18:08:06 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДОДХОҲИИ ГУРӮҲИ ЗАНОН АЗ РАИСИҶУМҲУР

 

Гурӯҳе аз занон дар рӯ ба рӯи қасри раёсати ҷумҳур ҷамъ омада, хостори расидагӣ ба қазияашон шуданд. Ин гурӯҳи занон, ки ҳамроҳи фарзандони худ ҷамъ омада буданд, аз бесарпаноҳ мондани худ дар зимистон шикоят доранд.

etirozi-zanho

Онҳо сокинони маҳаллае дар минтақаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе будаанд, ки тӯли даҳ соли ахир дар он ҷо мезистанд. Аммо ахиран ба гуфтаи занон, як марди сарватманд ин минтақаро харидорӣ ва онҳоро ҳамроҳи хонаводаашон бесарпаноҳ гузоштааст. Майсара Ҳилолиева, яке аз ин занон гуфт, "ман ду фарзанд дорам, ки падар надоранд. Мо дар маҳаллаи "Гипрозем" дар як хонача зиндагӣ мекардем. Манзили маро чаппа карда ва баъдан дар "склад"-е ҷо намуданд, ки он ҷо бетонист. Мо маҷбур шудем, ки ба дастгоҳи президент биоем."

Ин гурӯҳи занон дар гузашта низ ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ муроҷиат кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳарчанд кумиссиюне қазияро баррасӣ кард, аммо мушкилашонро ба таври мусбат ҳал нанамуд. Дар лаҳзаҳое, ки ин хабар нашр мешуд, гурӯҳи занон бо "Озодӣ" тамос гирфита ва гуфтанд, ки як масъули дастгоҳ онҳоро ба ҳузур пазируфта ва шикояти онҳоро шунидааст. Ӯ гуфтааст, қазияи бесарпаноҳ мондани занонро дубора баррасӣ хоҳанд кард.

Аз сӯҳбати ин занон рӯшан шуд, ки онҳо барои бунёди манзил сертифакат надоштаанд. Мақомоти тоҷик дар ин чанд соли ахир садҳо манзили сокинонро дар манотиқи мухталифи кишвар ба далели надоштани иҷозатнома тахриб ва заминҳоро ба ҳолати аввала бозгардонидаанд. Агарчӣ гурӯҳе аз ин сокинон дубора соҳиби манзил шуданд, аммо бархеи онҳо ҳанӯз ҳам бесарпаноҳ мондаанд.

Бо ин ҳол, дар соли ҷорӣ ин барои нахустин бор аст, ки гурӯҳи занон барои додхоҳӣ дар назди бинои дафтари раёсати ҷумҳурӣ ҷамъ омаданд. Дар солҳои қабл чунин таҷаммӯи занон бештар ба мушоҳида мерасид.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар ҳафтаи гузашта ба афзоиши муроҷиати сокинон ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ таъкид кард. Ӯ гуфт, соли гузашта шаш ҳазор нафар ба дастгоҳ муроҷиат кардаанд, ки нисбат ба соли 2010 ҳазор муроҷиат зиёдтар аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi