МАРЯМ ИСОЕВА: "МАН ҲАРГИЗ ИСЛОМСИТЕЗ НАБУДАМ"
Марям Исоева як чеҳраи ҳунарии пур аз тазод аст. Аз як сӯ, ҳунарпешаи саршинос ва офарандаи беҳамтои нақшҳои модар дар саҳнаи теотр, аз сӯйи дигар, чеҳрае сиёсӣ бо мубоҳисоту муборизот дар арсаи сиёсат. Аз як сӯ, интиқодгари сарсахт аз афзоиши теъдоди масоҷид дар Тоҷикистон ва аз сӯйи дигар, зойири амокини муқаддаси исломӣ. Ҳамкорамон Мардони Муҳаммад бо Марям Исоева мусоҳиб шуда ва нахуст аз ӯ пурсидааст, ки чаро дар замони бозсозии Горбачёвӣ ва солҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон аз ҳунар ба сиёсат гаравидааст.
Марям Исоева: Тинати ман саропо аз ҷаҳду талош ва мубориза иборат аст. Ҳақҷӯ ҳастам ва тоқати таҳаммули хиёнат ё рӯйинатаниро надорам. Ҳар нуқсони ҷомеъа ё гуноҳи афродро ошкоро мегӯям. Барои чунин ибрози назар саҳнаи теотр танг аст, бино бар ин, аз минбарҳои сиёсӣ истифода кардам. Аз ин лиҳоз, душманони ман зиёданд. Ҳатто дӯстонам ҳам душман шудаанд.
-Оё нахустин ибрози назари сиёсии Шумо дар он замон дар мавриди афзоиши теъдоди масоҷид дар Тоҷикистон буд?
-На. Қаблан низ дар бораи навоқиси ҷомеъа, бахусус, поймол шудани ҳуқуқи занҳо, интиқодҳое карда будам. Аммо ибрози назари ман дар бораи афзоиши бесобиқаи масоҷид дар Тоҷикистон вокунишҳо ва аксулъамалҳои зиёдеро дар Тоҷикистон ба миён овард.
-Ҳарфҳои Шумо мушаххасан чи буд, ки боъиси хашми бархе аз ақшори ҷомеъа шуд?
Ман аз тариқи барномаи телевизиюн ва мулоқотҳо гуфтам, ки дар солҳои ахир теъдоди масҷидҳо бамаротиб афзоиш ёфтааст. Мардум барои бунёди масҷид пули охирини худро медиҳанд. Бояд мактаб ҳам бунёд шавад. Зеро дар Тоҷикистон зоиш бисёр асту мактаб кам. Ин рафтори маро зиддиисломӣ хонданд ва маро таҳдид ҳам карданд.
-Таҳдид аз ҷониби кӣ буд?
-Дар тазоҳурот дар майдони “Озодӣ” дар соли 1991 як чеҳраи саршиноси маҳзабӣ гуфта буд, ки “Марям Исоева дар ҳаққи масоҷид чунин гуфтааст, бояд мисли муъаллимаҳои ҳоитӣ дар даҳаи 1920 ба думи асп баста, дар шаҳр кашола карда шавад.” Ман номи ин шахсро намегӯям, ин шахси маъруф аст.
-Таҳдид ҷиддӣ буд?
-Агар ҷиддӣ намебуд, ба ман аз Кумитаи амнияти миллӣ ду муҳофиз намедоданд. Ин ду фарди мусаллаҳ як муддат дар манзили мо буданд. Ҳар куҷо мерафтам, маро ҳамроҳӣ мекарданд. Вале ман тарсе надоштам. Барои гуфтугӯйи ошкор бо ин чеҳраи мазҳабӣ ба идораи Қозиёт (ҳоло Маркази исломии Тоҷикистон) рафтам, то бигӯям, ки исломситез нестам ва ҳарфҳои маро дар бораи масҷид таҳриф кардаанд.
-Дидор баргузор шуд?
-На. Ин шахс бо коре ба шаҳри Норак рафта буд ва ман пас аз интизории тӯлонӣ ба хона баргаштам. Таҳдидҳо зиндагии маро талх карданд. Аммо бо ин вуҷуд ман ба ноҳияи Ғарм ба сафари ҳунарӣ рафтам. Дӯстонам гуфтанд, ки “наравед, шуморо дар он ҷо мекушанд!” Аммо ман қабул накардам. Раҳбарони ташкилоту созмонҳои давлатии ин ноҳия аз мулоқот бо ман ва ширкат дар намоишномаҳо ҳарос доштанд.
