18:07:25 11-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Меҳринисо: "Бояд мактабҳо бо муаллимони босавод таъмин шаванд"

Меҳринисо Бобобекова, ки аз моҳи маи соли 1996 раиси Бунёди байналмилалии "Хубони порсигӯ"-ст, узви Маҷлиси миллӣ таъин шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣҷузъиёти ин таъиноташро ошкор кард.

mehrinisso-8765454.jpgМеҳринисо Бобобекова и 65-сола, шоири маъруфи тоҷик, ки овозхонҳои зиёд, аз ҷумла Нигина Амонқулова таронаҳояшро иҷро мекунанд, мегӯяд, таъин шудани ӯ ба мақоми узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз сӯи раисиҷумҳур ногаҳонӣ буд. Аммо Бобобекова рӯзи 30 март дар сӯҳбат бо мо гуфт, аз ин таваҷҷуҳ хушҳол аст ва талош хоҳад кард, то замоне ки дар ин мақом аст, барои мардуми, ба гуфтаи ӯ, одӣ коре анҷом диҳад.

"Аз боварии раисиҷумҳури Тоҷикистон хурсанд шудем. Он кас ҳамеша мегӯянд, ба аҳли илму адаб эҳтирому таваҷҷуҳ доранд ва чун пешниҳод карданд, мо ҳам розӣ шудем. Гуфтем, шояд аз аз ин роҳ аз дастамон коре ояд, ки барои мардуми худ кунем,"-гуфт ӯ.

-Вале таъин шуданатон ногаҳонӣ буд, ё аз қабл ин хабарро медонистед?

-Барои ман ва аз ҷумла барои аксар иштирокдорони маҷлиси имрӯза дар ҳукумат ин таъинот ногаҳонӣ буд. Ҳамин хел даъват карданд, ки ба назди сарвари кишвар оед. Гумон кардем, вобаста ба вазъиятҳои имрӯза аст, рафтем. Вале мақсад ин будааст. Хурсанд шудем.

-Шумо як зани фаъол ҳастед ва бештар миёни мардуми одӣ мегардед. Ҳоло як вазифаи муҳимро бар дӯш доред ва ҳал шудани кадом масъалаҳоро дар маҷлиси болоии парлумон ба баҳс хоҳед кашид?

-Пеш аз ҳама мехостам, ба маориф, системаи маориф, ки бо ҳама ҷаҳду талошҳо хеле камбудҳо низ дорад, таваҷҷуҳ кунам. Махсусан, мактабҳои миёна, ки ҳоло дар як синфхона 40-45 кас таҳсил мекунанд. Бояд мактабҳову боғчаҳои бачагона бо муаллимони босавод таъмин шаванд. Инчунин, мехоҳам бо ҷои кор таъмин кардани сокинонеро, ки фақат барои дарёфти қути лоямут ба Русия мераванд, на сармоядориву сармоягузорӣ, дар миён гузорам. Бигзор, дар ҳамин ҷо нонашонро ёфта хӯранду аз назди хонаводаҳояш дур нараванд. Ба пуштибонии моддии аҳли илму фарҳанг зарурат пайдо шудааст.

Ҳамин масъаларо агар имконият шавад, дар миён хоҳам гузошт. Умед дорам, имконият мешавад. Ба ҳамин гуна масъалаҳо, яъне зиндагии мардуми одӣ таваҷҷӯҳ мекардам. Ҳамин мардуми деҳот аст, ки ҳоло бе ягон тамаллуқ ва ҳавасмандӣ худашон кору зиндагӣ мекунанд. Фарзандонашонро таълим медиҳанду таъмин менамоянд. Агар тавонам, барои онҳо кумак мекунам, албатта, тавассути қонун.

-Солҳои охир шеърҳои Шуморо бештар аз забони овозхонҳо мешунавем... Оё китоби тозанашре доред?

-Китоби охирини ман соли 2011 бо номи “Оини хуршедӣ” баромад. Дар ҳар панҷ сол як бор китоб чоп мешавад. Ду китоби дигарам ҳоло омодаи чоп аст. Ба ман пеш аз ҳама муҳаббат ба ин мардум ва сарзамин илҳом мебахшанд. Ҳарчанд баъзе навмедиҳо ҳаст, аммо ин ватан, мардум ва кишвар, ки бо ҳама неку бадаш, бо ҳама комёбиву номуродиҳояш ба мо илҳом мебахшанд."

-Медонем, бо Нигина Амонқулоа, аз овозхонҳои дар ҳоли ҳозир рақами яки Тоҷикистон, низ ҳамкории хуб доред...

-Бале. Ба қарибӣ дар толори "Кохи Наврӯз" як шаби эҷодӣ доштем. Матнҳои шеър аз ман буду онро Нигина ва Сабоҳат Наҷмиддинова хонданд. Аз ҳамон рӯзҳои аввали овозхонии Нигина ҳамкории мо оғоз ёфт. Чунки он кас тавассути дӯстон ба саҳнаи ҳунар омаданд, на худашон ҳамчун ҳунарманд. Ҳамчун ҳаваскор ба ин ҷода қадам гузоштанд ва азбаски ба мардум мақбул афтод, ҳамкории мо ҳам шурӯъ шуд. Аз ҳамон рӯз то кунун ҳамкорӣ мекунем.

-Нигина то ҳол кадом таронаҳои шуморо иҷро кардааст?

-Ду шеъри "Модар"-ро омода карданд. Инчунин, "Ёри манӣ, баргард", "Ишқи ман", "Ту баҳори манӣ" ва... "Гуфтам туро бирав"-ро иҷро намуданд. Ҳоло як суруди "Падар" ва як ғазали дигар дар ҳоли омодашавист, ки базудӣ барои мардум пешниҳод мешавад.

Меҳринисо Бобоекова 19 январи соли 1950 дар Панҷакент таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, соли 1972 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намудааст.

Ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи маҷаллаи "Фирӯза", мутахассиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, мушовири Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ бо мамолики хориҷӣ ва мутахассиси Бунёди Созмони милал оид ба дастрасиии занон ба моликият кор кардааст. Аз моҳи майи соли 1996 раиси Бунёди байналмилалии "Хубони порсигӯ" мебошад.

Соли 2011 бо мукофоти давлатии ордени "Шараф"сарфароз гардонида шудааст. Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз 30 марти соли 2015 аъзои Маҷлиси миллиист.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi