10:47:52 24-уми Майи 2025 сол

ХОНУМИ АСЛОНОВ: ШАВҲАРАМРО ДАСТГИР КАРДА БА ФРОНТИ ХАЛҚӢ ДОДААНД

Қадриддин Аслонов дар мақомҳои олии Кумитаи Марказии Ҳизби куммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Олии ин кишвар, порлумони вақт фаъолият карда ва ҳудуди як моҳ кафили раиси ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

/images/stories/2011/08/04_aslonova_4.8.2011.jpgАммо бисёриҳо муҳимтарин хидмати оқои Аслоновро ба ҳайси раҳбари давлати Тоҷикистон имзои Эъломияи истиқлоли ин кишвар дар 9 сентябри соли 1991 медонанд. Дар остонаи 20-умин солгарди Ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон ҳамкорамон Мардони Муҳаммад бо Гулхумор Аслонова, хонуми ин сиёсатмадори фақиди тоҷик сӯҳбат карда ва нахуст аз ӯ пурсид, ки хабари истиқлоли Тоҷикистонро чи гуна дарёфта буд.

Гулхумор Аслонова: Ман Эъломияи истиқлол ва мустақил эълом шудани Тоҷикистонро аз телевизор шунидам. Ман аз сиёсат фарсахҳо дур будам ва шавҳарам низ ҳеч гоҳ дар бораи корҳояш ё сиёсат ба ман чизе намегуфт. Аз кор омада хӯрокашро мехӯрду камтар телевизор тамошо мекард. Дар хона аз корҳояш лаб намекушод.

-Яъне, шумо аз лаҳзаи таърихӣ, ки ба Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон шавҳаратон имзо гузоштааст, хабар надоштед?

-Чуноне қаблан гуфтам, дар хона аз сиёсат сӯҳбат намешуд. Ман, ки зани хонашин будам, то чи андоза муҳим будани ин амалро дарк карда наметавонистам.

-Шумо таҳсилоти олӣ доред?

-На. Вақте мактаби миёнаро хатм кардам, бо Қадриддин издивоҷ кардам. Пас аз як сол соҳиби фарзанд шудам. Дар 17 январ духтар таваллуд карда ва дар 17 декабри ҳамон сол боз соҳиби писар шудам. Имкони таҳсил набуд.

-Баъдан барои таҳсил талош накардед?

-Падару модари шавҳарам 8 фарзанди худро аз даст дода ва танҳо Қадриддину хоҳараш монда буданд. Бинобар ин пас аз шашмоҳа шудани фарзандонам онҳоро хусуру хушдоман тарбият кардаанд. Ман бо шавҳарам дар тарбияти фарзандон камтар саҳм гирифтаем. Шавҳарам мехост, ки ман таҳсил кунам. Аммо хусуру хушдоманам нагузоштанд. Онҳо мегуфтанд, ки фарзадони зиёди мо мурдаасту ӯ бояд бештар фарзанд таваллуд кунад.

-Вазъи зани мансабдори калон чи гуна буд? Имтиёз доштед? Аз он, ки як муддат “Хонуми аввал”-и кишвар будед, ифтихор доштед?

-Он замон эҳсос намекардам, ки шавҳарам раҳбари давлати Тоҷикистон аст. Дар зиндагиамон тағйироти ҷиддие рух надода буд. Мошини хидматӣ доштем, аз фурӯшгоҳи ҳукуматӣ истифода мекардем. Аммо муҳофиз надоштем. Фарзандонамон ҳам мисли дигарон дар мактабҳои муқаррарӣ таҳсил мекарданд. Аз ҷониби дигар Қадриддин инсони фурӯтан буд, карру фарро дӯст намедошт. Ҷӯрабоз набуд, меҳмони зиёд надоштем.

-Хонаводаи Шумо дар биное, ки Кумитаи Марказии Ҳизби куммунисти Тоҷикистон барои кормандонаш бунёд карда буд, зиндагӣ мекард. Пас аз бо дастури шавҳари Шумо кандани муҷассамаи Владимир Ленин муносибати ҳамсояҳо, ки ҳама куммунист буданд, бо хонаводаи Шумо тағйир накард?

-Дар маҷмӯъ тағйир накард. Бештари ҳамсояҳо бо мо равобити хуб доштанд, ба хонаҳои якдигар омаду рафт мекардем. Танҳо як ҳамсояи куммунист, ки дар таҳозуроти куммунистҳо дар майдони “Озодӣ” дар эътироз ба кандани муҷассама раҳбарӣ мекард, ҳам дар майдон ва ҳам дар ҳузури ҳамсояҳо Қадриддин Аслоновро дашном дода ва бадгӯиҳо кардааст. Чун ман ба кӯча кам мебароям, ин хабарро занҳои ҳамсоя расонданд.

-Баъди ин ҳодиса иҷлоси Шӯрои Олии Тоҷикистон (порлумон) Қадриддин Аслоновро аз мақоми раиси Шӯрои Олӣ ва кафили раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барканор кард. Ёд доред, он шом шавҳари Шумо дар чи ҳолат ба манзил баргашт?

-Ҳоло дар ёдам нест. Агар бо чеҳраи гирифта ё асабонӣ аз кор меомаду ман сабабашро мепурсидам, мегуфт: “Корат набошад!” ҳеч гоҳ далелашро шарҳ намедод. Чун ман хислаташро хуб медонистам исрор намекардам. Фақат кор мегуфт, субҳи зуд рафта ва соъатҳои 12-и шаб меомад. Ҳатто зодрӯзашро таҷлил ва касеро аз берун даъват намекард.

-Агар ба суханони Шумо гӯш медод, шояд мақоми раиси вилояти Қӯрғонтеппаро, ки дар соли 1992 майдони аслии набардҳои ҷанги дохилӣ буд, қабул намекард?

-Дар оғози ҷанги дохилӣ шавҳарам раиси хоҷагии ҷангали Тоҷикистон буд. Кораш хуб буд. Аммо нимаи моҳи октябри ҳамон сол ба ман гуфт, ки раиси ҳукумати вилояти Қӯрғонтеппа таъйин шудаасту фардо ба он ҷо меравад. Гуфт, ки пас аз як ҳафта бармегардад. Ин рӯзи 16 октябри соли 1992 буд. Рафту дигар барнагашт.

-Бархе аз шоҳидони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар китобҳояшон навишта буданд, ки Қадриддин Аслонов мақоми раиси ҳукумати вилояти Қӯрғонтеппаро напазируфта, аммо афроди мусаллаҳ таҳдид кардаанд, ки дар ғайри ин сурат хонаводаашонро нобуд мекунанд. Ин иттилоъ дуруст аст?

-Хабар надорам. Вай ба аҳли хонавода дар бораи кор ва мулоқотҳояш чизе намегуфт. Ба ҳар сурат, қабл аз сафар ба Қӯрғонтеппа асабонӣ ва парешон буд. Вай ҳеч гоҳ сирашро ошкор намекард. Ҳамон рӯзҳо як дӯсташ аз Олмон барои ману ӯ визо фиристода буд. Гуфтам, ки ман намеравам ба ҷойи ман ягон бачаҳоро гирифта ба Олмон рав. Гуфт, ки “Агар ба Олмон равам ҳама мегӯянд, ки гунаҳкор буду гурехта рафт. Ман гуноҳе надорам ва ҳеч куҷо намеравам.”

Ҳамин чиз дар дилам мондааст, ки агар пойфишорӣ мекардам ё гиряву зорӣ шояд ба Қӯрғонтеппа намерафт. Аммо медонам, ки агар тасмим мегирифт иваз намекард. Дар ноҳияи Панҷ ӯ кор карда буд, Онҳое, ки ман нону намак дода будам, кӯрнамакӣ карда, шавҳарамро дастгир карда ба Фронти халқӣ додаанд. Ин тақдир будааст.

-Дар замони маъмурияти оқои Аслонов дар вилояти Қӯрғонтеппа шумо бо ӯ дар тамос шудед?

-Як маротиба, вақте ки Фронти халқӣ бо раҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев (Раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон) ба шаҳри Душанбе ворид шуд. Қадриддин телефон карда ва вазъияти моро пурсид. Гуфтам, ки дар Душанбе ҷанг асту зинҳор наё. Ҳоло аз чунин гуфтаам пушаймонам. Агар меомад шояд кушта намешуд.

-Дар бораи вазъияти худаш гап назад?

-Аслан чизе нагуфт. Вай одат дошт, дар бораи кораш гап назанад.

-Робитаи Шумо бо шавҳаратон кай қатъ шуд?

-Баъди моҳи октябр дигар телефон намекард. Овозаҳо зиёд буданд. Мегуфтанд, асир афтодааст, ба Афғонистон рафтааст. Барои мушаххас кардан ба бӯстонсарои давлатӣ рафтам. Мехостам аз Акбаршо Искандаров, ки кафили раиси ҷумҳурӣ буд, сарнавишти ӯро мушаххас кунам. Аммо ӯро наёфтам.

Дар иҷлоси 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1992 Нуриддин Салимов, устоди Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ва як намоянда аз ноҳияи Ғарм аз тақдири Қадриддин Аслонов суол карданд. Ин иҷлос аз тариқи телевизюн пахш мешуд.

Ёдам ҳаст, депутат Адолат Раҳмонова гуфта буд, “Рустами Абдураҳимро, ки ваҳшиёна куштанд, касе ёдоварӣ намекунаду масъалаи Қадриддин Аслоновро, ки як тори мӯяш кам нашудааст, ин ҷо матраҳ мекунанд.” Донистам ки шавҳарам зинда, вале дар асорат будааст.

-Яъне, дар Шумо умеди дидор бо шавҳаратон пайдо шуд?

-Оре. Дар ҳамон рӯзҳо ду нафар аз ҳукумат омада ва гуфтанд, ки “Акаи Қадриддин ба иҷлоси шаҳри Хуҷанд даъват шудааст. Янга, костюми хубу курта ва гастукашро диҳед, ки пӯшида ба шаҳри Хуҷанд равад.” Ман зуд либосашро омода карда ва ба онҳо додам. Аммо Қадриддин Аслонов ба Хуҷанд нарафт ва либос ҳам гум шуд.

-Дигар хабаре аз шавҳаратон набуд?

-Дар моҳи ноябр буд ё декабр дар ёдам нест. Ҳаво сард буд. Шаб шавҳарам телефон кард. Бо ҳар узви хонавода сӯҳбат кард. Маълум буд, ки дар асорат аст, дар ҳузури афроди бегона. Фақат саломатии моро пурсид. Ин охирин маротиба буд, садои ӯро шунидем.

-Ба раҳбарони ҳукумати нави Тоҷикистон дар бораи тақдири шавҳаратон муроҷиъа накардед?

Як маротиба ба пеши Абдулмаҷид Достиев (собиқ муъовини аввали раиси Шӯрои олии Тоҷикистон) рафта ва аз сарнавишти шавҳарам пурсидам. Гуфт, ки “Хабар надорам ва ҳар чи дар тақдир бошад, ҳамонро мебинӣ.” Соли 1994 ба ҳукумати Тоҷикистон, ба Маҳмадсаид Убайдуллоев (собиқ муъовини аввали нахуствазири Тоҷикистон), ба ҳукумати вилояти Қӯрғонтеппа номаҳо фиристодам. Танҳо аз ҳукумати вилояти Қӯрғонтеппа ҷавоб омад, ки мумкин аст, Қадриддин Аслонов бо муҳоҷирон ба Афғонистон рафтааст.

-Пас аз ворид шудани нерӯҳои Фронти халқӣ ба шаҳри Душанбе, ки давлати феълиро рӯйи кор оварда буд, барои хонаводаи Шумо мушкиле эҷод нашуд?

-Моҳи январи соли 1993 хусурам бобои Аслон дар хонаи мо дар сакароти ҷон буд, ки ҳудуди 15 мусаллаҳ ба хона зада даромаданд. Ҳама ҷоро кофтанд. Телевизор, видео, қолинҳо ва ҳар чизи ба назарашон арзишдорро бурданд. Ҳатто сару либоси бачаҳою кӯдаконро. Дар берун ба мошинҳо бор карда бурданд.

-Аз ин ҳодиса ба ягон ҷо шикоят накардед?

-Не. Бефоида буд. Хараҷу мараҷ буд. Касе ба касе кор надошт. Ҳама ҷо пур аз афроди мусаллаҳ. Ҳар касеро хоҳанд мекуштанд, ғорат мекарданд.

-Дар ин гуна шароити душвор чи гуна бори рӯзгорро кашидед?

Дар ин шароити вазнин 8 фарзандро хӯрондану пӯшондан ва маълумот додан кори осон набуд. 16 январи соли 1993 чор писари аз 14 то 22 солаам барои дарёфти кор ба Русия рафтанд. Вазъият хатарнок буд, намерафтанд имкон дошт ба ҳаёташон хатар таҳдид кунад. Ягон одами наздик надоштам, ки кумак кунад. Падару модари шавҳарам пир буданд. Фақат бо пули фарзандон, ки аз Русия фиристоданд зинда мондем.