Вале сокинони одии ноҳияи Ғарм ба ман гуфтанд, ки “Гапи шумо дар бораи афзоиши теъдоди масоҷид дуруст буд. Вақте як масҷид доштем, муттаҳид будем. Ғаму шодиямон муштарак буд. Баъд ҳар маҳал ё кӯча як масҷид бунёд кард. Масҷиди ғармӣ, комсомолободӣ, тоҷикободӣ. Пароканда шудем.”
-Дар пайи сарнагун сохтани муҷассамаи Владимир Ленин дар майдони марказии шаҳри Душанбе номи Шумо дубора рӯйи забонҳо омад. Шумо он рӯз либоси мотам дар бар доштед. Чаро?
-Вақте аз тариқи телевизиюн дидам, ки муҷассамаи Ленинро хароб мекунанд, гӯё марои зери по кардаю куштанд. Охир муҷассама чи гуноҳ дорад? Владимир Ленин инсоне бузург буд, дар даврони Шӯравӣ ӯро “паёмбари рӯйи замин” мегуфтанд. Ин ҳодиса барои ман фоҷеъа, мотам буд. Субҳи зуд ба майдони Ленин, ки баъдтар номи “Озодӣ”-ро гирифт, рафта ва дар тазоҳуроти он ҷо суханронӣ кардам. Ваҳҳоб Воҳидов, аз куммунистҳои собиқадор, таҳозуротро раҳбарӣ мекард.
Ман аз ҷумлаи 17 нафаре будам, ки иҷлоси порлумон пазируфта буд. Дар ин ҷо барои аввалин бор калимаи “оппозитсия”-ро шунидам. Суханҳо ва ҳушдорҳое, ки ман дар майдон гуфта будам, баъдан амалӣ шуданд.
-Он замон ин тазоҳурот аз ҷониби гурӯҳҳои мухолифон “кудетои кумунистӣ” ном гирифт ва гуфта мешуд, ки кумунистҳо дар ин амал аз чеҳраҳои саршиносе чун Марям Исоева истифода кардаанд. Шумо бо чунин иддаъоҳо мувофиқед?
-Аз ман касе ё гурӯҳе истифода накардааст. Ман аз рӯйи виҷдону имон амал кардам. Ман хатари харобию ҳарҷу марҷро эҳсос карда ва ҳушдор медодам, ки ин гуна харобкорӣ авоқиби нек надорад. Аммо касе гӯш накард. Пас аз ин ҳодиса ба ман таҳдидҳо зиёд шуд. Раҳматулло Саидов, раҳбари Хонаи кино ва ҳамсояи ман, пас аз чанд сол гуфт, ки борҳо афроди мусаллаҳ ба ин маҳал омада, маро ҷустуҷӯ кардаанд. Боре аз ӯ пурсидаанд, ки “Хонаи Исоева куҷост?" Ӯ гуфтааст, ки Марям аз ин шаҳр кӯч бастааст. Маро худо нигаҳбон шуд.
-Дӯстонатон дар ин лаҳазоти ҳассос аз Шумо пуштибонӣ накарданд?
-Вақте фарҳангӣ бефарҳангӣ нишон медиҳад, амаловар аст. Чунин ҳолат дар теотри Лоҳутӣ шуда буд. Коргардони теотр ҳамаро ҷамъ карда, гуфтааст: “Марям Исоева чи ҳақ дорад, ки аз номи теотр дар бораи Ленин сӯҳбат мекунад?” Дар он ҷо ба ман лаънат гуфтаанд.
-Шумо дар ин ҷаласа ширкат надоштед?
-Не. Ман дар майдони Ленин будам. Мехостанд маро муҷозот кунанд. Баҳодур Миралибеков, раиси кумитаи маҳаллӣ (местком), гуфтааст, ки “Дар набуди Марям Исоева ӯро ин қадар таҳдид кардед. Магар ӯ кумунист, аъзои ҳамаи ҷамъиятҳо набуд? Аз номи миллат дар анҷуманҳо суханронӣ мекард. Исоева на танҳо ифтихори теотр, балки миллат аст.” Ин гапро гуфта, баромада меравад, мардӣ нишон медиҳад.
