътикоф нишастан дар масҷид, ҳамаи шартҳои эътикофро риоя намояд ва ба ғайр аз зарурат аз маҳали эътикофаш хориҷ нагардад;

Чун эътикоф нишастан дар масҷидҳои сегона: хонаи Худо, масҷиди Паёмбар (с) ва Масҷиди Ақсои Байтулмуқаддас фазилати Хосе дорад, агар дар он масҷидҳо амнияти занҳо ба таври комил таъмин бошад, занҳо аз даст овардани ин фазилат барканоршуда намебошанд;

Агар зан назр кард, ки дар яке аз масҷидҳои сегонаи боло ба эътикоф бинишинад, бояд ба қадри имкон бикӯшад, ки ба назри худ вафо намояд ва агар эътикоф дар масҷидҳои зикршуда барояш муяссар нагардад, метавонад ба ҷои он масҷидҳо дар кадом масҷиди дигаре, ки амнияташ таъмин бошад, ба эътикоф бинишинад;

Зан дар ҳоли эътикоф бояд аз ҳамхобагӣ ва корҳои пеш аз он, монанди бӯса задан ва даст задан ба ҷойҳои ҳассос ва ғайри ҳассоси бадани шавҳари худ ба пуррагӣ худдорӣ намояд. Чунончи, набояд ба шавҳараш иҷоза бидиҳад, ки бар вай чунин корҳоеро анҷом бидиҳад ва агар аз чунин корҳое худдорӣ накард ва бар асари бӯса ва ё даст задан, инзоли оби манӣ сурат гирифт, эътикофаш ботил мегардад ва агар баромадани оби манӣ сурат нагирифт, эътикофаш ба кароҳат равост;

Агар зан дар ҳоли эътикоф ба одати моҳонагӣ ва ё бемории таваллуд кардан дучор шавад, бояд ба шитоб аз масҷид берун равад.

Ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi