ОЁ ХУШУНАТ ДАР ХОНАВОДАРО МЕТАВОН КОҲИШ ДОД?
Дар Тоҷикистон нишасте зери унвони “Меконизми ҳимоят аз эъмоли хушунат дар хонавода” баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш аксари занони фаъол ва намояндагони Созмонҳои ғайридавлатӣ аз ҷумлаи занон ба зарурати тасвиби қонуни вижае дар мавриди ҷилавгирӣ аз эъмоли хушунат дар хонавода ва муҷозоти он таъкид карданд. Ин нишаст ба ибтикори бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар масоили занон ва хонавода, Кумитаи зан ва хонавода ва ҳимояти молии пажуҳишгоҳи Ҷанг ва сулҳ баргузор мешавад.
Хушунати хонаводагӢ ва худкушӢ
Ҳарчанд афроди андаке аз ҷумлаи онҳое, ки мавриди хушунати хонаводагӣ қарор гирифтаанд, омодаанд, ки ба хабарнигорон дар мавриди ин мушкилот суҳбат кунанд, вале Ҳоҷиаҳмад Умаров намояндаи додситонии вилоти Суғд аз тақдири як хонаводае дар вилоят ҳикоят кард, ки шавҳар занашро мавриди эъмоли хушунати доимӣ қарор дода дар натиҷа занро ба худкушӣ расонидааст. Оқои Умаров мегӯяд: “Саъодати Эргашзода, сокини ҷавони шаҳри Исфараи вилояти Суғд аз сӯйи шавҳараш Раҳмонов мукарраран ва бераҳмона латукӯб мешавад. Ин аъмоли шавҳар тақрибан ҳамарӯза анҷом мегирад ва як рӯзе Саъодат баъд аз латукӯб шуданаш ба як кунҷи манзил меравад ва худро ба дор меовезад. Ҷурми шавҳари ин хонумро кормандони ниҳодҳои интизомӣ собит карда ва додгоҳ вайро равонаи зиндон кардааст.”
Аммо ба гуфтаи ҳуқуқдонҳо бисёре аз мавориди худкушии занон ва духтарон, ки бар асари эъмоли хушунат аз сӯйи як аъзои хонавода ба онҳо анҷом гирифтааст, ҳамчунон бе муҷозоати афроди муҷрим боқӣ мемонанд. Бар асоси иттилоъи расмӣ теъдоди бештари афроди худкуш дар Тоҷикистон дар устони Суғд ба чашм расидааст. Ба гуфтаи оқои Умаров, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 276 мавриди худкушӣ сабт шуда, ки дар муқоиса ба даврони мушобеҳ 80 маврид афзоишро нишон медиҳад. Аз ин омор 133 нафарро занон ва духтарон ташкил медиҳанд, ва бештари ин занон баъд аз эъмоли хушунат дар хонавода алайҳи онҳо даст ба худкушӣ задаанд.
“Занон ва духтарон бештар мавриди хушунат қарор мегиранд”
Саъодат танҳо зане набудааст, ки бар асари хушунати шавҳараш худро ба дор овехтааст. Дар ин ҳамоиш ба унвони мисол аз тақдири чанд зани дигар низ гуфта шуд, ки тавони зӯроварӣ ва озорро накарда худро ба дор овехтаанд ва ё оташ задаанд. Татяна Бозрикова, раиси созмони ғайридавлатии “Панарама”, ки муъаррифии таҳқиқот дар мавриди эъмоли хушунат дар соли 2010 дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт, гуфт, ки беш аз 76 дар сади афроде, ки ба марокизи бозпарварии афроди хушунатдида муроҷеъа кардаанд, мукарраран бо хушунат рӯбарӯ буданд. Ба гуфтаи вай аксари ин афрод аз ҷумлаи ду ҳазору 800 нафар муроҷеъаткунандагонро занон ва духтарон ташкил медиҳанд.