Пас аз ин ҳодиса бештари дӯстон ба ман душман шуданд, наздикон аз ман ҳазар мекарданд, ҳарос доштанд. Дар паҳлӯи ман будан барояшон хатарнок буд. Ман дурӯя набудам, бо виҷдону имон хидмат кардам. Аз Душанбе фирор накардам. Мардум маро эҳтиром мекунанд.
-Фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравиро чи гуна пазируфтед?
-Ман дар давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ ба дунё омадам. Агар номи ин давлатро мешуниданд, ҳатто кишварҳои бузургро ларза фаро мегирифт. Дар солҳои Ҷанги Ҷаҳонии Дуюм мушкилоти сахтеро аз сар гузарондем. Аммо он айём умедворкунанда буд, ки ҳар моҳ ва ҳар сол пешравиҳо ба мушоҳида мерасид, интизом сахт буд. Вақте СССР пош хӯрд, ба назари ман, ин заминларзае буд, ки тамоми дунёро такон дод. Мо чунин ҳодисаро интизор надоштем. Як намоишномаи ӯзбакӣ буд бо номи “Исёни арӯсон”. Вақте онро хонда будам, як арӯси хурдӣ исён карда, хонаводаи бузургу муттафиқеро аз байн мебарад.
Фурӯпошии СССР аз кишварҳои Соҳили Болтик шурӯъ шуд. Аз ҷумлаи кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо дар Тоҷикистон ҷанг шуд. Вақте ҷанг мешавад, пеш аз ҳама фарҳанг шикаст мехӯрад, кӯдакону модарон шикаст мехӯранд. Иқтисод шикаст мехӯрад. Агар иқтисод шикаст хӯрд, баъди чанд сол эҳё мешавад, аммо вақте фарҳанг шикаст хӯрд, барои эҳёи он асрҳо лозим аст. Фарҳанги мардум шикаст хӯрд, барои як пораи нон ба ҳама ҷо пароканда шуданд, хонаводаҳо хароб шуданд.
-Ҳоло дилатон барои СССР танг мешавад?
-Чаро не? Пас аз фурӯпошии СССР ҳунар хор шуд. Фаъолияти теотри ба номи Лоҳутӣ, ки парчамбардори теотрҳои Тоҷикистон буд, тақрибан мутаваққиф гардид. Теотр фалаҷ шуд, ба касе лозим набуд. Аммо мо ноумед набудем. Ман аз теотр нарафтам. Албатта, бархе афрод дар хориҷи кишвар кор пайдо карданд ё тахассуси худро иваз карданд. Бештари маворид дар хиёбону дар тролейбус ба назди ман одамон омада “Оҳ, давраи шӯравӣ ҷаннат будааст, мо надонистем” мегуфтанд. Мехостанд ақидаи маро донанд. Ман гуфтам, ки он замон шакар 78 тин буд, тухм 3 тин буд, кӯдакони шумо дар мактабу урдӯгоҳҳо ба таври ройгон таҳсилу тафреҳ мекарданд.
Ҳоло мегӯянд, “Оҳ, барқ нест!” Дар даврони Шӯравӣ дар ҳар деҳаи дурафтодаи кӯҳистонӣ барқ буд. “Чароғи иличӣ” мегуфтанд. Дар он замон Тоҷикистон рушд кард. Ман мегуфтам: "Давлати Шӯравӣ мисли падару модар буд, ҳамаро мехӯронду мепӯшонд. Шумо, ки ношукрӣ кардед, худо шуморо зад."
-Ба дунболи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ шурӯъ шуд. Дуруст аст, ки дар ин ҷанг ба хонаводаи Шумо талафоти сангин ворид гардид?
-Бале. Дар ҷараёни ин ҷанги хонумонсӯз 12 тан аз наздикону пайвандони ман ҷон бохтанд. Нахуст, модарамро аз даст додам. Дар рӯзи 26 октябри соли 1992, вақте ки тонкҳои Ҷабҳаи халқ аз самти Ҳисору Турсунзода вориди шаҳр шуданд ва дар Душанбе ҷанги шадиде оташ гирифт, модарам аз сактаи қалбӣ ҷон дод. Дар Душанбе ҷанг буду ман пеш-пеши танку зиреҳпӯшҳо давида, барои ба қабристон бурдани майит мошин мекофтам. Он рӯз барои ман азоби алим ва ба қавле, “қиёмат” буд. Сипас, духтару домод ва набераи сесолаам аз ҷониби афроди мусаллаҳ кушта шуданд. Мо дар муддати 10 рӯз онҳоро ҷустуҷӯ кардем. Баъд аҷсоди беҷону хунолуди онҳоро пайдо кардем.
Ин дард даво надорад. Вақте дар ҳамоишу нишастҳо ширкат мекардам, паҳлӯи ман модароне меомаданд, ки фарзандону наздикони худро аз даст дода буданд. Дарди ман дарди миллат, азоби халқ буд. Дар даврони Шӯравӣ ба ман лақаби “зани оҳанин” гузошта буданд. Зеро маро шикаст медоданду ман бармехестам. Вақте фарзандону наздикони маро куштанд, фикр карданд, ки Марям фалаҷ мешавад. Аммо ман муҷассамае шудам, ки қалб дорад.
-Қотилони фарзандонатон дастгир шуданд?
То ҳанӯз шахсияти қотилони фарзандонам маълум нест. Ҳамон рӯз ҳамсояаш дарро мекӯбад. Духтарам дарро мекушояд, ки се фарди мусаллаҳ ба зӯр вориди хона мешаванд. Ин ҳамсояро ҳабс карданд, аммо баъд ӯро гурезонданд. Баъди чанд муддат ӯ дар шаҳри Сан-Питербург кушта шуд.
-Ин бори сангини равониро чи гуна таҳаммул кардед?
-Чанд муддат гӯшаи танҳоиро ихтиёр карда ва касеро дидан намехостам. Вақте ки фарзандони маро куштанд, ман низ мурда будам. Танҳо ба хотири рӯҳи поки духтарам Гулноз ва орзӯи ӯ созмони “Гули умед”-ро таъсис кардам. “Гули умед” маро аз ғаму ғусса наҷот дод. Ҳамеша бо кӯдакон будам.
-Духтаратон чи орзӯ дошт?
-Боре бо аъзои хонавода аз телевизиюни Ӯзбакистон намоишномаи кӯдакони ин кишварро дар як ҷашнвора дар Омрико тамошо кардем. Духтарам Гулноз (Ҷояш ҷаннат бод!) пас аз дидани ин намоишнома ба ман гуфт, ки “Чаро дар Тоҷикистон чунин дастаи ҳунарии кӯдакон ташкил нашавад? Кӯдакони тоҷик ҳунарманд ҳастанд.”
Зимнан, дар даврони шӯравӣ Тоҷикистон танҳо ҷумҳурие буд, ки теотри кӯдакона надошт. Аммо зоиш дар болотарин сатҳ буд. Ман ба духтарам гуфтам: “Гулнозҷон, умри ман гузашт. Шумо ин теотрро бояд шумо ташкил кунед.” Духтарам гуфт, ки “Шумо куҷою мо куҷо. Шумо сар кунед, мо идома медиҳем.”
Домодам Олимҷон муҳандис буд, аммо бастакорӣ мекард, шеър менавишт, суруд мехонд ва асбоби мусиқӣ менавохт. Духтарам донишкадаи забонҳоро хатм кардаю аммо ӯ низ ҳунарманд буд. Ман барои бароварда кардани орзӯи духтарам ин теотрро ташкил кардам.
-Ин теотри дром буд ё дастаи рақсу тарона?
-“Гули умед” теотри кӯдакон буд, кӯдакон худ нақш иҷро мекарданд. Дар ин ҷо дарси нутқ буд, дарси рақс буд, дарси забон буд, расмкашӣ буд. Ба се забони тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ як маркази маҳорат кушодем.
-Сармояро барои таъсиси теотр аз куҷо пайдо кардед?
