Вале бисёре аз мардум дар солҳои ахир барои Иттиҳоди Шӯравӣ нустолжӣ (эҳсоси дилтангӣ) доранд. Зеро барои афроди зиёди камбизоъат, ки расман аз панҷоҳ дар сад бештаранд ва бар асоси гузоришҳои ғайрирасмӣ, беш аз 70 дар садро ташкил медиҳанд, истиқлол ба маънои пайдо кардани як пора нон аст. Яъне барои ин қишри ҷомеъа бештар зарурист, ки тавонанд шиками фарзандонашонро сер кунанд ва барои як рӯзи зиндагӣ сармояе пайдо кунанд.
Шарҳҳо
RSS Обуна