Хонум Бузрукова ба зарурати тасвиби қонун алайҳи хушунат дар Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки “Мусалламан ин қонун метавонад аз эъмоли хушунат ба вижа алайҳи занону духтарон ҷилавгирӣ кунад. Зеро дар он сурат бештари афроде, ки даст ба хушунат мезанад аз бими муҷозот барои эъмоли хушунат аз ин кирдор даст хоҳад кашид.”
Аз сӯйи дигар ҳарчанд намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ аз соли 2003 пешнависи қонуни алайҳи хушунатро ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карданд, вале то ҳол ин қонун аз сӯйи порумони ин кишвар ба тасвиб нарасидааст. Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои ба кундӣ пеш рафтани ҳалли ин масаъла ба сармояи хангуфте бастагӣ доштааст. Аммо дар ҳамоиши рӯзи чаҳоршабеи 8-уми декабр масъулон бар он нукта таъкид доштанд, ки пайомадҳои эъмоли хушунат дар Тоҷикистон аз ҷумла худкушии афроди хушунатдида барои давлат мӯҷиби масрафи сармояи бештар мешавад.
“Дастнигари мардон будан низ хушунат аст”
Дар ин нишаст ҳамчунин ба он таъкид шуд, ки бархе аз аъмоли аъзои хонавода ва ё масъулони ҷамъиятӣ алайҳи духтарон ва занон аз ҷумла тасимигирии иҷозаи фаъолияти корӣ ва таҳсисли занону духтарон аз сӯйи мардон, яъне шавҳарон ва ё падарону бародарон низ яке аз нишонаҳои хушунат бар занон дар хонаводаҳо будааст.
Ҳамчунин бештари занон ва духтарон дар Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ дастнигари мардони хонавода шавҳарон ва ё падарону бародарон ҳастанд. Ва сабаби аслии вобастагии иқтисодии занон ба мардон низ ҳамчунон аз рафтори бад ва нақзи ҳуқуқи онҳо дар хонавода бастагӣ дорад. Вале суоли матраҳ он аст, ки оё тасвиби қонуни ҷадиде метавонад алайҳи ин зуҳурот таъсири назаррасе гузорад?
Алла Қуватова, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба “Баробарҳуқуқии ҷинсӣ ва мубориза бо хушунат алайҳи занон” яке аз баргузоркунандагони ҳамоиши имрӯз мегӯяд, ки шояд бархе аз бахшҳои пешнависи қонунеро ки намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ба давлат пешниҳод карданд ниёз ба тағйирот дорад, вале ба гуфтаи вай ин қонун барои ҷилавгирӣ аз хушунат ва пайомадҳои он дар ҷомеъа метавонад нақши созандае ифо кунад. Аммо дар ҳамоиш рӯзи чаҳоршабеи 8-уми декабр масъулон бар он нукта таъкид доштанд, ки пайомадҳои эъмоли хушунат дар Тоҷикистон аз ҷумла худкушии афроди хушунатдида барои давлат мӯҷиби масрафи сармоя бештаре мешавад.
Хонум Қувватова мегӯяд: “Ҳамасола як дар сади занон дар Тоҷикистон мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегиранд. Ва натиҷаи ин хушунат аксаран фоҷеъбор аст. Ва бархе аз афроде, ки қасди худкушӣ мекунанд муддатҳои тӯлонӣ дар бемористонҳо тадовӣ мешаванд, ва давлат сармояи хангуфте барои нигаҳдории беморон ва ё афроди гунаҳкор дар зиндонҳо ихтисос медиҳад.”
Алла Қувватова ва бисёре аз занони фаъоли ҳамоиши “Меконизми ҳимоят аз хушунат дар хонавода” ба ин боваранд, ки танҳо қонуни мукамалл метавонад хушунатро, ки яке аз зуҳуроти мушкилсоз дар ҷомеъаи Тоҷикистон аст аз миён бибарад.
Заринаи Хушвақт, Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/zan-va-jomea/3810-2010-12-08-18-41-19.html