-Нахустин шахсе, ки ба ман кумаки молӣ кард, Абӯтолиб Абдусатторов, раиси “Ориёнбонк”, буд. Ӯ барои теотр як милюн рубл кумак кард. Моҳи августи соли 1994 ин теотр бунёд шуд. Бори аввал дар Кохи Борбад, дар "Рӯзи ҷаҳонии маълулон" барои 650 маъюб консерт додем. Дар он аз кӯдакони шашсола то ҷавонони 20-сола ширкат доштанд. Теотр манзил надошт. Президент дастур дод, то барои мо ҷой пайдо кунанд. Як бинои валангори аз сӯхтор харобшударо доданд. Чизе дар хона доштам, ба он ҷо кашондам.
Тармим кардем. Худам асар менавиштам. Мо бо сафоратҳои Туркия, Эрон, Афғонистон, Фаронса ва Суис ҳамкорӣ доштем. Аммо нотавонбинҳо зиёд шуданд. Фишорҳо сар шуд. Баъдан маълум шуд, ки ин ҳама фишорҳо барои аз дасти мо гирифтани бино будааст. Ман ин теотрро бо пули хонаи фарзандони шаҳидам тармим кардаю таҷҳизот харида будам. Дар ин ҷо қаҳвахонаи кӯдаконаи “Кулчача” ифтитоҳ карда будам. Дар ин ҷо боғу гулзор бунёд кардем. “Санта Барбара”-и кӯчак мегуфтем. Кӯдакони зиёд меомаданд.
-Биноро аз шумо гирифтанд?
-Сохтмонро шаҳрдории Душанбе ба зӯр гирифту ҷойи дигар ба ивазаш надод. Хоҳиш кардам, ки ҳадди ақал боғчаро гузоранд, то корро идома диҳем. Аммо на додгоҳ, на додситонӣ доду илтиҷои маро нашунид. Ин ҳодиса се сол қабл иттифоқ афтод. Дар моҳи декабр дар фасли сармо тамоми ашёи моро бароварда партофтанд. Аввал ман азизони худро ба хок супоридам, сонӣ ин теотр, ки гули орзӯи фарзандон ва гули умеди Тоҷикистон буд, аз байн бурданд. Дастпарварони “Гули умед” соҳиби касбу кор буда ва бархе дар кишварҳои хориҷа ба сар мебаранд. Бо ман ҳамеша мукотиба мекунанд.
-Шумо ба раиси ҷумҳурӣ муроҷиъа накардед?
-Имкони ба президент наздикшавӣ набуд. Номаҳое, ки ба президент навишта будам, ба шаҳрдорӣ ё вазорати фарҳанг мефиристоданд. Шояд президент аз ин қазия бехабар бошад. Шахсе, ки аз фаъолияти масоҷид интиқод мекард, ба зиёрати амокини муқаддаси исломӣ меравад. Ин тасмими Шумо ақидатӣ буд ё иҷборӣ? Гирифтани чунин тасмим сабаб дошт. Як дӯсти ҳоҷӣ доштам. Як рӯз гуфт, ки ба ҳангоми зиёрати Макка дар кӯҳи Арафот шаб хобида ва дар хобаш бародари марҳумашро дидааст. Баъди шунидани сухан ман дигар оромиро аз даст додам.
Мехостам ба ҳаҷ рафта ва дар хоб фарзандони мақтули худро бинам. Пурсам, ки кӣ онҳоро кушт. Шояд ин гуна эътиқод барои дигарон афсона бошад, вале ман ба ин бовар доштам. Тамоми ҳушу ёдам ба ҳаҷ шуд. Ин як далели рафтан ба ҳаҷ буд. Далели дигар хоҷа будани авлоди мо буд. Дар даврони шӯравӣ ин асрорро ошкор кардан мумкин набуд. Гуфтам, ки ба ҳаҷ рафта, дар хонаи Худо дуъо карда ва барои гуноҳҳои худ омурзиш металабам. Ба ҳаҷ рафтам. Дар китоби “Ҳоҷиён”, ки дар шаҳри Душанбе мунташир шуд, мақолае дар бораи ҳаҷҷи ман бо олбуми аксҳо ҳаст.
-Шумо ба кӯҳи Арафот рафтед?
-Бале. Моро дар хаймаҳо ҷой доданд. Ман ҳамроҳи се зани тоҷик, ки фарзандони онҳо дар Арабистони Саъудӣ таҳсил мекарданд, ба кӯҳи Арафот рафтем. Роҳ аз хайма то кӯҳ 5 килуметр буд. Мо пиёда ин роҳро паймудем. Ин қадар шумори зойирон дар кӯҳ зиёд буд, ки ба қавле “ҷойи сӯзанпартоӣ набуд.” Ҳаво хеле гарм буд. Аммо оби сарде мисли мӯй борик аз боло меомад ва агар ин об намебуд, халқ аз гармо ҳалок мешуд.