-Шумо медонистед, ки Қадриддин Аслонов кушта шудааст?

-Пас аз даҳ сол. Бачаи Сангмаҳмад Саримсоқов, сокини шаҳраки Сарбанд ба хона омада гуфт, ки қабри Аслоновро ёфтем. Бо ӯ ба шаҳраки Сарбанд рафтем, қабрро зиёрат кардем. Қабраш дар мобайни кӯҳ, дар роҳи Сарбанд-Данғара воқеъ аст. Гирди қабрро маҳкам карда ва санг гузоштем. Худойӣ карда ва ҳамон пирамардро даъват кардем. То ҳол дар ҳамаи маъракаҳо пирамард ширкат мекунад. Сангмаҳмад Саримсоқов ҳодисаи куштани шавҳарамро гуфт. Он чизе ки дар нашрияҳо навиштаанд дурӯғ будааст.

-Кадом навиштаҳоро дар назар доред?

-Навишта буданд, ба Қадриддин Аслонов куртаи чакан пӯшонда ва маҷбур кардаанд, ки атрофи муҷассамаи Ленинро дар шаҳри Кӯлоб рӯбу чин кунад. Саримсоқов гуфт, ки Қадриддинро дар шаҳри Кӯлоб, балки дар бинои “Селхозтехника”-и шаҳраки Сарбанд бандӣ карда буданд, аммо намедонад, кӣ ва барои чӣ ӯро куштааст.

-Барои чи гуна кушта шудани ӯро мушаххас кардан қабрро кушода ва ҷасадро ташхис кардан лозим аст. Оё ин кор иҷро шуд?

-На. Ман ба ин кор иҷоза надодам. Вай шаҳид шуда буд. Домулло Абдулвоҳид, пири хонаводаи мо гуфт, ки агар қабрро канданд азоби майит аз нав сар мешавад. Шаҳид хонаводаашро шафоат мекунад.Пас аз фавти ин пир хостем қабро кушоем. Аммо ин пир дар хоби бачаҳо даромада ин корро манъ кард. Аз сӯйи дигар, қотилонаш нестанд, киро муҷозот мекунӣ.

-Ҳоло қотилони шавҳаратонро медонед?

-Ба номи худо қасам, ки намедонам. То ҳол касе ба ман ҳуҷҷату далел наовардааст, ки Қадриддин Аслоновро Сангак Сафаров куштааст. Ин амал собит нашудааст. Парвардигор худаш медонад. Ман кушандаи ӯро ба худо супоридам, худо ҷазош диҳад.

-Ҳоло чи ният доред?

-Моҳи январи соли 2004 ба ҳаҷ рафтам. Пеш аз ҳаҷ рафтан сари манзилаш рафта иҷоза пурсидам. Сӯзиши дилам пас аз ҳаҷ низ кам нашуд. Зуд-зуд хобаш мебинам. Хобҳои нағз. Вақте падараш гузашт, намедонист, ки писараш дар асорат ё гумном аст. Фақат мепурсид, чаро намеояд. Чашм дар роҳи писар ҷон дод. Падару модари Қадриддин дар 74 солагӣ даргузаштанд. Ҳоло ният дорам аз ҷониби шавҳарам ҳаҷ кунам. Ман бо Қадриддин 23 сол зиндагӣ кардам. Дар 45 солагӣ кушта шуд. Ман 39 сол доштам он замон. Дар зиндагии якҷоя 8 фарзанд доштем. Ягон бор маро ҳақорату дашном накардааст. То зиндаам месӯзам.

-Дар муддати 20 сол дӯстону ҳамкорони Қадриддин Аслонов барои тасаллият ба манзили Шумо омаданд?

-Не. Ҳеч кас на аз ҳукумат, на рафиқону дӯстонаш пас аз марг наомаданд. Шояд метарсиданд. Дар солҳои 1992-1993 чанд хабарнигори хориҷӣ омада дар бораи Аслонов суол карда буданд. Аммо аз хабарнигорони дохилӣ касе суроғ накардааст. Ду ҳафта қабл ду нафар телефон карда ва фикри маро дар бораи Қаҳрамони миллӣ шудани Аслонов пурсиданд. Гуфтам, ки агар шавад хуб мебуд, барои поси хотири ӯ ин кор анҷом шавад, агар нашуд ҳам гилае надорам.

Барои сӯҳбат сипосгузорам.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