Дар ин ҷо хоб кардан мумкин набудааст. Қаблан хоб мекарданд, ҳоло не. Дар маросими ҳаҷ фарзандони мақтуламро хоб дидам. Вақте аз духтарам пурсидам, ки кӣ онҳоро кушт, пушташро гардонд. Вақте ба сӯям гашт, рӯяш намоён набуд. Дар маросими ҳаҷ 12 бор хоб дидам, ҳамаи гузаштаҳои худро дидам. Субҳ хеста ин хобҳоро менавиштам.
-Зиёрат чи асаре гузошт?
-Рӯҳам ором шуд. Дарк кардам, ки молу дунё арзише надорад. Гуфта мешавад, касе ки қасди ҳаҷ дорад, аввал бояд хона созад, боғ бунёд кунад, фарзанду шогирд тарбият кунад, хайр кунад ё китоб нависад. Ман ҳамаи ин корҳоро, ба истиснои китоб навиштан, анҷом додаам. Бо пули меҳнатӣ ба ҳаҷ рафтам. Пас аз бозгашт дар теотри “Гули Умед” намоишномаи “Ҳаҷҷи ман ин аст”–ро таҳия кардам. Яъне, ҳаҷ рафтан чи аст, кадом ҳаҷ қабул мешавад. Ҳатто одаме, ки хайри зиёд мекунад, ба Макка нарафта, ҳаҷҷаш қабул мешудааст.
-Шумо гуфтед, ки дар теотр алайҳи Шумо сангар гирифта буданд. Оё барои хориҷ кардани Шумо аз теотр ҳам талошҳое сурат гирифта буд?
Раҳбари теотр мехост аз тариқи бознишаста кардан аз ман халос шавад. Ба ман дар ин бора санадеро нишон доданд. Муддати беш аз як сол ба теотр наомадам. Вақте ман бознишаста мешудам, раиси шӯъбаи кодрҳои теотр гуфт, ки “Марям, медонӣ чанд рубл нафақа мегирӣ? Ду рубл! Наход миёни Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва шахсе, ки кӯча мерӯбад, тафовут набошад?”
-Ду рубл? Бо ин пул чи мешуд харид?
-Бале, нафақаи аввали ман ду рубл буд. Маблағи комилан ночиз. Маро танҳо ба хотири аз теотр рондан ба нафақа гусел карданд. Ман нафақаро аз "Амонатбонк"-и шаҳри Душанбе мегирифтам. Кассире, ки Ҷамшед ном дошт, ба ман гуфт, ки “Апаи Марям, мо шарм медорем, ки Шумо ду рубл нафақа (ҳаққи бознишастагӣ) мегиред. Пас хидматҳои Шумо куҷо шуд?” Ба ман гуфт, ки Шумо дар теотру кино кор кардед, рафта аз онҳо хоҳиш кунед, то дар нафақаи Шумо таҷдиди назар шавад. Баъд аз таҷдиди назар 10 рубл шуд. Ҳоло нафақаи ман 319 сомонӣ аст.
-Шумо кай ба теотр баргаштед?
Пас аз як соли аз теотр рафтанам Мирзоватан Миров саркоргардони теотри ба номи Лоҳутӣ шуд. Ӯ шогирди ман буда, қаблан дар теотри шаҳри Кӯлоб кор мекард. Ману Маҳмудҷон Воҳидов аввалин омӯзгорони фокултаи актёрӣ будем. Вақте оқои Миров ба теотр омад, аз ман, Ато Муҳаммадҷонов ва Ҳабибулло Абдураззоқов пурсон мешавад. Мегӯянд, ки онҳо аз теотр рафтанд. Ӯ маро даъват карду гуфт, ки “Теотр бе Шумо, ҳунарпешаҳои собиқадор, ҳеч аст. Ман бе Шумо дар теотр кор намекунам.”
Аввалин намоишномае, ки ӯ ба унвони саркоргардон рӯйи саҳна овард, мо дар он ширкат доштем. Дар намоишномаи “Говгум” ман нақши Мария, Ато Муҳаммадҷонов нақши женерол ва Ҳабибулло Абдураззоқов нашқи ҷанговарро иҷро кардем. Моро дар теотр мурда меҳисобиданд ва Мирзоватан Миров моро зинда кард. Тамошочиён зиёд буданд ва мегуфтанд, “теотри Лоҳутӣ боз эҳё шуд.” Аз он замон то ба ҳол дар теотр ҳастам.
-Фарзандон кумак мекунанд?
-Агар духтарам Гулнозу домодам Олимҷон зинда мебуданд, ман аз лиҳози молӣ ҳеч камӣ надоштам. Маъоши духтараму домодам хуб буд. Фақат мегуфт, ки мабодо ба ҷойи корам наравед, нафаҳманд, ки ман духтари Марям Исоева ҳастам. Чунки ҳар қадами ман пур аз душман ва хатарнок буд.
Баъд аз кушта шудани онҳо Тоҳирҷон, писари калонам, гуфт, ки дар Душанбе гашта наметавонам ва ба Хуҷанд, ба шимол, ба назди холаҳояш рафт. То ҳол дар он ҷост. Писари хурдам, Фаррухҷон Рустамов, варзишгар аст. Кумаки молӣ карда наметавонад, баръакс ман ба ҳадди имкон ба ӯ кумак мекунам. Ҳоло зиндагӣ душвор аст. Ҳамаи захираҳои молии худ, ки аз сафарҳои ҳунарӣ, баргардони филмҳо, ҷоизаҳо ҷамъ шуда буданд ва тилою ҷавоҳироти худро фурӯхта, зиндагиро сипарӣ мекунам.
-Шавҳаратон бо Шумост?
-На. Бо оғози ҷанги дохилӣ ӯ ба шаҳри Хуҷанд ба назди модари танҳояш баргашт. Падар ва модари ман пир ва бемор буданд, ман онҳоро дар Душанбе партофта, рафта наметавонистам. Ману хоҳари бузургам онҳоро парасторӣ кардем. Ҷанг барои ман ин қадар фоҷиъа овард.
-Феълан Шумо танҳоед?
-Ман ҳеч гоҳ худро танҳо эҳсос намекунам. Инсон танҳо нест, худо бо ӯст. Дигар, инсон танҳо ба дунё омада, танҳо ба он дунё меравад. Фарзандону наздикон ҳеч гоҳ умқи қалби туро фаҳмида наметавонанд. Бузургон ҳама танҳо буданд. Онҳо ё фарзанд надоштанд, ё фарзандон ба онҳо хиёнат кардаанд. Ман аз зиндагии онҳо сабақ мегирам ва мегӯям, ки ҳеч кас ё чиз қомати маро шикаста наметавонад.
-Ҳоло ба чи кор машғулед?
-Феълан дар як филми нав ширкат дорам. Ман нақши як модари тоҷики кӯҳистониро иҷро мекунам. Ин модар мисли табиъати кӯҳистон пок буда ва кӯдаки навзодеро, ки як зан дар хонаи ӯ партофта буд, тарбият мекунад. Дар теотри ба номи Лоҳутӣ низ кор мекунам. Солҳои ахир ҳунарпешаҳои собиқадор дар намоишномаҳои хеле кам ширкат мекунанд. Ҳол он ки барои мо нақшҳои мувофиқ ҳаст.
Дар солҳои пешин ҳунарпешаҳои куҳансоле чун Муҳаммадҷон Қосимов, Тӯҳфа Фозилова ва Аслӣ Бурҳонов, дар намоишномаҳо ширкат мекарданд ва дар канори онҳо ҳунарпешаҳои ҷавон ба унвони дублёр ширкат доштанд. Ба мо ҳоло нақше намедиҳанд. Барои ҳунарпеша ширкат накардан дар намоишномаҳо зарбаи сахте аст.
Ҳамчунин, ман дар намоишномаҳои телевизиюн, филмҳо ширкат мекунам. Барномаи “Як ҳунарпеша”-ро бо се забон таҳия кардаам. Панҷ набера ва ду абера дорам. А зиндагии кунунӣ шикояте надорам.
Барои сӯҳбат ташаккур!
Би-Би-Си